• Таджикский
  • Руский
  • Английский
Исследование
There are no translations available.

ТАНЗИМИ ҲУҚУҚИИ МЕҲНАТИ КОРМАНДОНИ ДАР ДУ (ЯКЧАНД) ҶОЙ КОРКУНАНДА ДАР ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Масъалаи танзими меҳнати кормандоне, ки дар ду (якчанд) ҷой кор мекунанд, то ҳол масъалаи муҳимми соҳаи ҳуқуқи меҳнат арзёбӣ мешавад.  Хусусияти асосии вазъи ҳуқуқии корманди дар ду (якчанд) ҷой коркунанда дар он аст, ки ӯ ҳадди ақал бо ду (якчанд) корфармо дар муносибатҳои меҳнатӣ қарор мегирад ва он имкон медиҳад, ки корманд бо истифода аз ҳуқуқҳои меҳнатии худ, баҳри баланд бардоштани таъминоти моддии худ сайъ намояд. Аммо масъалаи мазкур номутобиқатиҳои зиёдеро низ дар пай дорад.

Тавре аз мафҳуми дар сархати 20 моддаи 1-и Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷгардида бармеояд, «дар ду (якчанд) ҷой кор кардан - тибқи шартномаи меҳнатӣ аз тарафи корманд дар баробари кори асосӣ ва ё берун аз он иҷро намудани кори дигар ё ишғол намудани дигар вазифаи доимии музднок» мебошад.

 

Ба ақидаи мо, зери мафҳуми дар ду (якчанд) ҷой кор кардан фаъолияти меҳнатии корманди кироя дар назар аст, ки он тибқи шартномаҳои меҳнатӣ дар ду ва ё якчанд ҷой фаъолияти меҳнатиро дар баробари кори асосӣ ва берун аз он, аз рӯйи ихтисос ё касби муайян иҷро менамояд.

 

Таҳлили таърихи танзими ҳуқуқии дар ду (якчанд) ҷой кор кардан имкон медиҳад, ки хусусиятҳои он муайян карда шаванд. Дар ду (якчанд) ҷой кор кардан аз ҷониби давлат дар ҳама давраҳои рушди он ҳамчун ҳолати истисноӣ аз қоидаи умумии кор тибқи як шартномаи меҳнатӣ ва ҳамчун чораи муваққатӣ арзёбӣ мешуд, чунки ин масъала асосан бо норасоии мутахассисони ин ё он соҳа вобаста буд. Умуман, меъёрҳои ҳуқуқӣ оид ба дар ду (якчанд) ҷой кор кардан ба маҳдудсозии ин намуди меҳнат ва шуғл равона гардида буданд.

Хусусиятҳои танзими ҳуқуқии дар ду (якчанд) ҷой кор кардан, пеш аз ҳама, бо ҳифзи меҳнат вобаста мебошад, чунки дар ду (якчанд) ҷой кор кардан пайваста вақти кори умумии кормандро аз рӯи ду ва ё зиёда вазифа афзун мекунад.

Хусусиятҳои ба имзо расондани шартномаи меҳнатӣ оид ба кор дар ду (якчанд) ҷойро ба таври тафриқавӣ баррасӣ намудан лозим аст, яъне на танҳо вобаста ба категорияи кормандон (омӯзгорон, духтурон, кормандони соҳаи фарҳанг ва ғайра), инчунин вобаста ба он ки чунин шартнома дар худи ҳамон як ташкилот (дохилӣ) ба имзо расонида мешавад, ё бо ташкилотҳои гуногун (беруна).

Пурра асоснок донистани меъёри дар моддаи 228 КМ ҶТ зикршуда дар хусуси иҷозат додан барои ба имзо расондани шартномаи меҳнатӣ оиди дар ду (якчанд) ҷой кор кардан бо шумораи бемаҳдуди корфармоён, агар санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ тартиби дигарро пешбинӣ накарда бошанд, ба гумон аст. Чунки муқаррароти мазкур ба меъёри моддаи 232 КМ ҶТ, ки тибқи он давомнокии вақти корӣ ҳангоми дар ду (якчанд) ҷой кор кардан набояд аз 4 соат дар як рӯз зиёд бошад, мувофиқат намекунад.

Дар моддаи 232 КМ ҶТ меъёри давомнокии зиёдтарини вақти корӣ ҳангоми дар ду (якчанд) ҷой кор кардан муқаррар шудааст, ки он набояд аз 4 соат дар як рӯз зиёд бошад. Чунин меъёри омирона (императивӣ)-ро вобаста ба вақти корӣ метавон кам намуд, вале он зиёд намегардад. Ҳангоми рӯзи кории муқаррарии 8 соата барои ҳафтаи 5 рӯзаи корӣ, кормандро барои иҷрои кори иловагии беш аз 20 соат дар давоми ҳафта уҳдадор намудан манъ аст. Аз ин рӯ, баҳри аз байн бурдани ин мухолифат дар моддаи 71 КМ ҶТ илова намудани муқаррароти зеринро «Барои корманде, ки дар ду (якчанд) ҷой кор мекунад, корфармо уҳдадор аст вақти кории нопурра муқаррар намояд» мувофиқа мақсад мешуморем. Дар ин ҳолат дар он рӯзҳои корие, ки корманд дар ҷойи кори асосии худ аз иҷрои уҳдадориҳои меҳнатӣ озод мебошад, ӯ метавонад дар ҷойи кори ғайриасосӣ рӯзи (басти) пурраи корӣ фаъолият кунад.

Бо мақсади таъмин намудани шаҳрвандони корҷуй бо ҷойи кори асосӣ, инчунин иҷрои талаботи моддаи 67 КМ ҶТ ва бандҳои 11 ва 12-и «Қоидаҳои ҳисобкунии музди миёнаи меҳнат барои пардохти рухсатиҳои меҳнатӣ, кӯмакпулӣ дар вақти аз кор рафтан, кумакпулӣ барои корношоямии муваққатӣ ва дигар ҳолатҳое, ки ба пардохти музди миёнаи меҳнат алоқаманданд», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.06.2007, №313 тасдиқ шудааст, пешниҳод менамоем, ки дар моддаи 231 КМ ҶТ баъд аз ҷумлаи «илова ба ҳуҷҷатҳои пешбиникардаи моддаи 26 Кодекси мазкур корманд маълумотнома дар бораи хусусият ва шароити меҳнати ҷойи кори асосӣ (ҷойи кор, вазифа (мансаб), шароити меҳнат) пешниҳод намояд», ибораи нав бо мазмуни   «инчунин маълумотнома аз ҷойи кори асосӣ дар хусуси ҳаҷми воҳиди корӣ (сарборӣ)» илова карда шавад.

Ғайр аз ин, қайд намудан лозим аст, ки қонунгузорӣ оид ба меҳнат дар ду (якчанд) ҷой кор карданро барои баъзе гурӯҳҳои кормандон манъ мекунад (қисми якуми моддаи 229 КМ ҶТ), аз ҷумла барои корманде, ки фаъолияташ ба хизмати давлатӣ алоқаманд аст. Бо чунин корманд ба имзо расонидани шартнома дар хусуси таъвизи (якҷоякунии) ихтисос дар дохили ташкилот ё муассиса мумкин аст, ба шарте, агар он боиси бархурди манфиатҳо нагардад. Ин масъаларо ба таври возеҳ бояд дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» қайд намуд.

Қисми 2 моддаи 229 КМ ҶТ дар ду (якчанд) ҷой кор кардан дар корҳои шароити меҳнати зарарнок доштаро (агар кори асосӣ низ ҳамин гуна шароитҳоро дошта бошад) манъ мекунад.

Аз ин лиҳоз, дар КМ ҶТ муқаррар намудани меъёр дар хусуси бо корманди дар ду (якчанд) ҷой коркунанда ба имзо расонидани шартномаи меҳнатӣ танҳо бо як корфармои ҷойи кори иловагӣ иҷозат доданро, мувофиқи мақсад мешуморем.

Дар илми ҳуқуқи меҳнат чунин ақидае, ки ҳангоми аз кор озод намудани корманди дар ду (якчанд) ҷой коркунанда аз ҷойи кори асосӣ, ба таври худкор ӯ дар ҷойи кори иловагӣ ба корманди штатӣ табдил меёбад, маъмул аст.  Бо ин ақида  розӣ шудан душвор аст, чунки аз ҷойи кори асосӣ озод шудан боиси ба таври худкор тағйир ёфтани (шакливазкунии) шартномаи меҳнатӣ оид ба дар ду (якчанд) ҷой кор кардан шуда наметавонад. Барои он ки шахси дар ду (якчанд) ҷой коркунанда ба корманди асосӣ табдил ёбад, ризоияти тарафҳои муносибатҳои меҳнатӣ оиди дар ду (якчанд) ҷой кор кардан лозим меояд.

Боиси қайд, ки корманди дар баробари кори асосӣ дар ду (якчанд) ҷой коркунанда, ҳангоми озод шудан аз ҷойи кори асосӣ ва муроҷиат накардан ба ҷойи кори иловагӣ дар хусуси ба ҳайси корманди асосӣ ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳояш тибқи банди 12-и Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17.04.1998, №122 «Дар бораи шароити пардохти музди меҳнати кори кормандони соатбаъйӣ ва дар ду (чанд) ҷой коркунандаи корхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба собиқаи бефосилаи кории ӯ монеа шуда наметавонад. Аммо бо мақсади бархурдор гардидани чунин корманд аз ҳуқуқу имтиёзҳое, ки барои кормандони асосии ташкилот пешбинӣ шудаанд, ӯро лозим аст, ки ҷиҳати ба корманди асосӣ табдил ёфтан ба ҷойи кори дуюми худ саривақт муроҷиат намояд.

Дар баробари таҳлили меъёрҳои ҳуқуқии танзимкунандаи вақти кории онҳое, ки дар ду (якчанд) ҷой кор мекунанд, ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки ба сифати меъёри вақти кории онҳо меъёри аз ҷониби тарафҳо мустақилона муаяйншудаи давомнокии вақти корӣ ҳисобида мешавад, ки он аз вақти кории дар моддаи 232 КМ ҶТ муайяншуда зиёд намебошад.

Дар адабиёти соҳаи ҳуқуқшиносӣ масъалаи ҳамчун вақти аз меъёри вақти кории муқаррарнамудаи қонунгузорӣ барзиёд ҳисобидан ё наҳисобидани давомнокии вақти кории онҳое, ки дар ду (якчанд) ҷой кор мекунанд, ба таври гуногун баррасӣ гардидааст. Ба назар чунин мерасад, ки мафҳуми кори аз меъёри вақти корӣ барзиёд маънои меъёр доир ба як шартномаи меҳнатиро дорад. Дар ҷойи кори иловагӣ меъёри вақти кории корманд тибқи шартномаи меҳнатӣ оиди дар ду (якчанд) ҷой кор кардан муайян карда мешавад. Эътироф намудани вақти кори ғайриасосӣ ҳамчун вақти аз меъёри вақти корӣ барзиёд боиси кори иловагӣ эътироф намудани он, инчунин бо як шартномаи меҳнатӣ танзим гардидани кори асосӣ ва кори ғайриасосӣ мегардид. Лекин чунин хулоса бешубҳа иштибоҳ аст. Бинобар ин, ҳамчун кори барзиёд аз вақти кории онҳое, ки дар ду (якчанд) ҷой кор мекунанд, вақти кории аз давомнокии муқарраргардида оид ба кори асосӣ ё ивазшаванда барзиёд ҳисобида мешавад.

Одатан тибқи қонунгузорӣ ба кормандони дар ду (якчанд) ҷой коркунанда рухсатии ҳарсолаи меҳнатии пардохтшаванда дар ҷойи кори асосӣ дода мешавад. Аммо, меъёри мазкур маънои онро надорад, ки корманди дар ду (якчанд) ҷой коркунанда дар ин давра дар ҷойи кори иловагӣ ба кор ҷалб карда мешавад. Агар чунин мебуд, он гоҳ ҳуқуқи корманд ба истироҳат, ки дар моддаи 37 Консти­тутсияи ҶТ, сархати 53 моддаи 1 ва сархати 7 моддаи 4 КМ ҶТ муқаррар карда шудааст, вайрон мегардид. Бинобар ин, дар боби 17 КМ ҶТ муқаррар намудани меъёр дар бораи манъ будани ба кори иловагӣ қабул намудани корманди дуҷоякор дар давраи аз ҷойи кори асосӣ дар рухсатии меҳнатӣ қарор доштан, мувофиқи мақсад хоҳад буд.

Бо қабул шудани Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав (аз 23 июли соли 2016), масъалаи танзими ҳуқуқии меҳнати кормандони дар ду (якчанд) ҷой коркунанда дар самти рухсатии меҳнатӣ ва ҷубронпулӣ барои истифода набурдани он ба таври дахлдор танзими худро ёфтааст. Аммо ин масъала дар дигар санадҳои меёрии ҳуқуқие, ки дар заминаи КМ қабул гардидаанд, дуруст танзим нашуда, санадҳои мазкур бошад, ба талаботи меъёрҳои КМ ҶТ мухолифат мекунанд. Масалан, дар моддаи 92-и КМ ҶТ дарҷ шудааст, ки «кормандон ҳуқуқ доранд новобаста аз шакли корфармоён ва шакли шартномаи меҳнатии бо онҳо басташуда, шакли ташкилию ҳуқуқии ташкилот ва музди меҳнат, ба рухсатии меҳнатии асосии ҳарсолаи камтарин ё рухсатии меҳнатии асосии ҳарсолаи дарозкардашуда бароянд». Ҳамчунин дар қисми 1 моддаи 118-и КМ ҶТ оварда шудааст, ки  «ҳангоми аз кор озод намудан, новобаста аз асосҳои мавҷуда ба корманде, ки рухсатии меҳнатии худро қисман ё пурра истифода набурдааст, ҷубронпулӣ дода мешавад».

Лекин, мутобиқи талаботи сархати 1 ва 2 банди 9-и Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17.04.1998, №122 (бо тағйиру иловаҳо аз 02.04.2009, №215) «Дар бораи шароити пардохти музди меҳнати кори кормандони соатбаъӣ ва дар ду (якчанд) ҷой коркунандаи корхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» қайд шудааст, ки «рухсатии меҳнатии пардохтшаванда ба муштараккорони иҷрокунандаи вазифаи коргар (новобаста аз ишғоли мансаб тибқи ҷойи кори асосӣ), инчунин ба муаллимони мактабҳо, омӯзгорони мактабҳои олӣ, омӯзишгоҳҳои касбию техникӣ, техникумҳо  ва монанди онҳо, кормандони педагогии муассисаҳои томактабӣ, кормандони тиб ва дорусозӣ (аз ҷумла, ветеринарӣ) дода мешаванд. Пардохти рухсатии меҳнатӣ ё ҷубронпулӣ барои рухсатии меҳнатии истифоданашуда оид ба кори муштарак бо назардошти роҳбар ё шарти қарордод (шартнома) амалӣ карда мешавад».

Бо дарназардошти мухолифатҳои ҷойдошта мутобиқ гардонидани мазмуни сархати 1 ва 2-и қарори зикршударо ба талаботи моддаи 92 ва сархати 1 моддаи 118-и КМ ҶТ зарур меҳисобем.

Музди меҳнати онҳое, ки дар ду (якчанд) ҷой кор мекунанд, бо шартномаи меҳнатӣ танзим карда мешавад. Меъёри тарофавӣ бошад, (маош, маоши вазифавӣ), барои тарафҳои шартномаи меҳнатии дар ду (якчанд) ҷой кор кардан танҳо заминаи баҳисобгирӣ барои таъмини мутобиқати музди  меҳнат ба меъёри муқаррарнамудаи меҳнат мебошад.

Дар моддаи 155 КМ чунин пешбинӣ шудааст, ки пардохти музди меҳнати онҳое, ки дар ду (якчанд) ҷой кор мекунанд, мутаносибан ба вақти иҷрошудаи кор аз рӯи натиҷаи кор ё дигар шартҳои пешбининамудаи шартномаи меҳнатӣ сурат мегирад.

Ҳангоми бо кормандони бо музди меҳнати вақтбайъ дар ду (якчанд) ҷой коркунанда муқаррар намудани супоришҳои меъёрӣ, музди меҳнат барои натиҷаи ниҳоии ҳаҷми воқеии кори иҷрошудаи пардохт карда мешавад.

Ба шахсони дар ду (якчанд) ҷой коркунандаи ноҳияҳое, ки дар онҳо ба музди меҳнат коеффитсенти ноҳиявӣ ва иловапулиҳо муқаррар шудаанд, музди меҳнат бо назардошти ҳамаи коэффитсиентҳо ва иловапулиҳо пардохт карда мешавад.

Аён аст, ки муқаррароти мазкур бо меъёрҳои омиронаи ҳуқуқ ба меҳнат чандон мутобиқат  намекунанд. Ҳамин тариқ, мутобиқи моддаи 18 КМ ҶТ корманд ба пардохти музди меҳнат мувофиқи тахассус, мураккабии меҳнат, ҳаҷм ва сифати кори иҷрошуда, инчунин шароити меҳнат ҳуқуқ дорад. Дар моддаи 22 КМҶТ яке аз уҳдадориҳои асосии корфармо – таъмин намудани  пардохти музди баробар барои иҷрои кори якхела ба кормандон тақвият дода шудааст.

Интизоми меҳнат ҳамчун унсури муносибатҳои ҳуқуқи меҳнатӣ бояд аз ҷониби кормандоне, ки дар ду (якчанд) ҷой кор мекунанд, риоя гардад. Аз ин рӯ, дар назар аст, ки масъалаҳои танзими ҳуқуқии интизоми меҳнати онҳое, ки дар ду (якчанд) ҷой кор мекунанд, бояд аз ҷиҳати мушаххасгардонии муқаррароти умумӣ оид ба интизоми меҳнат вобаста ба чунин гурӯҳи кормандон баррасӣ карда шаванд.

Хусусияти махсуси танзими ҳуқуқии интизоми меҳнати онҳое, ки дар ду (якчанд) ҷой кор мекунанд, дар он зоҳир мешавад, ки чунин кормандон уҳдадоранд софдилона ду ва ё зиёда вазифаи меҳнатиро иҷро кунанд, қоидаҳои тартиботи дохилии ҷоринамудаи корфармоёнро риоя кунад. Ӯ метавонад, ҳам дар ҷойи кори асосӣ ва ҳам ғайриасосӣ, ҷавобгарии  интизомӣ ва моддӣ ба зимма дошта бошад.

Ҳифзи меҳнат ва саломатии гурӯҳи кормандоне, ки бо дарназардошти хусусиятҳои кори асосӣ ва ғайриасосӣ, нишондиҳандаҳои физиологӣ ва ғайра  дар ду (якчанд) ҷой кор кардани онҳо умуман мумкин нест, ба таври муфассал дар Кодекси меҳнат ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор инъикос ёфтааст.

Инчунин, аксар вақт дар таҷриба тафовутгузорӣ миёни дар ду (якчанд) ҷой кор кардан ва таъвизи (якҷоякунии) ихтисос боиси пайдо шудани мушкилиҳо мегардад. Мо фарқи асосии таъвизи ихтисосро нисбати дар ду (якчанд) ҷой кор кардан ба таври зерин асоснок мекунем:

Якум, дар ду (якчанд) ҷой кор кардан, яъне ҳамеша иҷро намудани кори иловагӣ дар вақти озод будан аз кори асосӣ мебошад. Ҳатто, агар коре, ки дар корхонаи корфармои ҷойи кори асосӣ иҷро шавад ҳам, он берун аз доираи вақти (басти) кории ҷойи кори асосӣ бояд иҷро гардад. Таъвизи ихтисос (якҷоякунии касбҳо ва вазифаҳо) бошад, дар давоми рӯзи (басти) кории муқарраргардида анҷом дода мешавад. Аз ин рӯ, дар ду (якчанд) ҷой кор карданро ҳам як корфармои ҷойи кори асосӣ ва дигар корфармоён иҷозат дода метавонанд. Ин дар ҳолест, ки таъвизи ихтисосро  танҳо корфармои ҷойи кори асосӣ иҷозат медиҳад.

Фарқи дуюми дар ду (якчанд) ҷой кор кардан аз таъвизи ихтисос гуногун будани барасмиятдарории чунин кори иловагӣ мебошад. Оиди дар ду (якчанд) ҷой кор кардан корфармо ба имзо расондани шартномаи меҳнатии алоҳидаро, ҳам дар дохили корхона ва ҳам берун аз он талаб менамояд. Дар навбати худ, ҳангоми таъвизи ихтисос оид ба иҷрои вазифаи муйян ва ё иҷрои кори корманди муваққатан дар кор ҳозирнабуда корфармо фармоиш мебарорад. Дар ин сурат ризоияти корманд ҳамчун шарти асосӣ ба ҳисоб меравад.

Хусусиятҳои пардохти музди меҳнат барои кори иловагӣ нишонаи сеюмест, ки байни дар ду (якчанд) ҷой кор кардан ва таъвизи ихтисос  фарқ мегузорад. Ҳангоми таъвизи ихтисос (мансаб) васеъ шудани доираи хизматрасонӣ, зиёд гардидани ҳаҷми корҳои иҷрошаванда ё иҷрои уҳдадории корманди муваққатан дар кор ҳозирнабуда бе озод шудан аз кори асосӣ, ба корманд музди меҳнати иловагӣ пардохта мешавад. Андозаи музди меҳнати иловагӣ бо созиши тарафҳои шартномаи меҳнатӣ, бо дарназардошти таркиб ва (ё) ҳаҷми кори иловагӣ муқаррар мегардад.

Фарқи чорум дар хусуси пешниҳод намудани кафолату ҷубронҳо мебошад. Бо шарти таъвизи ихтисос танҳо он кафолату ҷубронҳо пешниҳод мегарданд, ки бо кори асосӣ вобаста мебошанд. Агар дар сатҳи маҳаллӣ ва бо созиши тарафҳо тартиби дигар пешбинӣ нагардида бошад, ҳангоми иҷро намудани кори иловагӣ кафолатҳои дигар пешбинӣ намегарданд.

Фарқи панҷум дар он аст, ки қонунгузорӣ супориш додани кори иловагиро дар шароити таъвизи ихтисос маҳдуд  накардааст, дар ҳоле шароити кор дар ду (якчанд) ҷой наҳамеша имконпазир аст. Нисбат ба таъвизи (якҷоякунии) ихтисос қонунгузорӣ чунин маҳдудиятро муқаррар накардааст. Бинобар ин, чунин хулоса баровардан мумкин аст, ки таъвизи ихтисос нисбат ба ҳама гуна кори супоришӣ имконпазир аст.

Фарқи охирини дар ду (якчанд) ҷой кор кардан аз таъвизи ихтисос дар тартиби қатъ намудани ин намуди муносибатҳои меҳнатӣ мебошад. Назар ба дар ду (якчанд) ҷой кор кардан масъалаи қатъ намудани таъвизи ихтисос бо тартиби содакардашуда анҷом дода мешавад. Дар ин сурат, корманд ҳуқуқ дорад пеш аз муҳлат аз иҷрои кори иловагӣ даст кашад, корфармо бошад пеш аз муҳлат супориши иҷро намудани онро бекор кунад ва дар ин бора ҷониби дигарро ба таври хаттӣ огоҳ кунад.

Ба ақидаи мо, нишонаи дигари асосӣ ҳангоми таъвизи (якҷоякунии) ихтисос нисбат ба кор дар ду (якчанд) ҷой дар он мебошад, ки корманд сараввал бояд аз иҷрои уҳдадориҳои вазифаи худ дар ҷойи кори асосӣ барояд.

Ҳамчунин, пардохти музди меҳнат ҳангми таъвизи (якҷоякунии) ихтисос ва кор дар ду (якчанд) ҷой аз якдигар фарқ мекунад. Андозаи минималии музди меҳнат ҳангоми таъвизи (якҷоякунии) ихтисос тибқи моддаи 152 КМ ҶТ аз 15 фоизи маоши кори якҷошаванда кам буда наметавонад. Аммо мутобиқ ба талаботи модаи 155 КМ ҶТ музди меҳнати кормандоне, ки дар ду (якчанд) ҷой кор мекунанд мутаносибан ба вақти иҷрошудаи кор, аз рӯи натиҷаи кор ё дигар шартҳои пешбининамудаи шартномаи меҳнатӣ пардохт карда мешавад.

Хулоса, кори муштарак – кор дар ду (якчанд) ҷой - ин як шакли шуғли иловагӣ (дуюмдараҷа) мебошад, ки корманд зимни кори асосӣ ё дигар вақтҳои озод будан аз кори асосӣ дар дигар корхона, муассиса ва ташкилотҳо, тибқи шартномаи меҳнатӣ иловатан ба фаъолияти меҳнатӣ машғул гардад.

Назаров Давлатхон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсенти кафедраи ҳуқуқ

Мирзозода Шаҳриёр, муаллими калони кафедраи ҳуқуқ

 

 
free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj