• Таджикский
  • Руский
  • Английский
Исследование
There are no translations available.

ПАРЧАМИ МИЛЛӢ РАМЗИ ДАВЛАТДОРИСТ

Парчами миллӣ имрӯз чун рамзи давлатдории тоҷикон дар тамоми идораҳои давлатӣ, маъмурӣ, корхонаву муассиса, мактабу таълимгоҳҳо, майдонҳои варзишӣ, ҳуҷраҳои корӣ ва хонаҳои шаҳрвандон мавҷудаст. Ба ҷой овардани эҳтиром нисбати Парчами миллӣ қарзи ҳар як шаҳрванд аст, зеро Парчам як рамзи хосаи истиқлолият, ватандорӣ, соҳибдавлатӣ ва рамзи ҳастии миллат аст.

Моҳи ноябри соли 1992 дар иҳлосияи 16-уми таърихи Шурои Олии  Тоҷикистон ки дар  он такдири ояндаи давлати милли  давлати тоҷикон  тахрези гардида, ба суи хадафхои умумимилли сулҳу суббот ва ваҳдати мили кадамхои нахустин гузошта шуданд, баробари андешидани татбирҳои  зарури доир ба таъмини сарчаъмии мардум ва ҳифзи тамомияти арзиши кишвар инчунин, рамзҳои нахустин давлати соҳиб истиклоламон –Парчам ва дертар Нишон  кабул карда шуданд.

Имруз мо он лахзахои сарнавиштсози таърихиро  бо ифтихор ба хотир меорем, зеро он айём барои мо рузхои аввалини эъмори сохти нави давлату давлатдори ва ташаккули чомеаи озоди кишвар , яъне огози мархилаи бунёди давлати демократии хукукбунёд ва дуняви хамчун хадафи асоси ва мукаддаси халки Тоҷикистон  ба хисоб мерафт.

Ба хотири макому манзаллати Парчам дар рукни давлатдори Сарвари давлат гояи бунёди манораи бузурги Парчамро пешниход намуданд, ки аз тарафи умум чонибдории комил ёфт. Дар дуюмин солгарди рузи Парчами давлатии   Точикистон маросими бунёди  манораи бузурги Парчам огоз гардида дар давоми як сол ба анчом расид. Дар бунёди он бинокорони корхонаи «Алюминсохтумон» ва ширкати байналмиллали «Трайдент Саппот» захмати зиёд кашида, санъати баланди касбии нишон доданд. Натичаи хамин буд, ки 30-юми августи соли 2011-ум дар маркази ш. Душанбе Парчами давлатии Чумхурии Точикистон дар пояи 165м., ки баландтарин дар чахон аст, парафшон гардид. Баландии худи Парчам 30м ва дарозии ё пахмоии он 60м мебошад.

Парчам хануз  аз замонхои хеле кадим рамзи давлатдори шукуху ифтихор ва нангу номус будааст. Бозёфтхои бостоншиноси, хафриёт навиштачот ва деворнигорахои мухталиф, ки то имруз боки монданд, аз он гувохи медихад .

Давлатсози ва давлатдори точикон низ таърих ва сунати кадима дорад . Ачдоди мо хануз аз замони Каёниён сохиби дирафше буданд, ки мавчудияти давлатии онхоро ифода мекард.   Аввалин Парчами кадимаи точикон « Дирафши Ковиён» ном  дошт, ки он хамчун рамзи вахдат ва ягонагии давлатдории  Ориёи кабул карда мешавад.

Диравши Ковиён тозамони сукути давлати Сосониён Дирафши милли ва давлатии ниёгони точикон буд. Дар давраи Сосониён шаклаш тагйир ёфта , дар кисми болои он тачассуми парандаи зарин- мурги хумо чой дода мешуд ва дар бахши мураббаи он киматтарин сангхо насб гардидаанд.Чуноне, ки дар «Шохнома»-и А.Фирдавси омадааст, хар яке аз пахлавонони бузургу номвари сарзамини ачдодии мо Дирафши хоси худро дошта аст. Дирафши аз замонхои кадим нишона ва рамзи мукаддаси хар милатту давлат буда аст, ба хотираи хифзи он фарзандони бузурги миллат чонсупорихо намудаанд.

Хушбахтона бо шарофияти истиклолияти давлатии точикон сохиби Парчами милли яъне тачассумгари гузаштаи шоён ва ояндаи дурахшони точикон гардидаанд.

Дар чахони муосир доштани Парчами миллии нишони истиклолият, яке аз рамзхои асосии давлатдори ва вахдати мили мебошад,  яъне давлати муосир тавассути парчами он муарифи мегардад

Парчами милли рамзи гироми дошти яке аз мукаддасоти  миллати  сохибмаърифат, нишонаи муборизаву чоннисорихои халки точик барои озодиву истиклол , илхомбахши кору фаъолияти фидокоронаи фарзандони содики  миллат ва хидоятгару рахнамои мардуми кишварамон ба суи сарсабзиву шукуфои ва зиндагии пурсаодат мебошад.

Парчами мили ифодагари  икболу  истиклол  иттиходу  сарчамъи,  нангу номус,  ватандустиву ватанпарасти  ва хуввияти миллии мардуми  куханбунёду фарханги мо буда волотарин максаду  мароми точиконро,  дар чилои  рангхои худ  инъикос намудааст.

Парчами милли  имруз  хамчун  нишони азму иродаи  устувори мардум  барои ободии  кишвари  зебоманзараамон хаммароми  «Дирафши Ковиён»-и  ачдоди ориётаборамон  бо тобиши  се ранг,  ранги сурх-озодиву истиклол , ранги сафед-сулху ороми,  ранги сабз-ободиву хуррами ва дар байни он рамзи точи зарини сохибдавлати бо хафт ситораи дурахшон  бори дигар  аз мавчудияти  тамадуну фарханги бостонии точикон, пайкори созандагиву асолати милли  давлату давлатдории мустакил ва ормонхои ватанхохиву кахрамонихои родмардони сарзаминамон башорат медихад.

Истиклолияти давлати ба мо барои тачлили пуршукухи тамоми санахои таърихи миллиамон, аз чумла гиромидошти  Парчам ва дигар рамзхову мукаддасоти Ватанамон шароити мусоидро фарохам овард .

Парчами давлатии Точикистон хамкадами сохибистиклолии Ватанамон  буда дар баробари Кониститутсия,  Нишон, Суруди милли ва асъори милли аз чумлаи рамзхо ва мукаддасоти давлати махсус мешавад, ки дар ичлосияи 16-уми таърихии Шурои Олии  Чумхурии Точикистон кабул гардида буд.

Аз он рузе, ки миллати сохиб маърифатамон сохиби парчам гардид, дар хаёти мамлакату чомеаи кишвар бисёр дигаргунихои бунёди ба амал омаданд ва барои пешрафти хамаи сохахои иктисодиёт, илму маориф ва маънавиёти мардум шароити мусоид фарохам оварда шуд. Равобиту дустиву  хамкори, аз чумла робитахои дипламати ва иктисодиву фарханги бо бисёр кишвархои хоричи густариш ёфтанд, давлати моузви комил хукуки Созмони Милали Мутахид ва дигар ташкилоту созмонхои бо нуфухи байналмилали гардид. Имруз парчами миллии мо дар катори парчами дигар кишвархо дар фарози созмонхои баландпояи чахони парафшон аст, ки мояи ифтихору рухбаланди ва эхтироми хамаи хамватанони азизи мо мебошад.

Парчами давлати бар фаорози бинохои кароргохи расмии призиденти  Чумхурии Точикистон, Мачлиси Оли, Хукумати Точикистон вазорату идорахо макомати ичроияи хокимияти давлатии вилоят ва шахру нохияхо намояндагихои дипломатии ва консулгарихои Точикистон дар хоричи мамлакат, гузаргохои марзиву гумруки ва дигар чойхо афрохта шуда парафшони мекунад.

Парчами давлати барои мо точикон нишонаи бакои миллат, давлату Ватан ,вахдати милли, хуввияти  милли ва бехтарин василаи тарбияи насли наврасу чавонон дар рухияи ифтихори мили ва хифзи арзишхои волои таърихиву фархангии халкамон мебошад.

Ируз моро мебояд, ки аз Парчами миллии худ ифтихори тамом дошта бошем, эхтироми онро хамчун нишонаи давлатдории милли озоди ва истиклолияти Ватан, чун сарвати гаронбахои умумимилли ба чо орем, кадру манзалат ва накшу эътибори онро ба фарзандхои худ ва чавонону наврасон талкин намоем.

Ба рамзхои давлати эхтиромонона муносибат намудан вазифаи мукаддаси хар як фарди чомеа буд, кадрдонии онхо барои хар як шахрванди Точикистон бояд сарчашмаи ифтихор ва арчгузори ба давлату давлатдори бошад

Парчами миллии мо дар қатори Парчами дигар кишварҳо дар фарози созмонҳои баланд пояи ҷаҳони парафшонаст, ки   ифтихору руҳбаланди ва эҳтироми ҳамаи ҳамватанони азизи мо мебошад. Имрӯз моро мебояд, ки аз Парчами миллии худ ифтихори тамом дошта бошем, эҳтироми онро ҳамчун нишони давлатдории миллӣ, озодӣ ва иқтисодиёти Ватан, чун сарвати гаронбаҳои умумимиллӣ баҷо орем,қадру манзалат ва нақшу эътибори онро ба фарзандҳои худ  ва ҷавонону наврасон талқин намоем.

Бо мақсади эҳтиром ва қадршиносӣ ба яке аз рамзҳои асосии давлат – Парчами Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузории худ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи рӯзҳои ид»-ро ба парлумони ҷумҳурӣ пешниҳод намуданд.
Боиси қаноатмандист, ки бо қабули Қонуни мазкур ҳар сол 24 ноябр ҳамчун Рӯзи иди Парчами давлатӣ бо ифтихору сарбаландӣ аз давлату давлатдории миллати тамаддунсози худ ҷашн гирифта мешавад.

Бо қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 декабри соли 1999 таҳти №892 Низомнома дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иболрат аз 10 боб тасдиқ карда, дар он нишонаҳои Парчам, тартиби афрохтан ва тасвири он пешбинӣ гардид.
12 майи соли 2007 бошад, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, ки дар он тартиби афрохтани Парчам, ҷойгиркунии тасвири он пешбинӣ гардида, Парчам ифтихори миллии ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дониста шуд.

Бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 ноябри соли 2009 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи рӯзҳои ид тағйирот ворид карда, 24 ноябр — Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рузи ид қонунӣ гардонида шуд. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалии Раҳмон бо нишони эҳтирому садокат ба Парчами миллиамон бо фармони худ аз 20-уми ноябри соли 2009 рузи 24-уми ноябрро рузи Парчами  давлатии  Чумхурии Точикистон эълон доштанд.

Қодирзода Хушбахти Сафар, ассистенти кафедраи таърихи халқи тоҷики ДДОТ ба номи С. Айнӣ

 
free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj