• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Пажуҳиш

ИҶЛОСИЯИ XVI ШУРОИ ОЛӢ - РӮШАНГАРИ ФАРДОИ ДУРАХШОН

Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) дар таърихи халқи тоҷик ҳодисаи муҳимест, ки  роҳу самтҳои инкишофи ояндаи иҷтимоиву иқтисодӣ, сиёсӣ ва маънавии ҷумҳурии моро равшан намуд. Дар он давраи пурошӯб, ки давлату давлатдории тоҷикон дар вартаи нестӣ қарор дошт, бо ибтикори фарзандони бедордилу ватанпараст дар шаҳри бостонии Хуҷанд Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки он аз ҷиҳати моҳият ба Эъломияи истиқлолияти Тоҷикистон арзиши мутавозӣ  дорад.

Бояд таъкид кард, ки дар ин иҷлосияи таърихӣ ба фарзанди барӯманди халқи тоҷик Эмомалӣ Раҳмон натанҳо ваколати роҳбарӣ ба ҷомеаи Тоҷикистонро дод, ҳамзамон ба дӯши ӯ вазифаи мураккаб, вале муқаддаси бунёди давлати воқеан соибистиқлол ва демократиро вогузошт. Эмомалӣ Раҳмон ба сифати сармеъморе баргузида шуд, ки мебоист натанҳо иморати дар ҳодисоти  ҷанг вайроншудаи давлати Тоҷикистонро тармим кунад, балки сохтмони онро бар пояҳои устувору сифатан нав барпо намояд. Раиси тозаинтихоби мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳамон вақт таъкид намуда буд: «Азму иродаи мо дар роҳи барпо намудани давлати ҳуқуқбунёд қатъист. Ҳарчанд  ки натиҷаҳои дилхоҳи он на ба таври оҷил, балки бо гузашти вақт падид меоянд, дар баробари ин, сулҳу субот бароямон муҳимтарин арзиш ҳисоб меёбад».

Бо ташаббуси Раиси Шӯрои Олӣ «Муроҷиатнома ба ҳамаи аҳзоби сиёсӣ, ҳаракатҳо, созмонҳо ва меҳнаткашони ҷумҳурӣ» (20-уми ноябри соли 1992) аз тариқи васоити ахбори омма пахш шуд. Ҳамчунин, «Изҳороти Шӯрои Олӣ» қабул карда шуд. Муроҷиатнома ҳизбу созмонҳо ва ҳамаи мардумро ба сулҳу оромӣ, якдигарфаҳмӣ даъват мекард. Фирориёнро барои баргаштан ба Ватан, деҳа ва макони доимии зисти худ даъват намуда, мазмун ва мундариҷаи Изҳороти Шӯрои Олиро ташкил менамуд.

Сарвари тозаинтихоби давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сарварони тарафҳои муқобилро ба иштирокчиёни Иҷлосия муаррифӣ намуда, аз ҷумла таъкид намуд, ки: «Ин Иҷлосия тақдирсоз аст, бояд донем, ки тақдири ояндаи миллат, кишвар, Ватан, давлат дар дасти мост. Аз ин лиҳоз, бояд худшинос шавем, хиради волои хешро баҳри якпорчагии ҷумҳурии азизамон истифода барем. Баъди ба ҷойҳои худ рафтан яроқро ба замин гузорем, оромии мардумро таъмин намоем».

Иҷлосия Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авфи умумӣ»-ро қабул намуд. Дар ин лаҳзаи фаромӯшнашавандаи таърихӣ таҳти кафкӯбии аҳли толор ҳамаи намояндагони силоҳбадаст ҳамдигарро ба оғӯш кашида, изҳори дӯстӣ намуданд. Бо қарори раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26-уми ноябри соли 1992 Рӯзи сулҳ ва Ҳамраъйии халқҳои кишвари зарнисорамон эълон гардид. Иҷлосия ҳамчунин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи аз ҷавобгарии ҷиноӣ, интизомӣ ва маъмурӣ озод намудани шахсоне, ки дар давраи аз  27-уми март то 25-уми ноябри соли 1992 дар минтақаҳои мухолифат ҷиноят содир намудаанд», қабул намуд.

Аз Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон то замони ба тасвиб  расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ (27-уми июни соли 1997) Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи ниҳоят вазнин ва пурпечутоби музокиротро тай намуд. Дар давоми қариб чор сол ҳашт давраи музокирот, 21 мулоқоти расмӣ ва даҳҳо вохӯрищои ғайрирасмӣ анҷом пазируфтанд. Дар ин раванд ҳадафи асосӣ таъмини сулҳу оромӣ, ваҳдати миллӣ  ва ҳарчӣ зудтар ба Ватан баргардонидани гурезаҳову сарҷамъ намудани миллат буд. Инчунин, барқарор намудани пояҳои фалаҷшудаи ҳокимияти давлатӣ, таъмини фаъолияти мақомоти маҳаллӣ, ҳокимияти иҷроия, судӣ, ҳифзи ҳуқуқ, ташкили артиши миллӣ, қушунҳои сарҳадӣ ва қабули рамзҳои давлати соҳибистиқлол аз ҷумлаи самтҳои асосии фаъолияти давлат буданд.

Сулҳи бебозгашти тоҷикон, қабл аз ҳама, дастоварди ҳамдилии мардуми кишвар, мебошад, ки дар андешаву тафаккури амиқи роҳбари давлати мо ба вуҷуд омада, тақвият бахшидани он дар андешаву тафаккури амиқи тамоми ҷонибдорони ин сулҳ ва истиқрори он дар арсаи сиёсии олам ба шумор меравад. Аз ҳамин сабаб дастовардҳои нодири сулҳи мо буд, ки музокирот ва сулҳофарии мардуми моро имрӯзҳо дар тамоми манотиқи ҷангзадаи олам ҳамчун модели беҳтарини  мактаби сулҳофарӣ мавриди таҳқиқ ва истифода қарор медиҳанд.

Имрӯз баъд аз  30-соли солгарди  анҷумани саодати миллат доир ба нақши он дар таърихи мамлакат андеша ронда, қабл аз ҳама хидматҳои барҷастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ҷодаи барқарор намудани сулҳу ваҳдати миллӣ дар кишвар ва ба андешаи миллӣ табдил додани ин мафҳум иброз намудан ба маврид аст.

Тавре Пешвои муаззами миллат борҳо таъкид доштанд, иҷрои нақшаҳое, ки дар Иҷлосияи таърихӣ оштии миллӣ ва таъмини сулҳи деринтизор кашида шуданд, ғайриимкон менамуд, зеро дар кишвар ҳанӯз оташи ҷанг аланга мезад ва шаҳру деҳот харобазор гашта, садҳо ҳазор шаҳрвандони мо дур аз Ватан сарсону саргардон умр ба сар мебурданд. Вазъият боз аз он сабаб печидаву мураккаб буд, ки сохторҳои асосии ҳокимияти давлатӣ пурра фалаҷ гашта буданд. Вале мардуми кишвари азиз аз имтиҳони сангини таърих бо матонату сарбаландӣ гузашт. Бо вуҷуди ҳама монеаву мушкилот кулли он вазифаҳои асосие, ки дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии мамлакат муайян гардида буданд, амалӣ гаштанд. Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар кишвар ба имзо расид, як миллион гурезаҳои иҷборӣ ба Ватан баргаштанд, волоияти қонун дар мамлакат барқарор гардид, роҳи бунёдкорию созандагӣ пеш гирифта шуд.

Маҳз кӯшишҳои пайвастаи ҳукумати қонунӣ, талошу субот ва иродаи матини Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳандозиҳои омилҳои зикргардида буд, ки тадриҷан ба ташаккулёбии нуфузи сиёсии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ оварда расонид. Дар робита ба ин, фишангҳои тавоное баҳри рушди равобити байналмилалӣ ба вуҷуд омаданд, ки барои комилан ба анҷом расондани раванди  бозгашти фирориёни иҷборӣ  дар роҳи расидан ба сулҳи комил, мусоидат намуданд.

Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон натанҳо барои кишвар, балки барои минтақаи Осиёи Марказӣ аҳаммияти бузурги сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дорад. Минтақаи Осиёи Марказӣ, ки аз манотиқи қобили таваҷҷуҳ дар бархурди манфиатҳои трансмиллист, бо зуҳури нооромиҳои сиёсӣ  боиси  ба маркази  таҳдиду хатарҳои ҷиддӣ  мубаддал гардидани он  аз эҳтимол дур набуд. Ҳамзамон таҳкими аркони давлатдории навини марҳилаҳои аввали соҳибистиқлолӣ, ки бо баргузории Иҷлосия ба зуҳур омад, ба пешгирии ҷанг, терроризм ва экстримизм дар қаламрави Осиёи Марказӣ мусоидат намуд.

Имрӯз ба дастовардҳои бузурги кишварамон, ҳам дар арсаи сиёсати байналмилалӣ ва ҳам дар миқёси минтақа назар афканда метавон равшану возеҳ эҳсос намуд, ки муҳимтарин ангезаҳои иқдомҳои бузурги  созанда ҳанӯз дар ҳамон давраҳои мудҳиш маҳз ба хотири эъмори кишвар ва саодати миллат тарҳрезӣ гардидааст.

Дар ҳақиқат, баҳри расидан ба ин рӯзи фирӯз нақши барҷастаи фарзанди фарзонаи миллат - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон хеле бузург аст. Хизматҳои арзандаи Сарвари давлат аз ҷониби халқ ва мақоми олии қонунбарори кишвар бо унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон ва Пешвои миллат қадршиносӣ гардид.

Бо гузашти вақт аҳаммияти таърихии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бузургтар хоҳад гашт, зеро он ба оламиён нишон дод, ки миллати тоҷик дар душвортарин лаҳзаҳо метавонад   ба ҳам ояду ба бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ибтидо гузорад.

ШАРАФ АЛЛАНАЗАРОВ, мудири бахши и таҳлил, робита ва кор бо ҷомеаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, ассистенти кафедраи сиёсатшиносӣ

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj