• Таджикский
  • Руский
  • Английский
Исследование
There are no translations available.

ПАЙДОИШ ВА ИНКИШОФИ ДОНИШҲОИ ФИЗИКӢ ДАР МАСЪАЛАИ ФАҲМИШИ АТОМИСТИКА, ФАЗО ВА ВАҚТ ДАР ДУНЁИ ҚАДИМ

Аввалин унсурҳои донишҳои физикӣ ба монанди донишҳои риёзӣ, ситорашиносӣ ва пизишкӣ дар кишварҳои Шарқи Қадим – Бобулистону Эрони Қадим, Мисру Ҳиндустон ва Чини Қадим 5000 сол пеш мо пайдо шудаанд. Масалан, ростхатта раҳн шудани нур назаре ба шумор меравад, ки таърихи беш аз 5000 сола дорад ва дар кишварҳои Шарқи Қадим маълуми донишмандон буд.

Бояд гуфт, ки барои илми ситорашиносӣ донишҳои риёзӣ лозим бошад, барои дар амал тадбиқ намудани назария иҷрои олоти ситорашиносӣ ба монанди “устурлоб” ва ғайра, инчунин донишҳои физикӣ лозим аст. Масалан, зуҳури ситораи Шабоҳанг (Корвонкуш, Сириус) мисриёнро аз оғози кишту кор хабар медод. Туғёни мавсимии дарёи Нил бошад, назарияи донишҳои ситорашиносӣ, риёзиёт ва илмҳои табииро ба миён оварда буд. Дарёнавардон, ки барои донистани самтҳои олам ва вақти дақиқ ниёз доштанд, бидуни донишҳои физикӣ натанҳо дарёнавардӣ, балки киштӣ сохта наметавонистанд. Дар ин хусус, бозёфтҳои таърихию бостоншиносӣ (дар Байнаннаҳрайн, Эрони қадим, Миср, Ҳиндустон ва Чин) шаҳодат медиҳанд. Бо мурури замон дар баробари аҳамияти амалии донишҳои риёзӣ ва ситорашиносӣ донишҳои илми табии низ афзуд.

 

Дар Юнони Қадим Фисоғуриус (Пифагор, асри VI то милод) курашакл будани заминро баён дошт. Ин ақидаро ӯ ҳангоми дар асорати бобулиён буданаш иброз намуд ва ахтаршиносони бобулӣ пазируфта буданд. Батлимус (Птолемеӣ, асри II мелод) дастовардҳои он замонро дар асари ҷовидонааш «Алмаҷистӣ» ҷамъбаст кард ва назарияи Манзумаи заминмарказии оламро ба миён овард. Аз рӯи таълимоти Батлимус Замин маркази олам дониста мешуд.

 

Дар навбати худ донишҳои астрономия ва кашфи маълумотҳои тоза дар имҳои риёзӣ, фалсафӣ аз Юнони Қадим, Миср, Бобул, Ҳинди қадим ба қавмҳои  ҳиндуаврупоӣ-ориёиҳо ба мерос расидааст.

Ҳанӯз дар Мисри Қадим низоми душвори оббиёриро ба роҳ монда буданд , ки дорои қубурҳо, сарбандҳо ва зарфҳо об буда, барои зиндагии рӯзмарра лозим буданд, ки чунин корҳои амалӣ бидуни донишҳои илми табиӣ (физика) имконнопазир аст. Коҳинони Миср ибтидои резишгоҳи Нилро ба шакли Осмони ситоразор тарҳрезӣ карда буданд. Тақрибан 4000 сол пеш аз мелод муайн намуданд, ки бевосита пеш аз резиш дар осмони саҳар баъди 70 рӯзи ноаёнӣ бори аввал дар осмон ситораи Сирус намоён мегардад.

Тибқи таълимоти Зимиқротис (Демокрит) тамоми мавҷудоти ҳастӣ аз ду асли азалӣ: атомҳо ва холигӣ иборат аст. Вожаи атом, ки аз забони юнонии қадим “тақсимнашаванда” тарҷума мешавад, заррачаи хурдтарин ва тағирнопазири миқдоран беохир буда, аз якдигар бо шакли зоҳирӣ ва андозаи худ фарқ мекунанд ва аз ҷобаҷошавии онҳо дар холигии ашё ҳаракат ба вуҷуд меояд.

Як нуктаи дигарро таъкид кардан ба маврид аст, ки ҳарчанд дар таърихи илм аввалин асосгузорони мактаби атомистӣ донишмандони Юнони Қадим Левкипп (асри V пеш аз милод) ва Демокрит (460, Абдера, Юнони Қадим – 370, ҳамон ҷо) эътироф гардидаанд, аммо дар замони онҳо дар Ҳиндустони Қадим шаш мактаби таълимоти атомистӣ вуҷуд дошт. Ин аз он шаҳодат  медиҳад, ки донишмандони Юнони Қадим донишҳои худро асосан аз кишварҳои Шарқи Қадим – Бобулистону Эрони Қадим ва Ҳиндустону Мисри Қадим омӯхтаанд.

Демокрит рӯҳро ба оташ, ки аз атомҳои пуртаҳаррук иборатанд, ташбеҳ додааст. Вай ҳамчунин андозаи ҷаҳонро бешумор ҳисобида, инчунин ақида доштааст, ки дунё ҷоест, ки яке ба вуҷуд меояд ва яке дигар ай байн меравад.

Таълимоти Демокритро минбаъд Эпикур (341, Самос, Юнони Қадим – 270, Афина, Юнони Қадим) ва Тит Лукретсий Кар (99, Помпеи, Рими Қадим – 55, ҳамон ҷо) давом додаанд. Яке аз маъруфтарин донишманди Юнони Қадим – Аристотолис (384, Стагир, Юнони Қадим – 322, Эвбея, Юнони Қадим) шогирди Афлотун (423, Афина, Юнони Қадим – 347, ҳамон ҷо) буд, ки аз устодаш дар бисёре аз масъалаҳои ҳикмату илм пеш гузашта, дар таърихи фалсафа бо номи муаллими аввал маъруф гаштааст. Вай нахустин шуда усули мантиқро танзим кардааст ва онро ба унвони олоти фикри саҳеҳ ба ҷӯяндагони дониш ва муҳаққиқон тақдим намудааст. Арасту бунёдгузори мактаби машшоия (перипатетика) мебошад. Арасту дар боғи ин мактаб бо шогирдонаш рохравон дарс мегуфтааст. Аз ин рӯ, онро мактаби перипатетикҳо, ба забони арабӣ «машшоъ» -роҳ рафтан ва пайравони Арастуро машшоиён номидаанд. Ба қалами Арасту асарҳои зерин: «Органон», «Метафизика» , «Фалсафаи уло», «Равоншиносӣ», «Сиёсат», «Ахлоқи Никомах», «Ахлоқи Эвдемӣ», «Риторика», «Поэтика» мансубанд.

Маъруфтарин олимони ин мактаб Уқлидус (Евклид тав.с.330 то милод), риёзидон-математик (ҳандасашинос)-и машҳури бостон, муаллифи китоби «Ибтидо», Аристрахус (тав.310 то мелод) аз шаҳри Сомос  риёзидони бузург ва ба истилоҳи дигар Коперники Аҳди қадим; Архимед (тав. 287 то мелод) бузургтарин нобиғаи риёзидон, механик ва физики бостон; Батлимус (Птоломеӣ), қарни дуюми милодӣ, аз уламои ҳаӣат (астрономия) ва ҷуғрофидони бостон, муаллифи «Алмаҷастӣ» ва ғайра мебошанд.  Яке аз зиндакунанда, идомадиҳанда, ислоҳкунанда ва такмилдиҳандаи ақидаҳои донишмандони Юнону Рими Қадим – Демокрит, Левкипп, Эпикур, Лукретский ва ғайра дар олами исломи асримиёнагӣ Абубакр Муҳаммад ибни Закариё ибни Яҳёи Розӣ ба шумор меравад.

Ҳасанова Бибигул Ҳусейновна - докторанти курси 2-уми факултети физикаи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ

 
free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj