• Таджикский
  • Руский
  • Английский
Исследование
There are no translations available.

НИГОҲЕ БА ТАЪРИХИ ВОРУХ

(Дар тақвияти мақолаи таҳлилгари  масоили сиёсӣ Абдуллоҳи Раҳнамо зери унвони «Мавқеи Тоҷикистон ё чаро Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари таҷовузгар нест?»)

Тоҷикистон ҳанӯз аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ зери сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муносибат бо давлатҳои дигар ҷонибдори дӯстию ҳамдигарфаҳмӣ буда, аз ҳамин мавқеъ сиёсати хориҷии худро пиёда менамояд. Дар муносибат бо давлатҳои ҳаммарз низ, чунин шева маҳаки асосии фаъолияти давлатдории тоҷиконро ташкил мекунад. Тавре, ки худи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд мекунанд: «Мо минбаъд низ ба анъанаҳои деринаву созандаи ҳамзистии дӯстонаи мардумони Осиёи Марказӣ содиқ мемонем. Ба ин мақсад дар муносибатҳоямон бо кишварҳои ҳаммарз ба пешбурди сиёсати дӯстӣ, ҳамсоягии нек, адами мудохила ба корҳои дохилии якдигар, истифодаи воситаҳои дипломативу сиёсӣ дар ҳалли масъалаҳои баҳснок, аз ҷумла масъалаҳои сарҳадӣ ва обу энергетика, афзалияти комил хоҳем дод». (Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии ҶТ, 23 апрели соли 2014).

Чаро? Зеро, таърихан миллати тоҷик ташвиқгари сулҳу дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ буда, ҳамеша кудурату низоъро рад менамуд. Чунин тарзи муносибат аз русуми қадимаи аҷдодони мо буда, аз ҷумлаи сифоти инсонгароёна ва хирадмандонаи тоҷикон мебошад ва ба ҳеҷ ваҷҳ маънии дигар надорад. Ҳарчанд ниёкони мо  ҷангро инкор мекарданд ва дар муқобили он даъват ба амал меоварданд, аммо дар риштаи ҷанг ҳунарманду ҷанговаранд. Корномаи ҳазорон фарзандони миллати тоҷик, амсоли Ҷамшед, Рустам, Исфандиёр, Куруш, Спитамен, Катан, Овсен, Ардашер, Ғурак, Деваштич, Абӯмуслим, Муқаннаъ, шуубиҳои диловар, Тоҳир ибни Ҳусайн, Яъқуб ибни Лайс, Исмоили Сомонӣ, Мунтасир, Маҳмуди Торобӣ, Темурмалик, Мавлонозода, Восеъ, Ҷӯра Зокир, Садриддин Айнӣ, Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур, Чанор Имомов, Абдуқодир Муҳиддинов, ҷанговарони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, Бобоҷон Ғафуров, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳазорон нафарони дигар дар саҳифоти таърих бо ҳарфҳои заррин сабт шудааст. Эшон, ҳам бо яроқ ва ҳам бо қалам, танҳо ба хотири дифои марзу буми аҷдодӣ, нангу номуси миллӣ ва адолати таърихӣ ҷоннисорӣ намудаанд.

Таърих исбот намудааст, ки тамаъ намудану тахриб кардан ва назди касе чоплусию дурӯягӣ нишон додан дар замиру хислати таърихии тоҷикон ҷой надорад. Аз ин рӯ дар масири таърих аз тарафи дигар халқҳо унвонҳое ба монандӣ, ориёӣ (рӯшноӣ, рӯшангарӣ), озода, озодазодагон, деҳқон (соҳиби деҳа), катхудо (ҳокими шаҳр), нармхӯ (хислати созанда)-ро ба худ гирифтааст. Тоҷикон аз азал бо назардошти тадқиқоти як қатор олимони сатҳи ҷаҳонӣ мардуми муқимӣ ва таҳҷоии Осиёи Миёна мебошанд.

Мо аз таърих борҳо шоҳиди он шудаем, ки бо истифода аз чунин хислатҳои инсондӯстонаи тоҷикон қавму қабоили кӯчии саҳрогард дар заминҳои таърихии ин миллат, чун чорводору хайманишин сокин шуда, пасон худро соҳиби ин мулк эълон намуд. Яке аз халқҳое, ки аз ин қатор истисно нест ин қавми қирғиз мебошад.

Моҷароҳои марзие, ки имрӯз миёни Тоҷикистону Қирғизистон аланга дорад, аслан аз замони тақсимоти миллию марзии солҳои 20-уми асри ХХ сарчашма мегирад. Он замон ҳукумати Шуравӣ натавонист (аниқтараш нахост) ин моҷароро бо аломатгузории дақиқ дар сарҳад, сари вақт ҳал намояд. Пас аз барҳамхӯрии Иттиҳоди Шуравӣ чунин моҷароҳо, ки дар қаламрави ин давлати паҳновар зиёд буданд, ранги дигарро гирифтанд.

Аз солҳои аввали истиқлоли Тоҷикистон гоҳ – гоҳ масъалаи мазкур расонаӣ мешуд, аммо аз соли  2014 ба инҷониб, вазъияти марз бо Қирғизистон тамоюл ба мураккабшавӣ намуд. Таи ин муддат ҷониби Тоҷикистон дар ҳама гуфтушунидҳо кӯшиши онро намудааст, ки масъала дар асоси адолати таърихӣ ва дар фазои солиму ҳамдигарфаҳмии ҳамсоякишварҳо ҳалли худро пайдо намояд. Аммо ҷониби давлати ҳамсоя эҳсос мешавад, ки аз чунин тарзи муносибат дурӣ ҷуста вазъро бӯҳронӣ мегардонад. Дар аксари чунин муноқишаҳо бештар ба назар мерасад, ки дар баробари ҳарбиён мардумони мулкӣ, аммо бо силоҳу аслиҳа мусаллаҳ, иштирок мекунанд. Ин шаҳодат аз он медиҳад, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон бо чунин усули хос ба муғулҳои асримиёнагӣ ва дур аз маърифати дипломатияи замони муосир амал карда, мавқеашро доир ба мушкилоти сарҳадӣ муайян менамояд. Ҳадафи эшон рӯи рост ғасби заминҳои таърихии тоҷикон мебошад. Дар ҳама давраҳои гуфтушунид ва чунин амалҳои ҷиноии давлати ҳамсоя ҷониби Тоҷикистон бо вуҷуди танзу бадгӯиҳои нотавонбинони дохилию хориҷӣ ҳамеша аз таҳаммули хирадмандона ва риояи суннатҳои ҳамсоягии тоҷикона кор бурдааст. Ҳодисаҳои охире, ки дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ба вуқӯъ пайваст бори дигар нишон дод, ки давлати ҳамсоя хело айёрона аз таҳаммулгароии тоҷикон истифода мебарад. Аммо ҷавоби қотеъонаи ҷониби Тоҷикистон собит намуд, ки таҳаммули мо на аз рӯи ҳарос, балки мояи хираду заковати мост.

Ахиран, коршиноси тоҷик Абдуллоҳи Раҳнамо дар мақолаи таҳлилии хеш зери унвони «Мавқеи Тоҷикистон ё чаро Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари таҷовузгар нест?» паҳлӯҳои муаммоангези ин масъалаи доғро аз рӯи адолати таърихию ҳуқуқӣ мавриди баррасӣ қарор дод. Дар мақолаи мазкур мавқеи тарафҳо воқеан дар асоси ҳуҷҷатҳои таърихию ҳуқуқӣ ва дар асоси адолати инсонӣ пажӯҳиш шудааст.

Азбаски бештари моҷароҳо сари деҳаи Ворух чарх мезанад зарур медонем дар тақвияти мақолаи зикршуда, ба таври фишурда атрофи таърихи ин мавзеъ ва моҷароҳои сарзада ибрози андеша намоем, то хонанда дуруст дарк намояд, ки ҳақиқат бо кист?

Деҳаи Ворух ва умуман ҳудудҳои ҷамоати Ворух яке аз қадимтарин сарзаминҳои қадимаи тоҷикон ба ҳисоб меравад. Он дар водии Исфара баъд аз харобаҳои шаҳракҳои таърихии Тамохуш ва Бамкахуш сеюмин маркази таърихию фарҳангӣ ба ҳисоб меравад. Бо вуҷуди он, ки ин масъала аллакай дар доираҳои илмӣ собит шудааст, аммо таъкиди он тавассути ВАО барои мардум аз аҳамият холӣ нест. Барои дақиқтар намудани мавзӯъ мо ин ҷо таърихи Ворухро ҳам аз нигоҳи топонимикаи таърихӣ, ҳам дар асоси бозёфтҳои археологӣ ва ҳам аз рӯи маъхазҳои хаттӣ мавриди таҳлил қарор хоҳем дод.

Ҳангоми омӯзиши номҳои ҷуғрофии ин мавзеъ аз нуқтаи назари этимологӣ ба яке аз забонҳои қадимаи тоҷикон-суғдӣ иртиботи ҷиддӣ доштанашон ошкор мегардад. Гузашта аз ин метавон мазмуну мундариҷаи чунин истилоҳотро аз китоби қадимаи “Авесто” низ пайдо намуд. Масалан номҳои ҷуғрофии Ворух, Исфара, Чоркуҳ, Пули Офтобрӯ, Заминун, Чакак, Кех, Қалъаи Бақо, Бодомча, Хоҷаи Ғор, Хоҷаи Аъло ва ғайра ҳам авастоӣ ва ҳам тоҷикии имрӯза мебошанд. Худи калимаи Ворухро агар аз лиҳози этимологӣ, бо назардошти илми таърих ба риштаи таҳлил кашем дақиқан муайян мешавад, ки ба ҳеҷ ваҷҳ он ба ягон забони туркию муғулӣ, ба хусус забони қирғизии имрӯза алоқамандӣ надорад. Истилоҳи “Ворух” аз решаи “вар”-и авестоӣ шакл гирифтааст. Истилоҳи “вар” ба андешаи инҷониб ба маънои баландӣ фаҳмида мешавад. Ҳоло, ки дар адабиёти таърихӣ бештар ба маънои қалъа, диж шарҳ дода мешавад мантиқан дуруст аст. Бо кадом далел? Одатан дар фарҳанги шаҳрсозӣ қалъаҳо (диж ё диз) бо девори баланду мустаҳкам ва дар ҷои баландӣ сохта мешавад.  Дар оини ниёгони бостонии мо фариштае бо исми Варуна вуҷуд дорад. Дар бахши тавзеҳоти нашри тоҷикии китоби «Авесто» чунин оварда шудааст: «Варуна номи яке аз худоёни бостонии ориёиён ва ба вижа ҳидувон аст. Ӯ худои осмону нигоҳбони низоми ҷаҳон ва ба манзалаи Аҳура дар Авестост». Ба навиштаи донишманди тоҷик М. Ҳазратқулов, – Варуна яке аз эзадҳои танзимкунандаи низоми кайҳонӣ мебошад ва маънои он дар забони қадимаи юнонӣ “осмони соф”-ро доштааст. Осмону кайҳон, ки дар баландӣ ҷойгиранд беҳуда эзиди масъули онҳо ҳам Варуна номида нашудааст. Инчунин дар «Авесто» сухан дар бораи яхбандиҳои бузур (дар «Қуръон» ва «Таврот» бо номи “Тӯфони Нуҳ” ёд мешавад) меравад, ки қабл аз он Аҳурамаздо шоҳ Ҷамшедро аз фалокати сахти ин ҳодиса хабар медиҳад. Аз рӯи паёми худовандӣ Ҷамшед дар баландие Вар месозад ва аз наслҳои гуногуни мавҷудоти зинда он ҷо, бо мақсади ҳифзи олами ҳастӣ нигоҳ медорад. Зеро пас аз об шудани яхҳо дунёро об фаро мегирад ва барои зиндагии одамон ғайри имкон мегардад. Ҳамон тавре дар «Авесто» мехонем: «Чун барфҳо об шаванд, об фаровон ва равон гардад ва ин ҷаҳон ғайри қобили зист ба назар хоҳад расид ва аз барои пешомади ин ҳодиса Вар (Баъзеҳо онро боғ низ гуфтаанд) бисоз...».  Табиист, ки чунин вар дар баландӣ сохта мешавад то, ки аз хатари обхезӣ дар амон бошад. Он вар бо номи «Вари Ҷамкард» низ дар сарчашмаҳои атиқа маълум аст. Дар “Авесто” инчунин сухан аз ҳафт мамлакати маздоӣ меравад, ки дар давраи яхбандиҳои бузурги ҷаҳонӣ наҷотбахшандаи аҳли башар дониста мешуданд. Он ду кишвари шимолӣ бо номҳои Воруба раштӣ ва Воруҷа раштӣ бо Румон чун наҷотгоҳ васф шудаанд... . Дар бахши “Миҳр йашт”-и «Авесто» куҳе, ки нахуст зодгоҳи Миҳр мебошад васфу ситош шуда, аз ҷумла чунин оварда мешавад:

«Аз он ҷо йали тавоно

бинад диҳи ориёнро.

ҳамаи роду далерон;

ҳамлаҳо кунанд зи он ҷо,

он ҷо ки куҳои буланд аст

ҳам сероб пур аст алафхор

жарфу паҳн варҳо ситода (истода);...». Ин ҷо низ истилоҳи “вар” ба маънои қалъа ва рамзи баландӣ, дастнорасу қавӣ кор фармуда шудааст.

Ба гумони ғолиб калимаи “Варорӯд”-и таърихӣ низ маънои болообро ифода мекунад. Калимаи “вар”-и авестоӣ дар забони суғдӣ дар шакли “варз” ҳам истифода мешавад. Яке аз маъноҳои асосии “варз” ин баландӣ мебошад. Масалан номи Варзоб ҳамон Варорӯд буда,  маънои болооб, оби боло, оби аз баланди меомадаро ифода мекунад. Донишмандони тоҷик Ш. Исрофилниё ва Н. Бобоев дар мақолаи худ «Варзиканда» ин номи ҷуғрофиро чунин маънидод намудаанд: «Варзиканда вожаи суғдӣ буда, “варз” ба маънии баландӣ ва “канд” – макони зист, шаҳр аст». Варзманори ноҳияи Айнӣ низ ба маънои манори баланд фаҳмида мешавад. Дар забонҳои тоҷикони Бадахшон, ба хусус ноҳияҳои Рӯшону Шуғнон  низ то имрӯз калимаи “вар” бо маънои баландӣ, девори баланд истифода мешавад. Дар забони имрӯзаи тоҷикӣ калимаи “варам” истифода мешавад, ки аз истилоҳи “вар” реша гирифтаст. Одатан мавзеи дамидаи (яъне баланд шуда) узви баданро, ки дар натиҷаи осеб бардоштан ба вуҷуд меояд, «варам шудааст», мегӯянд. Дар китоби «Фарҳанги забони тоҷикӣ» низ дар шарҳи ин калима бо ҳамин мазмун оварда шудааст. Дар гузашта ориёиҳо дарёи Днепрро «Варустан» ном мебурданд, ки маънои дамида (оби дамида), паҳноварро дошт. Яке аз дарёҳои куҳистони Бадахшон бо номи Ворукаша дар «Авесто» зикр шудааст, ки маънои дарёи бузургро дорад. Инчунин, як навъ чормағзи маҳаллие, ки меваҳои калон – калон мебандад номи “варва”-ро дорад, ки аслан калонии онро ифода мекунад.

Ҳамин тавр, калимаҳои “вар”, “варз”, “вор” бештар дар номҳои ҷуғрофии сарзамини таърихии тоҷикон вомехӯранд. Масалан: Варорӯд ё Варзрӯд (номи тоисломии Мовароуннаҳр), Варахша, Вардона (шаҳракҳои  қадима дар наздикии Бухоро), Варсинин (деҳа дар шаҳри Самарқанд), Варзоб (ноҳия), Ворӯ, Варзиканда (деҳаҳо дар Панҷакент), Хистеварз (деҳа дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров), Вармоник (деҳа дар Варзоб), Варгандок (деҳа дар ноҳияи Ҳисор), Вер, Варшез (деҳаҳо дар Шуғнон), Воринг, Варзигон (деҳа дар Рашт), Варвар ё Варва (деҳа дар дараи Ромити шаҳри Ваҳдат), Варзик (зодгоҳи С. Улуғзода), Вардак (вилояти тоҷикнишин дар Афғонистон), Вардӣ, Варяк, Варфад, Керавар, Арвард, Почвар (деҳаҳо дар Бадахшони Афғонистон) ва ғайра, намунае аз ин гуфтаҳо мебошанд.  Азбаски Ворух аз ибтидо як гӯшаи ватани суғдиён буд, бо сабаби дар миёни куҳҳо ва баландӣ ҷой гирифтанаш ин мавзеъро Ворух ном ниҳодаанд. Яке аз намояндаи охирини давлати Темуриёни Мовароуннаҳр, Заҳируддин Бобур (1483 – 1530) ҳанӯз дар асри XVI   низ дар асараш «Бобурнома» табиати Ворухро васф карда менависад, ки он дар кӯҳпорае ҷойгир аст ва дорои обҳои мусаффою меваҳои лазиз мебошад.

Ворух аз нуқтаи назари бостоншиносон низ яке аз қадимтарин бошишгоҳи инсоният ба ҳисоб меравад. Аз оғози солҳои 50-уми асри ХХ дар Ворух ва атрофи он корҳои ҳафриёти бо сарварии бостоншиносони намоёни Иттиҳоди Шӯравӣ А. Окладников., Б. А. Литвинский ва завҷааш, бостоншинос Елена Давидович сар шуда буд. Ковишҳо асосан дар қабристони чорводорону кишоварзон, ки дар байни мардуми Ворух бо номи “Гӯри муғ” маълум аст сурат гирифт. Бинобар навиштаи А. Азимов ва Л. Маҳкамов  дар мақолаи худ бо номи «Ворух»: «Ин ковишҳо дар Ворух собит намуданд, ки дар миёнаи ҳазорсолаи якуми пеш аз мелод, ибтидо ва миёнаҳои ҳазорсолаи якуми мелодӣ дар ин деҳаи кӯҳӣ дар қатори кишоварзони муқимӣ чорводорони зиёде низ паҳлӯи ҳам зиндагӣ ба сар мебурданд». Он айём баъзе аз олимони туркпараст иддао менамуданд, ки ин мавзеи зисти турку муғулнажодон, яъне қирғизҳо аст.  Симошиноси рус Татяна Кяткина баъди омӯзишҳои зиёди ҷасадҳои пайдо шуда, соли 1976 дар асри худ «Материалы к палеоантропологии Таджикистана» собит намуд, ки ҷасади чорводорене, ки пайдо шудааст аз ҷиҳати антропологӣ ба тоҷикон тааллуқ доранд. Инчунин дар вақти ҳафриёт бостоншиносон дар макони “Гӯри муғ” пайкараи хурди аз гач сохташудаи зане пайдо мекунанд. Баъди таҳлилҳои имлмӣ олимон ба хулосае омаданд, ки шояд ин пайкараи яке аз фариштаҳои зардуштӣ – фариштаи обҳо Аредвисура – Анаҳито (муҳофизи обҳои осмонӣ) бошад. Аз ин маълум мешавад, ки Ворух ҳамчун замини тоҷикон дар ин ҷо замоне дини аҷдодии мо зардуштия вуҷуд доштааст. (А. Азимов ва Л. Маҳкамов. Мақолаи зикршуда).

Олими намоёни рус Алексей Окладников бошад соли 1952 дар мавзеи Хоҷаи Ғор ҳафриёт гузаронидааст. Натиҷаи тадқиқоти Окладниковро ба инобат гирифта, академик Б. Ғафуров чунин менависад: «Ин ёдгорӣ ба охири палеолити боло тааллуқ дорад; эҳтимол меравад, ки одамон дар он ҷо 15 – 12 ҳазор сол пеш аз ин, яъне дар аҳди кунунии геологӣ зиндагонӣ кардаанд».

Дар рафти ҳафриёти бостоншиносони рус аз мавзеҳои зикршуда инчунин зарф ва муҳрҳои замони Кушониён, тобути чӯбини замони Ҳайтолиён пайдо карда шуд. Ин бозёфтҳо далели онанд, ки Ворух чун як пораи замини ориёиҳо дар асрҳои II п.м ва VI мелодӣ ба ҳайати ин давлатҳои тоҷикон дохил мешудааст.

Соли 1920 аз бо ташаббуси ҶМШС Туркистон як эъзомияи махсуси илмӣ иборат аз олимони бостоншиносу табиатшинос дар ҳудудҳои Чоркӯҳу Ворух тадқиқот мегузаронанд. Дар натиҷа аз дохили Кони Гут (наздикии Чоркӯҳ) тангаҳои сикказадаи амири Сомониён Нӯҳ ибни Наср (943 - 954) ва як қатор ашёҳои замони Сомониён пайдо карда мешавад. Ашёҳои пайдошуда шаҳодат аз он медиҳанд, ки мавзеҳои Воруху Чоркӯҳ дар асрҳои миёна низ дар зери идораи давлати тоҷикиии Сомониён буданд.

Агар ба номи ёдгориҳои таърихии то имрӯз боқимондаи ҳудуди ҷамоати деҳаи Ворух назар андозем ҳамагӣ тоҷикианду ҳеҷ ба фарҳанги муғулнажодҳо наздикӣ надоранд. Масалан: Бинои масҷидҳои таърихии Сурх, Мавлоно Саид, Домулло Азим, мазорҳои Сутуни Ғайбӣ, Хоҷаи Балогардон, Чимирғон Бобо ё Шибирғонӣ, Гаҳвораи Заррин, Хоҷаи Ғор, Хӯҷаи Имом, Хоҷаи Чорсанг Бобо ва ғайра.

Аз рӯи таҳлили сарчашмаҳои хаттӣ низ метавон хулоса кард, ки Ворух ватани таърихии тоҷикон аст. Ҳамон тавре, ки дар боло ишора намудем сар карда аз худи номи Ворух то дигар номҳои ҷуғрофии он дарак аз он медиҳанд, ки ҳеҷ нишонаҳои забони бегона, аз ҷумла туркию муғулӣ он ҷо вуҷуд надорад.

Мо дар болотар қайд намудем, ки асрҳои IX-X Ворух ба ҳайати давлати Сомониён дохил мешуд. Пас аз суқути давлати Сомониён дар соли 999 дар аксари ҳудудҳои сарзамини тоҷикон сулолаи муғулнажоди туркзабони Қарахониён (999 – 1212) ҳукмрон мешванд. Агарчанде намояндагони Қарахониён муғулнажод бошанд ҳам, аммо корҳои идораи давлат ба дасти тоҷикон буд ва забони тоҷикӣ забони фармону илм буд. Ин андешаро ба ғайр аз бозёфтҳои бостоншиносон инчунин катибаҳои Ворух собит менамоянд. Катибаҳои Ворух дар байни деҳаҳои Хоҷаи Аъло  ва Ворух пайдо шудаанд. Катибаҳои Ворухро олимони зиёде ба монандӣ В. Бартолд ва М. Андреев дар соли 1896; Л. Половсев дар соли 1904; К. Инострансев дар соли 1925 ва Б. Литвинский дар соли 1956 тадқиқ кардаанд. Дар натиҷаи тадқиқоти эшон муайян шуд, ки катибаҳо бо хатти арабӣ ва бо забони тоҷикӣ ҳаккокӣ шудааст. Дар яке аз ин катибаҳо мо бо матни зерин вомехӯрем: «Катибаи мазкур рӯзи сешанбе, якуми моҳи ҷимодиюлаввали соли 413 ҳиҷрӣ бо фармони ҳокими Исфара Саид Муиззуддавлаи одил, писари амир Наср, писари Алӣ Саидхони шарафманд, ки ӯ мурид ва пешвои дини мубини ислом аст, навишта шудааст. Ӯ умед дорад, ки Худованд шарафу шӯҳрати ӯро баланд гардонад, гуноҳҳои ӯро мағфират намояд ва ба дидори пешво ва пайғамбари дини ислом Муҳаммад (с) муяссар ва мушарраф гардонад...». (А. Азимов ва Л. Маҳкамов. Мақолаи зикршуда).

Матни ин катиба аз чанд ҷиҳат дорои аҳамияти таърихӣ мебошад. Аввалан аз матн бармеояд, ки дар аҳди Қарахониён ҳам мардумони Ворух чун тоҷикони асил бо забони ноби тоҷикӣ муколама мекардаанд. Сониян маълум мешавад, ки мардуми Ворух он замон эътиқодманди дини ислом буданд. Албатта аз саҳифаҳои таърих маълум аст, ки арабҳо ҳанӯз соли 713 бо сарварии Қутайба ибни Муслим ба Аспара (Исфара) ҳуҷум карданд ва дини ислом то миёнаҳои асри VIII дар ин ҷо ҷорӣ гардид. Аммо қирғизҳо ҳамчун  қавми кӯчӣ дар асоси нигоштаи муаррихи асри XVII Маҳмуд ибни Валӣ ҳанӯз дар асри XVII ба ислом рӯ наоварда буданд. Инро аз як навиштаи муаррих дар асараш «Баҳр-ул-асрор» фаҳмидан мумкин аст, ки онҳоро кофир хондаст: «Дар моҳи раҷаби соли 1045 (баробар ба моҳи январи соли 1635) ба воситаи Қаротегин 12 ҳазор хонаводаи қароқирғизони кофир ба Ҳисор омаданд..., ва баъди як моҳ аз ҷониби хони ӯзбек дар Балх пазируфта шуданд...». Аз ин рӯ дар асрҳои миёна ному нишони қирғизҳои номусулмон дар ин мавзеҳо вуҷуд надошт.  Дар катибаи дигар низ матни тоҷикӣ ҳаккокӣ шудааст. Соли 2004 хондани яке аз ин матнҳоро ба олимон муяссар шудааст, ки чунин аст: «Нафасе бо мае, бо фараҳе ба сари басар шурби сур (нушбоди шодӣ. Д. М) хоҳанд». Чунин сабки навишт ва бо риояи латофату назокати сухан гувоҳи таъби баланди шоирӣ ва соҳиби фазлу дониш будани мардумони Ворухро медиҳад.

Заҳируддин Бобур дар асари худ «Бобурнома» аз Ворухи Исфара ёд карда, аз ҷумла чунин менависад: «Мардумаш тамом сорт ва кӯҳӣ, форсигӯянд. Вилояти Исфара чор қисм кӯҳпоя аст: яке Исфара, дигаре Ворух, сеюм Сух, чорум Ҳушёр». (А. Азимов ва Л. Маҳкамов. Мақолаи зикршуда). Ин ҷо суоле пайдо мешавад, ки сортҳо дар асл кистанд?  Чанде аз адибону донишмандони ҷаҳон, ба монандӣ: Бобур Мирзо, Мир Алишери Навоӣ, олимони рус Н. В. Хаников, В. П. Наливкин, сайёҳ ва табиби рус А. Шишов, олими маҷорӣ А. Вамберӣ ва ғайра ба ин назаранд, ки аслан сортҳо баромади форсӣ дошта, тоҷикзабонанд. Дар асари Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Забони миллат – ҳастии миллат» доир ба ин калима чунин оварда шудааст: «Калимаи «сорт» ё «сарт» низ номи дигаре аст, ки тоҷикҳоро бо он ном мехонанд». Академик Юсуфшоҳ Ёқубов нисбати ин калима андешаҳои олимони гуногунро таҳлил намуда, чунин хулоса баровардааст: «Бинобар ин мо ақида дорем, ки калимаи сарт эронӣ буда, дар ибтидо ба маънии савдогарони суғдӣ – тоҷик истифода шудааст». Аз ин бармеояд, ки дар асрҳои XV – XVI ҳам аҳаолии асосии Ворух ва умуман Исфара тоҷикон будаанд.

Бояд қайд намуд, ки қирғизҳо аслан ба типи ҷанубии сибирии нажоди муғулӣ мансубанд. Онҳо асосан дар нимаи дуюми асри XV ҳамчун халқ ташаккул ёфтанд. Бинобар навиштаи адиби таърихнигори тоҷик Муҳтарам Ҳотам дар мақолаи худ «Муҳоҷирати қирғизҳо ба водии Рашт ва дигар сарзаминҳои тоҷикон» нахустмеҳани қирғизҳо саргаҳи дарёи Енисей ва дуюмин ватанашон доманакӯҳҳои Алтай ва қиматҳои ҷанубии он будааст.

Дар натиҷаи муборизаҳо байни қабилаҳои муғулнажод оҳиста – оҳиста қирғизҳо то асри XVIII ба самти ҷануб чун гуреза ҳиҷрат карданд. Азбаски машғулияти асосии онҳо чорводорию кӯчманчигӣ буд, дар ҳамсоягии деҳаҳои тоҷикнишин, бо мақсади чӯпонӣ намудан ба чорвои тоҷикон маскан гирифтанд. Тоҷикон чун халқи соҳиби девону дафтар ва давлатдору шаҳрсоз аз чунин хизмати қабилаҳои қирғиз истифода менамуданд. Қирғизҳо бошанд дар навбати худ аз саховатпешагию инсондӯстии тоҷикон истифода бурда заминҳои чарогоҳи тоҷиконро ба авулу айлоқҳо ва баъдан ба деҳаҳои муқимии худ табдил додан гирифтанд, ки ин раванд дар оянда боз ҳам идома намуд.

То Инқилоби Октябр Ворух ҳамчун яке аз деҳеҳои волости Исфара ба Ҳайати Генерал губернатори Туркистон дохил мешуд. Сарзамини имрӯзаи Тоҷикистони Шимолй ва Бадахшони (Помири) Шарқй ба ҳайати ду вилоятҳои кишвари Туркистон: Самарқанд ва Фарғона мансубият доштанд. Ба ҳайати вилояти Самарқанд уезди Хуҷанд ва болооби Зарафшон, ба ҳайати вилояти Фаргона Бадахшони Шарқй, ноҳияҳои Конибодом, Исфара ва Ашт дохил мешуданд.

Қайд намудан зарур аст, ки 23 августи с 1919 Шӯрои қишлоқи Ворух дар ҳайати волости Исфара таъсис ёфт. Волости Исфара бошад ба ҳайати уезди Қӯқанди вилояти Фарғонаи ҶМШС Туркистон, ки соли 1918 дар ҳудудҳои Генерал губернатори Туркистон ташкил шуда буд, дохил карда шуд.

Пас аз тақсимоти миллию марзии соли 1924 мутаассифона бо таъсири пантуркистон бисёр заминҳои тоҷикон аз ҳудуди Ҷумҳурии навтаъсисёфтаи мухтори Тоҷикистон берун монданд. Яке аз ин минтақаҳо ин уезди Хуҷанд буд.  Сентябри соли 1926 дар натиҷаи тақсимоти ноҳиявӣ дар ҷумҳурии Ӯзбекистон бунёди округи Хуҷанд пешниҳод гардид ва он феврали соли 1927 аз ҷиҳати ташкилӣ таъсис ёфт.  Ҳамон вақт ба ҳайати округи Хуҷанд, ноҳияҳои Исфара, Конибодом ва Ашт шомил буданд. Аз сентябри соли 1929 округи Хуҷанд пурра ба Тоҷикистон ҳамроҳ карда шуд.

Дар натиҷаи тақсимоти соли 1924 ҳудуди Қирғизистон бо номи вилояти мухтори Қароқирғиз дар ҳайати ҶШСФ Русия таъсис ёфт. Аз 1 феврали соли 1926 ба ҶМШС Қирғизистон ва аз 5 декабри соли 1936 ба ҶШС Қирғизистон табдил дода шуд.

Аз санаи 9 ноябри соли 1925 Президиуми умумироссиягии КИМ ИҶШС хати сарҳади дар байни маҳалҳои зисти тоҷику қирғиз вуҷуддоштаи байни давлатҳои ҶШС Ӯзбекистон ва Русияи Шӯравиро тасдиқ намуд. Тибқи нишондоди харитаи соли 1925 ҳудуди Ворух анклав набуда, бо сарҳади ҶМШС Тоҷикистон пайваст аст. Бо вуҷуди он дар  тақсими марз эътирозҳо пайдо шуданд. Барои ҳамин аз санаи 4 майи соли 1927 Президиуми КИМ ИҶШС даъвоҳои дуҷонибаи Русияи Шӯравӣ ва ҶШС Ӯзбекистонро дар масъалаи хати сарҳад аз нав дида баромада доир ба он қарори дахлдор қабул кард. Ин навбат низ Ворух ва ҳудудҳои он ҳамчун замини тоҷикон бетағийр боқӣ монд. Худи ҳамон рӯз сарҳади муайяншударо бо қарорҳои худ Президиуми Русияи Шӯравӣ, КИМ ҶШС Ӯзбекистон ва Қирғизистон расман қабул ва эътироф намуданд. Ҳақиқати ҳол ва идомаи баҳсҳо дар мақолаи Абдуллоҳи Раҳнамо хело батафсил таҳлил шудааст ва аз идомаи баррасии он худдорӣ менамоем.

Шарҳи тамоми мадорики таърихӣ ва сандаҳои таърихию ҳуқуқӣ собит мекунанд, ки мавқеъгирии Тоҷикистон дар ҷараёни ин баҳсҳо ҳақиқӣ буда, заррае ҳуқуқи давлати ҳамсояро поймол намекунад. Дар мақолаи худ донишманди тоҷик А. Раҳнамо таҳлилҳои хешро хулоса карда менависад: «Тавре дида шуд, тамоми ҳуҷҷатҳои расмии таърихӣ ба Тоҷикистон тааллуқ доштани ин заминҳоро исбот мекунанд. Аммо, дар айни замон, ин заминҳо ҳоло бо сабабҳои гуногуни зикршуда дар ихтиёри Қирғизистон мебошанд. Яъне, ҳақиқати таърихӣ ва адолати ҳуқуқӣ пурра дар ҷониби Тоҷикистон аст, аммо мутаассифона, воқеият (заминҳо) амалан дар ихтиёри Қирғизистон қарор дорад». Бо вуҷуди ин, тавре дар боло ишора намудем, дар ҳама марҳилаҳои баҳсу мунозира ҷониби Тоҷикистон ҳамеша талош менамуд, ки  муносибатҳои дӯстонаю ҳамсоягиро  нигоҳ дорад. Аммо чунин амалкардро дар тарафи муқобил эҳссос намудан ғайри имкон аст. Ҳамлаҳои ногаҳонию аҳдшикании ҷониби Қирғизистон мавқеи норӯшан ва тамаъкоронаи ин давлатро нишон медиҳад. Ин мавқеъ албатта як навъ амали ноҷавонмардона буда, макри рӯбоҳеро мемонад, ки аз тамкини шер истифода бурда, сайди ӯро ба даст оварданӣ мешавад. Ин рафтор бе ҳеҷ шакку шубҳа аз хӯю хислати қавмҳои бадавӣ (биёбоннишин) дарак дода, бемаърифатию авбошӣ ва гузашта аз ин тарсуию пасттинатии чунин ақвомро ошкор месозад. Далелҳои таърихӣ низ борҳо собит намудаанд, ки дар тӯли таърихи наздики 600 солаи худ, ки қирғиз ҳамчун халқ ташаккул ёфт, доимо ба ҳуҷуму ғорат ва низоъҳои қавмӣ, рӯзгор пеш бурданд. Бо ин мо гуфтанӣ нестем, ки тамоми халқи қирғиз то ҳанӯз дорои чунин сифатҳо мебошанд. Махсусан қирғизҳое, ки айни замон дар ҳудудҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон умр ба сар мебаранду шаҳрвандии ин давлатро дорад, хело мардуми таҳаммулгаро ва хирадгустаранд. Дар худи Қирғизистон низ чунин афрод кам нестанд, ки доимо дӯстии Қирғизистону давлатҳои ҳамсояро мехоҳанд, лекин мутаассифона хостаҳои эшонро табақаи муайяни қирғизҳо, аз ҷумла қувва ва доираҳои манфиатхоҳи расмию ғайрирасмӣ намегузоранд амалӣ шавад. Агар мо танҳо ба таърихи 20 соли охири Қирғизистони соҳибистиқлол назар афканем бори дигар боварӣ ҳосил менамоем, ки дар шароити рушди илму техника ва тағийрёбии муносибатҳои ҷамъиятӣ ҳанӯз ҳам дар равону сиришти эшон анъанаҳои давлатдории бобогӣ, мушоҳида мешавад. Агар чунин нест, пас чаро дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ 5 роҳбари давлат, аз ҷумла, соли 2005 Аскар Акаев, соли 2010 Қурмонбек Боқиев ва Роза Отунбоева, соли 2017 Алмосбек Отамбоев, соли 2020 Сооронбой Жээнбеков дар зери фишори ваҳшиёнаи мардум (ба ғайр аз Р. Отунбоева), аммо дар зоҳир бо мақсади тантанаи «демократия» ва «адолат» шармандавор аз қудрат дур карда шуданд. Зери пардаи дурӯғини «озодию демократия» ҳамеша кӯшиданд, ки амалҳои аҳриманонаю ҷангалии хешро пӯшонанд. Оқибат нафареро, соли 2021 бо исми Садир Жапаров, ки чеҳраи шинохтаи олами ҷиноии Қирғизистон маҳсуб мешавад, аз зиндон раҳо  намудаю маснади роҳбариро барояш арзонӣ доштанд.  Ҳоло боз намедонем, ки дар оянда чӣ рӯзгоре ин сарзаминро интизор аст. Зеро ваҳдати дохилии қирғизҳо таъмин набуда, гӯё роҳбари кумитаи бехатарии ин давлат Қамчинбек Ташиев ҳукумати худро дар дохили ин ҳукумат дорад.

Бо вуҷуди ин ҳуҷумҳои ҷавобии ду соли охири ҷониби Тоҷикистон нишон дод, ки халқи шарафманди Тоҷикистон бо ҷону дил барои ҳар як порча заминашон ҷон медиҳанд. Дар қалбу равони мардуми мо Ватан ва муҳаббати он нишонаи номусу имондорӣ ва шуҷоату мардонагӣ таҷаллӣ мекунад. Дар чунин шароити пурҳасос ҳар як шаҳрванди моро зарур аст, ки ба хотири дифоъ аз Ватан ҳар лаҳза омода бошад. Таърих борҳо собит намудааст, ки миллати бедору ҳушёр ва муттаҳидро касе ғасб карда наметавонад. Аз ин рӯ неруи мо дар иттиҳоди мост! Имрӯз замоне фаро расидааст, ки ҳар яки мо бо истифода аз имконоте, ки дорем ба душманону нотавонбиноне, ки аз чанд тарафи мо, барои худ пайки муносиб меҷӯёнд то санге ба пайкараи миллат зананд, ҷавоби қотеъона диҳем. Ҷавонону наврасонро дар руҳияи ватандӯстию худогоҳии миллӣ тарбия намуда манзалати Ватан, Сулҳ, Ваҳдат, Нангу номуси миллӣ, Ғурури ватандорӣ ва амсоли чунин падидаҳоро дар равонашон талқин намоем. Месазад, ки он низомиён ва ихтиёриёне, ки барои ҳифзи Ватан мардонавор мубориза бурданд ба хотири намунаи ибрати насли нав корномаашон бо ҳар роҳу васила ташвиқ шавад.  Хело хуб мешавад агар, корномаи онҳо дар мактабҳои макони зисташон ҳамчун як дарси тарбияи ватандӯстӣ  баррасӣ шавад, то барои насли оянда он ибратомӯз гардад. Аз тарафи раисони ҷамоату ноҳия ва дигар шахсони масъул дар сатҳи ноҳия, ҷамоат ва деҳа ташкили ҷамомаду маҷлисҳо ба ифтихори эшон ва қадрдониашон ҳам ба манфиати кор аст.

Ҳеҷ гоҳ фаромӯш набояд кард, ки Тоҷикистон хонаи ҳар яки мост. Дар девору сақф ва хиштҳои ин хона изи дасти бобою падарони мо боқист. Дар зери боми ин хона мо модар, зану фарзанд, хоҳару бародар ва хешу ақрабо дорем. Ҳифзи ин хона, номуси пайвандон қарзи инсонӣ ва виҷдонии мост!

Давлатшоҳ Маҳмудов, омӯзгори факултаи таърих ва ҳуқуқи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ

 

 

 
free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj