• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Пажуҳиш

CИФАТҲОИ ЛОҶУВАРДИ БАДАХШОН ВА МАЪЛУМОТЕ ЧАНД ДАР БОРАИ ОН

Зери мафҳуми «Бадахшон»  аксар вақт сарзамини Вилояти Мухтор- и Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) дар назар дошта мешавад. Дар асл то охири  асри ХIХ (1895- шартномаи байни Русия ва Англия) Бадахшон як кишвари бисёр калони кӯҳистонӣ, яке аз ватанҳои аслии тоҷикон дар шимоли Афғонистони имрӯза будааст.

Сарзамини Бадахшон кишвари саросар кӯҳистон, бо маъданҳои нодир машҳур, боду ҳавои тоза ва мардумони шуҷоъ маълум буд. Академик А.Е. Фереман чунин навишта буд: «Дар тӯли таърихи дуру дарози маданият як санг-лоҷуварди кабуди дурахшони сарзамини Бадахшон мегузарад, ки он бо роҳҳои душворгузари корвонҳо то ба Миср, Чин ва Руму Византия бурда мешуд». 1[7-267-268]

Маълум мешавад, дар байни ашёи зебу зинати фиръавнҳои сулолаи 12-уми Миср аз лаъли  Бадахшон сохта шуда ёфт гардидааст. [2-69].  Аз маълумоти ин олим бармеояд, ки дар замони давлати ошӯриёну бобулиён низ конҳои лоҷуварди Бадахшон маълум буда, подшоҳони он давлат барои ба дст овардани лоҷувард ба ин ҷо ҷосусони худро мафиристодаанд. Масалан, дар яке аз навиштаҷоти то замони мо расида гуфта машавад, дар хусуси лоҷуварде, подшоҳи ман (менависад ҷосуси подшоҳи Урарту)  навишта буд, «бигузор ба ман лоҷувард биёваранд», подшоҳи ман хабар надорад, ки ин барои ба даст овардани лоҷувард ба минтақаи кӯҳистон баромадам. Ҳангоми ба даст даровардани лоҷувард мардуми кишвар ба муқобили ман бархост. [4-355] Агар подшоҳи ман розӣ бошад, бигзор қувваи калони аскарӣ ба ин ҷо равон карда, лоҷувардро бигиринд.

Дар замони Ҳахоманишиҳо низ санги қиматбаҳои лоҷуварди дурахшони Бадахшон маъруф будааст. Чунончӣ, дар матнҳои  хатти мехии замони Доро (521-484 то мелод) дар миёни сангҳои қиматбаҳое, ки ба пойтахти давлати Ҳахоманишиҳо оварда мешуданд, аз санге ёд шудааст бо номи «касакака-паутака», яъне санги кабуди лоҷувард, ки аз сатрапияи Бохтари тобеи давлати Ҳахоманишиҳо ворид мегардид. [5-46]

Мавҷудияти лоҷуварди Бадахшон дар Ҳиндустон, Миср ва мулкҳои дигари қадим ошкор гардидааст. Маъдани дигаре, ки баъдтар шуҳрати Бадахшонро дигарбора баланд бардошт, ин лаъл буд.

Мувофиқи маълумоти олими асримиёнагии тоҷик Абурайҳони Берунӣ маълум мешавад, ки дар натиҷаи заминларза дар Бадахшон, кӯҳҳо мекафанд ва порчаҳои лаъл намудор мегардад. Ақидааст, ки асоси баромади номи худи Бадахшон (Балахшон) аз «балахш», яъне «лаъл» мебошад. Баъди заминҷунбӣ дар аввал лаълро занҳо пайдо карда онро ҳамчун ранги либосрангкунӣ истифода баранд. Лекин ин  натиҷа надод.

Хабар дар бораи лаъл ба зудӣ паҳн гардида, истихроҷи лаъл сар шуд. Конҳо ки дар наздикии ин ё он деҳа воқеъ буданд ба номи он деҳаҳо  ёд мешуданд. [1-3]

Аз рӯи навиштаҳои муаллифи «Ғиёсу-л-луғот» Муҳаммади Ғиёсуддин зилзилаи азим падид омада кӯҳи Сакнон (Шуғнон) шикофта шуда, кони лаъл пайдо шуд. Ва лаъл анвоъ мебошад: румонӣ (ранги анор дошта) ва пиёзӣ ва тамрӣ ва лаҳмӣ ва уннобӣ ва буқлӣ в идрисӣ ва душобӣ ва лаъли пайконӣ ва лаъли ақрабӣ ва лаъли қутбӣ ва он нигинавор паҳн бошад. [3-210-211]

Ал-Берунӣ қайд мекунад, ки конҳои лаъл дар надикии деҳаи Варзафанҷ воқеъ гашта будаанд ва агар кас аз Ишкошим (Иикошим) ба Шикинон (Шуғнон) рафтанӣ шавад, аз миёни он конҳо мегузарад. [1-74]

Суфтакунию фурӯши лаъл дар шаҳри Бадахшон сурат мегирифт ва Шуғнон низ аксар вакт ҷузъи иқлими Бадахшон буд, барои ҳамин он номи «лаъли Бадахшонро»-ро гирифт.

Сайёҳи венетсионӣ Марко Поло, ки дар охири асри ХIII мудате дар Бадахшон истиқомат карда буд, чунин менависад: Дар Баласиён (Бадахшон) балахшҳо сангҳои қиматбаҳо мавҷуд мебошанд. Мардум барои шоҳ дар кӯҳҳои Шигхинон ғорҳои калон канда, балахш истихроҷ менамоянд. Агар касе ҷуръат карда аз ин шоҳигарӣ он сангҳоро берун мебароранд, ҷону моли худро аз даст медод. [6-7]

Аз сарчашма бар меояд, ки  Бадахшонро оммаи мардум Балахшон меноманд. Он мавзеест, ки дар он ҷо маъдани балахш, ки ба ёқут рақобат меварзад, мавҷуд мебошад. [6-8]

Ба ақидаи Ғиёсуддин Муҳаммад балахшро мардуми тоҷик ба хотири ранги сурху зебо доштанаш аввал «лол» номидаанд, ки ин калима дар забонҳои форсию ҳиндӣ ба маънии «сурх» будааст. Баъд ба сабаби тасарруфи арабидонон «алиф» ба «айн» табдил ёфта, «лол»-ро «лаъл» гуфтанд.

Аз сарчашмаҳо маълум мешавад, «лаъл» дар назари мардум дар ибтидо дар сурхию шаффофию зебоӣ ҳатто аз ёқут низ баланд меистодааст. Баъдтар мардум фаҳмидаанд, ки он мулоим буда, паҳлуҳои он дар натиҷаи соиш хӯрда мешаванд, нархи он пасттар мегардад.

Бадахшон нафақат бо конҳои лоҷувари лаъл, балки бо конҳои маъданҳои зиёди дигар аз қабили-тилло, нуқра, оҳан, асбест, мис, беҷода (гранат), олтингӯгирд ва сангҳои дигари қиматбаҳо машҳур мебошад. Маҳз сарватҳои зеризаминӣ ин кишварро дар олам машҳур гардонида, сайёҳону ҷосусон аз кишварҳои мухталиф барои ба даст даровардани он сарватҳо ба ин вилояти таърихӣ меомаданд.

Адабиёт

  1. Абу-р-Райхан Мухаммад ибн Ахмед ал-Бируни.-Л.,Изд-во АНСССР, 1963.-С.74-75
  2. Абаев Т.Г. Очерки истории Бадахшана.- Ташкент, «Наука УЗ ССР», 1964.-С.69
  3. Ғиёсуддин Муҳаммад. Ғиёсу-л-луғот, ҷ.2, Таҳиягари матн Амон Нуров- Душанбе: «Адиб», 1988,-С. 210-211
  4. Дьяконов И. М. Приложение. Ассиро- вавилонские  источники по истории Урарту.-Вестник древной истории, №2, М-Л, Изд. АНСССР, 1951-С.355-356
  5. История Узбекской ССР, Т.1, кн.1, - Ташкент , 1955,-С.46
  6. Мирзо Сангмуҳаммади  Бадахшӣ  таърихи   Бадахшон – Душанбе, 2007
  7. Ферсман А.Е. Очерки по истории камня.Т.1.М,1954.-С.267-268

Ниёзбек Давлатбеков, номзади илми таърих, дотсенти кафедраи методикаи таълими таърих ва ҳуқуқ, факултети таърих ва ҳуқуқ

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj