• Таджикский
  • Руский
  • Английский
Исследование
There are no translations available.

ИҶЛОСИЯИ XVI ШУРОИ ОЛӢ ВА АҲАМИЯТИ ТАЪРИХИИ ОН

Баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шуравӣ Тоҷикистон Истиқлолиятро ба осонӣ ба даст овард, вале дар ҳифзи он мушкилиҳо пешомаданд. Дар ин давра дар кишвар сохторҳои давлатӣ фалаҷ гардида, бесару сомонӣ, гирдиҳамоиҳои беохири ғайриқонунӣ, ғоратгарӣ куштор, гаравгонгирӣ, лату куби одамони бегуноҳ, ҷомеаи Тоҷикистонро ба ҳолати тарсу ваҳм яъсу ноумедӣ, нобоварӣ ба давлату ҳукумати ҳамонвақта, хатари аз байн рафтани якпорчагии ҷумҳуриамонро ба миён овард.

Қонуншиканӣ аз ибтидои марҳилаи соҳибистиқлолии Тоҷикистон то ҳадде расид, ки барои расидан ба ҳадафҳои нопоки худ аз даҳшатноктарин воситаҳо: зуроварӣ, таҳдид, террор ва куштор як зумра ходимони сиёсию давлатӣ, далели беҳокимиятӣ, афзоиши ҷиноятҳои вазнин ба ҷомеа, давлат таҳдиди руйрост намудани олами ҷиноӣ буд, Тоҷикистон ба буҳрони ҷиддӣ рӯ ба рӯ шуд.

Дар ҷумҳурӣ шахсияте, ки метавонист ҷомеаро дар гирди сиёсату андешаи худ муттаҳид созад ёфт намешуд. Роҳбарони давлат ва дигар сохторҳои калидии давлатӣ зуд-зуд иваз мешуданд. Аммо ҳол беҳ не, балки бадтар шуд. Дар мамлакат оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ домон паҳн кард, ки он қариб тамоми кишварро фаро гирифт. Алангаи он боиси ҳалокати ҳазорҳо нафар фарзандон ва гуреза шудани зиёда аз як миллион шаҳрванди Тоҷикистон гардида, хисороти зиёди моддию молиявро ба бор овард. Ягона ниҳоди ҳокимият, ки он вақт фаъолият дошт, Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Аммо ба сабаби ташаннуҷи вазъият дар пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе, ки касе кафолати амнияти вакилони мардумиро дода наметавонист, гузаронидани иҷлосияи он ғайриимкон шуд [2]. Чи тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст: “Шаҳри Душанбе моҳияти сиёсии худро ҳамчун пойтахти кишвар ва хонаи умеди тамоми мардуми Тоҷикистон аз даст дода буд бинобар ин, Иҷлосияи Шонздаҳуми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри бостонии Хуҷанд 16 ноябри соли 1992 дар қасри Арбоб, ки минтақаи нисбатан ороми кишвар буд, доир гардид ва аз ҳамин ҷо иқдомҳои аввалин ҷиҳати барқарории сулҳ ва ҳокимияти конститусионӣ оғоз ёфтанд” [3].

Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки дар меҳвари рӯзномаи иҷлосия қарор гирифт, интихоби Сарвари нави давлат, ки мебоист дар он вазъи барои кишвари хеле мураккабу ноором, нахуст институтҳои фалаҷгардидаи давлатиро барқарор, волоияти қонунро таъмин ва ҷанги шаҳрвандиро хотима бахшад.

Бузургтарин ва шоистатарин коре, ки вакилони халқ амалӣ гардониданд, ба вазифаи Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Ҷавони кордону ботаҷриба, нотарсу меҳнатқарин аз ҳама муҳим, ватандӯсти ҳақиқӣ, фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон ба тариқи овоздиҳии пӯшида аз 196 нафар вакил, яъне 186 дарсади вакилон ба тарафдории Эмомалӣ Раҳмон ба вазифаи Раиси Шурои Олӣ овоз доданд [1]. Мартин Лиз Раиси Донишгоҳи сулҳи СММ соли 2002 чунин иброз доштааст. “Иҷлосияи ХVI қарори хирадмандонаю муҳим қабул кард- Эмомалӣ Раҳмонро Раиси парлумон ва Сардори давлат интихоб намуд. Маҳз, баъди ин қарори тақдирсоз дар ҳаёти мамлакат раванди сулҳ воқеи гардид.”

Зикри чунин нуқта муҳим аст, ки таҷрибаи бо роҳи сулҳ яктарафа кардани муноқишаҳои Тоҷикистон метавонад барои рафъи муқовимат ва ихтилофоти минтақаҳои дигари даргирӣ сайёра муваффақона мавриди истифода қарор гирад [5, 15˗16]. Дар ин Иҷлосияи таърихӣ дар маҷмуъ 74 санади ҳуқуқӣ аз ҷумла; 15 қонун, 52 қарор, 6 фармон ва як изҳорот қабул шуд, ки дар марҳилаи гузариш хидмати таърихӣ кардаанд.

Сарвари давлат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси ботантана ба ифтихори 20-умин солгарди Иҷлосияи ХVI Шурои Олии Тоҷикистон 16-уми ноябри соли 2012 вазъи сиёсӣ ва аҳамияти таърихи доштани даъвати Иҷлосияи ХVI-ро ба хотир оварда таъкид карданд: “Дар чунин лаҳзаи ҳасоси таърихӣ, мақсади ягонаи роҳбарияти нави Тоҷикистон пеш аз ҳама, хомуш кардани оташи ҷанг, пешгирии хунрезӣ ва наҷот додани давлату миллат, аз бадбахтиву парокандагӣ буд” [3].

Маҳз, дар ҳамин Иҷлосия эҳё ва таъсис додани тамоми сохторҳои давлатӣ ва худидоракунии шаҳраку деҳот марҳила ба марҳила оғоз гардид [6]. Масъалаи қабули Конститутсияи нав ҳамчун шоҳсутуни давлат дар Иҷлосияи ХVI Шурои Олӣ ба миён омад.

Қабули Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, яке аз қадамҳои нахустини ислоҳоти сиёсӣ ба ҳисоб рафта, Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи байналхалқӣ ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона муаррифӣ намуд. Дар он маҷмуи низому талабот ва меъёрҳои ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёд таҷассум ёфтаанд.

Дар таҳия, муҳокима ва қабули Конститутсияи Тоҷикистон нақши Асосгуори сулҳу ваҳдати миллӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон –Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун сардори давлат хеле бузург аст.

Иҷлосияи ХVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъсиси яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ, Артиши миллӣ, ҳамчун кафили ҳимояи соҳибистиқлолӣ, сулҳу суботи ҷомеа мебошад асос гузошта шуд. Қувваҳои мусаллаҳ дар кутоҳтарин фурсат бе ягон заминаи модию техникӣ дар ҷои холи, бе силоҳ, техникаи ҳарбӣ ва дигар воситаву лавозимот дар сатҳи зарурӣ таъмин карда шуд. Дар идомаи тасмими мазкур неруҳои сарҳадбонӣ марзу буми кишвар тамоми шароит фароҳам гардид.

Ба истиқлолияти давлатӣ соҳиб гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки арзишмандтарин ва волотарин дастоварди давлатдории тоҷикон мебошад, боиси қабул шудани рамзҳои давлати он гардид.

Рӯзи 24-уми ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи Шурои олӣ Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 28-уми декабри соли 1993 “Низомномаи Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” тасдиқ шуданд.

Бояд зикр намуд, ки рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифодагари соҳибистиқлолӣ, ягонагиву сарҷамъӣ, ватандустиву хештаншиносӣ, баёнгари орзухову ормонҳои мардуми куҳанбунёд ва соҳибтамаддуни халқи Тоҷикистон мебошанд.

Муҳимтарин санади дигари таърихии Иҷлосияи ХVI-ум ин ба ҷои зисти пештараашон баргардонии гурезаҳою муҳоҷирони иҷборӣ, барқарор намудани манзилҳои харобгардида онҳо буд. Бо иқдом ва талошҳои пайвастаи Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беш аз як миллион гурезаҳо ба ватани аҷдодии худ баргаштанд.

Таъкид ба ёдоварист, ки сарчашмаи асосии ҳама мувафақияту дастовардҳое, ки имрӯз ба сифати арзишҳои миллию давлатдорӣ эътироф шуда, Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ месозанд, дар заминаи татбиқи ғояҳои олии Иҷлосияи ХVI Шурои Олӣ ба даст омадаанд.

Ҳамин тариқ, Иҷлосияи ХVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз иҷрои вазифаҳои таърихии худ баромад. Ҳамаи қарору қонунҳои дар Иҷлосия қабулгардида, барои пойдори мамлакат, таҳкими ҳокимияти давлатӣ, таъмини истиқлолияти воқеӣ, рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷумҳурӣ таҳкурсии муътамад гузоштанд.

Бо назардошти аҳамияти бузурги қарорҳо ва паёмадҳои Иҷлосияи ХVI бешубҳа онро чун падидаи нодиртарин ва тақдирсози таърихӣ навтарини давлатдории Тоҷикистон бояд шинохт [4, 27].

АДАБИЁТ

  1. Дадабоев Т. Чашми оламиён ба умед сӯи Қасри Арбоб буд // Садои мардум. 2017. 16 ноябр.
  2. Мирзонабот Алишер Худобердӣ. Мактаби сиёсии Эмомалӣ Раҳмон мактаби садоқат ба миллат аст // Ҷумҳурият. 2022. 11 октябр. №194 (24553)
  3. Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба 20-умин солгарди Иҷлосияи XVI Шурои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. ˗ Душанбе, 2012 16 ноябр
  4. Пирумшоев Ҳ. Истиқлолияти комил - бузургтарин дастоварди таърихии миллат дар китоби Истиқлолияти давлатӣ: марҳилаи тақдирсоз дар сарнавишти халқи тоҷик. ˗ Душанбе, 2021. - С. 27
  5. Файзи Истиқлол. ˗ №4 (21) 2015. - С. 15-16.
  6. Ҷуразода Ҷ. Поягузори давлати миллӣ // Омӯзгор. ˗№36 08.09.2022.

Гадоев Ғ. ˗ дотсентони кафедраи таърихи халқи тоҷики ДДОТ ба номи С. Айнӣ

 

 

 
free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj