• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Пажуҳиш

ВАТАН ҶОИ НАХУСТОҒОЗИ УМР АСТ...

«Ҳифзи озодиву истиқлолият ва манфиатҳои

милливу давлатӣ вазифаи муҳимтарини

ҳар як фарди бонангу номус, ватандӯсту

ватанпарвар ва худшиносу худогоҳи

ин сарзамин мебошад».

Эмомалӣ Раҳмон

Ватан! Ту мояи ифтихор, шаъну шараф, нангу номус ва обрӯю эътибори мо ҳастӣ. Ту азизтарин ва муқаддастарин сарвату неъмат ҳастӣ, ки насиби мо фарзандонат гардидаӣ. Ватан ҷойгоҳест, ки мо дар он ҷо чашм ба олами ҳастӣ кушодаем. Он сарзаминест, ки мо нахустгомҳои худро дар рӯи он гузоштаем, аз оби босафои чашмасоронаш нӯшидаем, аз ҳавои софу беғубораш озодона нафас кашидаем. Аз ин рӯ, туро чун модари худ дӯст медорем.

 

Ватан сароғозу саранҷоми ҳар як инсон аст. Агар модар моро ба дунё оварда, ба сарамон дасти навозиш гузошта бошад, Ватан барои идомаи зиндагии рангин оғӯши худро ба мо  кушодааст.

 

Меҳру муҳаббат ба Ватан аз айёми кӯдакӣ пайдо шуда, минбаъд ташаккул меёбад. Инсон ба ҳар зарраи хоку ҳар қатраи оби Ватан ончунон дил мебандад, ки бе он наметавонад хушбахту бахтиёр бошад. Ҳиссиёти ватандӯстӣ ин худ садоқат ба Ватан, саъю кӯшиши ба нафъи вай хизмат кардан мебошад.

Аз соҳибистиқлолии кишвар 31 сол гузашт. Ҳарчанд дар ин муддат мушкилоту монеаҳо вуҷуд доштанд, Тоҷикистон роҳи пуршараферо тай намуд. Ба ин маънӣ шоире гуфтааст:

Тоҷикистон сарзамини обшорони ман аст,

Қатраи оби азизаш доруи ҷони ман аст.

Чашмаҳои беканораш мисли як дарёчае,

Тахтасанги кӯҳсораш Оли Раҳмони ман аст.

Таърихи башар гувоҳ аст, ки тоҷик ҳеҷ гоҳ аз рӯи кина ва нотавонбӣ ба сӯи давлате дигар лашкар накашидааст ва бо нияти ғасбу ғорат ба сарзамине даст ба таҷовуз назадааст. Ин маънӣ дар шеъри «Таърих гувоҳ аст...»-и шоири маънипараст устод Лоиқ чунин ба қалам омадааст:

Таърих гувоҳ аст, ки дар ҳеҷ замоне

Тоҷик ба хоки дигаре аз сари кина

Бо ҳамҳамаю дамдама лашкар накашидаст.

Таърих гувоҳ аст, ки дар арсаи таърих

Тоҷик зи роҳи ҳасаду ҷаҳлу таассуб

Бар фарқи саре найзаю ханҷар накашидаст.

Камоли фараҳмандии мо буда, ки халқи тоҷик дар лобалои таърих пешорӯи душманони хеш сар хам нанамуда, балки «дар роҳи озодӣ ва ҳифзи сарзамини аҷдодии худ басо ҷоннисориву фидокориҳо карда, хушбахтона, дар замони Сомониён давлати фарохдомане бунёд карданд ва забону фарҳанги суннатии худро эҳё намуданд. Забони форсии дарӣ мақоми худро аз нав пайдо карда, дар даврони оли Сомон хамирмояи офаридаҳои бузурги илмиву адабӣ гардид».

Бояд тазаккур дод, ки оромиву шукӯҳ ва шукуфоии Ватан ба масъулияти ҳар як ҷавони шуҷои Ватан вобаста аст. Агар дар кишвар оромиву осудагӣ ва дар саросари он сулҳу субот ҳукмрон бошад, нозу неъмат фаровон гашта, муҳаббати мардум низ меафзояд ва мо бошем ҳамеша аз барзу буми хеш содиқона ва софдилона ҳимоя бояд намоем. Маврид ба зикр аст, ки муҳаббат ба Ватан асосан дар давраи кӯдакӣ зуҳур ёфта, минбаъд ташаккул меёбад. Инсон ба ҳар зарра хоку ба ҳар қатра оби Ватан ончунон дил мебандад, ки бе он наметавонад хушбахту бахтиёр бошад.

Имрӯзҳо Тоҷикистони маҳбуби мо тибқи муқаррароти меъёри давлатдорӣ соҳиби Парчаму Нишон, Суруди миллӣ ва Артиши миллии худ мебошад, ки ин ҳам бошад нишон аз дӯст доштани давлату миллати хеш маҳсуб меёбад. Парчаму нишон бо рангу рамзҳояшон ҷаҳониёнро бо анъанаҳои миллӣ ва қаҳрамониҳои беназири тоҷикон ошно месозад ва мо бошем ҷавонони соҳибистиқлоли Ватан аз он меболем ва ифтифор аз ҳомиёни ин Меҳани маҳбуби худ менамоем. Мояи тафохур ва фараҳмандии мо аст, ки метавонем бо неруи ақлониву ҷисмонӣ Истиқлоли давлатии худро ҳифз намоему Ватанамонро ободу зебо ва гулгулшукуфон гардонем.

Ба ин маънӣ Сармад чунин фармудааст:

Тоҷикистон сарнавишти ишқи сӯзони ман аст,

Зарраи хоки азизаш дорӯи ҷони ман аст,

Дар бари гаҳвораи сангаш фароғат ёфтан,

Тахтасанги куҳсораш тахти сомони ман аст.

Воқеан ҳам, Тоҷикистон сарзамини пурганҷ аст, вале беҳтарин ва қимматарин ганҷинаи он ҳомиёни Ватан мебошанд.

Тавре, ки Президенти маҳбуби кишварамон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд: «Озодиву истиқлолият бароямон дастоварди бузургтарин ва ғояи муқаддаси миллӣ буда, мо бо вуҷуди мушкилоти ҷойдошта барои ҳимоя ва пойдору устувор мондани он минбаъд низ тамоми саъю талоши худро равона созем ва ин неъмати бузурги миллатамонро чун гаҳвараки чашм ҳифз мекунем».

Бояд ишора намуд, ки дар шароити душвори ҷомеа, бахусус вазъи ногувор ҳаёти сиёсии олам ва авҷ гирифтани терроризм кишвар метавонад бо Артиши миллӣ мукаммал ва боқудрат бошад ва мо ҷавонон бояд, ки аз ин марзу буми худ ҳимоят намоем, то ки нохалафе ба кишвари офтобии мо санге напартояд. Ин аст, ки Ҳукумату давлат барои такмили сохторҳои ин неруи бузург ҳамасола тадбирҳои муҳим меандешанд. Мояи ифтихор аст, ки Артиши миллии мо дар ҳифзи марзу бум қодир аст ва намегузорад, ки фазои сулҳу суботи мамлакат халалдор гардад.

Фарзандони бонангу номус ва ҷонфидои Ватан ҷон ба каф хоки муқаддаси Меҳанро дифоъ менамоянд. Ҳамагон бояд шукрона намоем, ки дар Ватани ободу зебои мо фазои сулҳу ваҳдату якдилӣ ҳукмрон аст. Аз ин хотир, ба қадри ин неъмати бебаҳо расидан ва барои пойдории субот талош кардан лозим аст. Мо мардуми тоҷик аз қадимулайём мардуми соҳибтамаддун ва дорои таърихи куҳан мебошем. Ватан зодбуми ҳар як инсон аст ва онро бояд, ки ба мисли гаҳвараки чашм нигоҳ дошт.

Чуноне, ки Лоиқи ширинбаён фармудааст:

Ватан ҷои нахустоғози умр аст,

Ватан таҳкурсии парвози умр аст.

Муқаддас дошт бояд ин Ватанро,

Ватан – як дояи мумтози умр аст.

Хулоса, Тоҷикистон кишвари бузургест, ки саропо меҳрофарину дилнишин, бузургмардуму дилфиреб ва офтобрӯву биҳиштосо аст. Меҳри бузурги ин сарзамин ҳар як инсони бедордилро дар дилу ҷон аст. Сарзамини дилфиреб аст, зодгоҳи бузургони хирад, оқилону фарзонагон ва шӯҳратмандони шӯҳратёр ва садҳо нафар бузургон, ки оламиён васфашон мекунанд. Тоҷикистон макони бузургону сарзамини фарҳангдӯстон аст. Шукуфоии Ватан ба масъулиятшиносӣ ва некандешии мо вобаста аст.

Қурбонова С.Ғ., муаллими калони кафедраи забони англисӣ ҳамчун ихтисоси дуюми факултети забони англисӣ ва забонҳои Шарқи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон    ба номи Садриддин Айнӣ

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj