• Tajik
  • Russian
  • English
Пажуҳиш
There are no translations available.

ИҶЛОСИЯИ САРНАВИШТСОЗ

Тоҷикистони соҳибистиқлолу азизи мо имрӯзҳо ду ҷашни бузургро, ки барои кишвари мо ин ҷашнҳо дорои марҳилаи сарнавиштсоз мебошанд, таҷлил  дорад.

Тоҷикистон маҳз баъд аз баргузории Иҷлосияи 16-уми Шурои олии Тоҷикистон (1992) ба истиқлолияти миллии худ таҳким бахшид. Ваҳдати миллии мо (1997) Тоҷикистонро ҳамчун кишвари соҳибистиқлол ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намуд.

Аз рӯзи нахустин роҳбарияти кишвар интихоб шудани Эмомалӣ Раҳмон вазифаҳои волои худро дар ташаккули ҳадафҳое, ки миллатро муттаҳид сохта, барои расидан ба марҳиллаҳои нави истиқлол илҳом бахшида тавонист.

Ин марҳиллаҳо на танҳо тақозои масъалаҳои дохилии давлатдории ҷавон, балки даъвати замони нав ҳам буд, ки ба таври тезутунд дар назди иқтисодиёти дар ҳолати рушд қарордошта ва демократияи куҳану ҷавон арзи вуҷуд кардааст.

Ин ҳама пешравӣ дар шароити даврони истиқлоли миллӣ аз файзи Ваҳдати миллист.

Чун сухан дар бораи Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олӣ равад, мо наметавонем оғози кор, нияти неки сулҳофарини ӯро канора гузорем, зеро ҳамеша таъкид бар он дошта бошем, ки субботу амният ва истиқлолияти Тоҷикистонро бидуни талошхои ӯ тасаввур кардан ғайриимкон аст. Бо тамоми масъулият ҳар як тоҷики худогоҳу ватанпарвар бояд иқрор шавад, ки  дар зарфи ин бист сол ӯ тавонист бо тафаккуру андешаи ватандӯстона ва инсонгароёна, бонангу номуси ватандорӣ, ба пешрафти давлати соҳибихтиёри Тоҷикистон, таҳкими волоияти қонун, суботи сиёсиву иҷтимоӣ, ваҳдати миллӣ ва рушди босуръати ҷомеаи шаҳрвандӣ, тараққиёти илму маориф ва адабу ҳунар, вусъати корҳои ободониву созандагии сарзамини муқаддаси Тоҷикистон тавсеа бахшад. Кори хешро аз сулҳ оғоз намуд ва ҳангоми савганд ёд кардан дар Иҷлосияи таърихии 16-уми Шурои Олӣ чунин таъкид намуда буд: «Ман оғози кори худро аз сулҳ сар хоҳам кард…».

Вақте ки дар назди Ватан ва сарнавишти он, ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангии он масъулияти хоса эҳсос менамоем набояд талошҳои ӯро баҳри пойдории миллат фаромӯш созем. Дар китоби «Бунёди давлатдории навин» чунин кайд гардидааст: «Акнун сарвари сиёсии кордон ва корозмудае лозим буд, дар барои барқарор кардани сохти конститутсионӣ роҳбарии ин муборизаро ба уҳда гирад. Чунин сарвар, ки вазъи сиёсӣ ва низомиро бояд идора карда, масъулияти таърихиро ба ухда мегирифт, ба таври демократии ва қонунӣ дар Иҷлосияи 16-уми Шурои Олӣ дар шаҳри Хуҷанд интихоб гардид ва барои аз буҳрони амиқи сиёсию низомӣ баровардани Тоҷикистон ва рафъи хатари аз байн рафтани давлати миллии тоҷикон накши бузурги таърихи бозид»

Иҷлосияи таърихии 16-уми Шурои Олӣ чунин як сарвари сиёсии кордон ва корозмударо интихоб намуд ва сарвари сиёсии кордон ва корозмуда барои барқарорсозии сохти конститутсионии кишвар ва эъмори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявии Тоҷикистон оғози устувор бахшид ва заминаи нахустини ҳамдигарфаҳмиву ризоияти миллӣ ва сулҳи тоҷиконро фароҳам овард.

Сиёсати носолими ҳамонрӯзаи солҳои 1991-1992 барои ҳар яки мо гувоҳи он аст, ки хатари парокандашавии як миллати куханбунёдро то ҷойе ба миён оварда буд. Қуввахои аҳриманӣ ба оддитарин кору пайкори халқи тоҷик ба таври сунъӣ тобиши сиёсӣ медоданд, минтақаҳои кишварро ба дараҷаи ихтилофот бардоштанд, вале ӯ он ҳама ихтилофотро дар фазои дӯстонаву созанда муштаракан баррасӣ кард ва роҳи ҳаллу фасли онҳоро дарёфт.  Дар ҳама ҳолат ва дар ҳар гуна вазъият хоҳ дар саргаҳи истиқлолияти миллӣ ва хоҳ имрӯз, яъне дар тули ин бист сол ӯ танхо ба танҳо ҳимояву ҳифозати манфиатҳои олии миллӣ, таъмини истиқлолу озодӣ, тамомияти арзӣ ва суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва рушди устувори кишвар дар меҳвари асосии фаъолияти  роҳбари ва сиёсии ӯ карор дорад. Хиради сиёсии ӯ, иродаи ватандории ӯ нагузошт, ки ихтилофоти дохилӣ шиддат гирад ва ниҳоят оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ забона занаду доман паҳн кунад. Муншии умумии СММ тайи як барқия ба унвони Ичлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин таъкид намуда буд: «Мамолики аъзои СММ бодиққат ба кори Шумо назорат мекунад. Дар доираҳои сиёсӣ чунин мешуморанд, ки маҳз Шумо масъулияти таърихиатонро эхсос намуда, ба вайроншавии Тоҷикистон, ҳамчун узви комилхуқуқи СММ роҳ намедиҳед ва минбаъд ба Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид ба ғояҳои озодӣ, сулҳ ва адолат содиқ хохед монд...»

Ин Иҷлосия таҳти роҳбарии  Пешвои муаззами миллат барои бақо ва таҳкими давлати тозаистиқлоли тоҷикон, муайян намудани самтҳои минбаъдаи раванди инкишофи ҷомеа заминаи воқеӣ ба вуҷуд овард.

Дар Паёмҳои ҳамасола чунин таъкид гардидааст: «Сиву як сол муқаддам Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари соҳибистиқлол ба узвияти Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шуд. Ин иқдом ҳарчанд тибқи қоидаву суннатҳои созмонҳои байналмилалӣ як амали мантиқӣ ва як амри оддиву маъмулӣ маҳсуб мегардад, вале барои мардуми соҳибтамаддун ва соҳибдевон, вале асрҳои аср аз давлати миллии худ маҳруми тоҷик рӯйдоди гаронбаҳотарин ва арзишмандтарин буд, зеро ҳақиқати таърихӣ баъд аз садсолаҳо пирӯзӣ ёфт ва дар радифи мардумони зиёди сайёра манзалати соҳибдавлативу соҳибтақдирии халқи тоҷикро исбот кард».

Оре, барои мардуми соҳибтамаддун ва соҳибдевон Истиқлолияти миллӣ рӯйдоди гаронбаҳотарин ва арзишмандтарин буд. Замоне, ки ба истиклолияти миллӣ даст ёфтем, замони ниҳоят мураккаб ва «печидаи сиёсӣ», замони ихтилофоти созмону ҳизбҳо, замони рукуди илму фановарӣ, ғаразҳои иттилоотӣ, замони ҷилои Ватан кардан, дар маҷмуъ замони нооромии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ барои миллати тоҷик буд. Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон танҳо ба як ҳадафи аслии худ, яъне сулҳофаринӣ, расонидани ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ ба сатҳи шоистаи зиндагӣ ва шароити мусоиди иҷтимоӣ барои таъмини рушди матлуб ва сатҳи муосири фаъолияти сохторҳои сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ  талош варзид. Ва ин талошхо барои ӯ ва миллати тоҷик самара бахшид ва имрӯз тавсеа гардида истодааст.

Чун сухан дар бораи Иҷлосияи таърихии 16-уми Шурои Олӣ равад, мо наметавонем, ин таъкиди ӯро фаромуш созем, яъне: «Маҳз ба шарофати ин рӯйдодҳои муҳимми таърихӣ мо тавонистем, ки аркони давлатдорӣ ва шохаҳои фалаҷшудаи ҳокимиятро дар мамлакат барқарор гардонида, пояҳои истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро қавӣ намоем. Муҳимтар аз ҳама ин аст, ки дар Ватани азизамон ваҳдати миллӣ, сулҳи пойдору суботи сиёсиву иҷтимоӣ ва фазои озоди бунёдкориву созандагӣ фароҳам оварда шуд». Пас ҳар яке мо бояд иқрор шавем, ки муҳимтар аз ҳама дар Иҷлосияи таърихии 16-уми Шурои Олӣ ӯро сарвари хеш интихоб кардем. Интихоби ӯ, интихоби роҳи сулҳ ва истикрори он дар Тоҷикистон буд. Зеро ба шарофати пуштибонии самимонаи ӯ  истиклолияти миллӣ тахким ёфт. Қарору конунхои кабулнамудаи ин Иҷлосияи сарнавиштсоз раванди шикасти пояхои давлатдории моро боздошт ва институтхои сиёсии давлат аз нав баркарору устувор гардида, фаъолияти пурсамари онхо махз бо талошхои Сардори давлат ба рох монда шудаанд.

Вакте ки ӯ бо як итминони комил изҳор медорад, ки: «бо такя ба неруи созандаи мардуми фарҳангиву таҳаммулгарои худ ва бо заҳмати содиқонаву софдилона дар ояндаи наздиктарин Ватанамонро ободу зебо ва неруманду пешрафта гардонида, мақоми шоиставу арзандаи онро дар ҷомеаи мутамаддини башарӣ таъмин месозем ва барои фарзандону набераҳоямон як мулки ободу давлати пешрафтаву нерумандро ба мерос мегузорем». Пас мебояд чунин изҳорро ҳар яки мо ҳам дошта бошем, зеро ӯ сарвари мост ва Тоҷикистон Ватани азизу муқаддаси мост.

Ҳастанд «нафароне» чи дар дохил ё хоричи кишвар ба миллату ба Ватани худ «суханпартоӣ ё сангпартоӣ» мекунанд, аммо боре андеша намекунанд, ки миллати мо чӣ рӯзҳои сахту сангин ва чӣ мушкилоту маҳрумиятҳои гаронро паси сар кард.

Ва имрӯз он «дилсӯзони миллат» дарк ва эҳсос намоянд, ки мушкилоти имрӯзаро миллати куҳанбунёди тоҷик бо роҳбарии сарвари сиёсии кордон ва корозмудае бо ғайрату заҳмати созанда ва нангу номуси ватандӯстона паси сар мекунад. Мо метавонем, зеро роҳбари мо дар ин сиву як соли истиклолияти миллӣ тавонист мушкилоти ба сари миллат омадаро бартараф созад. Ва акнун қадамхои устуворе барои таҳкими давлатдории тоҷик барои садсолахои оянд гузошта истодааст. Ин равандро касе дарку эҳсос менамояд, ки у воқеан хам ватандуст аст. Ҳар як точики худогох ва ватандӯст бояд пеш аз ҳама бонангу бономус бошад, вазифадор бошад, ки ба хотири таҳкими ваҳдати миллӣ, истиқлолияти давлатӣ, густариши худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихори ватандорӣ кӯшишу талоши пайваста ба хотири ояндаи дурахшони Точикистони азизи худ дошта бошад.

Сӣ сол мукаддам дар Ичлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ӯ коре хешро аз сулх оғоз кард. Ва бо гузашти сӣ сол аз Иҷлосияи такдирсозу сарнавиштсози барои миллати тоҷик чунин таъкид намуд: «Иҷлосияи таърихии 16-ум сохти конститутсиониро дар кишвари тозаистиқлоли мо барқарор сохта, барои ташкил ва фаъолияти пурсамари тамоми сохторҳои давлатӣ асоси қонунӣ гузошт ва Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ мардуми бо амри таърих парешонгаштаи моро ба ҳам оварда, ваҳдати саросарии халқи Тоҷикистонро таъмин намуд ва барои тараққиёти минбаъдаи иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии давлати соҳибистиқлоламон заминаи боэътимод фароҳам овард».

Пас чун сухан дар бораи Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олӣ равад, мо наметавонем оғози кор, нияти неки сулҳофарини Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Рахмонро канора гузорем, зеро ҳамеша таъкид бар он дошта бошем, ки субботу амният ва истиқлолияти Тоҷикистонро бидуни талошҳои Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон тасаввур кардан ғайриимкон аст. Зеро ба қавли қаҳрамони миллии Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд: «Истиқлолият ба Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон - ин сиёсатмадори дараҷаи ҷаҳониро дод. Имрӯз ӯ машҳуртарин фарзанди Тоҷикистон ва тамоми тоҷикони ҷаҳон  аст»

Ғаффоров Абдушукур-мудири кафедраи методикаи таҳсилоти ибтидоӣ, доктори илмҳои филологӣ

 

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj