• Таджикский
  • Руский
  • Английский
Исследование
There are no translations available.

ПАРЧАМ РАМЗИ ДАВЛАТДОРИИ МОСТ

Парчам, дирафш, ливо ё байрақ калимаҳое мебошад, ки барои ҳар яки мо муқаддасанд. Чунки парчам рамз ва шинохти як миллат аст. Миллат ва давлатро маҳс бо парчамаш мешиносанд. Аз ин рӯз дар кишвари офтобии мо рӯзи парчамро ҳамасола ҷашм мегиранд.

Пайдоиши парчам таърихи қадима дошта, дар давраҳои пеш аз мелод, дар китоби «Авасто» оид ба парчамдорӣ нуқтаҳои махсус зикр шудааст. Доир ба масъалаи мазкур шоири бузурги форсу тоҷик Абулқосим Фирдавсӣ дар достони «Коваи оҳангар»-и худ парчамро хело зебо ва фаҳмо тасвир намудааст. Қаҳрамони достон Коваи оҳангар аз бераҳмона кушта шудани ҷавонони бегуноҳ, ки дар миёни онҳо фарзанди худаш низ буд, ба шӯр омада, пешбанди чармини худро дар шакли парчам сари найза барафрохта, бар зидди шоҳи хунхор ва бераҳми замони худ Заҳҳок бармехезад . Шурӯъ аз он рӯз ба  баъд парчами Кова “Дирафши Ковиён” ном гирифта, барои озодӣ аз зулму истибдод истифода бурда мешуд:

Чу Кова бурун омад аз пеши шоҳ,

 

Бар ӯ анҷуман гашт бозоргоҳ.

Ҳаме бархурӯшиду фарёд хонд,

Ҷаҳонро саросар сӯи дод хонд.

Фурӯ ҳишт зсурху зарду бунафш,

Ҳаме хондаш «Ковиёнӣ дирафш».

Таърих исбот намудааст, ки таърихи пайдоиши парчамдорӣ аз мардумони тоҷику - форс буда, рамзи ҳастии миллат ва давлатдорӣ, нангу номуси миллӣ доштани инсонро муайян мекунад.  Миллати тоҷик аз қадимулайём соҳиби парчам буд ва дар ҳама давру замон онро чун гавҳараки чашм нигоҳдорӣ мекард.

Маҳз фарҳангофариву давлатсозӣ ва парчамдории миллати тоҷик буд, ки ҳеҷ душмане натавонист номи миллат ва забони ширину гуворои тоҷикро аз байн барад. Тамоми он давлату миллатҳое, ки қудратро ба даст овардаанду ҳамчун давлати тараққинамуда шинохта шудаанд, аз миллати тоҷик сабақ омӯхтаанд, ки ин фахри ҳар тоҷику тоҷикистонӣ мебошад.

Чуноне, ки аз таърих бармеояд, санаи 14-уми октябри соли 1924 Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон таъсис ёфт ва дар асоси қарори Президиуми кумитаи марказии иҷроияи он санаи 23-юми феврали соли 1924 парчами давлатии ҶМШС Тоҷикистон қабул карда шуд, ки он аз матоъи сурх иборат буда, дар кунҷи он нишони давлатӣ бо навиштаҷоти “Пролетарҳои ҳамаи давлатҳо як шавед” зиннат ёфта буд.

Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон санаи 16-уми октябри соли 1924 ба Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон табдил ёфта, аз санаи 5-уми декабри соли 1929 бевосита ба ҳайати Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ (ИҶШС) шомил гардид. Моҳи апрели соли 1929 парчами давлатии ҶШС Тоҷикистон бо тарҳи нав қабул карда шуд. Лозим ба ёдоварист, ки ба парчами Тоҷикистон аз соли 1929 то соли 1953 ҳафт маротиба тарҳи нав ворид карда шуда, аз соли 1953 то соли 1991 он бетағйир боқӣ монд.

Баъди пароканда гардидани давлати абарқудрати Шӯравӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 9-уми сентябри соли 1991 Истиқлолияти давлатии худро эълон намуда, баъд аз панҷ моҳи соҳибистиқлолӣ узви комилҳуқуқи бонуфузтарин созмони байналмилалии СММ гардид. Бинобар сабабе, ки Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон то шомилшавӣ ба СММ парчами давлатӣ таҳия ва тасдиқ нашуда буд, дар маросими ботантанаи узвият ба СММ санаи 2-юми марти соли 1992 дар қатори парчами ҷумҳуриҳои соҳибистиқлол парчами давлатҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Туркменистон парчами ҶШС Қазоқистон, ҶШС Қирғизистон, ҶШС Тоҷикистон ва ҶШС Туркменистон бардошта шуд.

Бо мақсади соҳиби парчам гардидан озмуни тарҳи парчам ва нишони миллӣ эълон карда шуд. То санаи кабули он озмун ба таври пӯшида ҷараён меёфт. Дар озмуни тарҳи парчам ва нишони миллӣ зиёда аз 200 лоиҳа пешкаш карда шуд, ки ҳар як лоиҳаро комиссияи махсус таҳти роҳбарии академик Муҳамммад Осимӣ мавриди омӯзиш ва хулосабарорӣ қарор медод. Тамоми барандагони озмуни "Беҳтарин парчами миллӣ" матои серангаро (матоъ бо се тасмаи ранга) пешниҳод намуданд, ки ҳар як ранг ифодакунандаи мӯҳтавои таърихи гузашта ва имрӯзаи миллати тамаддунофари тоҷик буд. Яъне ранги сурх – озодӣ, ранги сафед – оромӣ, ранги сабз – ободии давлат ва миллатро бозгӯ мекард.

Танҳо бо шарофати баргузории Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум санаи 24-уми ноябри соли 1992 миллати тоҷик аз нав соҳиби парчами миллии худ гардид, ки он дорои се ранги пурмаънӣ ва ҳафт ситораи пурҷилову як тоҷи тоҷҳо мебошад.

Рангҳои Парчами миллии мо маъниҳои ба худ хосеро таҷассум менамоянд, ки барои миллати мо азизанд: ранги сурх - озодӣ ва истиқлолият, ранги сафед - сулҳ ва оромӣ, ранги сабз - ободӣ ва ривоҷу равнақро таҷассум менамояд. Тоҷ ва ҳафт ситора, ки дар рӯйи Парчам акс ёфтаанд, рамзи миллати куҳан ва бофарҳангу сулҳпарваро таҷассум мекунад.

Бо пешниҳод ва дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои муаззами миллат-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” 24-уми ноябр ҳамчун “Рӯзи Парчам” ворид гардид ва ҳамасола мардуми саодатманди кишвар ин рӯзро ҳамчун “Рӯзи Парчам” ҷашн мегиранд. Ба хотири гиромидошти ин муқаддасоти миллӣ бо заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паҳлӯи бинои Қасри миллат пояи Парчами миллӣ бо баландии 165 метр, дарозии худи Парчам 60 метр ва паҳноияш 30 метр қомат афрохт, ки он санаи 24 ноябри соли 2010 бо иштироки ҳазорҳо меҳмонони дохиливу хориҷӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Бояд қайд кард, ки парчами миллӣ нангу номуси миллии мо тоҷикону тоҷикистониҳо мебошад. Аз ин рӯ моро зарур аст, пеш аз ҳама қадри парчами миллии худ расем ва кӯшиш намоем, ки бо дастоварду натиҷаҳои манфиатовари худ ҳамеша парчамбардори давлату сарзамини аҷдодии худ бошем.

Сафарова Сафаргул, магистри курси 1-уми факултети математика-информатика ДДОТ ба номи Садриддин Айнї

 
free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj