• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Пажуҳиш

ПАРЧАМИ МИЛЛӢ-РАМЗИ ҲАМДИЛИЮ ҲАМБАСТАГӢ

Ҳамдилию ҳамбастагӣ аз ҷумлаи омилҳое мебошанд, ки бо ҳастии ин ду ҷавҳари бузург инсоният метавонад ба фатҳи бузургтарин орзуву армонҳои хеш ноил гардад. Маҳз ҳамдилию ҳамбастагӣ сабабгор мешаванд, ки гуруҳҳои кучак ба гуруҳҳои кабир ва қавму қабилаҳои хурд ба давлатҳои бузург ва фарогир табдил ёбанд. Ҳамдилию ҳамбастагии хешро инсоният одатан бо нишону рамзҳои хос инъикос менамояд, ки ин нишону рамзҳо аз ҷониби шахсиятҳо ва ё гурӯҳҳои алоҳидаи иҷтимоӣ рӯи кор меоянд. Таърихи инсоният гувоҳ аст, ки инсонҳои адолатпешаву хайрхоҳи мардум ҳамеша дар зери як рамз мутаҳид гардида, дар муқобили зулму беадолатӣ алайҳи душманон мубориза мебурданд.

Пайдоиши парчам дар таърихи давлатдории мо, тоҷикон бо анъанаи хос сурат гирифтааст. Тибқи сарчашмаҳои таърихӣ давлатҳои Пешдодиён ва Каёниён аз ҷумлаи нахустин давлатҳои тоҷикон маҳсуб меёбанд. Давлатдории Пешдодиён тибқи маълумоти таърихӣ 2486 сол арзи ҳастӣ намуда, дар он 11 нафар шоҳ ҳукмронӣ намудаанд. Дар баробари шоҳони адолатпешаву меҳанпараст шоҳоне низ буданд, ки ба мардум тараҳҳум надоштанд ва зулму бедодиро пеша намуда буданд. Аз ҷумлаи чунин шоҳон, ки ӯро Абулқосим Фирдавсӣ дар шоҳасари худ “Шоҳнома” ба ҳайси шоҳи золиму хунхор ба қалам додааст, Заҳҳоки хунхор мебошад, ки бо морони худ хуни мардум мемакид. Фирдавсӣ дар ин шоҳасар қайд намудааст, ки Заҳҳоки хунхор ҳазор сол ҳукмронӣ карда, давраи ҳукмронии вай тиратарин замон дар давраи мавҷудияти сулолаи давлати Пешдодиён мебошад. Фирдавсии бузургвор ҳикоят мекунад, ки бо омадани Заҳҳок аз озодию адолат нишон намонд ва ҳунармандӣ хор гардиду ҷодугарӣ арҷманд. Пешаи ҳаррӯзаи ӯ рехтани хуни ноҳақ буд. Чунин амалҳои нофарҷоми Заҳҳок ба он дараҷа расид, ки косаи сабри мардум лабрез гардид ва дигар тоқати худро аз даст дода буданд. Коваи оҳангар ҳамчун як фарди меҳандӯсти кишвар аз зумраи он нафароне буд, ки Заҳҳок хуни фарзандони ӯро рехта буд. Аз ҳаждаҳ нафар фарзандони Кова шонздаҳ нафари онҳо тавассути Заҳҳок ба қатл расида буданд. Доғи фарзандон Коваро ором нагузошт ва дар муқобили Заҳҳоки хунхор сар бардошт. Пешаи Кова оҳангарӣ буд ва зимни коркарди оҳан чармро ҳамчун пешдоман барои аз гармии оташ ҳифз намудани ҷисмаш истифода мебурд. Ӯ дар муқобили Заҳҳок пешдомони худро чун рамзи адолату озодӣ боло бардошт ва мардумро дар роҳи мубориза алайҳи шоҳи хунхор дар зери ин ливо муттаҳид намуд. Ин парчами ковиёнӣ сабаб шуд, то Заҳҳок аз тахт сарнагун гардад. Аз ин ҷониб пешдомоне, ки як замон барои Кова ҳамчун воитаи ҳифозат аз ҳарорати кӯраи оҳангудозӣ истфода мешуд, ба як рамзи муқаддасу муътабар, ки боиси муттаҳидии мардумон мегардад, табдил ёфт. Ин рамзи муқаддас аз як дастгоҳи оҳангудозии оддӣ ба дарбори давлатмардони олам раҳ пайдо кард. Ин дирафши ковиёнӣ ба рамзи давлату давлатдории қавмҳои ориёӣ табдил ёфт. Хусусан, шоҳ Фаридун дар замони ҳукумронии худ ба дирафши ковиёнӣ арҷ ва эҳтиром гузоштааст ва тибқи нишондоди муаллифи “Таърихи Табарӣ” Фаридун баъд аз вафоти Кова тамоми дороии ӯро ба фарзандонаш бахшид, аммо дирафшеро,ки ба Кова мансуб буд, дар хазинаи давлат ҳамчун фоли нек нигоҳ дошт. Фаридун ҳар замоне, ки ба ҳарб мерафт, ин дирафшро бо худ мебурд, то зафар ёбад. Ибни Асир, аз муаррихони машҳури араб дар осори худ қайд менамояд, ки давлатмардон ва сипаҳсолорон пирӯзиҳои хешро «аз баракати он дирафш донистанд ва онро ба фоли нек гирифтанд ва гиромӣ шумурданд ва дар бузургдошти он кӯшиданд, то ҷое, ки ин дирафш дар назди подшоҳони Эрон бузургтарин дирафше шуд, ки аз он хайру баракат меҷустанд ва онро «Дирафши Ковиён» меномиданд. Онро ба роҳ намеандохтанд, магар дар корҳои бисёр бузург ва онро барнамеафрохтанд, магар … ҳангоме ки бо пешомадҳои бузург рӯ ба рӯ мешуданд».

Муҳаммад ибни Ҷарири Табарӣ менависад, ҳар подшоҳе, ки бар тахти давлати эрониён менишаст, ин дирафшро бо худ медошт ва ҳар подшоҳе аз худ гавҳару ёқуте бар он меафзуд, то пӯст дар миёни он гавҳарҳо нопадид шуд. Пас онро «Дирафши Ковиён» ном карданд. Ва маънии «дирафш» дар паҳлавӣ алам (ливо) буд ва эрониён чизи ларзанда ва рахшандаи тобонро «дирафшон» мегуфтанд ва ҳам ҳар гоҳ, ки онро мекушоданд, ба воситаи дурру гавҳарҳое, ки дошт, дурафшон, яъне рахшандаи тобон мешуд. Аз ин рӯ, ин калима маъруф ва минбаъд ҳар дирафше, ки меафрохтанд, маҳз бо ҳамин номи «дирафш» маъмул мешуд. Мувофиқи далолати манбаъҳои таърихӣ «Дирафши Ковиён» то ҳуҷуми арабҳо мавҷуд буда, пас аз ҳуҷуми онҳо нопадид гардидааст.

Дар давраҳои минбаъда низ ҳама давлатҳое, ки ба тоҷикон мансуб буд, парчами хоси худро доштанд. Баъд аз он, ки Инқилоби Октябр ғалаба кард ва Тоҷикистони мо ҳамчун як ҷумҳурӣ дар ҳайати он пазируфта шуд, парчами Тоҷикистони шуравӣ мисли парчамҳои дигар ҷумҳуриҳои иттифоқӣ аз матои сурхранг иборат гашта, дар канори чапи он акси досу путк (рамзи муттаҳидии коргарону кишоварзон), ситораи панҷгӯша ва навиштаҷоти «Пролетарҳои ҳамаи ҷаҳон, ба ҳам оед!» бо ҳуруфоти арабиасоси тоҷикӣ сабт гашта буд.

Дар таърихи 20-уми марти соли 1953 Раёсати Шурои Олии ҶШС Тоҷикистон «Дар бораи Парчами давлатии ҶШС Тоҷикистон» қарори худро ба тасвиб расонид, ки тибқи он Парчами давлатии ҶШС Тоҷикистон чун рамзи давлатии Тоҷикистон, иттиҳоди мустаҳками табақаҳои коргару кишоварз ва дӯстиву бародарии ҳама халқҳои собиқ ИҶШС муайян гардид.

Дар баробари ба истиқлол расидани Тоҷикистон дар радифи масоили дигар зарурати таҳияву қабули Парчами давлатӣ пеш омад ва ҳамин тавр дар таърихи 24 ноябри соли 1992 бо ҷаӽду талошӽои Асосгузори сулӽу ваӽдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун рамзи муқаддаси кишвар аз ҷониби Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчами Тоҷикистони соҳибистиқлол қабул гардид.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон аз давлату давлатдорӣ, иттиҳоду иттифоқи миллати тоҷик, рамзи қудрату тавоноӣ, ифтихор аз Ватану ватандорӣ ва муқаддасоти миллии мост, ки дар худ ормонҳои дирӯзу имрӯз ва фардои дурахшони миллати соҳибтамаддуну шарафманди тоҷикро ифода намудааст.

Парчами миллии мо дар радифи Конститутсия, Суруди миллӣ, Нишони давлатӣ аз ҷумлаи рамзҳо ва муқаддасоти асосии давлатӣ маҳсуб меёбад.

Парчами миллии мо ифодагари ору номус, шаъну шараф ва эътибори милливу давлатии тоҷикон буда, муҳаббат ва ифтихори ҳар фарди ватандӯстро, ки ин сифот дар рагу пайванд ва қалби ӯ маъво гирифтааст, ифода мекунад.

Парчами миллии мо рамзи ифтихор аз ваҳдати миллӣ, рамзи шӯҳрат ва ғалабаҳои наслҳои зиёди миллати тоҷик, қудрат ва истиқлоли давлат ва ифодакунандаи принсипҳои давлатдорӣ мебошад.

Эҳтиром ба Парчами миллӣ эҳтиром ба таърих, фарҳанг ва анъанаҳои хеш мебошад. Бояд зикр намуд, ки рамзҳои давлатӣ, аз ҷумла Парчами миллӣ шиносномаи соҳибистиқлолии ҳар кишвар буда, давлатро дар тамоми ҷаҳон муаррифӣ менамоянд. Муносибати ҳар шаҳрванд ба рамзҳои давлатии кишвари хеш ифодаи муҳаббати ӯ ба Ватани хеш аст. Сухани хешро бо байти шоир ба интиҳо мерасонем, ки фармудааст:

Парчами давлат нишон аз Коваи оҳангар аст,

Ҳар нишоне, ки дар он бинӣ, бароям гавҳар аст.

Аҳлиддин Ибодуллозод, ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, профессор

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj