Пажуҳиш |
САНАДҲОИ ҲУҚУҚИИ ИҶЛОСИЯИ 16 - УМИ ШӮРОИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Ба ҳамагон маълум аст, ки нооромиҳои солҳои 1992-1997 ба давлат ва миллати мо зарарҳои зиёди сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва ҳуқуқӣ овардааст. Дар ин ҷараён аз таърихи 16 ноябр то 2 декабри соли 1992, Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шудааст, ки он аҳамияти бузурги таърихӣ барои миллати мо дорад. Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” аз 21.12.2021 чунин зикр шудааст, ки “Дар чунин шароити ниҳоят мураккабу душвори ҷамъиятиву сиёсӣ, яъне дар вазъияте, ки дар пойтахти кишвар ташкил ва баргузор намудани ягон чорабинии сиёсӣ ғайриимкон буд, Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон дар шаҳри бостонии Хуҷанд баргузор гардид, ки дар ҷараёни он нахустин қарорҳо ҷиҳати қатъи ҷангу хунрезӣ, таъмин намудани суботу оромӣ, сарҷамъ сохтани миллати тоҷик ва барқарорсозии сохти конститутсионӣ қабул карда шуданд” [1.] . Сиёсатмадорон, файласуфон, ҷомеашиносон ва дигар мутахассисон чандин паҳлӯҳои аҳамиятноки ин Иҷлосияро мавриди баррасӣ қарор додаанд. Мо кӯшиш менамоем, ки дар бораи санадҳои ҳуқуқии дар Иҷлосия қабулшуда ва таъсири он ба низоми ҳуқуқии тоҷикон дар замони истиқлолият баъзе андешаҳои худро баён намоем. Муҳаққиқон Усмонҷон Ғаффоров ва Фарҳод Каримов дар китоби “Иҷлосияи тақдирсози миллат” зикр кардаанд, ки дар ин иҷлосия 74 санади ҳуқуқӣ қабул шудааст. Номгӯи ин санадҳо дар китоби мазкур оварда шудааст [1, саҳ. 75-81]. Вобаста ба мазмун агар санадҳои мазкурро тасниф намоем, онҳоро ба 5 гуруҳ ҷудо намудан мумкин аст:
Санадҳои гурӯҳи якум аз он шаҳодат медиҳанд, ки ташкил намудани Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ дар ҳамон шабу рӯз ниҳоят барои миллату давлати тоҷикон муҳим будааст. Таҳлили сарчашмаҳо нишон медиҳад, ки дар шароити ноороми кишвар ҷамъ овардани вакилон ва дигар масъулон дар ин Иҷлосия заҳмати зиёдро талаб кардааст. Аммо новобаста ба ҳамаи мушкилотҳо Иҷлосияи 16 -уми Шӯрои Олӣ бо таври дахлдор баргузор шуда, тавассути санадҳои дахлдор ифодаи ҳуқуқии худро ёфтааст. Санадҳои гурӯҳи дуюм равона шуда буданд, ба интихоби Раиси Шӯрои Олӣ, муовини Раиси Шӯрои Олӣ, Раисони коммисия ва кумитаҳои Шӯрои Олӣ, доир ба Сарвазир ва дигар шахсони мансабдори калидии ҳамон замон. Дар ҳамин Иҷлосия, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Раиси Шӯрои Олӣ интихоб гардид ва тасмимҳои ҷиддӣ барои барқарор кардани ҳокимияти давлатӣ ва муътадил гардонидани вазъи сиёсию иҷтимоии ҷумҳурӣ ба вуҷуд омаданд. Санадҳои гурӯҳи сеюм барои андешидани чораҳо ҷиҳати барқарории оромӣ ва сулҳ нигаронида шуда буданд. Аз ҷумла, Қарори Шӯрои Олӣ дар бораи тасдиқи Фармони и.в. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷорӣ кардани вазъияти фавқуллода ва қоидаҳои шабгардӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе”, Қарори Шӯрои Олӣ дар бораи Муроҷиатномаи Шӯрои Олӣ ба азҳоби сиёсӣ, ҳаракату созмонҳо, ба тамоми шаҳрвандони ҷумҳурӣ, Қарори Шӯрои Олӣ дар бораи гуфтушунид бо тарафҳои мухолиф ва ба посёлкаи Айваҷ фиристодани гурӯҳи депутатҳои халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон. Гурӯҳи чоруми санадҳо қонунҳоеро дар бар мегирад, ки масъалаҳои муҳим ва мураккаби ҳамон замонаро ба танзим овардаанд, аз ҷумла:
Дар гурӯҳи панҷум санадҳои ҳуқуқиеро дохил кардан мумкин аст, ки робитаҳои байналмилалии Тоҷикистони тозаистиқлолро бо дигар давлатҳо муайян мекард. Аз ҷумла, Қарори Шӯрои Олӣ дар бораи муроҷиат ба давлатҳои ИДМ оид ба дохил кардани қувваҳои сулҳхоҳ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қарори Шӯрои Олӣ дар бораи тасдиқи шартнома оид ба бехатарии коллективонаи давлатҳои иштирокчии ИДМ. Олимони соҳаи ҳуқуқ Иҷлосияи мазкур ва санадҳои ҳуқуқии қабулкардаи онро, барои давлатдории навини тоҷикон муҳим арзёбӣ кардаанд [2, саҳ. 43-46]. Ҳамин тавр тавассути ин санадҳо як қатор навигариҳои ҷиддӣ дар низоми ҳуқуқӣ ворид шуд, аз ҷумла:
Меликов Умрилло Асадуллоевич, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсенти кафедраи ҳуқуқи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ
|