• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Пажуҳиш

ПАРЧАМИ ТОҶИКИСТОН: ТАЪРИХ, МОҲИЯТ ВА МАЪНИИ РАНГҲО

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  — рамзи истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 ноябри соли 1992 пазируфта шуда, ҳамакнун вазъи ҳуқуқӣ, тартиби омодасозӣ, андоза ва корбурди расмии Парчамро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 254 аз 12 май 2007 «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муқаррар мекунад.

Бар асоси Низомнома Дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ки 11 декабри соли 1999 бо Қарори № 892 дар Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст:

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон матоъи росткунҷаест, ки дар рӯи он се рахи рангаи ба таври уфуқӣ ҷойгирифта кашида шудааст: рахи боло ранги сурх дошта, паҳнои он ба рахи сабзи поён баробар мебошад; рахи сафеди мобайнӣ якуним баробари паҳнои яке аз рахҳои ранга аст. Дар рӯи рахи сафед, аз ҷои чӯбдаста дар мобайни парчам бо зарҳал рамзи тоҷ тансиқ шуда ва дар болои он ҳафт ситора дар шакли нимдоира тасвир шудааст. Таносуби бару дарозии умумии парчам 1:2 аст.

Тоҷ ва ситораҳои парчам дар шакли росткунҷае ҷой дода шудааст, ки паҳлуи амудиаш 0,8 ва паҳлуи уфуқиаш 1,0 аз паҳнои рахи сафед аст. Ситораҳои панҷгӯша дар доираи қутраш 0,15 акс ёфта, дар нимдоираи радиусаш 0,5-и паҳнои рахи сафед ҷой мегиранд.

Тоҷи баландиаш 0,55 аз паҳнои рахи сафед, ба асос ба таври нимдоираи радиусаш 1,2 аз бари рахи сафед моил мегардад. Чор унсури камоншакл, ки болои тоҷро ташкил медиҳанд, дар марказ бо қисмати доираи қутраш 0,2 аз рахи сафед васл мегарданд.

Таносуби бару дарозии умумии парчам 1:2 аст.

Рангҳои миллии тоҷикон чун дигар мардуми ориёнажод ва эронитабор сурху сафеду сабз ҳастанд, ки аз гаҳи бостон то кунун замон расидаанд.

Дар ҷомеаҳои ориёӣ (ҳиндуэронӣ) табақаҳои сегонаи аслӣ бо ранги вижаи худ таъбир ва шинохта мешудаанд. Дар забони ҳиндии бостон varna- (аз решаи var- «пӯшидан») ҳам ба маънои ранг ва ҳам ба маънои табақаи иҷтимоӣ будааст. Дар забони эронии бостон низ pištra- ҳам мафҳуми ранг дошта ва ҳам маънии табақаи иҷтимоӣ. Вожаи пеша ба маънои шуғл дар забони форсӣ-тоҷикӣ аз ҳамин вожа аст.

Дар он рӯзгор ранги сафед вижаи рӯҳониён, сурх вижаи размиён ва кабуд вижаи мардум (кишоварзон ва чорводорон) будааст. Ду ранг аз он се ранг ҳануз ҳам дар дирафши Эрон ҳастанд: сурху сафед. Аммо ранги севум ба ҷои кабуд сабз гаштааст ва иттифоқан ба кори кишоварзон наздиктар аст.

Дар Эрон пеш аз густариши ислом табақаҳои суннатии ҷомеа бино бар суннат ҷомаҳое мепӯшиданд ки аз назари ранг бо якдигар мутафовит ва муаррифи шахсияти табақотии соҳиби ҷома буданд. Рӯҳониён, ки онҳоро осрунон (авестоӣ: āθravan-, aθaurvan- [āsrōnān]) мехонданд, ҷомаи сафед мепӯшиданд ва мазҳари осмонии онҳо Ҳурмузд буд. Рӯҳониёни зардуштӣ ҳануз ҳам ҷомаи сафед бар тан доранд.

Ҷанговарон ё артишторон (авестоӣ:  raθaē-štar-) ҷомае мепӯшиданд, ки сурх ва арғувонӣ дар таркиби он саҳми бисёр дошт ва мазҳарии осмонии онҳо Вой буд.

Востриюшон (авестоӣ: vāstrya.fšuyant-) ки дар давраи Сосониён бештар деҳқонони содаи рустоҳоро бад-он ном мехонданд, ҷомаи нилӣ ё кабуд мепӯшиданд ва мазҳари осмонии онҳо Сипеҳр буд. Ҷомаи нилиранги деҳқонон то чанд даҳа пеш дар Эрон ҳануз ривоҷ дошт.

Дар адабиёти паҳлавӣ Ҳурмузд (авестоӣ: ahura.mazdā-; порсии миёна: ohrmazd) ҷомаи сафеди рӯҳониён, Вой (авестоӣ: vayu- / vayaw-; паҳлавӣ: порсии миёна: way — ба маънии фазо, — эзиди ҷанг) ҷомаи арғувонии артишторон ва Сипеҳр (авестоӣ: θwāša-; порсии миёна: spihr) ҷомаи нилии кишоварзонро бар тан доранд ва ҳар як муаррифи минуи яке аз табақаҳои сегонаи ҷомеа ҳастанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми телевизионии худ ба муносибати Рӯзи парчам аз 23 ноябри соли 2010 рангҳои парчами миллиро «ифодагари роҳи таърихии халқи Тоҷикистон ва баёнгари арзишҳои фарҳанги миллӣ ва сиёсӣ» донист ва гуфт:

«Ранги сурх — рамзи муборизаву ҷоннисории халқ барои озодӣ ва истиқлол, ранги сафед — нишони бахту саодат, умеду орзу ва ранги сабз — нишонаи сарсабзиву шукуфоӣ, сарбаландиву хуррамӣ ва абадият мебошад. Дар байни парчам тасвири тоҷ ва ҳафт ахтар ҷой гирифтааст, ки он ишора ба решаҳои таърихии давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад».

«Парчам» вожае суғдӣ («*parčam») аст ба маънии «зулфу кокул» ва ҳамчунин «пӯпаки абрешимӣ, мӯй ё думи ғажговро мегуфтанд ки бар сари дирафш ё найза мебастанд». Ин вожа аз забони суғдӣ ба забони туркӣ ва аз он ба забони форсӣ роҳ ёфта ва бо гузашти замон, бар ҳукми итлоқи ҷузъ бар кулл, бар худи дирафш низ гуфта шуд.

«Дирафш» дар порсии миёна «drafš» гуфта мешуд ва бозмонда аз эронии бостони «*drafša-» аст ва баробари он дар ҳиндии бостон вожаи «drapsá-» буд. Аз ин вожаи эронии бостони «*drafša-» дар забонҳои авестоӣ «drafšā-», суғдӣ «’rδ’šp» [arδašf / ərδəšf] ва бохтарии «λraφo» падид омадаанд.

Куҳантарин ишора дар бораи корбурди дирафш дар ҷомеаи ориёиҳо дар «Авесто» омадааст. Чунончӣ, дар нахустин фаргарди «Видевдод» аз шаҳри Балх, ки пойтахти Кави Виштосп — пуштибони Зартушт буд, чунин ёд шудааст: «Baxδim sriram ərəδβō.drafša-», яъне «Балхи зебо бо дирафшҳои барафрошта». Ҳамчунин дар «Авесто» чанд бор ҳам аз «дирафши говпайкар» — «gaoš drafša-» ва «дирафшҳои душманони ариёҳо» ёд шудааст.

Бархе аз пажӯҳишгарон бар ин боваранд, ки дирафшҳои ёдшуда дар «Авесто» монанд ба «Дирафши Ковиёнӣ» будаанд, ки басе дертар падид омадааст.

Таҳияи  Мардонзода Ҷобир, масъули бахши табъу нашри Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj