• Tajik
  • Russian
  • English
Пажуҳиш
There are no translations available.

ОҚИБАТИ ГАРАВИШ БА РАВИЯҲОИ ТУНДГАРОӢ

Дар замони имрӯз яке аз масоили муҳим ва мубрами ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ, Ваҳдати миллӣ ва якпорчагии Тоҷикистон азиз ба шумор меравад. Дар ин замина моро зарур аст, ки аҳли ҷомеа, хоса ҷавононро аз равандҳои муосири ҷаҳонишавӣ ва созмону гурӯҳҳои бадкешу ифротгаро огоҳ намоем, то ба доми омиқи ин қабил афроди тундраву беватан гирифтор нагарданд.

Барои ҷилвагирӣ аз бегонашавӣ ва дигар падидаҳои номатлуб маро мебояд, ки ҳисси худшиносӣ ва ифтихори миллии ҷомеаро баланд бардорем. Аз ин рӯ, лозим донистем, ки пиромуни ин мавзӯъ чанд нуктаро баён дорем, то заррае ҳам бошад, дар ин ҷода саҳмгузор гардем.

Ҷои баҳс нест, ки аз ифтихори миллӣ то хиёнат ба Ватану пайвастан бо ашхоси бадкеш масофаи андаке дар миён аст. Чанд соли охир дар дунё созмонҳое арзи ҳастӣ кардаанд, ки аз вазъи ноустувори иқтисодии мамолик истифода намуда, миёни аҳолии он ҷамоҳир ниҳодҳои динӣ таъсис додаанд, ки ҳадафашон ноором сохтани ҷомеа мебошад. Онҳо зумрае аз ҷавонони содда ва ноогоҳро ба осонӣ ба гурӯҳҳои хеш шомил месозанд ва дар зеҳнашон идеологияи ғайримақбулро ворид менамоянд. Ҳадафи аслии ин гуна афрод, ки ба истилоҳ, онҳоро террорист мегӯянд, таҳрибкорӣ, вайронгарӣ ва ба даст овардани сарватҳо мебошанд. Ашхосе, ки дар садри ин қабил созмонҳои ифротгаро нишастаанд, ҷавононро бо ваъдаҳои ба даст овардани савоби бисёр ва шаҳид шудану ба биҳишт роҳ ёфтан фирефта мекунанд. Таассуфовар аст, ки қисмате аз ҷавонон ба ин ваъдаҳои хаёлию бофта итминон карда, ба даст силоҳ мегиранду алайҳи ҳамватанон, ҳаммиллатон ва ҳатто, ақрабои хеш меҷанганд. Иддае аз онҳо намедонанд, ки мақсадашон аз ҷанг чист, барои чӣ ва ё барои кӣ меҷанганд. Хоса, ҷавонон, ки пас аз солҳои ҷанги шаҳрвандӣ таваллуд шудаанд, намедонанд, ки ҷанг чист ва чӣ паёмадҳои даҳшатборе дорад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ таъкид намуда буданд: «Мо бояд ҳаргиз фаромӯш накунем ва ба ҷавонони имрӯза низ талқин намоем, ки аз оғози солҳои 90-ум халқи Тоҷикистон бо сабаби поймол гардидани меъёрҳои ҳуқуқӣ, хусусан, меъёрҳои конститутсионӣ оқибатҳои даҳшатноку фоҷиабори мухолифати мусаллаҳона ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро бо чашми худ дид ва ин моҷаро давлати моро қариб ба вартаи нобудшавӣ оварда расонд».

Мушоҳидаҳою таҳлилҳо бозгӯи онанд, ки ашхоси бурунмарзӣ ҷавононро ба гурӯҳҳои худ ҷалб месозанд ва бо ин васила мехоҳанд, ки сулҳу амниятро дар кишвари мо барҳам зананд ва ҷомеаро ба гидоби кашмакашиҳою нооромиҳои харобовар ғӯтавар намоянд.

Бисёр шигифтовар аст, ки раҳбарони созмонҳои ифротгаро аҳком ва шариати дини мубини Исломро бо андешаҳои шахсии хеш олуда намуда, ақидаҳои разилонаашонро ба зеҳни ҷавонон ҷой мекунанд. Онҳо пайваста таблиғ менамоянд, ки дини Ислом халқиятро ба ҷиҳод даъват кардааст ва бо ин васила мусулмононро бар зидди мусулмонон мешӯронанд.

Бояд тазаккур дод, ки ифротгароён ва тундравон қатъи назар аз дину оин ва миллату нажод дар пайи бесуботнамоии амнияти давлат ҳастанд. Бо ин аъмоли террористии хеш сабабгори марги ҳазорон мардуми осоиштаи бегуноҳ мегарданд. Бо ин гуна амалҳои табаҳкорона онҳо нуфузи дини исломро, ки воқеан ҳам, дини пок, дини адолат ва дини инсоф мебошад, андозае коҳиш медиҳанд.

Қувваҳое, ки одамонро ба набарду терроризм ва радикализми динӣ раҳнамун месозанд, одамонро аз асл бегона карда, онҳоро бо худшиносии миллӣ муқобил мегузоранд. Агар ба ин масъала жарфтар бингарем, дар шароити кунунӣ тақвияти ваҳдати миллӣ ва ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ барои мардуми мо ҳамчун обу ҳаво зарур мебошад. Ҷомеа, махсусан, ҷавонон бояд донанд, ки халқи тоҷик дорои таърихи қадимаи давлатдорӣ ва фарҳангу маънавияти оламшумул аст.

Вақте дар хусуси терроризм ва экстремизм сухан мегӯем, нахуст бояд мафҳуми ин ду вожаро ташреҳ бахшем. Ин ду калима, ки чанд соли охир вирди забони ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидаанд, ба ҳам пайвастагии қавӣ доранд. Экстремизм тундравӣ ва аз андоза гузоштан аст, ки оқибат ба терроризм меоварад. Маънои вожаи терроризм «тарс» ва «ваҳм» мебошад. Чуноне дар боло зикр кардем, террористон мехоҳанд, ки мақсаду мароми хешро тавассути зӯроварӣ, куштор ва тарсу ваҳм додан дар амал тадбиқ намоянд.

Шахсе, ки дар зиндагӣ аз худ амалҳои якравию тундравӣ зоҳир менамоянд, ӯро экстремист меноманд. Чунин аъмол имкон дорад, ки дар кулли соҳот ба вуҷуд ояд, ба монанди дар дин, сиёсат, илм ва ғайра. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироакардаашон аз 26 апрели соли 2013 чунин таъкид намудаанд: «Мутаассифона, дар олами ислом равияҳое низ арзи вуҷуд кардаанд, ки баъзе амалҳояшон ба фитнакориву тафриқаандозӣ равона гардидаанд. Ин ба моҳияти дини мубини ислом мухолиф аст ва ба он иснод меорад».

Ин ҳушдории Сарвари давлат бояд ҳамеша дар гӯшҳои мо садо диҳанд ва нагузорем, ки касе аз атрофиёни мо ва ё ҳамватанони мо гумроҳ шуда, бо гурӯҳҳои ифртгарою бадандеш бипайвандад. Дар воқеъ, ифротгароӣ, таассуби динӣ, маргталабӣ, кинаву адовати динию мазҳабӣ сӯиистифода аз номи поки дини ислом ба тамоюли хатарнок табдил ёфта истодаанд ва моро месазад, ки дар ин ҷода тадобири амиқ биандешем.

Ба андешаи мо, агар дар вуҷуди ҷавонон ҳисси худшиносии миллӣ ва ифтихори ватандориро бедор намоем, он гаҳ итминонамон комил мешавад, ки ҳеҷ гуна хавфу хатар моро таҳдид намекунад.

Суоле ба миён меояд, ки чӣ гуна ин сифотро дар ҷавонон талқин бидиҳем. Мебояд зикр кард, ки дар шароити имрӯз дар ин самт, яъне тарбияи ифтихори давлатдорӣ ва худшиносии миллӣ бояд ҳамагон саҳмгузор бошанд. Мавриди тазаккур аст, ки бе омӯзиши илму дониш ба худогоҳии миллӣ муваффақ гардидан ғайриимкон аст. Дар даврони Истиқлолият ифтихори ватандорӣ яке аз маҳакҳои асосиии бақои давлат ва миллат маҳсуб меёбад. Тарбия ва мавҷудияти эҳсоси ватандӯстӣ аз падару модар вобастааст. Рафтори намунавии волидайн дар рӯҳияи хештаншиносӣ василаи беҳтарини тарбияи фарзанд мебошад.

Агар мо сатҳи худшиносии миллӣ ва ифтихори ватандории ҷавононро баланд набардорем, ҳаргиз бо итминон гуфта наметавонем, ки то чанд муддат Истиқлолияти давлатиро ҳифз менамоем. Ва ҳифзи истиқлолияти давлатӣ ба ваҳдати миллӣ дар замони соҳибистиқлолӣ бештар эҳсос мегардад. Тавре мегӯянд, ноил шудан ба Истиқлолияти давлатӣ корест сангину миёншикан, вале ҳифзи он амалест мушкилтар. Ба назари аввал шояд расидан ба Истиқлолияту нигоҳ доштани ваҳдати миллӣ осон намояд, вале зиндагӣ ҳар яки моро водор месозад, ки дар ин ҷода маърифатнокӣ ва фарҳанги сиёсиамонро тақвият бубахшем.

Хулоса, ҷавонони мо бояд ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надода, Ватани худ, давлати ҳуқуқбунёду дунявии худро чун ҷони худ дӯст доранд ва муҳофизат намоянд.

 

Нарзизода Сиёвуши Ниёз – магистранти курси 1-уми ихтисоси баҳисобгирии буғгалтерӣ таҳлил ва аудит факултети иқтисодиёт ва идоракунии маорифи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj