• Tajik
  • Russian
  • English
Пажуҳиш
There are no translations available.

ТАРБИЯИ ЭСТЕТИКИИ ХОНАНДАГОН ДАР ҶАРАЁНИ ТАЪЛИМИ БИОЛОГИЯ

Тарбияи эстетикӣ ҳамчун ифодаи иҷтимоӣ - педагогӣ маънои ташаккули завқи эстетикӣ ва идеали шахсият, инкишофи қобилияти ҳисси зебоӣ нисбат ба ҳодисаҳои воқеият, инчунин фаъолияти эҷодии мустақилонаи инсонро дорад,  ки он ҳанӯз аз синни томактабӣ оғоз меёбад. Дар тарбияи эстетикӣ мақоми мактаб калон буда, он дар ҷараёни таълим, хусусан, дарсҳои биология, маҳфилҳо, корҳои беруназсинфӣ ва беруназмактабӣ амалӣ мегардад. Хонандагон дар рафти экскурсияҳои биологӣ моҳияти зебоиҳои табиатро дарк карда, ин ҷиҳатро бо воқеияти ғайриэстетикӣ муқоиса мекунанд.

Тарбияи эстетикӣ дар ташаккули маънавии хонандагон саҳм гузошта, дар замири онҳо майлу хоҳиши эҷодкорӣ ва зебоипарастиро бедор мекунад. Масалан, муаллими биология дар дарсҳои ботаника дар вақти омӯзиши асрори табиат  диққати хонандагонро ба зебогии муҳити атроф ҷалб карда, дар бораи бартарии набототу растаниҳо дар табиат маълумот медиҳад. Бо ҳамин васила  хонандагон моҳияти асрори табиатро дарк карда, зебогии табиатро дуруст дарк карда метавонанд.

Вазифаи асосии тарбияи эстетикӣ дар таълими биология ин ба хонандагон омӯзондани маълумоти зерин мебошад:

  1. Ба таври воқеӣ дидан ва дуруст дарк кардани зебоии табиат, фарқ кардани зебоӣ аз манзараи  нозеб;
  2. Муҳайё ва муҳофизат кардани зебоии табиат ва меҳнати ҷамоа;
  3. Зебо рафтор кардан нисбати муҳити атроф ва алоқаманд намудани  зебопарастӣ бо ахлоқ;
  4. Дар ороиши кабинети биология, кор дар қитъаи таълимӣ – таҷрибавии назди мактабӣ ва  гузаронидани шабнишиниҳои биологӣ ба ҷиҳатҳои эстетикии он риоя кардан.

Тасаввур – ин образи азнавҳосилкардаи чизе ё ҳодисае, ки қаблан дар қишри мағзи сар қабул шудааст, инчунин образи самарабахши хаёлот, шакли олии эҳсосот мебошад, ки ба  таври дониши намоишию образӣ инъикос меёбад. Манбаъ ва сарчашмаи тасаввур ҳақиқати воқеӣ  аст. Тасаввур ба шакли хотира ва хаёлот намоён мегардад. Тасаввур зинаи муштараки эҳсосот ва тафаккур буда, он аслан биноӣ, шунавоӣ  ва мутаҳаррик мешавад [4,5,6].

Тасаввури эстетикии ба тарбияи ахлоқӣ зич вобаста аст. Дар шуури кӯдак некӣ, хубӣ, дар аксари мавридҳо бо фаҳмиши  бисёр нағз мувофиқ меояд. Муносибати эстетикии  мактабиён дар дарсҳои ботаника, зоология, анатомия ва меҳнат бевосита ба фаъолияти шахсии онҳо вобастагӣ дорад. Онҳо, вақте ки  вазифаро  худашон ҳал мекунанд, сурати ягон чизро мекашанд ва  ё месозанд ва ҳамин тавр дар як маврид ҳам қаноатмандии ахлоқӣ мегиранду ҳам эстетикӣ.

Қаноатмандӣ аз меҳнати бобарор, завқи ахлоқию эстетикии хонанда мебошад. Барои он ки муносибати эстетикии дастпарварон ба дарсҳои биология инкишоф дода шавад, ҳатман фаъолияти мустақилонаи фаъоли онҳоро бояд ташкил карда, барои бомуваффақият иҷро кардани кори онҳо, ки ҳаловати ахлоқию эстетикӣ мебаранд, ёрмандӣ расонд.

Ба талабагон ёд додан лозим аст, ки онҳо на фақат дар матну порчаҳои бадеӣ, инчунин дар санъати тасвирии набототу ҳайвонот ва меҳнат, каломи бадеӣ, табиат пиромуни зиндагӣ  нафосату зебоиро дарк кунанд. Қисмати муҳими тарбияи эстетикӣ ин аз худ кардани донишҳои ба санъат мансуб ва маҳорати баён карда тавонистани фикри худ нисбати инъикоси бадеии воқеият, ҳамчунин тақвият додани тасаввуроти эстетикии онҳо мебошад. Дар  шогирдон ташаккул додани  тасаввурот ва  фаҳмиши шакл ва жанрҳои санъат ва хусусиятҳои дар онҳо инъикоси бадеии воқеият, ҳосил кунондани маҳорати таҳлили мазмуни асарҳои санъат ниҳоят муҳим аст.

Тасаввуроти эстетикӣ ва мулоҳизаи оддитарин дар байни м ба миён мктаббачагон ба миён меояд, вале ин намудҳои психологӣ асосан бо наврасону навҷавонон бештар сурат мегирад, зеро онҳо акнун зиёдтар қобилияти дарки ҳисси зебо ва зиштро дар худ пайдо кардаанд.

Тавассути воситаҳои бадеӣ-адабиёт, хусусан манзараҳои тасвирии рассомон барои табъи болида ва ғанӣ гардонидани тасаввуроти эстетикии талабагони синфҳои ибтидоӣ ва болои ниҳоят  аҳамияти калон дорад. Масалан, Зимни омӯзиши мавзӯи « Оилаи авранҷиҳо» [2] бо шеъри зерин муаллим метавонад оиди хусусияти табобатии авранҷ, банги девона ва картошка маълумот диҳад ва  тасаввуроти хонандаро ба воқеияти зебои фасли тирамоҳ, зебоии авранҷ ва картошка ҷалб кунонад:

Авранҷ

Растании хурду сершоху гул он,

Баргаш элипсшакл монанди камон.

Мевааш олучамонанду сиёҳ,

Сокини боғ асту майдон асту роҳ.

Оби гул бешубҳа балғамрон бувад,

Боз шифо дар иллати дандон бувад.

Чун даво бар сурфаю тарбод ӯст

Он ки хӯрдаш бардаму ҳам шод ӯст.

Картошка

«Себӣ заминӣ»  номаш, зери замин ниҳон аст,

Чун нон азиз бошад, дармони рӯҳу ҷон аст.

Дар об чен биҷушад роҳи нафас кушояд,

З-оруғи туршу ҳиккак ҷонро ҳамераҳонад.

Бар илтиҳоби меъда бас оҳараш даво шуд,

Ҳар кас зи қабза меъда аз файзи он раҳо шуд.

Пӯшида нест, ки хонандагон ҳанӯз аз сини томактабӣ ба  зебоиҳои муҳити зист бениҳоят завқу шавқ зоҳир мекунанд. Аз  ин рӯ онҳо дар вақти дарс хусусан дарсҳои ботаника, зоология ва анатомияро бесаброна мунтазир мешаванд. Аммо дар таҷриба муаллимонеро дидем, ки аз нодонӣ ва надоштани қобилияти  расмкашӣ ба ҷои инкорҳо ба корҳои дигар машғул мешаванд. Ин ноумедсозӣ, завқшиканӣ ва беэътиноӣ нисбат ба хонандагон асту бас.

Алалхусус тасаввур ва хаёлот манбаи орзуҳои ширин, шӯълаи қобилияти эҷодӣ, ихтирооту навовариҳост. Ҳамин  тасаввурот ва хаёлот буд, ки инсоният ба кашфиётҳо даст зад,  орзуҳои ҷаҳонамо кард, оҳанро ба парвоз гузошт…

Раванди педагогӣ тамоми соҳаҳои ҳаёти хонандагонро фаро мегирад ва барои он ки ҳамаи сифатҳои тарбивии онҳо дуруст сурат гирад, бо таъсири ягонаи  системаи таълимӣ-тарбиявӣ, ки танҳо дар образҳои асарҳои санъат, инчунин дар ҳамаи соҳаҳои фаъолияти шахсии хонандагон зебоӣ бояд зуҳӯр ёбад, онҳоро дар экскурсия, корҳои берун аз синфию берун аз дарсӣ, меҳнат, ҳаёти ҳамарӯзаи пай дар пай ба дидан, ҳис кардан ва зебо гардондан бояд омӯхт [5].

Дар тарбия ва инкишофи эстетикии хонандагон нақши дарсҳои биологияи мактабӣ ва меҳнат бағоят калон аст.

Дар дарсҳои биология хонандагон на фақат зебоӣ ва қувваи латофатию ҷозибадории тағирёбии табиат, ҳамчунин бо ёрии калимаҳо эҷодкуниро низ меомӯзанд. Ба қувваи  эҷодии хонандагон бовар карда, дараҷаи тарбияи эстетики онҳоро ба таври мустақилона бояд баланд бардошт.

Экскурсия яке аз воситаҳои муҳими тарбияи эстетикӣ ба шумор меравад. Онҳо дар дили хонандагон эҳсосоти гуногун, аз оддитарин фараҳмандӣ то ба ҳаловати чуқури ахлоқии масъулияти беҳад инсонпарварӣ ва муҳаббати бепоён, ватандӯстиро бедор мекунанд. Экскурсия ба ташакулдиҳии  идеалҳо мадад мерасонад ва ба рафтори хонандагон таъсир мекунад [2].  Экскурсия ва корҳои берун аз синфию берун аз дарсӣ дар тарбияи маънавии хонандагон бевосита  аҳамияти калон дошта, онҳо дар якҷоягӣ ба муттаҳидшавии онҳо саҳми муайян мегузоранд.

Дарсҳои биология ва химия ҳам дар тарбия ва ташаккули эстетикии талабагон аҳамияти калон доранд. Ин фанни  муштарак, чун  забони модарӣ қисматҳои тасвирӣ ва таълими меҳнатро, ки бо ҳам алоқамандӣ доранд, ҳамгиро карда шудаанд. Дар рафти таълими ин фан шогирдон дар ҳиссаи аввал аз як тараф бо мавҷудоти зинда шинос шуда ва дар ҳиссаи дигар, дар заминаи ончизеро, ки дидаанд аз  пластилин онро месозанд ва ё  баръакс. Агар ҳаҷми кор зиёд бошад,  муаллим метавонад як дарси пурраро ё ба ин тарбияи эстетикӣ  бахшад.

Илми биология ба санъати рассомӣ, ҳайкалтарошӣ, кандакорӣ, наққошӣ,  санъати меъморӣ ва меҳнат зебоии ҳаёт, табиат ва ҷомеа  ифода меёбад. Асарҳои санъати тасвирӣ одамонро ба  нафосат рафтори қадркунии меҳнату санъати воло ҳидоят мекунад. Қобилияти нозукфаҳмии зебоӣ ҳангоми кашидани расм дар дарсҳои ботаника, зоология, анатомия ва меҳнат дар қитаи таълимию таҷрибавӣ дар  хонандагон алоҳида зимни фаъолияти шахсии рассомӣ, ҳайкалтарошӣ ва наққошон ба вуқӯъ мепайвандад.

Дар дарсҳои биология ҳангоми корҳои амалӣ ва экскурсия талабагон аз рӯи расмҳои кашидаи худ, чунончи сохти гул, ҳуҷайра, макети ҳайвонот шакли онҳоро аз пластилин месозанд ва бо рангу бор зинат медиҳанд. Таълими биология дар тарбияи эстетикӣ ҳамто надорад, чунки тамоми зебоиҳои зиндагӣ тавассути ин дарс офарида шудааст.

Ҳамин тавр, дарсҳои табиатшиносӣ, ботаника заминаи авалини шиносоӣ нисбати  мафҳумҳои эстетикӣ ва ахлоқӣ мебошанд. Вале ин чунин маъно надорад, ки фақат ҳамин фанҳои ба тарбияи эстетикӣ муносибат доранду бас. Ин тавр пиндоштан хатои маҳз аст. Тарбияи эстетикӣ ҳамаи ҷабҳаҳои ҳаётро фаро мегирад, ба таълими ҳамаи  фанҳо ва тамоми корҳои  беруназсинфӣ тааллуқ дорад. Фан   ва дарсе нест, ки бевосита ва бавосита зебоии муҳити зист ва хулқи накӯи одамонро васфу тараннум накунад. Дар «Ахлоқӣ Муҳсинӣ»-и Ҳусайн Воизи Кошифӣ омада: «Мурод аз хулқ хуш хӯист ва ғараз аз рафқ нармиву дилҷӯ ва яке аз созгорӣ  бошад, ба мулотифат (нармӣ) ва яке корсозӣ ба мадоро ва мулоимат ва аммо хулқ  некутарин неъмате ва зеботарин хислатест…

Ман надидам дар ҷаҳони ҷустуҷӯ,

Ҳеҷ аҳлият беҳ аз хулқи накӯ…»( Ҳусайн Воизи Кошифӣ. «Ахлоқи Мӯҳсинӣ» Душанбе, 1991. с.157.).

Муаллими биология ҳангоми сафарбар намудани хонандагон ба саёҳат аз фанни ботаника Тоҷикистони офтобруяву куҳсори моро, ки бо табиати биҳиштосои афсонавӣ, дашту саҳро, дараю водиҳо, куҳҳои осмонбӯс  ва боғҳои дилрабо дар тамоми дунё  машҳур гаштааст. Табиати зебои он диққати сайёҳҳони хориҷиро ба худ ҷалб менамояд. Баҳри ҳифзи сарватҳои табиат баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ муҳим аст. Барои ноил шудан  ба рушди устувори ин соҳа баланд бардоштани вазъи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологӣ  зарур мебошад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷуд будани мероси бои таърихию фарҳангӣ ва захираҳои нотакрори табиию фароғатӣ барои эҳё ва рушди минбаъдаи туризм ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки иқтисодиёти мамлакат шароити мусоид фароҳам меоварад.

Вобаста ба ин масъала Президенти кишвар - муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳои худ иброз дошт, ки «Кишвари мо дорои имконияти васеъ аз ҷиҳати минтақаҳои сайёҳӣ буда, истифодаи самараноки он боиси болоравии сатҳи зиндагии  аҳолии  ҷумҳурӣ хоҳад шуд».

Аз синни бармаҳали кӯдакӣ ёд додани дарки зебоишиносӣ ва рафтори накӯ ниҳоят зарур аст. Ба ин мақсад дар  коллективҳои мактабиён корҳои  гуногун бурда мешавад. Барои дар хонандагон тақвият додани рафтори шоиста бахусус завқи эстетикӣ, муаллимон бояд аз панду ҳикматҳои ниёгон, маводҳои рӯзнома, радио, телевизион васеъ истифода баранд.  Дар ҳузури  коллектив ба муаллимон лозим аст, ки некӯкорӣ ва рафторҳои муносиби кӯдаконро мунтазам қадр карда: интизомнокӣ, меҳнатдӯстӣ, сарфакорӣ нисбати моликияти давлатӣ,  ватандӯстӣ, далерӣ, инсондӯстӣ, ҳисси коллективизм, ғамхорӣ ба одамони яккадаст ва амсоли инҳо.

Ҳамаи ҳаловатбариҳои эстетикӣ дар дарс, раванди  фаъолияти меҳнатӣ ва хушнудиҳои ҳаёти ҳамарӯза, алалхусус дида тавонистан, дарк кардан, қадр намудани зебоии муҳити атроф қобилияти зебошиносии хонандагонро инкишоф медиҳад. Хусусан таассуротҳои гуворои ҳаёт қобилияти чуқуртар дарккунии  забони санъатро дар мактабиёни хурдсол инкишоф дода, дар  онҳо ташаккули пешакии таҷрибаи ҳаёти воқеии эстетикиро таъмин мегардонанд.

 

Шарипов Мирзобек Мирзоевич – мудири кафедраи  биологияи умумӣ  ва методикаи таълими биология, номзади илмҳои педагогӣ

 

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj