• Tajik
  • Russian
  • English
Пажуҳиш
There are no translations available.

ОЗМУНУ ОЛИМПИАДАҲО ВА РУШДИ ТАФАККУРУ МАЪРИФАТИ ДОНИШҶӮЁН

Дарёфти истеъдодҳои нав, такмил ва тавсеаи дониши тахассусии донишҷӯён, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, тайёр намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат ҳамеша кӯшишу заҳмат ва талошу таваҷҷуҳи махсусро талаб менамояд. Раёсати Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар ин замина вобаста ба ҷалби ҷавонон ба илмомӯзиву корҳои илмӣ-методӣ ва баланд бардоштани донишҳои тахассусӣ ва дарёфти истеъдодҳои ҷавон ба ташкилу баргузории маҳфилҳои фаннӣ дар факултету кафедраҳо аҳамияти хос медиҳад.
Мақсади асосии фаъолияти маҳфилҳои фаннӣ ин ҷалби донишҷӯёни болаёқат ва майлдошта ба корҳои илмӣ-методӣ, ихтироъкорию навоварӣ мебошад. Аз худ намудани усулҳои фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ ва навовариву эҷодкорӣ, тайёр намудани маърузаҳо, навиштани мақолаҳо, муаррифиномаҳо, таҳияи лоиҳаҳои инноватсионӣ ва ихтироъкорӣ ҳосилу натиҷаи чунин маҳфилҳо дониста мешаванд. Раёсати Донишгоҳ бо мақсади ҷоннок намудани кори маҳфилҳои илмӣ-методӣ дар факултетҳо раёсати илм ва инноватсияро вазифадор намуд, ки фаъолияти маҳфилҳои фаннии донишҷӯёнро мавриди назорати ҳамешагӣ ва санҷишҳои пайдарпай қарор дода, аз натиҷаи он ба унвонии ректори Донишгоҳ гузориши хаттӣ ирсол намоянд. Раванди баргузории маҳфилҳои фаннӣ аз рӯи нақшаи кафедраҳо ва инчунин нақшаи кории раёсати илм ва инноватсия ҳамеша зери назорати доимӣ қарор дорад ва баргузории ин маҳфилҳо барои баланд бардоштани савияи дониши донишҷӯён, тақвияти неруи зеҳнӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодии донишҷӯён мусоидат менамояд.
Илова бар ин, раёсати Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар навбати дуюм ба хотири ҷалб ва ташвиқи бештари ҷавонону донишҷӯён, аспирантону магистрон ба илмомӯзӣ тасмим гирифт, ки аъзои фаъоли маҳфилҳои назди факултетҳои Донишгоҳро муттаҳид созад. Дар ин замина раёсати Донишгоҳ ба хотири муттаҳид намудани аъзои фаъоли маҳфилҳои назди факултетҳо маҳфили илмиеро таҳти унвони “Хирадманд” дар назди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ таъсис дод.
Маврид ба зикр аст, ки аз аввали соли таҳсил нақшаи маҳфили “Хирадманд” аз ҷониби раёсати Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ тасдиқ гардида, маҳфил бо иштироки омӯзгорону олимони ҷавон ва донишҷӯёну магистрон дар як ҳафта як маротиба дар толори асосии Донишгоҳ баргузор мегардад. Дар маҳфили мазкур ҳар ҳафта яке аз аъзои фаъоли Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ширкат намуда, роҷеъ ба мавзуъҳои пешбинишуда суханронӣ намуда, шуълаи илмро дар қалби донишҷӯён равшан месозад.
Мавриди зикр аст, ки мақсад аз ҷалбу муттаҳид ва таблиғи бештари донишҷӯён ба маҳфилҳои фаннӣ танҳо ба хотири беҳтар намудани раванди таълиму тарбия ва ҳавасманд намудани онҳо ба фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ ва ҳамчун мутахассиси соҳибтахассус омода намудани онҳо мебошад. Зеро маҳз маҳфилҳои фаннӣ фаъолияти мустақилона ва тафаккури эҷодии донишҷӯёнро ташаккул дода, ба ин васила маҳсули илмии онҳоро бештар мегардонад.
Вақте ки таваҷҷуҳи донишҷӯён ба илмомӯзӣ бештар гардид, дар баробари маҳфилҳои фаннию илмӣ-методӣ тасмимҳои дигаре ба хотири боз ҳам бештар ҷалб ва таблиғу ҳавасмандгардонии онҳо гирифта шуд. Бо мақсади дастгирии донишҷӯёне, ки тариқи шартномавӣ дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ таҳсил менамоянд, тасмим гирифта шуд, ки вобаста ба натиҷаи фаъолият ва кӯшишу талошашон дар таҳсил аз ҷониби раёсати муассисаи таълимӣ ба онҳо имтиёз дода шавад.
Дар ин замина пешниҳод карда шуд, ки ҳар донишҷӯе 400 вожаи пешниҳодшудаи забонҳои русӣ ва англисиро ба иловаи 2 ғазал аз осори шоирони классику муосири тоҷик азбар менамояд, аз пардохти 10-20%-и маблағи шартномаи таҳсил озод карда мешавад. Тибқи шарти озмун ҳар донишҷӯе, ки 400 вожаи пешниҳодшудаи забонҳои русӣ ва англисиро ба иловаи 2 ғазал аз осори шоирони классику муосири тоҷик азбар намуд, аз пардохти ҳаҷми маблағи пешниҳодшуда озод карда шуд.
Иқдоми мазкур натиҷаи бисёр хуб ба бор овард, зеро таваҷҷуҳи бештари донишҷӯён ва ҳатто омӯзгоронро ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ бештар намуд ва дар давраҳои баргузории озмуни мазкур иқдоми зерин гурӯҳи зиёди донишҷӯёни фаъолро муттаҳид намуда, ҳатто донишҷӯёнеро, ки нисбат ба забономӯзӣ таваҷҷуҳи кам доштанд, ба донистани забонҳои хориҷӣ бештар гардонид.
Ин нуктаро мебояд ёдовар шуд, ки ин тасмимҳои гирифташуда таваҷҷуҳи донишҷӯёнро рӯз то рӯз бештар намуда, шавқи онҳоро ба илмомӯзиву донишандӯзӣ торафт бештар мегардонид. Бо мақсади рушду инкишофи илму маърифат ва ҷалби бештари донишҷӯён ба илмомӯзиву азбар намудани донишҳои замонавӣ инчунин тасмим гирифта шуд, ки олимпиадаи фаннии дохилидонишгоҳиро дар миёни донишҷӯёни 14 факултети Донишгоҳ баргузор намоем. Ҳамин тавр, олимпиадаи дохилидонишгоҳӣ аз рӯи 14 фанни таълимӣ: забон ва адабиёти тоҷик, забон ва адабиёти рус, забони англисӣ, таърих, фалсафа, сиёсатшиносӣ, математика, физика, химия, биология, экология, география, назарияи иқтисодӣ ва технологияҳои иттилоотӣ дар факултетҳои Донишгоҳ баргузор карда шуд.
Маврид ба зикр аст, ки ғолибони ҷойҳои ифтихорӣ аз як тараф бо диплом ва ифтихорномаи раёсати Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ қадрдонӣ карда шуда бошанд, аз ҷониби дигар баргузор намудани олимпиадаи фаннии дохилидонишгоҳӣ имкон фароҳам овард, ки дастаи олимпии донишгоҳӣ муайян гардида, барои иштирок дар олимпиадаҳои на танҳо сатҳи ҷумҳуриявӣ, балки сатҳи байналмилалӣ омодагӣ бинанд. Вобаста ба натиҷа ва талошҳои донишҷӯён дар озмунҳои мазкур пас аз хулосаи мусбати гурӯҳи санҷишии таъсисдодаи раёсати Донишгоҳ минбаъд донишҷӯёне, ки бо баҳои аъло рейтингҳои 1-ум ва 2-юми давраҳои таҳсилро ҷамъбаст намуда, дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ фаъолона ширкат меварзанд, аз пардохти ҳаққи шартномаи таҳсил то сессияи навбатӣ озод карда мешаванд.
Лозим ба ёдоварист, ки талошҳо дар самти ҷалб ва таблиғу ҳавасманд намудани донишҷӯён ба илмомӯзӣ натиҷаи чашмрас ва хуб ба бор овард. Дастаи донишгоҳӣ дар даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» фаъолона ширкат намуда, 7 нафар сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд. Вобаста ба номинатсияҳои озмун 3 нафари онҳо сазовори ҷойи 1-ум, 3 нафар сазовори ҷойи 2-юм ва 1 нафар сазовори ҷои 3-юм шуданд, ки ин натиҷаҳои бадастовардаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар даври шаҳрии озмуни имсолаи “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” нисбат ба дигар муассисаҳои таълимию илмии шаҳри Душанбе баландтар мебошад.
Раёсати Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар заминаи татбиқи сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади баланд бардоштани донишу маърифати ҷавонону донишҷӯён ва ҳавасманд намудани донишҷӯёни болаёқат ва ба ин васила ҷалби онҳо ба донишандӯзию илмомӯзӣ, ҳамчунин тавсеаи тафаккури техникии насли наврас минбаъд низ ҷаҳду талош хоҳад намуд.
Аҳлиддин Ибодуллозода, ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj