• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Пажуҳиш

Барои озмуни мақолаи беҳтарин таҳти унвони “ТОҶИКИСТОН – ВАТАНИ МАН

ТОҶИКИСТОНИ МАН - ДУНЁИ МАН

Шояд, агар гӯям, ки эҳсоси Ватан дар андешаву қалби ҳар яке аз  мо маҳз дар айёми кӯдакӣ пайдо шудааст, иштибоҳ  намекунам. Ҳар лаҳза, ки ба андеша ғӯтавар мешавам ва эҳсоси Ватан вуҷуди маро фаро мегирад, ҳамон айёми кӯдакӣ ба ёдам мерасад, ҳамон лаҳзаҳое, ки парвои ин ҷаҳон надоштам,  ҳамон давроне, ки  мисли афсона ва навори синамо аз пеши чашмонам гузашт. Ман фикр мекунам,  мафҳуми «Ватан» ин танҳо як калима нест, ки онро дар забон ифода намуд, балки ин мафҳумро бояд бо қалбу ақли хеш шинохт. Он варзишгари ғолибе, ки лаҳзаи танинандоз гардидани суруди миллии  кишвараш даст дар рӯйи қалбу ашк дар чашмонаш ҳалқа мезанад, он ҷанговаре, ки ба оташи ҷанг ворид шуда, нангу номусро муқаддас мешуморад ва дар бораи худ фикр намекунад, он ғарибе, ки дур аз Ватан дар фироқи он шабу рӯзи худро гум кардааст, маънои шинохти Ватанро аз онҳо бояд омӯхт. Барои ҳар як инсон Ватан эҳсоси сирф ботинӣ аст. Ватан ин ҳамон кишвару шаҳрест, ки ман  дар он таваллуд шуда, ин ҳамон хонаест, ки дар оғӯши модари хеш парвариш ёфтаам, ин ҳамон кӯчаест, ки ба сӯйи дабистони худ қадам задаам, ин ҳамон дунёест, ки маро мисли оҳанрабо ҳамеша ба сӯйи худ мекашад, ин ҳамон Тоҷикистон аст, ки то лаҳзаи марг маро мояи ифтихор аст. Ҳар қадар, ки ман калон мешавам ва умрам ба сӯйи пирӣ меравад, дар «ман»-и ман ҳамон қадар ҳиссиёту андешаҳо дар бораи Ватанам – Тоҷикистони маҳбуб бештар ҷамъ мешаванд.Фикр мекунам Тоҷикистони ман кӯчак нест. Он бузургтар аз ин дунёи мост. Чаро? Зеро ҳар куҷое аз ин дунё равам, худро дар он ғунҷонда наметавонам, вале Тоҷикистони ман бо он кӯчакии худ маро ончунон дар хеш фаро мегирад, ки метавонам ҳамеша дар он осудаву амн бимонам. Аз он ки ман тоҷик ҳастам ва дар рӯҳияи тоҷикӣ тарбия ёфтаам, ҳамеша  ифтихор мекунам. Табиати тоҷик ин аст, ки дар  камолоти рӯҳонии худ ҳамеша саъй мекунад, худро ба хотири каси дигар фидо кунад, аз хушбахтии каси дигар шод шуда, душманашро дар ҳама ҳолат мебахшад. Ин миллат он қадар  меҳрубон аст, ки манфиати дигаронро аз манфиати хеш бартар мешуморад.

Ҳоло ки синни ман аз 50 сол убур кард, бо камоли боварӣ  гуфта метавонам, ки кишвари ман як кишвари оддӣ нест. Танҳо гузаштаи бениҳоят бойи таърихии он кофист, ки ман бо он ифтихор намоям. Танҳо ин номи дилнишин  басанда аст хотира ва хаёлҳои маро барангезад, ки ёдашон мисли чашма софу зулол ҷорист. Табиати зебои Тоҷикистон, таърихи қадимаи он, фарҳангу тамаддуни бемисл ва ин забони шевову гуворояш дили садҳо ҳазоронро мафтун кардааст, ки онҳо мадюни хоку оби ин кишвар  гаштаанд.Аз ҷумлаи бузургон яке фармудааст:  Тоҷикистон чизҳои зиёде дорад, ки метавон дар бораи онҳо бисёр гуфту  навишт. Чашмаву кӯҳҳо, дашту киштзорҳо, осмони зебову марғузорҳои рангоранг, самимияти мардумони он дар ҷаҳон бемисланд. Мардону занони тоҷик  ончунон дар саъй пурталошанд, ки ба зиндагӣ гармӣ ва гувороӣ мебахшанд. Онҳо ба ҳадде саҳархезанд, ки пеш аз хуршед тулӯъ мекунанд. Таърихи Тоҷикистонро ба ҳадде мавриди таҳқиқ қарор додаанд, ки дар давоми ҳазорсолаҳо анҷом намеёбад. Шояд аз ватани ман дар олам кишваре бостонтар пайдо нагардад.  Тахти сангину Саразми бостонияш ба ҷаҳониён исбот намудааст, ки тамаддуни тоҷик аз ҷумлаи нахустин тамаддунҳои олам аст. Нахустин фарде, ки дар ин дунё ҳарф аз адолату ҳуқуқ зад, як нафар тоҷик аст, ки бо номи Куруши Кабир ҷаҳон ӯро  мешиносад. Бузургтарин давлати оламгире, ки  Куруши Кабир таъсис дода буд, ҳудуди чандин давлатҳои ҷаҳони куҳан — Порсу Мод, Бобулу Ошур, Мисру Финикия, Лидияву Урарту, Парфияву Гиркания, Бохтару Суғд ва ғайраро дар қаламрави 22 вилоят фаро мегирифт. Ба замми ин ӯ  дар таърихи тамаддуни башарӣ бо сиёсати оқилонаи  хеш шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо кардааст. Эъломияи таърихии Куруш бошад, ҳамчун нахустин эъломияи ҳуқуқи башар пазируфта  шуда, гуманизмро, ки дар он замон дигар ақвом ба моҳияташ сарфаҳм намерафтанд, тараннум мекард. Чоки қайсарро, ки аврупоиён тоза омӯхтанд, тоҷикон даҳҳо ҳазор сол қабл аз ин рӯз кашф карда буданд. Ба ёд биёварем, ки ҳангоми зода шудани Рустам аз модар бо пари Симурғ  шиками Рудобаро шикофта, навзодро аз он бурун оварда буданд. Мисли ин амсол метавон ҳазорон намунаро ин ҷо корид, ки пешдастии тоҷиконро исбот менамояд. Минҷумла:

1. Дақиқияти солшумории имрӯза, ки григорианӣ  унвон дорад, поёнтар аз тақвими астрономии Хайёми Нишопурӣ  аст;

2.Мазҳаби Имоми Аъзам - Абуҳанифаи тоҷик бузургтарин мазҳаб дар миёни мазоҳиби ислом аст;

3.Бузургтарин олими соҳаи тиб дар ҳама давру замон  Абуалӣ ибни Синои тоҷик мебошад;

4.Бузургтарин китоби қадимаи олам "Авасто" аст, ки ба аҷдоди тоҷикон -ориёиҳо мансуб аст.

5. Илми "Ал-ҷабр" (Алгебра) - ро Абурайҳони Берунии тоҷик офарида, курашакл будани Замин, дар атрофи меҳвари худ, дар гирди Офтоб давр задани онро низ ӯ  кашф намудааст;

6. Илми оптика аз ҷумлаи кашфиёти Ибни Ҳайсами тоҷик мебошад;

7. Дар ҷаҳон Ибни Ҳайёни тоҷикро ҳамчун  "падари илми кимиё" мешиносанд;

8. Ба илми физикаи назариявӣ  дар олам Абубакри Розӣ  асос гузошта,  ӯ дар соҳаи физикаи амалӣ  нахустин нафарест, ки назарияи мизон ва вазнҳои қиёсиро кашф намудааст;

9. Формулаи биномро, ки ба Нютон мансуб медонанд, 600 сол қабл аз ҳаёти Нютон Умари Хайём кашф кардааст;

10. Нахустин василаҳои парвозкунандаро як нафар тоҷик, ки аврупоиён ӯро бо номи Ибни Фирнанас мешиносанд, дар соли 880 милодӣ  ихтироъ кардааст.

Дар ин маврид метавон ҳазорон  мисоли дигарро метавон дар боби пешдастиҳои тоҷикон сабт намуд, вале бо ин кифоят намуда, бо итминон гуфта метавонам, ки миллату кишвари ман то ҳоло пешгом ҳастанд.Таърихи башарият собит намудааст, ки дар сабқати омӯхтани илм ҳеҷ  қавму миллате аз миллати тоҷик  пешӣ  гирифта наметавонад. Ва он ихтирооте, ки тоҷикон дар ҷаҳон кардаанд, бемисл мебошад ва то он замоне, ки ин олам вуҷуд дорад, оламиён аз баракати кашфиёти тоҷикон истифода хоҳанд намуд.

Пас чаро ман ифтихор накунам, ки тоҷик ҳастам ва дар кишваре зиндагӣ ба сар мебарам, ки дунёро мисли он дӯст надорам! Тоҷикистон ин дунёи ман аст ва дунёи ман ин Тоҷикистон аст!

Ҷобир Мардонзода, мудири бахши табъу нашри Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ

 

 

 

 

 

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj