• Tajik
  • Russian
  • English
Пажуҳиш
There are no translations available.

НАҚШИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР РУШДИ БОСУБОТИ ИҚТИСОДИЁТИ ТОҶИКИСТОН

Иқдомҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро  ҷиҳати амалисозии ислоҳот дар соҳаҳои иқтисодиёти миллӣ, бахусус дар самти беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, дастгирии бахши хусусӣ ва роҳандозӣ намудани тадбирҳои зарурӣ барои рушди босуботи соҳаҳои афзалиятнок дар солҳои соҳибистиқлолӣ метавон аз ҷумлаи беҳтарин иқдомҳо арзёбӣ намуд, ки самараи хуб дода, баҳри таъмини рушди устувори иқтисодӣ дар кишвар фазои мусоид фароҳам оварданд.

Аз давраҳои нахустини  соҳибстиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  низоми иқтисодиёти миллӣ тавассути аз низоми банақшагирии мутамаркази давлатӣ ба иқтисоди бозоргонӣ гузаронидани соҳаҳои иҷтимоию  иқтисодӣ як қатор корҳои муҳим ба  анҷом расиданд. Дар ибтидо  барои гузаронидани ислоҳот як қатор қонунҳо ва  санадҳои меъёрии ҳуқуқии марбут ба  муносибатҳои иқтисодӣ қабул карда шуданд, зеро танзими  ҳуқуқии муносибатҳои иқтисодӣ дар навбати аввал қарор дорад.

Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  аз ҳамон даврони аввал, ки  ба ҳайси роҳбари давлат пазируфта шуд, барои ташкил намудани шаклҳои гуногуни моликият, ташкили намудҳои мухталифи пешбурди фаъолияти хоҷагидорӣ, хусусигардонии моликияти давлатӣ, ҷорӣ намудани пули миллӣ, озод намудани нархҳо, ташкили корхонаҳои муштарак, ташкили савдои озоди хориҷӣ ва ҳалли масъалаҳои афзалиятноки иҷтимоӣ барои тақвияти иқтисодиёти Тоҷикистон саҳми бузург гузоштааст.

Дар  нимаи дувуми солҳои 90-ум ислоҳоти иқтисодӣ хусусияти комплексӣ ва мақсаднокро касб намуд ва барои нигоҳ доштани пастравӣ дар истеҳсолот ва таъмини рушди устувори солонаи иқтисодӣ тавассути он шароити мусоид фароҳам гардид.

Пай дар пай амалӣ гардидани ислоҳоти сохторӣ дар самтҳо ва соҳаҳои муҳими давлатӣ, бахусус идоракунӣ, молия, фаъолияти бонкӣ, соҳаҳои воқеии иқтисодиёт, инчунин маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тавассути таҳия ва татбиқи як қатор барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва амалисозии тадбирҳои муассир барои ҳаматарафа рушд ёфтани иқтисодиёти мамлакат заминаи мусоид гузошт.

Дар давоми солҳои 2000–2021 маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар нафар аҳолӣ 33,7 маротиба афзоиш ёфтаааст. Мутобиқи маълумоти оморӣ, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар аз 1,8 миллиард сомонии соли 2000 дар соли 2021 ба 95 миллиард сомонӣ расидааст.

Суръати афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ низ дар тӯли 31 соли истиқлоли давлатӣ хеле назаррас буда, аз сиёсати бобарори иқтисодии ҳукумати кишвар гувоҳӣ медиҳад.

Агар ҳаҷми даромади буҷети давлатӣ дар соли 2000  маблағи  225986000 ҳазор рубли тоҷикиро ташкил диҳад, пас ин нишондиҳанда дар соли 2021 ба 27645795 ҳазор сомонӣ расидааст. Яъне дар ин муддат, нисбат ба соли 2000 - ум ҳаҷми даромади буҷети давлатӣ 122, 3 маротиба зиёд гардидааст.

Рушди соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт ва дар ин ҷода беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардуми кишвар ба он мусоидат намуд, ки аз соли 2000 то соли 2021 ҳаҷми даромади пулии аҳолӣ ба андозаи 25,4 маротиба афзоиш ёфтааст.

Бояд зикр намуд, ки дар давраи соҳибистиқлолии кишвар бо мақсади пайгирии раванди ислоҳоти иқтисодӣ ва тарҳрезии ҳадафҳои муосири иқтисодӣ тадбирҳои муассир андешида мешаванд ва аз ҷумла, дар ин даврон Шӯрои миллии рушд дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуд, ки он таҳти роҳбарии бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолият намуда, самтҳо ва ҳадафҳои афзалиятноки рушди минбаъдаи иқтисоди миллиро муайян менамояд.

Барои рушди босуботи иқтисодиёти мамлакат ҳадафҳои муҳими стратегӣ, аз ҷумла таъмини истиқлоли энергетикӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, саноаткунонии босуръати мамлакат ва аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшидани кишвар муайян карда шуда, то ин давра барои амалӣ намудани ҳадафҳои мазкур корҳои зиёде ба анҷом расидаанд.

Ҷиҳати таъмини истиқлоли энергетикӣ ва ба давлати содиркунандаи қувваи барқи арзони аз ҷиҳати экологӣ тоза табдил додани Тоҷикистон татбиқи маҷмӯи ислоҳоти иқтисодию сохторӣ дар доираи ҳуҷҷатҳои стратегӣ,  инчунин сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обии хурду бузург амалӣ шуда истодааст.

Дар солҳои соҳибистиқлолӣ Ҳукумати мамлакат таҳти роҳбарии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷодаи муваффақ гардидан ба яке аз ҳадафҳои стратегӣ – истиқлоли энергетикӣ тадбирҳои мушаххас андешида истодааст.

Бо мақсади рушди босуботи соҳаи энергетика дар доираи ин ҳадафҳо дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ дар кишварамон иншоотҳои гидроэнергетикӣ ва монанди як қатор нерӯгоҳҳои хурду бузурги барқӣ, хатҳои интиқоли барқи баландшиддат ва зеристгоҳҳои барқии пуриқтидор сохта ба истифода дода шуда, солҳои охир татбиқи лоиҳаи минтақавии интиқоли нерӯи барқи CASA – 1000 ва барқарору идомаи сохтмони нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» оғоз гардида, то ин рӯз ду агрегати он ба истифода дода шудааст.

Дар натиҷаи ин чорабиниҳо иқтидорҳои истеҳсолӣ ва имконияти содиротии мамлакат ба дараҷае зиёд шуда, васеъ шудани инфрасохтори интиқолии барқ барои иқтисодиёту иҷтимоиёт имкониятҳои навро фаро оварда, некуаҳволии мардум ва дастрасӣ ба барқро беҳтар гардонд.

Дар давраи соҳибистиқлолии кишвар ҷиҳати ҳалли мушкилоти соҳаи энергетика ва рушди он 34 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 57,2 миллиард сомонӣ амалӣ карда шудааст.

Ҳоло дар ин самт боз 17 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 16,4 миллиард сомонӣ татбиқ гардида истодааст.

Дар ин давра зиёда аз 2000 мегаватт иқтидорҳои нав ба кор андохта, ҳаҷми истеҳсоли нерӯи барқ аз 17 миллиард киловатт – соати соли 1991 ба 20623,8 млн. кВт. соатро дар соли 2021 афзоиш дода шуд.

Соҳаи кишоварзӣ яке аз соҳаҳои муҳими иқтисодиёти миллӣ ба ҳисоб рафта, яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар – таъмини амнияти озуқаворӣ маҳз ба пешрафти соҳаи мазкур вобастагӣ дорад. Мавриди зикр аст, ки айни замон соҳаи мазкур 42 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилиро таъмин намуда, баҳри таъмини босубот ва мутаносиби аҳолии кишвар бо озуқаворӣ тавассути афзоиши мунтазам ва устувори истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, баланд бардоштани сатҳи даромаднокӣ ва таъмини шуғли аҳолӣ, инчунин ҳифзи захираҳои табиӣ, ки барои тавсеаи такрористеҳсолкунӣ зарур аст, мусоидат менамояд.

Дар соли 2021 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба 40 млрд. сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба соли 2010  76,5 фоиз афзоиш ёфтааст.

Мавриди зикр аст, ки маҷмӯи маҳсулоти кишоварзӣ дар соли 2021 нисбат ба соли 1997-ум 5 маротиба афзоиш ёфтааст.

Саноати имрӯзаи Тоҷикистон дорои заминаи маҷмӯии инкишофёфта ва аз ҷиҳати техникӣ муҷаҳҳаз буда, соҳаҳои гуногунро дар бар мегирад. Онро зиёда аз 90 самти истеҳсолот ва бештар аз 140 навъи маҳсулот муаррифӣ мекунанд, ки ба соҳаҳои истихроҷ ва коркарди маъданҳои кӯҳӣ, истихроҷи ангишт, саноати сабук ва кимиё, мошинсозӣ, коркарди металл, масолеҳи сохтмон ва саноати хӯрокворӣ тааллуқ доранд.

Айни замон масъалаҳои суръатбахшии рушди соҳаи саноат ва устувории он, дигаргунсозии куллии сохторӣ, таъсиси корхонаҳои хусусӣ бо ҷалби сармояи дохилӣ ва хориҷӣ ҷиҳати баланд бардоштани самаранокии иқтисодӣ, ҷорӣ намудани навовариҳои техникию технологӣ дар истеҳсолоти саноатӣ зери таваҷҷуҳи доимии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд.

Ҳоло сиёсати давлат дар соҳаи саноат комилан тағйир ёфта, таваҷҷуҳи асосии ҳукумати мамлакат ба тақвияти истеҳсолот ва содироти маҳсулоти тайёр бо роҳи ворид намудани технологияҳои нав, истифодаи бештари манбаъҳои ашёи хоми маҳаллӣ, коркарди пурраи он ва истифодаи васеи захираҳои меҳнатӣ равона карда шуд.

Тоҷикистон дорои захираҳои бой, аз қабили металлҳои сиёҳ, ранга, қиматбаҳо, нодир, сангҳои худҷило ва ороишӣ, ангишт ва монанди инҳо мебошад, ки ҳаҷми тасдиқшудаи онҳо садҳо миллиард сомониро ташкил медиҳад.

Ҳоло ҳамагӣ 27 фоизи захираҳои зикршуда истихроҷ ва коркард шуда истодааст, ки чунин ҳолат барои расидан ба ҳадафи чоруми стратегии мо қонеъкунанда нест. Ҳарчанд соли 1991 дар кишвар ҳамагӣ 358 корхонаи саноатӣ ба қайд гирифта шуда буд, танҳо  дар соли 2020 300 корхонаву коргоҳҳои нави саноатӣ бо зиёда аз 6500 ҷойи корӣ сохта, ба истифода дода шуданд, ки натиҷаи назаррас аст.

Мутобиқи маълумотҳои оморӣ соли 2020  шумораи корхонаҳои саноатӣ ба 2274 расида, тибқи ҳадафҳои муайянгардида дар ҳафт соли оянда ба зиёда аз 3500 расонида мешавад, яъне беш аз 54 фоиз афзоиш меёбад. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар соли 2020 ба 30,8 млрд. сомонӣ расонида шудааст.

Натиҷаҳо имконият фароҳам оварданд, ки мавқеи Тоҷикистон дар раддабандии ҷаҳонии сифати роҳҳо, ки ҳамасола аз ҷониби таҳқиқоти байналмилалии “Ҳисоботи ҷаҳонии рақобатпазирӣ” гузаронида мешавад, дар зарфи ду соли охир 20 зина беҳтар гардида, тибқи арзёбии Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ дар байни 141 давлати ба таҳқиқот фарогирифташуда зинаи 50–умро ишғол намуд.

Ҷиҳати сохтмону таҷдиди инфрасохтори нақлиётиву коммуникатсионӣ ва бунёди долонҳои транзитии нақлиётӣ ибтидо аз соли 2021 татбиқи боз 10 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии 8 миллиард сомонӣ оғоз гардидааст.

Халқи тоҷик шоҳид аст, ки омилҳои ҷанги шаҳрвандӣ тараққиёти кишварро  даҳсолаҳо ба қафо кашид ва мо ба масъалаҳои таъмин намудани рушди муназзами иқтисоди миллӣ ва корҳои ободониву созандагӣ амалан аз оғози солҳои 2000-ум машғул шудем.

Шукрона бояд кард, ки ба шарофати  ба ҳайси роҳбари давлат пазируфта шудани  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон халқи тоҷик тавонист ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро паси сар  намояд, давлатро аз нобудӣ ва миллатро аз парокандагӣ раҳо бахшад, сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллиро барқарор намояд. Ба ин васила ин миллати тавоно тавонист таҳти роҳбарии  Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди устувори иқтисодиро таъмин намояд.

 

Шодӣ Давлаталӣ - н. и. и., дотсент, мудири кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудити  факултети иқтисод ва идораи  ДДОТ ба номи С. Айнӣ

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj