• Tajik
  • Russian
  • English
Пажуҳиш
There are no translations available.

ҲИФЗИ ЗАБОНИ МОДАРӢ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ ДАР РАВАНДИ ОМӮЗИШИ ЗАБОНҲОИ ХОРИҶӢ

(дар партави суханҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон)

Солҳои ахир дар матбуоти даврӣ, барномаҳои телевизион ва радио, маҷлису маъракаҳои сиёсию фарҳангӣ, тадқиқоту мубоҳисаҳои илмӣ, умуман анқариб дар тамоми соҳаҳои фаъолияти мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон мафҳумҳои «худшиносӣ», «худшиносии миллӣ», «ҳувият», «ҳувияти миллӣ», «худогоҳӣ», «бедорӣ», «зиракии сиёсӣ» ва ғайраҳо бештар садо медиҳанд. Бархе аз ин мафҳумҳо ҳарчанд таърихи тӯлонӣ доранд, вале дар ҷомеаи мо асосан якҷоя бо истиқлоли давлатӣ ворид гардида, аз ҷумлаи рукнҳои асосии давлатдории навини мо мебошанд. Дар асарҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мафҳумҳои зикргардида серистеъмол ва вожаҳои калидӣ маҳсуб гардида, дар мулоқоту суханрониҳои пайвастаи роҳбари давлат мунтазам таъкид, такрор ва ба гӯшу ҳӯши мардум расонида мешаванд.

Шояд ба шунавандаи оддӣ ва хонандаи асарҳои роҳбари давлат аҷиб намояд ва саволе пайдо шавад, ки чаро чунин мафҳумҳо инқадар аз забони роҳбари давлат садо медиҳанд ва чи аҳамият дошта бошанд? Бояд таъкид кард, ки ин гуна мафҳумҳо дар заминаи холӣ ва бесабаб пайдо нагардидаанд, балки таърихи муайяни ташаккулу такомули худро доранд. Хусусан, дар ҷомеаи муосир, бидуни «худшиносии миллӣ» ё «ҳувияти миллӣ» давлатдорӣ кардан имконнопазир аст. Ба ҳамаи мо маълум аст, ки навъҳои гуногуни давлатдорӣ аз замонҳои хеле қадим дар шаклҳои мухталифи худшиносӣ амал менамуданд. Масалан, ҳамосаи безаволи Ҳаким Фирдавсӣ «Шоҳнома» намунаи барҷастаи худшиносӣ, худогоҳӣ ва бедорӣ дар боби ҳифзи марзу бум ва давлату ватан аз бегонагону аҷнабиён аст. Ҳарчанд дар ин шоҳасар худшиносии миллӣ ба маънои имрӯза истифода нагардида бошад ҳам, вале дар замони худ, ин асар, бе шак, бедоркунандаи «ҳувияти миллӣ»-и мардумони ориёнажод буд. Ҳар нафаре, ки ин асарро мутолеа мекунад, дар олами ботинии вай меҳру муҳаббат нисбат ба ватан, марзу бум, обову аҷдоди гузашта, шукуҳу тантанаи давлатдорӣ, ҳисси нафрат ба беадолатию душманӣ, қатлу куштор ва ғайра боло мегирад.

Ҳанӯз дар номаи табрикӣ ба муносибати рӯзи забон (22 июли соли 2003) роҳбари давлатамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид кардаанд: «Дар баробари ин, набояд фаромӯш кард, ки забон барои як давраи муайяни таърихӣ ва ё танҳо барои як насл хизмат намерасонад, балки забон худ таърихи зиндагии миллат ва пайвандгари наслҳои дирӯзу фардо мебошад. Аз ин рӯ, забон дар ҳамаи давру замонҳо ба эҳтирому эҳтиёт ва инкишоф ниёз дорад. Борҳо таъкид шудааст, ки забон омили асосии рушди миллат аст ва миллату давлату забон пуштибони ҳамдигаранд» (Эмомалӣ Раҳмонов. Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат. Ҷилди 5. – Душанбе: Ирфон, 2005. С. 176. – 560 с.).

Ҳақ ба ҷониби роҳбари давлат аст, ки забон дар ҳамаи давру замонҳо ба эҳтирому эҳтиёт ва инкишоф ниёз дорад. Забони модарии мо, ки аз замони устод Рӯдакӣ ҳамчун забони давлатдорию илму шеър оғоз гардидааст, албатта, на худ ба худ ба вуҷуд омада, рушд карда, то ба мо расидааст. Ҳамин эҳтирому ғамхорие, ки роҳбари давлатамон имрӯз нисбати забони модариамон мекунанд, дар гузашта низ аз ҷониби давлатдорону олимону шоирон сурат мегирифт. Хусусан дар аҳди Сомониён, ки ташаккул ва такомули забони тоҷикӣ аз он сарчашма мегирад. Бинобар ин, пас аз салтанати Сомониён, ҳарчанд қавму қабилаҳои ғайритоҷикӣ ба сари қудрат омада, пояҳои забону фарҳанги тоҷикиро батадриҷ заиф гардониданд, вале онро пурра аз байн бурда натавонистанд. Чунки мардум, донишмандони алоҳида ба ин забону фарҳанг дар тули қарнҳо мунтазам ғамхорӣ мекарданд. Имрӯз бошад, ин забону фарҳанг ҳамчун мерос, ҳамчун амонат ва ҳамчун қарз дар дасти мост. Аз ин рӯ, мо бояд мисли гузаштагонамон аз ин забону фарҳанги бузург ба дурустӣ истифода намоем, ба рушду камол ёфтани вай мусоидат кунем ва онро ба ояндагон интиқол диҳем.

Пушида нест, ки дар олами муосир бе омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла русию англисӣ ба бозори меҳнати ҷаҳонӣ, ба фазои илмию фарҳангии дунё роҳ ёфтан мушкил аст. Аз ин хотир, ҷавонон кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки забонҳои зикршуда ва боз чандин забонҳои хориҷии дигарро омӯзанд. Вале дар ин самт як таҷриба бисёр нигаронкунанда аст. Дар шаҳрҳои Тоҷикистон ва берун аз он тоҷикон, хусусан тоҷикони дар замони Шӯравӣ тарбияёфтаи забони тоҷикиро намедонистагӣ кам нестанд. Онҳо бештар бо забони русӣ ҳарф мезананд, баъзеҳо ҳатто умуман бо забони тоҷикӣ ақалан як суҳбати сатҳӣ низ анҷом дода наметавонанд. Акнун саволе ба миён меояд, ки магар бо забони русӣ ва ё ягон забони дигар худшиносии тоҷикӣ сохтан мумкин аст? Забон асоси миллат аст, забон ки набошад, пас миллат низ нахоҳад буд. Дар баробари он ки бисёре аз тоҷикон забони модариашонро бо забони русӣ пурра иваз намудаанд, дар байни ҷавонони тоҷик, имрӯз нафароне ҳастанд, ки забони асосии такаллумашон англисию дигар забонҳои хориҷӣ шуда, ба забони модариашон – тоҷикӣ ҳарф зада наметавонанд. Мақсад аз омӯзиши забонҳои хориҷӣ фаромӯш кардани забони модарӣ набояд бошад. Охир, забону фарҳанг ва миллат дар тавъамияти комил рушд мекунанд, забон ки дигар шуд, фарҳанг низ тибқи ҳамон забон оҳиста-оҳиста дигар мешавад. Дар натиҷаи дигар шудани забону фарҳанг худшиносӣ низ комилан иваз шуда, рӯҳияи шахс ба фарҳанги худӣ бегона мегардад. Ин нуктаи доғ низ хушбахтона аз назари роҳбари давлатамон дур намондааст.

Дар номаи табрикии роҳбари давлатамон ба муносибати рӯзи забон (22 июли соли 2003) омадааст: «Имрӯз шаҳрвандони зиёди мамлакатамон, аз ҷумла насли ҷавон ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ, пеш аз ҳама русию англисӣ азму талош доранд, то ки ободию осудагии зиндагӣ ва қонеъ гардонидани талаботи маънавии хешро таъмин намоянд. Хушбахтона, ин саъю кӯшиш ба як раванди муқаррарӣ табдил ёфта истодааст. Барои ба танзим даровардани раванди барои мо муҳим фармони Президенти мамлакат интишор ёфт, Барномаи давлатии такмил ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ таҳия гардид. Вале бо қатъият бояд изҳор намуд, ки омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ ба ҳеҷ ваҷҳ маънии беэътиноӣ ба забони давлатиро надорад. Омӯзиши забонҳои русию англисӣ воқеияти сиёсию фарҳангӣ дорад. Азхуд кардани онҳо озод аст, аммо омӯзиш, ғамхорӣ ва инкишоф додани забони давлатӣ қарзи ҳар фарди бонангу номус, худогоҳ, худшинос ва ватандору ватандӯст мебошад» (Эмомалӣ Раҳмонов. Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат. Ҷилди 5. – Душанбе: Ирфон, 2005. С. 177. – 560 с.). Тавре мебинем, роҳбари давлатамон омӯзиши забонҳои хориҷиро тақозои замона шуморида, омӯзиши онҳоро ихтиёрию озод меҳисобанд, вале омӯзиши забони модариро ба ҳар як нафар, қарзи фарзандӣ маънидод карда, ҷавононро ба худогоҳию нангу номус даъват менамоянд.

Аз ҷониби дигар, имрӯз давлатҳои абарқудрат бо баҳона ва суиистифода аз раванди глобализатсия ва технологияи муосири таъсиррасон фарҳанги худашонро ба болои фарҳангҳои хурд таҳмил намуда, бо ин роҳ муҷиби тавсеа ёфтани фарҳангу забони худ ва завол ёфтани фарҳангу забонҳои хурд гардида истодаанд. Ин раванд низ пеш аз ҳама ба ҳамон ҷавононе таъсири манфии худро мерасонад, ки ё бесавод ва аз фарҳанги худ бехабаранд ва ё ин ки забонҳои хориҷиро меомӯзанд. Онҳо ба воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ, интернет ва васоити ахбори оммаи ҷаҳонӣ таҳти таъсири шадиди фарҳангҳои бегона қарор гирифта, ба тадриҷ на ин ки аз фарҳангу забони худ бегона мегарданд, балки баъзан душмани забону фарҳанги худ гашта, ба он санг ҳам мезананд. Бинобар ин, раванди ҷаҳонишавии арзишҳо боси хиёнат ба забону фарҳанги худӣ аз ҷониби баъзе ҷавонон ва ҳатто калонсолон низ гардида истодааст. Ин нукта низ дар мадди назари роҳбари давлатамон аз ибтидо қарор дорад.

Дар суханронии роҳбари давлат ба муносибати 12-солагии истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 1000-солагии зодрӯзи Носири Хусрав омадааст: «Ҳамчунин, глобализатсия омили бартариҷӯӣ ва бартаридиҳии минтақаҳои хос ва ҳатто кишварҳои алоҳида, инкори амалии арзишҳои мавҷуда ва нотакрори милливу таърихӣ, фишори рӯзафзун ба арзишҳо ва дастовардҳои бузурги тамаддунҳои бостонии башарӣ гардидааст» (Эмомалӣ Раҳмонов. Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат. Ҷилди 5. – Душанбе: Ирфон, 2005. С. 193. – 560 с.).

Дар баробари паёмадҳои номатлуби глобализатсия, омили аз он ҳам бадтари дигаре ҳаст, ки аз дохил ба рушди бенуқсони забону фарҳанг ва худшиносии миллии мо халал мерасонад ва ин ҳам бошад лаҳҷаю гуфторҳои бемавқеи маҳалҳои гуногун аст. Ба ин масъала низ роҳбари давлатамон бе таваҷҷуҳ нестанд: «Гоҳо дар барномаҳои радио ва телевизион, саҳнаи театрҳо, навиштаҷоти аҳли қалам гуфтору навиштаи омиёна ва ё лаҳҷаҳо забони адабиро тақрибан танг карда мебароранд. Мо бояд ҳатман пеши роҳи ин тамоюли хатарнокро гирем» (Ҳамон асар. С. 202).

Бояд гуфт, ки ҳамин лаҳҷаҳо фарқиятҳоро дар миёни мардум ба вуҷуд оварда, боиси авҷ гирифтани худшиносии на миллӣ, балки маҳаллӣ мегарданд. Бинобар ин, ба хотири раҳоӣ ёфтан аз маҳалбозию маҳалгароӣ моро зарур аст, ки ҷавононро дар доираи забони адабӣ тарбият намоем. Коре кунем, ки онҳо байни ҳамдигар на бо лаҳҷаи маҳалли худ, ки боиси масхара кардани якдигар гардида, моҷарҳои гуногунро ба бор меорад сухан гӯянд, балки бо забони адабӣ ҳарф зананд. Аммо мутаассифона, бисёр омӯзгорони мактабҳои миёнаю олӣ ва ҳатто амалдорон, худашон аз забони адабӣ хабаре надоранд, пас чи гуна онҳо ба ҷавонон забони адабӣ омӯхта метавонанд? Чи гуна онҳо барои ҷавонон марҷаи тақлид мегарданд? Албатта, ба осонӣ мегӯем, ки он омӯзгорон аз болои худ кор кунанд ва забони адабиро омӯзанд, масъала роҳи ҳалли худро меёбад. Вале ин ҷо як парадокс аст. Насли калонсол, ки рӯҳаш чун ҷисмаш кайҳо шакл гирифта, сахту сангин гардидааст, оё метавон онро аз сари нав тарбият кард? Албатта не. Ба ҷои он омӯзгорони худношиносу камсаводро ба сахтӣ тарбият намудан, беҳтар аст, ба худи ҷавонон такя кунем. Ҷавонон аксар лаёқат доранд, ҳанӯз ақлу рӯҳашон ба мисли калонсолон шахшуда нест, онро тағйир додан саҳл аст. Ба ҷавонон андак роҳ нишон додан кофист, ки онҳо ба мақсад бирасанд. Магар надидем, ки ҳамагӣ тайи чанд соли охир озмунҳои «Фурӯғи субҳи доноӣ», «Илм фурӯғи маърифат» ва «Тоҷикистон ватани азизи ман» ба рӯҳияи ҷавонон чи гуна таъсир расонд? Чи қадар ҷавонон бо забони ноби тоҷикӣ бе хато, бенуқс ва пайваста ҳарфмезадагӣ шуданд.

Ба ҳама маълум аст, ки аз фарҳанги бузурги ниёконамон ба мо танҳо забон расидааст ва он ҳам бе хат! Забонамон тоҷикии форсӣ, аммо хатамон русӣ. Магар аҷиб нест? Дар хусуси ҳазорон-ҳазор ва ҳатто миллионҳо китобу дастхатҳои ба хати форсӣ навишташудаи гузаштагонамон, ки дар китобхонаҳои дунё хобанду мо ворисон мутаассифона онҳоро хонда, истифода бурда наметавонем, сухан намегӯям. Фақат таъкид менамоям, ки ҳамин забони хатгумкарда кафили мавҷудияти мо ҳамчун давлату миллати алоҳида дар ҷаҳони имрӯза гардидааст. Бинобар ин, дар идома роҳбари давлат чунин мефармоянд: «Забони тоҷикӣ ҷавҳари миллати моро ташкил медиҳад ва тамоми мардуми форсзабони дунёро ба ҳам мепайвандад. Аз ин рӯ, мо забони адабиамонро бояд дӯст дорем, ҳифз кунем ва дар саросари кишвар густариш диҳем» (Эмомалӣ Раҳмонов. Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат. Ҷилди 5. – Душанбе: Ирфон, 2005. С. 203.). Пас моро зарур аст, ки ба қадри забонамон бирасем. Ба қадри забонамон на бо забон, на бо сухани баланд, вале пуч, балки бо меҳр, ҳамон меҳре, ки ба параду модар, бародару хоҳар, фарзанд, ба як бурда нону як каф об дорем, бирасем, то ба қадри Ватан бирасем. Киштие, ки моро аз гузашта, ба имрӯз оварда расонидааст, ҳамин забонамон аст ва ин сафинаи куҳнаю фарсудашудаи аз қаъри асрҳо, аз байни мавҷҳову тӯфонҳои хатарзою беамон то ба имрӯз расидаро мо набояд фаромӯш созем, ба гирдоби ғарқу фано раҳо кунем, балки онро таъмиру тармим намоем, то моро боз ба ояндаҳои дур бурда расонад.

Султонзода Соқӣ Аслон – доктори илмҳои фалсафа, мудири кафедраи забони фаронсавии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ

 

 

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj