• Tajik
  • Russian
  • English
Пажуҳиш
There are no translations available.

ФИЗИКА ҲАМЧУН ҶУЗЪИ МУҲИМИ ФАРҲАНГИ ИНСОНӢ

Дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии муосир ҳангоми омӯзиши физика масоили зерин ҳал карда мешаванд: ташаккул додани донишҳои илмӣ оид ба далелҳои таҷрибавӣ, мафҳумот, қонунҳо, назарияҳо, методҳои илми физика, манзараи муосири илмии олам; ташаккул додани маҳорати мустақилона азхуд намудан ва татбиқ кардани дониш, мушоҳида ва шарҳ додани ҳодисаҳои физикӣ, инчунин маҳорати истифода бурдани китоби дарсӣ, адабиёти хрестоматию маълумотӣ; ташаккул додани баъзе маҳоратҳои таҷрибавӣ: маҳорати истифода бурдани асбобу олат, ҷамъбасти натиҷаҳои ченкунӣ ва хулосабарорӣ дар асоси маълумоти таҷрибавӣ, риоя кардани қоидаҳои  техникаи бехатарӣ. Мутаассифона, тадқиқоти мо нишон дод, ки омӯзгорони физика ба амалигардонии рукнҳои тарбиявӣ ва гуманитарии фанни мазкур эътибори ҷиддӣ намедиҳанд. Аз ин лиҳоз, мо тасмим гирифтем, ки амалигардонии самти гуманитарии таълими физикаро дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ баррасӣ намоем.

Физика ба прогресси илмию техникӣ таъсири амиқ расонида, ба ҳамаи паҳлӯҳои ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла ба фарҳанги инсоният низ бетаъсир намемонад.

Дар ин маврид мо таъсири бавоситаи илми физикаро ба фарҳанг не, балки таъсири бевоситаи онро дар назар дорем ва ин имкон медиҳад, ки доир ба худи фанни физика ҳамчун ҷузъи маданият сухан ронем. Бо ибораи дигар, ин ҷо дар бораи мазмуну мундариҷаи гуманитарии худи фанни физика сухан меравад, ки он ба инкишофи тафаккур, ташаккулёбии ҷаҳонбинӣ ва тарбияи хислатҳои ҳамидаи инсонӣ алоқаманд аст. Ин ҷо робитаи узвии фанни физикаро ба инкишофи шуури ҷамъиятӣ ва тарбияи муносибати муайян ба муҳити атроф дар назар дорем.

Диалектикаи материалистиро тасдиқ намуда, физикаи асри XX як қатор ҳақиқатҳои ниҳоят муҳимро кашф намуд, ки аҳамияти онҳо аз чаҳорчӯбаи худи физика берун мебарояд. Ҳақиқатҳое, ки барои тамоми башарият умумӣ гаштаанд. Аввалан, хусусияти бунёдии қонуниятҳои статистикӣ ҳамчун марҳилаи амиқтари (нисбат ба қонуниятҳои динамикӣ) раванди шинохти олам исбот карда шуд. Собит карда шуд, ки шакли эҳтимолии сабабият асосӣ буда, сабабияти қатъӣ вуҷуд дорад, вале ҳамчун ҳолати махсус. Физика ба мо имконият дод, то ки дар асоси назарияҳои статистикӣ диалектикаи зарурӣ ва тасодуфиро ба таври миқдорӣ муоина намоем. Физикаи муосир аз чорчӯбаи вазифаҳои худ баромада, нишон дод, ки тасодуфот на танҳо нақшаҳои моро тира ва вайрон мекунад, балки инчунин, он барои ба вуҷуд овардани имкониятҳои нав, моро бой ҳам карда метавонад.

Дуюм, физикаи асри XX умумӣ будани принципи симметрияро нишон доду водор сохт, ки симметрияро хеле амиқтар муоина карда, он аз доираи тасвирҳои геометрӣ васеъ гардонида шавад. Аз ҳама муҳимаш диалектикаи симметрияву асимметрияро бунёд карда, онро ба диалектикаи умумӣ ва хусусӣ алоқаманд намуд. Дар бораи симметрия ва асимметрияи қонунҳои физикӣ масъалагузорӣ шуда, дар ин робита нақши махсуси қонунҳои бақо ошкор карда шуд. Физика аз доираи вазифаҳои худ баромада, равшан нишон дод, ки симметрия ба миқдори вариантҳои имконпазири сохтор ва рафтори системаҳо маҳдуд мебошад. Ин ҳолат ниҳоят муҳим аст, зеро он имкон медиҳад, ки дар аксари мавридҳо роҳи ҳал ҳамчун натиҷаи ошкорсозии  варианти ягонаи имконпазир, бе шарҳу тафсилот (ҳал аз мулоҳизаҳои симметрия) ёфта шавад.

Сеюм, физикаи асри XX нишон дод, ки баробари амиқтар шудани дониши мо ҳудудҳо тадриҷан аз байн рафта, девораҳо вайрон мешаванд. Ҳамин тариқ, ҳудуди байни ҳаракатҳои корпускулавию мавҷӣ ва материяву майдон нест мешавад. Маълум гардид, ки ҳам материя ва ҳам майдон аз зарраҳои элементарӣ иборатанд ва бар замми ин, холигӣ ба маънои муқаррарӣ умуман холигӣ нест, балки вакууми физикии бо зарраҳои виртуалӣ «пуршуда» мебошад. Меъёри рафтори зарраҳо, ки дар физикаи муосир баррасӣ мешавад, мубодилаи байниҳамдигарии онҳо мебошад. Бинобар ин олам ба назари мо ягона менамояд. Дар олам мафҳуми объекти комилан танҳо (аз объектҳои дигар комилан ҷудошуда) аслан вуҷуд надорад. Ин ҷо чунин нуктаи назари машҳури Ленинро ба хотир овардан бамаврид аст, ки дар табиат ҳудудҳои мутлақ вуҷуд надоранд ва «тамоми ҳудудҳои табиат шартӣ, нисбӣ ва сайёр буда, наздикшавии зеҳни моро ба шинохти материя ифода мекунанд».

Чорум, физикаи муосир ба мо принсипи мувофиқатро пешниҳод намуд. Он дар марҳилаи ибтидоии инкишофи механикаи квантӣ ба вуҷуд омада, сипас ба принсипи умумии методологӣ табдил ёфт, ки диалектикаи раванди шинохти оламро инъикос мекунаду мавқеи муҳими диалектикаро нишон медиҳад: раванди шинохтан–ин раванди наздикшавии тадриҷан ва бемайлон ба ҳақиқати мутлақ тавассути пайдарҳамии ҳақиқатҳои нисбӣ мебошад. Маҳз принсипи мувофиқат нишон медиҳад, ки дар физика раванди нишондодашудаи наздикшавӣ ба ҳақиқат чӣ тавр ба амал меояд. Ин иловакунии механикии далелҳои нав ба далелҳои маълум набуда, балки раванди умумикунонии пайгиронае мебошад, ки нав кӯҳнаро бе дарназардошти ҳамаи он чизи мусбати дар далелҳои куҳна мавҷудбуда, инкор мекунад. «Омӯзиши физика имкон медиҳад нишон диҳем, ки тамоми тасаввурот ва назарияҳои физикӣ воқеъияти объективиро тахминан инъикос мекунанд, андешаҳои мо дар бораи олам пайваста амиқтару фарохтар мегарданд, раванди шинохти олами моддӣ беохир аст».

Андешаҳои мо дар бораи олам... Ҳоҷати исбот кардан нест, ки ҷаҳонбинии муосир ҷузъи муҳими фарҳанги башар мебошад. Ҳар як одами бофарҳанг ақаллан ба таври умумӣ бояд тасаввур карда тавонад: оламе, ки ӯ дар он зиндагӣ мекунад, чӣ гуна сохта шудааст. Ин на танҳо барои рушди умумӣ зарур аст. Муҳаббат ба табиат эҳтироми равандҳои дар он ба амаломадаро пешбинӣ мекунад ва барои ин фаҳмидан лозим аст, ки онҳо дар асоси кадом қонунҳо ба амал меоянд. Мисолҳои ибратбахше вуҷуд доранд, ки табиат моро барои нодониамон (ҷаҳолатамон) ҷазо додааст. Вақти он расидааст, ки аз ин дарси ибрат гирем. Инчунин, набояд фаромӯш сохт, ки маҳз донистани қонунҳои табиат аслиҳаи таъсирбахш дар мубориза ба муқобили ақидаҳои ирфонӣ буда, асоси тарбияи экологиро ташкил медиҳад.

Физикаи муосир дар ташаккулёбии шакли нави тафаккур, ки онро тафаккури сайёравӣ низ мегӯянд, нақши муҳим дорад. Он ба масоиле таваҷҷӯҳ зоҳир менамояд, ки барои ҳамаи халқу миллату мамлакатҳо аҳамияти калон доранд. Ба инҳо, масалан: проблемаҳои муносибатҳои Офтобу Замин оид ба таъсироти афканишоти Офтоб ба магнитосфера, атмосфера ва биосфераи Замин; пешгӯии манзараи физикии олам пас аз фалокати ядроӣ (агар чунин офат cap занад); мушкилоти глобалии экологӣ, ки бо ифлосшавии уқёнусҳову атмосфераи Замин алоқаманданд ва ғайраҳо дохил мешаванд.

Дар хотима қайд мекунем, ки физика бо таъсир расониданаш ба худи табиати тафаккур, ёрӣ расонданаш барои самтгирӣ кардан дар миқёси арзишҳои ҳаётӣ ва ниҳоят ба ташаккулёбии муносибати оқилона ба олами атроф, алалхусус, мавқеи фаъоли ҳаётӣ мусоидат менамояд. Барои ҳар як шахс муҳим аст донад, ки: оламро дарк кардан имконпазир аст; тасодуфот на ҳамеша зараровар мебошад; дар ин олами пуртазоду пуртасодуф кору зиндагӣ кардан зарур ва имконпазир аст; дар ин ҷаҳони тағйирёбанда ба ҳар ҳол нуқтаи «истинод» ва вариантҳои гуногуни пешбурди зиндагӣ (новобаста аз он ки ҳама чиз тағйир меёбад, аммо энергия бақо дорад) вуҷуд дорад. Бо баробари амиқтар шудани дониш манзараи илмии олам ногузир мураккабтар мегардад, диалектикӣ мешавад, то ки «монеаҳо»-и дирӯза дигар такрор нашаванд.

Ҳамин тариқ, боварӣ дорем, ки физикаи муосир дар ҳақиқат нерӯи тавонои инсондӯстона (гуманитарӣ) дорад. Суханони зерини физикдони амрикоӣ И. Рабиро муболиға пиндоштан нашояд: «Физика ҷавҳари таҳсилоти гуманитарии замони мост».

 

Мирзоев А.М - докторанти PhD кафедраи методикаи таълими физикаи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ.

 

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj