• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Пажуҳиш

ИҶЛОСИЯИ ШӮРОИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА МАСЪАЛАИ ИДОМАТУ ТАШАККУЛИ НИҲОДҲОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи Тоҷикистон нақши сарнавиштсоз дошта, аз  ҷумлаи воқеаҳои бузурги таърихии миллати тоҷик маҳсуб меёбад. Дар ин маврид лозим ба зикр аст, ки ин иҷлосия аз 16 ноябр то 2 декабри соли 1992 давом ёфта, дар кори он аз 222 вакил, дар  рӯзи якум 193 нафар, дертар 197 нафар иштирок намуданд ва дар он дар маҷмӯъ 74  санади  ҳуқуқӣ, аз ҷумла, 15  қонун, 52 қарор, 6 фармон ва як изҳорот қабул  карда шуд. Албатта, қарору санадҳои меъёрии қабулшуда дар Иҷлосия   наметавонистанд кулли масоили рӯзмарраро фаро гиранд, вале аз ин Иҷлосия, ки бо сабабҳои дар маркази ҷумҳурӣ набудани шароити амни фаъолият  дар ҳудуди вилояти Суғд баргузор гардид, ба ҳадди муаайян дар танзими ҷомеа мусоидат намуданд.

Албатта, Иҷлосия вазифаи асосии   худро, ки бояд ҷомеаро ба ҳадди   эътидол оварад, иҷро намуд. Ба андешаи мо, вазифаи Иҷлосия интихоб намудани як лидери тавоно ва таъсиси Ҳукумати босалоҳият буд, ки тақдири миллату давлатро ба даст гирад ва Тоҷикистонро аз вартаи ҳалокат берун сохта, ба шоҳроҳи сулҳ ва ҳаёти осоишта баргардонад.

Ин андеша дар Изҳороти Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 ноябри соли 1992 дар Иҷлосия садо дода буд: «Муҳимтарин дастоварди кори Иҷлосия тантанаи қонун аз болои қонуншиканӣ, бозгаштан ба роҳи конститутсионии ҳалли масъалаҳои тезутунди иҷтимоию сиёсӣ мебошад, ки ҷомеаро ба изтироб овардаанд»[1].

Чӣ тавре мо имрӯз метавонем баҳо диҳем, Иҷлосия ин вазифаро  бо маънои том  иҷро  намуд ва  дар  он   вакил  Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун сарвар таъйин гардид, ки тавонист бо хираду зиракӣ ва ҷасорату  гузаштҳо оташи ҷангро хомӯшу  кишварро ба роҳи рушд  равона созад.

Он  тавре, ки имрӯз доир  аҳамияти Иҷлосияро  барои имрӯзу фардои Тоҷикистон  дар навиштаҳо зикр мекунанд,  аз  замони баргузории Иҷлосия  аксар тамоюлоти мусбии рушди давлатдорӣ ва ҳуқуқи миллӣ, рушди истеҳсолоти кишоварзиву саноатӣ, сохтмони роҳҳову нақбҳо, зиндагии орому осудаи кишвар оғоз мегардад.

Махсусан,  агар ба масоили давлатдории навини тоҷикон дар тӯли 30 соли баъд аз Иҷлосия  назар андозем, ташаккули  давлатдории миллӣ дар ҳақиқат пас аз Иҷлосия равиши босуръат гирифта, давоми солҳои минбаъда танҳо тараққиёту рушди онро мушоҳида менамоем.

Албатта, роҳи тайнамудаи кишвар ва ҷомеаи Тоҷикистонро аз баргузории Иҷлосия то имрӯз таҳлил намоем, пас, маълум мегардад, ки қарорҳои Иҷлосия ва руҳияи он сарчашмаи ташаккул ва рушди самту соҳаҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоӣ, сиёсиву фарҳангӣ ва иқтисодӣ гардиданд.

Пеш аз ҳама, яке аз қарорҳои баҳсиву муҳимтарини он даст кашидан аз ниҳоди президентӣ буд, ки ин ниҳоди марҳилаи шӯравӣ ҳамагӣ ду сол дошт (10 ноябри соли 1990 то 31 августи 1991 Қаҳҳор Маҳкамов, минбаъд иҷрокунанда Қадриддин Аслонов ва Набиев Раҳмон Набиевич 1991-1992).

Аз ҷумла тибқи қарори Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муддати ду сол (1992-1994 то райъпурсии умумихалқӣ аз 06 ноябри соли 1994) мансаби олии давлатӣ – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ниҳоди таъсисшудаи марҳилаи шӯравии рушди Тоҷикистон аст, барҳам дода шуда, баъд аз райъпурсии умумихалқӣ аз нав эҳё гардид.

Дар ин раванд Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ нақши ҳалкунанда дошт.[2]

Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳкими ҳокимияти давлатӣ, ташаккули истиқло­лияти миллӣ таъйин намудани самти ҷараёни инкишофи ҷомеа дар солҳои баъдӣ ва пайгирӣ намудан аз принсипҳои талаботи бунёди ҷомеаи демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёду ягона асос ва заминаи воқеӣ ба вуҷуд оварда, «бинобар вуҷуд надоштани шароит дар давраи муайян масъалаи даст кашидан аз ҳокимияти президентӣ ба муҳокимаи вакилони халқ гузошта шуд. (Раҳмон Набиев собиқ Президенти Тоҷикистон дар иҷлосия баромад намуда аз мансаби президентӣ озод намуданашро изҳор намуд).

Тибқи қарори Иҷлосия, дар ҷаласаи он муҳокимаву баррасӣ ва қабул гардид, ваколатҳои мансуб ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо сабаби бекор кардани ин мансаби олии давлатӣ ба уҳдаи Шӯрои Олӣ, Раиси Шӯрои Олӣ, Ҳукумат ва қисман ба уҳдаи Раёсати Шӯрои Вазирон вогузор карда шуд.

Тағйироти мазкур ба моддаи 99 Конститутсияи амалкунанда ворид карда шуда, салоҳияти Президент ба ниҳодҳои зерин вогузор карда шуд:

-  бо қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар бораи даровардани тағйироту иловаҳо ба Консти­тут­сияи (Қонуни Асосии) Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд Иҷлосия мақоми олии давлатӣ ва дар байни Иҷлосияҳои Шӯрои Олӣ ма­қомоти олии ҳокимияти халқӣ - Раёсати Шӯрои Олӣ ба шу­мор мерафт, ки он давлатро ба таври кул идора мекард.

- ба ҷои Девони Ва­зирон ташкил додани Шӯрои Вазирон ба мақсад мувофиқ до­нис­та шуд;

- минбаъд таъсис ва барҳам додани  вазорату кумитаҳои давлатӣ бо пешниҳоди Шӯрои Вазирон аз ҷониби Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардид;

- масъалаҳои таъйин ва бозхонди намояндагони дипломатӣ ва консулгарӣ дар мамлакатҳои хориҷӣ ба зиммаи Раёсати Шӯрои Олӣ гузошта шуд;

- тибқи моддаи 109 Конститутсия Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сардори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷ­икистон ва Сарфармондеҳи тамоми қувваҳои мусаллаҳи Ҷум­ҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт.

Бар­ҳам додани идоракунии Президентиро дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси он Эмомалӣ Раҳмон (Э.Ш. Раҳмонов) ҳамчун роҳи пешгирӣ намудани мансабталошиҳо ва во­ситаи мустаҳкам сохтани мавқеи давлатамон дар арсаи ҷа­ҳонӣ ҳисобида буд.[3]

Идомат ёфтани ниҳоди президент барои Тоҷикистон дар давраи ҳассоси давлатдории тоҷикон (соли 1994 то имрӯз)  тақозои замон буда, омилҳои зерин аз нав таъсис додани онро талаб мекарданд: вазъи ноороми кишвар; давом ёфтани ҷанги гражданӣ; вайрон шудани қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ дар кишвар; ҳимоя нашудани марзи кишвар; равнақ ёфтани ҷинояткорӣ, махсусан ҷинояткории вазнин ва муташаккил; зарурати хотима додан ба ҷанги дохилӣ ва ба ҳолати муътадил овардани кишвар.

Дар вазъияти ноороми кишвар талабот ба яккасардорӣ ва сиёсати «дасти оҳанин» вуҷуд дошт, ки бо иродаи қавӣ ва қарорҳои қатъӣ оташи ҷангро хомуш ва кишварро оромӣ бахшад, мардумро ба ҳаёти осоишта, меҳнату таҳсил, истеҳсолоту саноат ва ободкорӣ сафарбар намояд.

Ниҳоди президентӣ барои шароити баъдазҷангӣ мутобиқ буда, барои мутамарказ намудани идоракунӣ, мутаҳид намудани қабули қарорҳои давлатӣ ба як марказ мувофиқ аст.

Ниҳоди мазкур чи тавре таҷриба нишон дод, дар Тоҷикистон нақши бузург бозида, вазифаҳои дар назди чунин ниҳод гузошташударо комилан амалӣ намуда, дар ҳаёти навини ҷомеаи Тоҷикистон ба ниҳоди муассири сиёсӣ табдил ёфта, бо ин хусусият аз ниҳоди президентии марҳилаи шӯравӣ ва давраи президентии Раҳмон Набиев тафовути ҷиддӣ дорад.

Қайд намудан зарур аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо дар воситаҳои ахбори умум, радиову телевизион, балки дар таҳқиқоти илмӣ низ мавқеи ниҳоди президентӣ ва шахсияти Президенти Тоҷикистон дар самтҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ муҳим арзёбӣ мегардад, дуруст будани ворид гардидани ин ниҳоди сиёсиву ҳуқуқиро ба таърихи давлатдории тоҷикон исбот менамояд.

Мақомоти давлатии Ҷумҳурии навини Тоҷикистон маҳсули ҷустуҷую ковишҳо, қабули суннат ва ниҳодҳои ниёгон, мутобиқ сохтани сохтори мақомоти давлатӣ ба талабот ва қонуниятҳои рушди ҷомеаи муосири ҷаҳон, инчунин натиҷаи таъсири афкори кишварҳои бо Тоҷикистон робитадошта ва таҷрибаи ҷаҳонии давлатдории муосир ба шумор меравад.

Қайд намудан зарур аст, ки давлатдории навини тоҷикон дар заминаи ниҳоду мақомоти давлатҳои таърихии тоҷикон ба вуҷуд омадааст. Агар масъалаи таносуби давлатдории навини миллиро ба давлати Шӯравии тоҷикон ва то кадом дараҷа мақбул шудани мақомоти собиқ шӯравиро дар марҳилаи нави давлатдорӣ таҳлил намоем, пас, маълум мегардад, ки дар марҳилаи навин, махсусан давраи гузариш вобаста ба идомати фаъолияти ниҳодҳои давлатдорӣ онҳоро ба се гурӯҳ тақсим кардан мумкин аст:

якум, ниҳодҳои давлатдорие, ки бе тағйири ном ва салоҳият дар марҳилаи навин идомат ёфтанд;

дуюм, бе тағйири ном, вале ислоҳи вазифаву масъулиятҳо дар марҳилаи нав фаъолият карданд ва ё то имрӯз фаъолият доранд;

сеюм, мақомоти нави давлатӣ, ки зодаи марҳилаи навини давлатдорӣ ҳастанд.

Қайд намудан лозим аст, ки чӣ дар марҳилаи шӯравии рушд ва чӣ дар марҳилаи навини давлатдорӣ таъсиси ниҳодҳои нав на ҳамеша тибқи талаботи илмӣ, мантиқӣ, бо таҳлили ҷиддӣ ҳамроҳ буд. Масалан дар давраи бозсозӣ таъсис додани Кумитаи назорати конститутсионӣ, минбаъд Суди Конститутсионӣ як қатор салоҳиятҳояш бо дигар мақомоти қудратӣ аз ҷумла Прокуратура айният доштанд, онҳоро такрор мекарданд.

Дар марҳилаи навини давлатдорӣ ҳамин гуна вазъият дар фаъолияти Палатаи ҳисоб, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо корруптсия мушоҳида мегардад. Азбаски, таъсиси ин ё он ниҳод аз сабабу омилҳои гуногун вобаста буда, бо мақсади муайян ташкил мешаванд, пас, ба андешаи мо бо аз байн рафтани асосҳои таъсис ин гуна ниҳодҳоро ихтисор намудан мумкин аст.

Яке аз ниҳодҳои муҳим, ки дар марҳилаи шӯравӣ таъсис ёфт, ниҳоди президентӣ аст, ки соли 1990 таъсис дода шуда, соли 1992 то 1994 барҳам хурд ва бо райъпурсии соли 1994 азнав таъсис дода шуд. Президент тибқи Конститутсия инчунин сарвари давлат маҳсуб меёбад.

Намунаи мақомоти гуруҳи дуюм идомати ниҳодҳои давлатдорӣ дар марҳилаи нав аксарияти мақомоти давлатӣ ва мақомоти қудратии кишвар мебошанд, ки ғайр аз халос шудан аз зертобеияти ҳизбӣ, инчунин аз зертобеияти мақомоти давлатии Иттиҳоди Шуравӣ ва вазорату идораҳои он, инчунин ислоҳоти ҷиддӣ онҳоро интизор буд. Масалан, тибқи талаботи Конститутсия аз соли 1994 ва минбаъда райъпурсиҳо панҷ маротиба ислоҳоти судӣ - ҳуқуқӣ гузаронида шудааст, ки дар натиҷаи он судҳо дар низоми таҷзияи ҳокимият мақоми мустақили худро касб намудаанд. То ислоҳот онҳо дар аксар масоили мубрами фаъолияташон, аз ҷумла дар интихобу хостагирӣ ва омодасозии кадрҳо, бозомузии онҳо овоз надоштанд. Масъалаи хоста гирифтани кадрҳо ва интихоб аз ҷониби Вазорати Адлия, минбаъд Шӯрои Адлия ва имрӯз баъд аз ислоҳоти конститутсионии соли 2016 ин фаъолият ба Ҳокимияти судӣ интиқол дода шуд. Имрӯз аз ҷониби Суди Олии ҶТ давраи омӯзишии судя - коромӯзон ташкил гардида, барои омодасозии судяҳо дар мақомот корҳои зиёд анҷом дода мешавад.

Марҳилаи нави идомат ва ташаккули давлатдории миллӣ махсусан бо қабули Конститутсияи соли 1994 аз тариқи райъпурсии умумихалқӣ оғоз гардид. Ҷавҳар ва моҳияти ин Конститутсия дар қабули принсипи таҷзияи ҳокимият ифода меёбад, ки он моҳият ва мазмуни ҳокимияти давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлолро ба куллӣ иваз намуд. Чӣ тавре маълум аст, Тоҷикистон аз таърихи ориёии худ шакли идоракунии яккаҳокимиро қабул намуда, дар бештари таърихи худ ин шакли идораро дошт. Ҳокимияти Шӯравӣ мумкин буд бо таъсиси ҷумҳурии мухтор, минбаъд мустақили Тоҷикистон аз яккаҳокимӣ даст кашида ба таҷзияи ҳокимияти давлатӣ роҳ мекушод, вале ин тавр нашуд. Шиори «Кулли ҳокимият ба Шӯроҳо» заминаи давлатсозии Шӯравӣ буда, ҳокимият ба Шӯроҳо - як мақоми дастаҷамъӣ  тааллуқ дошт. Аз ин сабаб аҳаммияти Конститутсияи соли 1994 маҳз дар он аст, ки моҳият, сохтор ва принсипҳои фаъолияти ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти онро тағйир дода, ба муносибатҳои муосир мутобиқ намуд.

Инчунин, арзиши олӣ эътироф намудани инсон, ҳуқуқу манфиатҳои ӯ, эътироф гардидани ҳуқуқ чун манбаи муҳим дар ҳаёти кишвар, истифодаи ҳуқуқ дар фаъолияти миллати тоҷик бо қабули Конститусия бештар гардид. Ин тағйиротҳо хеле муҳим аст, агар таносуби меъёрҳои одатӣ, ахлоқӣ, динӣ ва ҳуқуқиро дар шуури мардуми Шарқ, аз ҷумла тоҷикон, як бори дигар таҳлил намоем, чунки дар Шарқ бовариву эътиқод ба меъёрҳои одативу ахлоқӣ, махсусан динӣ бештар аст, аз меъёрҳои ҳуқуқӣ.

Назарияи таҷзияи ҳокимият дар ин ё он шакл дар таҷрибаи давлатдории тоҷикон вуҷуд дошт ва бояд қайд намуд, ки Конститутсияи соли 1994 ба ин таҷрибаи давлатдории тоҷикон низ асос ёфтааст (ҳуқуқэҷодкунии олимон-муҷтаҳидон (ҳокимияти қонунгузорӣ); муборизаи додрасу қозиёну барои мустақилияти судҳо (марҳилаи тамаддуни зардуштиву исломӣ (ҳокимияти судӣ); мавҷудияти Шурои давлатӣ, Шӯрои ашрофону руҳониёни Парфия дар ҳалли масъалаҳои интихоби сарвари давлат, масоили дигари муҳими давлатӣ) ғоя ва таҷрибаи куҳани миллати тоҷик аст.

Бо ислоҳоти конститусионӣ аз солҳои 1999, 2003 ва 2016 ғояҳои дар Иҷлосия садо дода ва дар Конститутсияи соли 1994 муқарраргардида мушаххас ва такмил гардида, қадам ба қадам мо на танҳо принсипи таҷзияи комили ҳокимиятро ба даст меоварем, балки андешаи давлатдории худро тақвият дода, расидан ба хатми комили сохтори давлатдории миллиро наздик месозем.


[1] Изҳороти Шӯрои Олии ҶТ, 26 ноябри соли 1992 // Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  -дар шаҳри Хуҷанд аз 16 ноябр то 2 декабри соли 1992 баргузор гардидааст // https://tg.wikipedia.org/wiki. Санаи мурољиат 14.10.2022.

 

[2] Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон - дар шаҳри Хуҷанд аз 16 ноябр то 2 декабри соли 1992 баргузор гардидааст // https://tg.wikipedia.org/wiki

[3] Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон - дар шаҳри Хуҷанд аз 16 ноябр то 2 декабри соли 1992 баргузор гардидааст // https://tg.wikipedia.org/wiki

Буризода Эмомалӣ Бозор, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессори кафедраи ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj