• Таджикский
  • Руский
  • Английский
Исследование
There are no translations available.

ОИНИ ПАРЧАМДОРИИ ТОҶИКОН

Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон бори нахуст 24-уми ноябри соли 2009 ҳамчун Иди миллӣ эълон гардида, бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил гардида буд. Аз хамон рӯз ҳамагӣ сездаҳ сол сипарӣ шуда бошад ҳам, ин маънии онро надорад, ки мо ҳамагӣ сездаҳ сол соҳибпарчам мебошем. Баръакс, Парчами миллии мо нишона аз таърихи чандинҳазорсолаи халқи тоҷик аст. Тоҷикон ҳамчун қисме аз ҷомеаи башар дар тамаддуни пешрафтаи олам ҳиссаи хосе дошта, ҳамчун миллати бофарҳанг, соҳибилму соҳибмаърифат ҳазорсолаҳо пеш истиқлолияти сиёсӣ, давлатӣ, миллӣ, марз, артиши тавоно ва дигар муқаддасоти муҳими сиёсӣ, аз он ҷумла рамзҳои хоси ҳокимияти давлатӣ, монанди парчам ва забони давлатиро доро буданд. Аз замони пайдоиш то имрӯз парчам матое мебошад, ки аксаран дар қисмати болоии чӯб ва ё дигар воситае, амсоли нӯги найза ҳамеша барои намоён будан бо бардоштан ба баландии муайян, нигоҳ доштан дар қисмати болоии қасрҳо ва дар хаймаи размгоҳ парафшон мегашт.

Таърихан дар рӯзгори мардуми тоҷик парчам аз лиҳози шакл хусусиятҳои гуногунро дошт ва дар маҷмӯъ ифодагари мақсадҳои ягонаи сиёсӣ ва фарҳангӣ буд. Гарчанде аз лиҳози вуҷуд воситаи на чандон калонҳаҷм аст, аммо аз лиҳози моҳияту муҳтаво ва қимати худ густурда, гаронқимат ва муҳим ба шумор меравад. Тоҷикон чун миллати воҳид дар тӯли таърих барои расидан ба ормонҳои миллӣ саъю талоши зиёд кардаанд. Дар ҷойе муваффақ шуда, дар ҷойи дигар бо ихтилофи ноҷавонмардонаи қавму миллатҳои манфиатхоҳ дучори мушкилӣ гардида, баъзе аз орзую ормонҳои дигар то имрӯз ба коми мо нагаштанд. Ин аст, ки парчам чун ифодагари муҳимтарин орзую ормони миллат, ҳуввият ва асолат, ҳайсият ва ғурур, комёбӣ ва муваффақиятҳои он ба шумор меравад. Парчам дар дунёи маънавию фарҳангии мардум мақоми хос дора два аз ин ҷост, ки андоза ва рангу унсурҳои зоҳирии он ҳамчун маҳсули зеҳни миллат аз мазмуну моҳияти хоса бархӯрдор мебошад. Ҳамин тариқ мафҳуми мутлақи парчами давлатӣ чунин аст – парчам ин иттиҳоди ногусастании табиӣ ва таърихии миллат буда, он гузашта ва имрӯзи мо, дастовардҳои бунёдии аҷдодони мо, ҷонфидоию қаҳрамонии фарзандони бо нангу ори миллат, ҳикмат ва фазилати илми оламшумули ниёгон ва ифтихору худшиносии имрӯзу ояндагони миллатро дар иттиҳоди матои се ранг: сурху сафеду сабз ва ҷойгиршавии тоҷу ҳафт ситора нишон медиҳад.

Дар таърихи давлатдории тоҷикон парчам ҳамчун рамзи муқаддасоти давлатӣ ҳамеша вуҷуд дошта, дар ин марҳилаҳои таърихӣ вобаста ба моҳият ва муҳтавои худ мавриди истифодаи ҳокимият қарор дошт. Қабл аз ҳама ба чеҳраи фарҳангӣ ва таърихии парчами мо аз осори классикон, аз он ҷумла “Шоҳнома”-и Ҳаким Фирдавсии Тӯсӣ, луғатомаҳои машҳур, амсоли “Ғиёс-ул-луғот”, “Деҳхудо”, осори илмию таърихӣ ва фарҳангӣ, аз ҷумлаи китобҳои таърихии “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров, асарҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ошногӣ пайдо мекунем. Аз ин лиҳоз, гуфтан мукин аст, ки парчам дар таърихи фарҳангии мо бо номҳои гуногун машҳур буд. Замоне, ки вожаи “дирафш” ба забон оварда мешавад, ба хотири мо достони беҳамтои “Шоҳнома”-и Фирдавсии  Тӯсӣ мерасад. Нахустин маротиба дирафш дар достони “Коваи оҳангар” ҳангоми мубориза бар зидди зулму истибдод оварда шудааст. Аз ҳамон ҷо Дирафши ковиён маълум гардида, дар таърих бо ин ном машҳур гашт. Аз достонҳои “Шоҳнома” бармеояд, ки ҳар як қаҳрамон соҳиби парчами хоси худ буд ва моҳияти он парчам аз он иборат буд, ки ҳангоми ҳарбу зарби лашкаркашон ҳамчун рамзи виқору тавонмандӣ рӯ ба сӯйи фатҳу ғалаба мегашт.

Мувофиқи маълумоти сарчашмаҳо мардуми тоҷик ва гузаштагони қадими он ҳанӯз аз давраҳои бостон оини парчамсозиву парчамдориро гиромӣ медоштанд. Парчам аз замонҳои қадим барои ин мардум рамзи ваҳдату ягонагӣ, ҳамдигарфаҳмиву муттаҳидии халқу миллатҳои ин сарзамин ва рамзи мубориза барои ҳифзи марзу бум ва озодии ин мулки азиз шинохта мешавад.

Aз қaдим зери пaрчaм мaрдони сaдоқaтмaнд, бебок вa ростқaвлу бaномус гирд омaдa, бaрои ҳaмзистии осоиштa, ҳaмоиши неруҳои aқлонӣ, сaфaрбaркунӣ бa корзор ҷaдaл менaмудaнд. Пaрчaм дaр тӯли сaдсолaҳои зиёд мояи ифтихору ғурури гузaштaгони мо бa шумор рaфтa, дaр қaтори рaмзу aркони дaвлaтдорӣ мaқому мaнзaлaти пурaрҷро доро буд.

Рамзу аломатҳо ҳатто дар қадимтарин ёдгории динӣ — фарҳангӣ ва сарчашмаи нодири таърихӣ, нахустқомуси тамаддуни мардуми ориёӣ, китоби муқаддаси оини Зардушт — «Авесто» инъикос ёфтааст. Дар он чор табақаи иҷтимоии ҷомеаи давра — рӯҳониён бо рангу аломати сафед, ҷанговарон бо рангу аломати сурх ва кишоварзону косибон бо рангу аломати сабз ишора шудаанд.

Аҷдоди шарафманди мо на танҳо империяҳои абарқудратро ба монанди Ҳахоманишиёну Ашкониён ва Сосониёну Сомониён таъсис додаанд, балки яке аз давлатҳоие мебошанд,ки соҳибпарчам буданд.  Доир ба суннати парчамдории давлатҳои абарқудрати гузаштагони мо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон чунин гуфтааст: “ Ҳанӯз дар ливои Куруши Кабир тасвири уқоб, ки нишонаи қудрату тавоноист, нақш гардида буд, ки он парчам рамзи як давлати нируманди замона ба ҳисоб мерафт. Ҳамчунин метавон аз ливои Коваи бузург ёдовар шуд, ки нишонаи равшани меросияти муборизаву ҷоннисориҳои ниёгони мо мебошад.”

Дар «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосими Фирдавсӣ зикр мегардад, ки «Дирафши ковиён» солҳои зиёд рамзи ифтихори давлатҳои қадимаи ориёӣ — Ҳахоманишиҳо, Ашкониён ва Сосониён будааст, ки онро арабҳои истилогару тамаддунсӯз ба яғмо бурдаанд. Парчами давлатии Ҳахоманишиҳо (558-330 то милод), ки аз харобаҳои Тахти Ҷамшед ёфт мегардад, ранги сурх дошта, бо шилшилаҳои сурху сафеду сабз оро ёфта, дар мобайни он рамзи қадимтарини авастоӣ ва ориёӣ — Уқоби Хуршед тасвир шудааст.

Мутаассифона, парчамҳои давлатҳои минбаъдаи тоҷикон, аз ҷумла, Тоҳириён (821-873), Саффориён (873-903) ва Сомониён  (87575-999), то замони мо нарасидаанд.

Мардуми тоҷику форс ба ҳайси поягузорони тамаддуни башар шинохта шуда, дар тӯли ҳазорсолаҳо чандин давлатҳои бузургу тавоноро бунёд карда, таҳти парчами ягона ватану миллат, номусу озодӣ, забону фарҳанг, дину ақида ва марзу буми аҷдодиро ҳифзу парасторӣ намудаанд.

Маҳз сеҳри парчам буд, ки мардуми осоиштаи бо кори худ машғулро дар як лаҳза ба шӯру валвала овард ва барои аз байн бурдани зулм водор сохта, дар атрофи Коваи оҳангар ҷамъ намуд, то бунёди зулмро решакан созанд. Шоҳи одил Фаридун пас аз ба тахт нишастан азамати он парчамро фаромӯш накард, балки онро гиромӣ медошту муқаддасаш медонист. Ҳамин буд, ки онро бо зару ҷавоҳирот ороста гардонид ва «Дурафши ковиёнӣ» номаш ниҳод.

Гузаштагони суғдии мо низ парчами хоси худро доштанд ва дар зери он барои нигоҳ доштани якпорчагии ватан муборизаю ҷонталошиҳо кардаанд. Баъзе аз ёдгориҳои таърихие, ки то ба имрӯз дар шаҳри бостонии Панҷакент боқӣ мондааст, ба ин гувоҳӣ медиҳад.

Ҳар парчам ифодагари нишонаҳои муҳиму арзишманди фарҳанги ҳар як халқу миллат, роҳи таърихии тайкарда ва нишонаи истиқлолияти он мебошад. Ҳанӯз дар Парчами Куруши Кабир (асри 6 пеш аз мелод) тасвири уқоб, ки нишонаи қудрату тавоноист, тасвир гардида, рамзи як давлати нерӯманди ҳамон замон ба ҳисоб мерафт.

Мардуми тоҷику форс на танҳо парчаму парчамдор буданд, балки онҳо оини парчамдориро ба ҳамсоягони хеш низ омӯхтаанд. Парчам, бешубҳа, як рукни муқаддасот ва рамзи давлатдории ҳар як халқу миллат дар рӯи замин мебошад. Соҳиби парчам будан ин ифодагари соҳибистиқлолӣ ва давлату давлатдории миллатҳост. Халқи тоҷик ҳамчун яке аз ақвоми ориёиасл дар оини давлатдории хеш аз қадимулайём аз ин рукни давлатдорӣ истифода менамуд.

Аз рӯи маълумоти сарчашмаҳои устуравию таърихӣ соҳибпарчам будани ачдоди мо ба замони ҳукмронии сулолаи  Пешдодиён ва қиёми Коваи оҳангар бар зидди зулми Заҳҳок - шоҳи бедодгар рафта мерасад. Ҳамон тавре ки маълум аст, Коваи оҳангар барои хотима гузоштан ба хушунату ситами шоҳ Заҳҳок, ки ҳадду андоза надошт, пешбанди чармини хешро чун дирафш алвонҷ дода, оммаро барои саркӯб кардани ин тирагӣ ва бунёди саодату адолат даъват намуд.

Мардуми бадодомада зери дурахши он дирафш ба мубориза хеста, он манбаи ҷаҳлу ҷаҳолатро сарнагун намуданд. Дар ин муқовимат Фаридун ҳамроҳи бародаронаш Каёнуш ва Пурмон, ки аз насли шоҳ Ҷамшед буданд, иштирок доштанд. Пас аз ин ғолибият мардум подшоҳиро ба Фаридун, ки аз насли шоҳон буд, сазовор донистанд.

Бозёфтҳои бостоншиносон аз димнаи  Экботан, Тахти Чамшед ва Истахр ин гуфтаҳоро собит месозанд. Бостоншиносони фаронсавӣ ва эронӣ аз харобаҳои Тахти Ҷамшед акси парчами замони Ҳахоманишиҳоро пайдо намуданд, ки аз ранги сурх иборат буда, дар маркази он акси уқоби болкушода тасвир ёфтааст. Яке аз рамзҳои муҳими сиёсӣ, ки инъикоскунандаи ҳувияти миллии тоҷикон аст, ин Парчами давлатӣ мебошад. Дар парчами ҳар давлат нишонаҳои муҳиму арзишманди фарҳанги ҳар миллат ва роҳи таърихии тайкардаи ӯ таҷассум меёбанд. Ҳанӯз аз замонҳои қадим дар рӯи парчами мо рангу рамзҳои мухталиф тасвир карда мешуд, ки онҳо ифодагари миллати муборизу тавоно ва худогоҳу худшинос будани тоҷикон буданд.

Соли 550 пеш аз милод аз ҷониби бузургтарин шахсияти таърих Куруши Кабир империяи ҷаҳонии Ҳахоманишиҳо таъсис дода шуд. Ин давлат низ соҳиби парчами миллии худ буд.    Дар парчами Ҳахоманишиниҳо уқоби болкушода ва дар болои сари уқоб офтоб тасвир ёфта буд.  Дарзамони Куруши Кабир тасвири уқоб дар парчам нишонаи қудрату тавоноӣ дониста мешуд ва ҳанӯз аз он замонҳо парчам рамзи як давлати нерӯманду устувор ба ҳисоб мерафт. Ливои Коваи оҳангар нишони возеҳи матонату ҷасорат ва ҷоннисориҳои халқи тоҷик арзёбӣ мегардад.

Сосониён низ соҳиби парчами худ буда парчами онҳо Дирафши ковиён ном дошт. Парчами Сосониён аз матои қиматбаҳои чоркунҷаи ғафс сохта шуда, бо сангҳои қиматбаҳо оро ёфта буд. Ин сангҳои қиматбаҳоро ҳар як шоҳе, ки ба сари қудрат меомад, ба ин парчам зам мекард. Дар болои парчам уқоби болкушода ва офтобе, ки дар парчами Ҳахоманишиҳо тасвир ёфта буд, ҳамчун сарнайза сохта шуда, дар поёни парчам матоъҳои сурху кабуду зарди борик овезон буданд. Мутобиқи ахбори сарчашмаҳои таърихӣ сангҳои қиматбаҳое, ки дар парчами Сосониён буданд, арзиши андози як вилоятро доштанд. Сосониён соли  636 дар ҷанги Қадисия парчами худ – Дирафши ковиёнро аз даст дода, аз ҷониби арабҳо шикаст хӯрданд.

Анъанаи бо парчами тунуку ҳарири парафшон, ки дар чӯбе мустаҳкам карда шудааст, дар Хилофати араб дар замони Муҳаммад пайғамбар (с) ба вуҷуд омада буд. Парчами нахустини Муҳаммад пайғамбар ранги сиёҳ дошт ва баъдан он ба парчами ранги сабз иваз карда мешавад.

Парчами Аморати Бухоро (175353- 1920) аз матои сабзи рӯшан иборат будааст, ки дар паҳлуи дастаи он бо оби тилло суханони «Султон сояи Худост дар рӯи замин» ва дар гӯшаи озоди он калимаи шаҳодат — «Нест Худое ба ҷуз Аллоҳ, Муҳаммад расули Худост» ба забони арабӣ навишта шудааст.

Парчами Тоҷикистони Шӯравӣ чандин маротиба мавриди тағйирот қарор гирифта буд, чунки Тоҷикистон дар аввал ҳамчун ҷумҳурии мухтор ва баъдан ҳамчун ҷумҳурии алоҳидаи шӯравӣ таъсис ёфт.  Дар даврони шӯравӣ бо вуҷуди он ки ин мардум парчам ва нишони худро дошт, шомили иттифоқи ҷумҳуриҳои сотсиалистие буд, ки аз як маркази ягона идора карда мешуд. Бинобар ин парчаму нишони мо рамзӣ буданд, 20 марти соли1953 Раёсати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон қарор «Дар бораи Парчами давлатии ҶШС Тоҷикистон»-ро қабул намуд, ки мутобиқи он, Парчами давлатии ҶШС Тоҷикистон ҳамчун рамзи давлатии Тоҷикистон, иттиҳоди мустаҳками табақаҳои коргар, деҳқон ва дӯстиву бародарии халқҳои собиқ ИҶШС-ро ифода мекард аммо имрӯз мо соҳиби истиқлоли воқеӣ гардида, Парчаму Нишон, Суруди миллӣ, Забони давлатӣ ва Президенти худро дорем, ки шунидани ин вожаҳо ҳисси меҳанпарастӣ, ифтихор аз ватану ватандории ҳар фардро бедор месозад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон пaс aз бa Истиқлоли дaвлaтӣ рaсидaн Пaрчaми дaвлaтии худро чун омили aслии дaвлaту дaвлaтдорӣ вa шинохти миллaт соли 1992 қaбул нaмуд. Мaвқеъ вa нaқши хоссaи Пaрчaм дaр дaвлaтдорӣ, гузaронидaни чорaбиниҳои рaсмии дaвлaтӣ, фaрҳaнгӣ, вaрзишӣ вa муносибaтҳои бaйнaлмилaлӣ нaқши кaлидӣ дорaд. Парчами давлатӣ ифодагари мақсаду маром ва орзую ормонҳои ҳар як миллату давлат аст ва ин мақсаду маром бо ранг ва нақшҳои хос дар он таҷассум ёфтаанд ва аз ин лиҳоз, Парчами давлатӣ ҳастии давлати мо, ифтихори миллии моро дар пайвастагӣ бо ғояҳои наҷиби созандагиву бунёдкорӣ инъикос менамояд. Ба ин маънӣ парчам гувоҳи барҷастаи истиқлоли давлатии мо, таҷассумгари ғурури миллӣ ва нангу номуси ватандории мо гардидааст.Ғайратшо Роҳатов, дотсенти кафедраи таърихи халқи тоҷики  ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ

 

 

 
free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj