• Tajik
  • Russian
  • English
Пажуҳиш
There are no translations available.

 

САНАДҲОИ ҲУҚУҚИИ ИҶЛОСИЯИ 16 - УМИ ШӮРОИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ба ҳамагон маълум аст, ки  нооромиҳои солҳои 1992-1997 ба давлат ва миллати мо  зарарҳои зиёди сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва ҳуқуқӣ  овардааст. Дар ин ҷараён   аз таърихи  16 ноябр  то 2 декабри соли 1992,  Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  баргузор шудааст, ки он аҳамияти бузурги таърихӣ барои миллати мо дорад.  Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ”  аз 21.12.2021 чунин зикр шудааст, ки   “Дар чунин шароити ниҳоят мураккабу душвори ҷамъиятиву сиёсӣ, яъне дар вазъияте, ки дар пойтахти кишвар ташкил ва баргузор намудани ягон чорабинии сиёсӣ ғайриимкон буд, Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон дар шаҳри бостонии Хуҷанд баргузор гардид, ки дар ҷараёни он нахустин қарорҳо ҷиҳати қатъи ҷангу хунрезӣ, таъмин намудани суботу оромӣ,  сарҷамъ сохтани миллати тоҷик ва барқарорсозии сохти конститутсионӣ қабул карда шуданд” [1.] .

Сиёсатмадорон,  файласуфон, ҷомеашиносон ва дигар мутахассисон чандин паҳлӯҳои аҳамиятноки ин Иҷлосияро мавриди баррасӣ қарор додаанд.  Мо  кӯшиш менамоем,  ки дар бораи санадҳои ҳуқуқии дар Иҷлосия қабулшуда  ва таъсири он ба  низоми ҳуқуқии тоҷикон дар  замони истиқлолият баъзе андешаҳои худро баён намоем.

Муҳаққиқон  Усмонҷон  Ғаффоров  ва Фарҳод Каримов дар китоби “Иҷлосияи тақдирсози миллат”  зикр кардаанд, ки дар ин иҷлосия 74 санади ҳуқуқӣ қабул шудааст.  Номгӯи ин санадҳо дар китоби мазкур оварда шудааст [1, саҳ. 75-81].

Вобаста ба мазмун агар санадҳои мазкурро тасниф намоем, онҳоро ба 5  гуруҳ ҷудо намудан мумкин аст:

  1. Қарорҳои хусусияти ташкилию ҳуқуқӣ  дошта (яъне қарорҳое, ки тарзи тартиб ва баргузории рафти иҷлосияро  ба танзим даровардаанд);
  2. Қарорҳое, ки барои интихоб намудани шахсони мансабдори  калидии  мақомоти ҳокимияти давлатӣ  қабул шуда  буданд;
  3. Қарорҳое, ки барои андешидани чораҳо ҷиҳати  барқарории оромӣ ва сулҳ нигаронида шуда буданд;
  4. Қонунҳое, ки масъалаҳои муҳими ҳамон  замонаро ба танзим даровардааст;
  5. Санадҳое, ки равона шуда буданд ба  робитаҳои байналмилалӣ.

Санадҳои гурӯҳи якум аз он шаҳодат медиҳанд, ки ташкил намудани Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ дар ҳамон шабу рӯз ниҳоят барои миллату давлати тоҷикон  муҳим будааст.  Таҳлили сарчашмаҳо нишон медиҳад, ки дар шароити ноороми кишвар ҷамъ овардани вакилон ва дигар масъулон дар ин Иҷлосия заҳмати зиёдро талаб кардааст.  Аммо новобаста ба ҳамаи мушкилотҳо Иҷлосияи 16 -уми Шӯрои Олӣ бо таври дахлдор  баргузор шуда,  тавассути санадҳои дахлдор  ифодаи ҳуқуқии худро ёфтааст.

Санадҳои гурӯҳи дуюм равона шуда буданд, ба  интихоби Раиси  Шӯрои  Олӣ, муовини Раиси Шӯрои Олӣ, Раисони коммисия ва кумитаҳои  Шӯрои Олӣ, доир ба   Сарвазир  ва дигар  шахсони мансабдори калидии ҳамон замон.  Дар ҳамин Иҷлосия, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Раиси Шӯрои Олӣ интихоб гардид  ва тасмимҳои ҷиддӣ барои барқарор кардани ҳокимияти давлатӣ ва муътадил гардонидани  вазъи сиёсию иҷтимоии ҷумҳурӣ ба вуҷуд омаданд.

Санадҳои гурӯҳи сеюм  барои андешидани чораҳо ҷиҳати  барқарории оромӣ ва сулҳ нигаронида шуда буданд. Аз ҷумла, Қарори Шӯрои Олӣ дар бораи тасдиқи Фармони и.в. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи  ҷорӣ  кардани вазъияти фавқуллода ва қоидаҳои шабгардӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе”, Қарори Шӯрои Олӣ дар бораи Муроҷиатномаи Шӯрои Олӣ ба азҳоби сиёсӣ,  ҳаракату созмонҳо, ба тамоми шаҳрвандони ҷумҳурӣ, Қарори Шӯрои Олӣ дар бораи гуфтушунид бо тарафҳои мухолиф ва ба посёлкаи Айваҷ фиристодани гурӯҳи депутатҳои халқи Ҷумҳурии  Тоҷикистон.

Гурӯҳи  чоруми санадҳо қонунҳоеро дар бар мегирад, ки масъалаҳои муҳим ва мураккаби ҳамон замонаро ба танзим овардаанд, аз ҷумла:

  1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси даровардани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикстон “Дар бораи статуси депутатҳои халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон”;
  2. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси дохил  кардани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи андози даромади шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бетабаа"  аз 6 январи соли 1922;
  3. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аз андози иловашуда озод кардани роҳхатҳо ва табобатгоҳҳои санаторию курортӣ, истироҳатгоҳҳо ва лагерҳои солимгардонии тобистона;
  4. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси дохил  кардани тағйирот ба Кодекси никоҳ ва оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  5. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи гурезагон;
  6. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  бораи аз ҷавобгарии ҷиноятӣ,  интизомӣ ва маъмурӣ озод кардани шахсоне,  ки дар давраи аз 27 март то 25 ноябри соли 1992 ҷиноят ва амалҳои ғайриқонунӣ содир кардаанд;
  7. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар бораи  Рӯзи сулҳ ва ризоияти миллии халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон кардани 26 ноябри соли 1992;
  8. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикстон дар хусуси  даровардани тағйироту иловаҳо  ба баъзе санадҳои  Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  9. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ба узвияти захираи арзи байналхалқӣ, Бонки байналмилалии таҷдиду тараққиёт, Ассотсиатсияи байналмилалии тараққиёти корпоратсияи байналмилалии молия ва Агентии бисёрҷабҳаи замонати пасандозҳо дохил шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  10. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи даровардани тағйирот ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  11. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тасдиқи Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  12. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тасдиқи Низомномаи Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  13. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси тадбирҳои пурзӯр намудани ҷавобгарии ҷиноӣ барои содир кардани ҷиноятҳои вазнине, ки бар зидди саломатӣ ва ҳаёти шаҳрвандон,  ҳуқуқҳои амволии онҳо ва барои хароб кардани пояҳои иқтисодию сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон нигаронида шудааст.

Дар гурӯҳи панҷум  санадҳои  ҳуқуқиеро дохил кардан мумкин аст, ки робитаҳои байналмилалии Тоҷикистони тозаистиқлолро бо дигар давлатҳо муайян мекард. Аз ҷумла, Қарори Шӯрои  Олӣ дар бораи муроҷиат ба давлатҳои ИДМ оид ба дохил кардани қувваҳои сулҳхоҳ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  Қарори Шӯрои Олӣ дар бораи тасдиқи шартнома оид ба бехатарии  коллективонаи давлатҳои иштирокчии ИДМ.

Олимони соҳаи ҳуқуқ Иҷлосияи мазкур ва  санадҳои ҳуқуқии қабулкардаи онро, барои давлатдории навини тоҷикон    муҳим арзёбӣ кардаанд [2, саҳ. 43-46].

Ҳамин тавр тавассути ин санадҳо  як қатор навигариҳои ҷиддӣ дар низоми ҳуқуқӣ ворид шуд, аз ҷумла:

  1. Иҷлосияи  16-уми  Шӯрои Олӣ бо таври дахлдор баргузор карда шуд;
  2. Як қатор шахсони  мансабдори калидӣ аз вазифа озод карда шуд ва ба ҷойи онҳо шахсони нав интихоб гардид;
  3. Тавассути ворид кардани тағйирот ба Конститутсия аз идоракунии президентӣ даст кашида, идоракунии парламентӣ қобили қабул дониста шуд. Роҳбари давлат Раиси Шӯрои Олӣ ҳисобида шуд;
  4. Масъалаи ҳифзи ҳуқуқи гурезагон тавассути қонуни алоҳида ба танзим дароварда шуд;
  5. Санадҳое қабул гардид, ки тамоми қишрҳои ҷомеаро ба сулҳу оромӣ ҳидоят намуд;
  6. Як қисме аз ҷинояткорон ва ҳуқуқвайронкардаҳо тавассути  қонуни авф  бахшида шуданд;
  7. Диққати ҷомеаи ҷаҳонӣ  барои ҳалли  мушкилоти Тоҷикистон ҷалб карда шуд.

Меликов Умрилло Асадуллоевич, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсенти кафедраи ҳуқуқи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ

 

 

 

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj