• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Пажуҳиш

ИҶЛОСИЯИ XVI ШУРОИ ОЛӢ ВА МАСЪАЛАИ ГУРЕЗАГОНИ ИҶБОРӢ

Баъд аз пош хурдани Иттиҳоди Шуравӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи 9 сентябри соли 1991 Истиқлоли давлатии худро расман эълон намуд. Вале ҷанги шаҳрвандӣ, ки ба таври ногаҳонӣ дар Тоҷикистон оғоз ёфта, хатари аз даст рафтани истиқлолиятро ба миён овард. Ин ҷанги хонумонсӯз ибтидо дар шаҳри Душанбе ва баъдтар аксар манотиқи кишварро фаро гирифт. Майдони муборизаҳои пуршиддати ҷанги шаҳрвандӣ  асосан Хатлонзамин буд ва ноҳияи  Қубодиён, ки як ҷузъи ин сарзамин ба ҳисоб меравад, ба майдони муборизаҳои сиёсӣ мубаддал гардид.

Бар замми вазъияти номуътадили сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Қубодиён аз норасоии озуқаворӣ мардум ба ташвишу изтироб афтоданд. Раиси ҷамъияти матлуботи ноҳияи мазкур  Н.Қурбонов оид ба ин масъала қайд менамояд, ки нонвойхонаҳои ноҳия оғоз аз моҳҳои марту апрели соли 1992, комбинати орди ноҳияи Колхозобод (феълан ноҳияи Ҷ. Балхӣ) низ тақрибан аз ҳамин давра аз фаъолият бозмонда  буданд. Танҳо дар моҳи апрел иборат аз  45 тонна орд  ва дертар 580 тоннаи дигар  орд ба аҳолӣ тақсим карда шуда буду халос. Аз ин миқдор  235 тонна орд  ба 30 мағозаи муқарраршуда ба андозаи ба сари ҳар нафар  10 килоӣ тақсим гардидааст».

Бояд ёдовар шуд, ки ҷанги шаҳрвандӣ натанҳо ба иқтисодиёти ноҳия, балки ба соҳаи маориф низ зарари худро расонид. Дар ин давра биноҳои мактабҳои №20,36,37,38,40,41,32,51 вайрон гардида буданд. Тавассути ёрии пурраи СММ ва роҳбарону омӯзгорони мактабҳои дар боло ишорашуда, ба таври пурра набошад ҳам, ба қадри имкон таъмир карда шуданд ва онҳо  ба фаъолият шуруъ намуданд.

Дар чунин давраи  ҳассос дар таърихи 9 ноябри соли 1992 қарори раёсати Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тавсиб расид, ки дар бораи рӯзи 16 ноябри соли 1992, дар қасри Арбоби ноҳияи Хуҷанд (феълан шаҳри Хуҷанд барпо шудани иҷлосияи XVI Шурои Олӣ (даъвати дувоздаҳум) хабар медод.

Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ  (даъвати дувоздаҳум), тибқи  хотироте, ки Абдумаҷид Достиев  қайд намудааст, 16-уми ноябри соли 1992, соати 10 пагоҳӣ, таҳти роҳбарии и. в. Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Акбаршо Искандаров ба кори худ шуруъ намуд. Дар Иҷлосия аз 230 нафар вакилони Шурои Олӣ 193 вакили мардумӣ иштирок доштанд. Аз 37 нафар вакилони боқимонда 4 нафар (Шерализода М., Ҳувайдуллоев Н., Олиамов, Имомов) аз олам  даргузашта, 4 нафар дар давоми Иҷлосия расида омаданд ва боқимонда дар кори иҷлосия ширкат наварзиданд.

Яке аз муҳимтарин санадҳои ҳуқуқӣ, ки дар Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи гурезаҳо» таҳти № 708 аз 24 ноябри соли 1992 мебошад, ки фарогири ҳафт банд буд. Тибқи қонуни мазкур, мақоми гуреза ба шахсоне дода мешавад, ки дар натиҷаи вазъи номуътадили сиёсӣ ва мухолифати мусаллаҳона маҷбуран маҳалли зисти доимиашонро тарк карда бошанд.

Тибқи банди 2 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гурезаҳо», Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон уҳдадор шуда буд, ки тартиби ба маҳалҳои зисти пештараашон бозгаштани гурезаҳоро таҳия ва ба Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ пешниҳод намуда, дар буҷети ҷумҳурӣ барои соли 1993 моддаи хароҷоти вобаста ба онро пешбинӣ кунад. Ба оилаи гурезаҳое, ки бе манзил мондаанд, баъди ба маҳалҳои зисти доимиашон баргаштан барои сохтмони манзил, хонаи истиқоматӣ, харидани амвол, чорво ва дигар хароҷот ба маблағи 100 ҳазор сӯм бо муҳлати пардохт дар муддати 20 сол  қарзи имтиёзнок дода шуд.

14 декабри соли 1992 дар шаҳри Душанбе маҷлиси якҷояи Раёсати Шурои Олӣ ва Шурои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон барпо гардид. Масъалаи вазъи ҷумҳурӣ ва чораҳои тезтар ба эътидол овардани он мавриди муҳокима қарор гирифт. Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баромад намуда, қайд намуданд, ки рӯзҳои охир вазъият на дар ҳамаи ноҳияҳо ором буд. Зиёда аз 30 ҳазор шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон сарҳадшиканӣ карда, ба хоки Афғонистон гузаштанд, ки дар он ҷо ба мушкилот дучор гардидаанд.

Дар охири соли 1992 ва ибтидои соли 1993 шароити зисти ҳазорҳо нафар фирориёни навоҳии Шаҳритусу Қубодиён, ки дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон қарор доштанд, тоқатфарсо буд. Дарвоқеъ, он вақт масъалаи  гурезаҳо  яке аз мушкилтарин масоили рӯз буд. Ҳазорҳо нафар шаҳрвандони Хатлонзамин аз ватани худ иҷборан гуреза шуда буданд. Зеро шароити зисти аксарияти онҳо хеле вазнин буд. Маводи озуқа, сарулибос ва манзил намерасид.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дарк мекард, ки мушкилоти гурезаҳо ва ҳалли масоили  онҳо яке аз омилҳои асосии ба эътидол овардани вазъи кишвар ва расидан ба сулҳ мебошад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо тариқи барномаи «Хоки Ватан», ки онро радиои «Тоҷикистон» 29 марти соли 1993 махсус барои гурезагони дар хоки Афғонистон қарордошта таъсис дода буд, баромад намуда, ба ҳамватанони муҳоҷиргашта бо чунин суханҳо муроҷиат кард: «Ҳамватанони азиз, ман ба шумо кӯҳи тилло ваъда намедиҳам, як бурда ноне, ки дорем, бо ҳам мехӯрем. Пушту паноҳи шумо Ватан аст. Шуморо хонаву даратон, фарзандонатон, хешу таборатон интизоранд. Ба Ватан баргардед, ҳамватанони гиромӣ!». Баъди ин суханҳо дар дили  ҳар як муҳоҷир ҳисси баланд нисбат ба Сардори давлат ва ҳукумати навтаъсис бедор шуда, азми ба Ватан баргаштан карданд.

Ба идораи радиои Тоҷикистон аз номи гурезаҳо ба барномаи  «Хоки Ватан», ки махсус барои онҳо ташкил шуда буд, номаҳои зиёде меомаданд. Аз номи сокинони ноҳияи Қубодиён ба идораи радиои Тоҷикистон ва таҳиягарони барномаи «Хоки Ватан» номаҳои хеле пурдарду аламро навишта мефиристоданд, ки дар ин номаҳо яке модар ва дигаре фарзанди гумкардаашро меҷусту сеюмин бошад  аз авҳоли хешу дӯстонаш огоҳ мешуд. Дар яке аз номаҳо, ки дар он модари зор бо дили пурдарду алам писари гумкардаашро меҷуст ва дар номааш чунин омадааст: «Ман сокини ноҳияи Қубодиён, колхози «50–солагии СССР»–и деҳаи Ҷарқурғон Гулистон Хабирова, аз шумо, ровиёни барномаи «Хоки Ватан» хоҳиш ва илтимос дорам, ки ҷигарбанди гумгаштаам Назаров Ҳасанро ба воситаи барномаи мушкилкушо дарёфт намоед. Ман модари ҷигарсӯхта ҷигарбанд гум кардам. Ҷигарбанди маро         19 ноябри соли 1992 як гурӯҳ силоҳбадастон дастгир намудаанд. 3 сол инҷониб аз ӯ зиндаҷудоям». Пас аз садо додани номаҳо қисми зиёди шунавандагон ҷигарбандони худро пайдо намуда, аз аҳволи хешу дӯстонашон огоҳ мешуданд.

Баъди муътадил гардидани вазъияти ҷамъиятию сиёсии ҷумҳурӣ 8656 нафар гуреза ба воситаи сарҳади ноҳияи Ишкошим, 9450 нафар аз Панҷи поён, 2805 нафар аз тариқи Ҳайратон, Тирмиз, Шаҳритус ва 5922 нафар аз тариқи Ҳайратон, Тирмиз, Қабодиён ба Ватан баргаштанд. Ҷамъ то 15 январи соли 1994 қариб 30 ҳазор гурезагон ба сарзамини Тоҷикистон баргаштанд ва 33127 нафари дигар дар Афғонистон монданд. 21 ҳазор гурезаи тоҷик дар лагерҳои Кампи Сахии вилояти Балх, Мазори Шариф ва дар майдони ҳавоии вилояти Қундуз ва Шерхонбандар зиндагӣ намуданд. Аксарияти гурезагон дар ноҳияҳои Қумсангир (феълан Ҷайҳун), Панҷ, Бохтар (феълан Кушониён), Вахш, Колхозобод (феълан Ҷ. Балхӣ), Шаҳритус, Қубодиён ва дигар ноҳияҳои вилояти Хатлон зиндагӣ мекарданд.

Масъалаи баргардонидани гурезагони иҷбории дохилӣ ва хориҷии ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон яке аз масъалаҳои асосии давраҳои музокироти сулҳи тоҷикон ба ҳисоб мерафт. Вақте, ки аввалин музокироти сулҳи тоҷикон аз 5 то 19 апрели соли 1994 дар шаҳри Москва ҷараён мегирифт, яке аз мавзуъҳои асосии он баргардонидани гурезаҳо ва таъсиси Комиссияи муштарак зери сарпарастии СММ буд. Бо чунин мақсад 19 апрели соли 1994 протокол дар хусуси ташкили Комиссияи муштарак оид ба масъалаи гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷбории Тоҷикистон ба имзо расид. Комиссияи муштарак дар баргардонидани гурезагон ба ватан саҳми арзанда гузошт.

Бо ташаббуси Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Раёсати Комиссариати Олии вобаста ба кор бо гурезагони СММ ба гурезагони ноҳияҳои Шаҳритус 6302, Қабодиён 22320, Қумсангир 176, Вахш 18071, Бохтар 16878, Колхозобод 4552, Ҷиликӯл (феълан Дӯстӣ) 2940, Панҷ 1214, Ғозималик (феълан Хуросон) 284 дона курпаҳои гарм тақсим карданд, ки онҳоро аз сармо нигоҳ медошт. Ба ғайр аз ин ба гурезагони ноҳияҳои номбурда хаймаҳо, собун ва маводи хӯрокворӣ фиристонида шуд. Моҳи декабри соли 1993 ба ноҳияҳои Колхозободу, Ҷиликул, Вахшу Бохтар, Шаҳритус, Қубодиён ва Қумсангир 1350 адад бухорӣ ҷудо карда шуд.

Соли 1994-539 нафар гурезагони ноҳияҳои Шаҳритузу Қубодиён аз Ҷумҳурии исломии Афғонистон ба Ватан баргаштанд. Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо онҳо вохӯрда, аз шароити зисту зиндагиашон огоҳ гардида ва кумакҳои аввалиндараҷа расонд ва онҳоро барои обод намудани ватан ва барпо намудани сулҳу Ваҳдати миллӣ даъват намуд.

5 июли соли 1995 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияҳои Қубодиёну Шаҳритус сафар намуда, аз вазъи зиндагонии гурезагон ва муҳоҷирони иҷборӣ дидан намуд. Зимни мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони хоҷагиҳо таъкид намуд, ки истифодаи захираҳои дохилии хоҷагӣ ва корхонаҳои саноатӣ бо мақсади зиёд кардани неруи иқтисодии минтақаҳо вазифаи асосӣ мебошад. Ӯ вазъияти кори хоҷагии халқро таҳлил намуда гуфт, ки заҳматкашони ноҳияҳо назар ба соли 1994 муваффақиятҳои муайян ба даст оварданд, вале барои рушди маҷмӯи кишоварзию саноатӣ ҳанӯз захираҳои бисёр ҳастанд. Агар ин захираҳо самарабахш истифода шаванд пас аҳолиро бо озуқа таъмин кардан ва иқтисодиёти хоҷагию корхонаҳоро тараққӣ додан мумкин аст.

Зеркомиссияи кории муҳоҷирони Комиссияи Оштии Миллӣ дар  сафарҳои кории худ аз ноҳияҳои Шаҳритус, Қубодиён, Колхозобод, Ғозималик (феълан Хуросон) ва шаҳри Қурғонтеппа (феълан шаҳри Бохтар) моҳҳои январ-феврали соли 1999 дидан намуда, маълум гардид, ки аз 9439 манзили ғайриқонунӣ ғасбшудаи гурезаҳо тавассути афроди мухталиф 9145 адади он ба соҳибони аслиашон баргардонида шудаанд. Инчунин оиди беҳтар шудани аҳволи худ ин гурӯҳи кории муҳиҷирин дар солҳои 1998-1999, 1413 адад аризаю дархости гурезагонро ба қаид гирифта, оиди мушкилоташон кумак расониданд.

Ҳамин тавр, чунин пешрафту муваффақиятҳо натиҷаи заҳматҳои шабонарӯзӣ, иродаи қавӣ ва хислати ватандӯстонаи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Маҳз ӯ тавонист миллати парешоншударо сарҷамъ намуда, Тоҷикистонро ба давлати тараққикардаи ҷаҳон табдил диҳад.

ЗУБАЙДУЛЛОЕВ С.Х.–ассистенти кафедраи таърихи халқи тоҷики ДДОТ ба номи С.Айнӣ.

 

 

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj