• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Пажуҳиш

КӮШИШИ КОМЁБ ДАР ТАСҲЕҲИ “ДЕВОН”-И ШАЙХ КАМОЛИ ХУҶАНДӢ

( Шайх Камоли Хуҷандӣ.Девон. Муқаддима, тасҳеҳ ва таълиқоти Фахриддин Насриддинов.-Хуҷанд: Ношир, 2020,-1432 сафҳа, дар ду ҷилд)

Аз шоирони мовароуннаҳрии аҳди классикӣ баъд аз устод Рӯдакӣ Шайх Камоли Хуҷандист, ки беш аз дигарон шуҳраташ дар тамоми қаламрави забони форсӣ партав афкандаву сеҳри суханаш мақбули хосу ом гашта ва шоирони зиёде ба истиқболи шеъри ӯ ғазал сурудаанд. Ва нусхаҳои девонаш низ беш аз дигар суханварони мовароуннаҳрӣ дар китобхонаҳои ҷаҳон маҳфуз аст, ки далолат бар иродатмандию пайвастагии мухлисонаш ба шеъри ин шоири орифи баландовоза дорад. Шайх Камоли Хуҷандӣ на танҳо дар ҷомеаи мо-тоҷикон, балки дар саросари қаламрави забони форсӣ ва ҳатто берун аз он маҳбубияти хосса дорад. Як назар ба феҳристи китобхонаҳои ҷаҳон кофист, ки ин нукта равшан гардад. Ва, дарвоқеъ, «Камоли Хуҷандӣ бузургмардест, ки ҳафтсад сол инҷониб миллати моро бар ҷаҳон муаррифӣ мекунад ва дарозои ҳафт қарн аст, ки барои ин миллат ифтихор меофарад» ва месазад, ки «девони ӯро на як маҷмӯаи сурудаҳо, балки порае аз пайкари маънавии миллат донист» [11,5] .

Аз сӯйи дигар, то замони Истиқлол, дар муаррифии Камол ва тадвину тасҳеҳи осори ӯ пеш ва беш аз мо дигарон ҳиммат гузоштаанд. Дар ним асри охир беҳтарин ва серхонандатарин нусхаи девони Камол, ки ба сифати марҷаъ мавриди истифодаи донишмандон қарор гирифтааст, нусхаи «Девони Камолиддин Масъуди Хуҷандӣ»-ст, ки бо тасҳеҳ ва эҳтимоми Азизи Давлатободӣ соли 1337 ш.(1959 м.) дар Табрез интишор ёфтааст[1].  Соли 1375 ш.(1997) ба муносибати 675-солагии шоир Маҷмаъи бузургдошти Шайх Камоли Хуҷандӣ ин нашрро бо такмилу тавзеҳоти тоза аз нав ба нашр расонд ва доираи хонандагонаш дар Тоҷикистон низ бештар гардид[3]. Дигар «Девони Камоли Хуҷандӣ» бо тасҳеҳи интиқодии К. Шедфар, ки зери назари И.С. Брагинский соли 1975 дар ду ҷилд ва чаҳор китоб ба табъ расидааст[5]. Ҳамчунин «Девони Камоли Хуҷандӣ» бо тасҳеҳу муқобалаи Аҳмади Карамӣ соли 1372 дар Теҳрон ба нашр расидааст, ки аз лиҳози фарогирии ашъор, бино бақавли равоншод Абдулманнони Насриддин, «ҷомеътарин тасҳеҳи девони Шайх Камоли Хуҷандист» [2]. Нусхаи дигар «Девони Шайх Камоли Хуҷандӣ» бо эҳтимоми Эраҷи Гулисурхӣ, ки соли 1374 дар  ду муҷаллад ба чоп расидааст[4]. Дар Тоҷикистони даврони Шуравӣ ягона нашри мукаммали девони Камоли Хуҷандӣ бо тасҳеҳи устод Шарифҷон Ҳусейнзода, Н. Қаҳҳорова ва С. Асадуллоев соли 1985 дар Душанбе, дар ду ҷилд ба нашр расид, ки то кунун аксари муҳаққиқони тоҷик ба он такя мекунанд[6]. Дар бораи ҳусну қубҳи ин нашрҳои девони Камоли Хуҷандӣ матнишиноси матин,  бунёдгузори камолшиносии равишманд шодравон Абдулманнони Насридини Хуҷандӣ бо далелу арқоми илмӣ сухан карда, бо ҳазорон умед менависад, ки «Камоли Хуҷандӣ ҳар варақи сафинаи ашъорашро нусхаи ҳусн хондааст, мо бояд ин амонатро бо ҳамон рангу тароват ва ҳусни малоҳати калимоту маъниҳояш пос дорем ва барои ояндагон  ба мерос гузорем» [13,260] .

Замони Истиқлол шароит фароҳам овард, ки камолшиносӣ дар Тоҷикистон равнақ ёбад. Соли 1996 дар Тоҷикистон 675-солагии Камол бовуҷуди даргириҳои дохилӣ бошукӯҳ таҷлил гардид, китобу мақолоти зиёде ба нашр расиданд. Соли 2011 бо кӯшиши Абдулҷаббори Суруш ва Саидумрон Саидов девони Камол дар Хуҷанд ба табъ расид, ки ба таъкиди муқарризон, нисбат ба нашри пешин «матнаш камғалат асту миқдори абёти ашъораш бештар»[7]. Яке аз мураттибони ин нашр Абдуҷаббори Суруш соли 2015 бори дигар онро бо ба назар гирифтани назари муқарризон ва бо пешгуфтори худ  дар Хуҷанд бо матни форсиаш ба табъ расонд[8]. Перомуни ин ду нашри девони Камол Бадриддин Мақсудов ва Мубашшири Акбарзод изҳори назар кардаанд ва ҳар ду муқарриз бо таҳсини заҳматҳои А. Суруш ва С. Саидовро “заминае барои корҳои оянда”ва “дар нашрҳои баъдӣ боз ҳам беҳтар шудани сиҳҳати девони Камоли Хуҷандӣ” муфид донистаанд.

Соли 2016 Бадриддин Мақсудов, ки умре бо Камол машғул аст, яке аз қадимтарин нусхаҳои девони Камол, ки дар китобхонаи Остони Қудси Разавӣ маҳфуз асту таърихи китобати онро баъзе 800 ҳиҷрӣ донистаанд, дар силсилаи “Ахтарони адаб” ба нашр расонд[9]. Ин нусхаи девони Камол ҳоизи аҳаммияти байналмилалист ва дар таҳияи матни асили ашъори шоир метавонад ба сифати марҷаъ хидмат кунад. Мураттиб муқаддимаи муфассале дар мавриди мероси адабии Камоли Хуҷандӣ, нусхаҳои девон, алалхусус нусхаи мавриди назар, сабки сухани ӯ ва равиши кори худ дар таҳияи матн меоварад. Аз равиши кори мураттиб бармеояд, ки нусхаи Остони Қудси Разавиро ба ҳайси  нусхаи модар (архетип) қабул намуда, нақсу камбуди онро бо такя бо дигар нусхаҳо бартараф  намудааст.

Соли 2020 700-солагии ин шоири ширинкалом бо шукӯҳу шаҳомати  бузург таҷлил гардид, конфаронсу  нишастҳои зиёди байналмилалию ҷумҳуриявӣ доир гардиданд, китобу мақолоти зиёде, чи дар Тоҷикистон ва чи дар хориҷи кишвар ба нашр расиданд. Ростӣ, нависандаи ин сатрҳо ба сифати як мухлиси шеъри ин шоири бузурги ғазалсаро умед доштам, ки  Институти забон ва адабиёти АМИТ бо ҳамкорӣ бо Маркази илмии камолшиносӣ ба пешвози ин санаи муборак матни илмӣ-интиқодии девони Камоли Хуҷандиро бо такя ба қадимтарин нусхаҳо ашъори шоир ва бо назардошти нусхаҳои дигару таҷоруби бадастомада пешкаши хонандагон мегардонанд, зеро Шайх Камол аз шуарои рутбаи аввали адабиёти форсии тоҷикисту мероси ғание аз худ ба мерос монда ва месазад дар тадвину тасҳеҳи осори ӯ, хосса дар баргардонба хатти кирилӣ як пажӯҳишгоҳи илмӣ машғул шавад.  Воқеан, чанд нусхаи девони Камол ба пешвози ин чашни фархунда ба нашр расид, ки қобили таҳсинанд, аммо дар таҳияи ин нусхаҳо  на Институту Маркази илмии камолшиносӣ, балки шахсони алоҳида заҳмати кори чандсолаи  як пажӯҳишгоҳи татқиқотиро ба дӯш гирифтаанд. Аз ҷумла, “Камоли Хуҷандӣ. Девон.Таҳиякунандагони матн, муаллифони тавзеҳот ва охирсухан Баҳром Раҳматов ва Оқилбой Оқилов. –Хуҷанд: Хуросон, 2020,-1328 сафҳа”, ки бо пешгуфтори  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нашр расидааст[11]. Ин нусхаи девони Камол дар асоси нусхаи хаттии “Девон”-и Камоли Хуҷандӣ, ки дар китобхонаи Отиф Афандии шаҳри Истанбул таҳти  шумораи 2103 нигаҳдорӣ мешавад, таҳия шудааст. Мураттибон нусхаи  шумораи 4739 китобхонаи Остони Қудси Разавӣ, нусхаи шумораи 1238 Маркази меросии хаттии ба номи А. Мирзоев АМИТ ва нашрҳои чопии дар  Эрону Маскав ва Тоҷикистон нашршудаи  девони шоирро дар муқобилаву муқоиса бо нусхаи асос (архетип) истифода бурдаанд.

Дар конфаронси 700-солагии Камол, ки соли 2020 дар Хуҷанд барпо гардид, шунидам, ки Фахриддин Насриддинов ба таҳия девони шоир машғул аст. Фахриддин чандин сол Маркази илмии камолшиносии Хуҷандро сарварӣ мекард ва дар муҳити хонадони маърифатпарвару бунёдгузори камолшиносии ростину равишманд шодравон Абдулманони Насриддин ба камол расидааст. Бо вуҷуди ин ҳама, боварам намеомад, ки ӯ бо ин ҷавонии син, таҷрибаи андак тавонад ин кори азимро ба сомон расонад. Хушбахтона, инак дар дасти ман “Шайх Камоли Хуҷандӣ. Девон” (матни илмӣ-интиқодӣ).Муқаддима, тасҳеҳ ва таълиқоти Фахриддин Насридинов.-Хуҷанд: Ношир, (дар ду ҷилд), 2020,-1432 сафҳа [11] қарор дорад. Девон бо санъати баланди полиграфӣ нашр шуда, ороиши ҷилду коғази китоб низ зебову  диққатҷалбкунанда ва сазовори шоири бузурге чун  Шайх Камол аст.

Мураттиби девон Фахриддин Насриддинов дар муқаддимаи муфассале дар ҳаҷми 89 сафҳа перомуни равиши кори худ дар таҳияи девон, ҷиҳати дастёбияш ба ин ҳадафи бузург, ки дар самтҳои  мухталиф пажӯҳиш анҷом додааст, нуктаҳои муҳимми онро баён медорад. Ба таъкиди худи муаллиф, ки ҳар як нусхаи мавриди истифодаро тавзеҳ додааст ва як назари иҷмолӣ ба  ин нусхаи девон маълум мегардад, ки мураттиб дар асоси бештар аз шаст дастхати девони ашъори Камол, ки дар китобхонаҳои ҷаҳон маҳфузанд ва баъзе аз онҳо дар ҳеч як нусхаи мураттибони пешин мавриди корбурд қарор нагирифтаанд, тасҳеҳ намудааст. Ӯ саъй намудааст дар таҳияи осори Шайх Камол ба куҳантарин нусхаҳои хаттии ашъори шоир такя кунад. Аз ин рӯ, тасҳеҳи девон бар асоси он нусхаҳое анҷом гирифтааст, ки дар дусад соли аввал баъд аз вафоти шоир китобат шудаанд. Нуктаи ҷолиби таваҷҷуҳ  он аст, ки Фахриддин Насридинов ба чандин нусхаи қадимтарини девони Камол даст ёфта, ки дар нашрҳои интиқодии ашъори шоир истифода нашудаанд ва ин нусхаҳо мавриди муқобала, нақду таҳлил бо дигар нусхаҳо ва омӯзиши амиқ қарор гирифтаанд.

Аксари камолшиносон нусхаи Остони Қудси Разавиро яке аз қадимтарин нусхаҳои девони Шайх Камоли Хуҷандӣ медонанд, ки ба тахмини баъзе соли 800 ҳиҷрӣ китобат шудааст. Ҳарчанд баъд аз вафоти  шоир китобат шудани ин нусха бо далоили илмӣ собит  шуд, вале аксар ба қадмати он қоиланд.  Омӯзиши нусхаҳои сершумори ашъори шоир аз нигоҳи нусхашиносии татбиқӣ Фахриддин Насриддиновро ба хулоса меоварад, ки нусхаи шумораи 3945-и китобхонаи Аёсӯфия дар байни нусхаҳои куҳан нусхаи комилу нафис буда, дорои арзиши баланди илмӣ ва мумтозтарин нусхаи девони Камол аст. Ин нусха соли 813\1410, яъне баъд аз 9 соли вафоти шоир китобат шуда, таърихи китобаташ дақиқ аст.  Бо назардошти ин ҳама мушаххасот Ф. Насриддинов ин нусхаро ба ҳайси нусхаи модар (архетип), нусхаи асос интихоб мекунад.

Мураттиби девон нусхаҳои мавриди истифодаашро ба ду бахш: нусхаҳои аслӣ ва нусхаҳои ғайриаслӣ тақсим намуда, мушаххасоти ҳар яки онҳоро дақиқ  баён мекунад. Ба гурӯҳи нусхаҳои аслӣ нусхаҳое дохил мешаванд, ки таърихи китобаташон дақиқанд. Ба ин бахш 26 нусха дохил мешаванд. Ҳамчунин ба гурӯҳи нусхаҳои аслӣ мураттиб нусхаҳоеро шомил мекунад, ки замони китобати онҳоро бо такя бар хусусиятҳои нусхашиносӣ муайян кардааст. 29 нусхаи дигари осори шоир марбути ин гурӯҳанд. 26 нусхаи ашъори Камол, ки таърихи китобаташон мушаххас аст, дар байни солҳои 813\1410-980\1570  китобат шудаанд.

Ба гурӯҳи нусхаҳои ғайриаслӣ Фахриддин Насриддинов ҳамон нусхаҳоеро дар назар дорад, ки дар нашрҳои пешини девони шоир истифода шуда ва нусхаи асли онро дар даст надоштааст. Ба ин бахш танҳо 7 нусха шомил аст. Ин нусхаҳо аслан ҳамон нусхаҳоянд, ки камолшиносоне, амсоли Азизи Давлатободӣ, К. Шедфар, устод Ш. Ҳусейнзодаву Н.Қаҳҳорова ва С. Асадуллоев, Эраҷи Гулисурхӣ ҳангоми таҳияи девони Камол истифода кардаанд. Илова бар ин нусхаҳо, ки теъдоди онҳо беш аз шаст аст, дар ҳалли масоли хосе, чун роҷеҳу марҷуҳи забт, интисоби ашъор, бозҷӯии ашъори мансуб ба Камол, нақду таҳлили матн ва ғайра аз дастхатҳои девони Камол, ки дар байни асрҳои ХУ11 то ибтидои  асри ХХ китобат шудаанд, мавриди истифода мураттиб қарор гирифтаанд.

Девони мавриди назар тибқи суннати девоннигорӣ бо қасида оғоз мешавад. Мураттиб дар оғози нусхабадали ҳар  матн пас аз аламати рамзӣ зикри манбаъро меоварад ва барои  суҳулати истифода аз нусхабадалҳо ҷониби ихтисорро  пеш гирифта, ки хонанда ба осонӣ ба масъалаи мавриди назар огоҳ мегардад. Дар таҳияи ҳар як матни девон, аз қасида то фард  62 нусхаи дастаи аввал, ки дар муқаддима тавзеҳи онҳо омадааст, корбаст шуда, калима ба калима, мисраъ ба мисраъ баррасӣ гардида, бо нақду таҳлил ихтилофоти нусхаҳо дар ҳошия дарҷ гардидааст. Мураттиб кӯшидааст дар ҳолати ихтилофи нусхаҳо забти нусхаи асос ва нусхаҳои куҳани ҳамхона ба он тарҷеҳ диҳад ва ба ҳеч ваҷҳ аз меъёри илми матншиносӣ гузар накунад. Ин амал имкон дода, ки вай бар забти нусхаи асосу нусхаи куҳани ҳамасл вафодор монад. Ҳангоме ки нусхаи асос заъф дорад ва  ғалат будани он ошкор аст, мураттиб дар айни вофодарӣ ба нусхаи асл забти онро дар ҳошия меоварад ва бо зикри далел ва баёни ваҷҳи афзалияти забти нусахи дигарро дар матн дарҷ мекунад.

Яке аз масъалаҳои асоси ҳангоми тадвини девони шоирони классик пеш меояд, тартиби абёт аст. Масалан, дар байни нусхаҳои бешумори девони Хоҷа Ҳофиз ду  нусхае намеёбӣ, ки тартиби абёти ғазалҳо яксон бошад. Ф.Насриддинов дар  нусхаи худ дар ин масъала ба нусхаи асос ва дигар нусхаҳои қадими девони Камол такя карда, ки ҳақ бо ӯст. Аз сӯйи дигар,  ҳар ҷо ки заъфи нусхаи асосро дар тартиби абёт  мебинад ва эҳсос мекунад, ки бо сиёқи калом сустпайванд аст, манбаи  тартиби байтҳоро дақиқ меоварад. Ҳамчунин  дар мисраъу абёте, ки маънӣ равшан нест ва ё дерёб аст, чун баъзе мураттибон аз тасҳеҳи завқӣ истифода набурда,  забти нусхаи куҳанро афзал донистааст.

Қасидаҳо мувофиқи мавзуъ танзим шуда, дар таъйини унвони онҳо, ки дар  нусхаҳо ба гунаи мухталиф омадаанд, ба қадимтарин нусхаҳо такя шудааст. Ашъореро, ки дар нусхаҳои дусад соли аввал наомадаанд ва мураттиб ба моли Камоли Хуҷандӣ будани онҳо шубҳа дорад, дар бахши “Мулҳақот” меоварад. Дар бахши “Таълиқот” масоили марбут ба интисоби матн, таҳрирҳои куллии муаллифӣ, сарчашмашиносии ашъори мансуб ва машкук, тарҷумаи матлабҳои арабӣ, тавзеҳи луғоту  мафоҳими душвор ва манбаъшиносии иқтибосот баррасӣ шуда, ки масъалаҳои умдаи мероси Камолро барои хонанда равшан мегардонад. Дар охир тибқи талаботи илми матншиносӣ феҳристи мундариҷот, феҳристи ашъор, феҳристи ақволу ахбор ва амсолу ҳикам, феҳристи ашъори ҳошия ва таълиқот, феҳристи ашхос, феҳристи амокин, феҳристи осор таҳия шуда, ки кори хонандаро дар пайдо намудани матлаби хос  осон мегардонад.

Воқеан, матни девони Шайх Камоли Хуҷандӣ, ки Фахриддин Насриддинов таҳия намудааст, бо такя ба нусхаҳои зиёди муътабари куҳан санҷида шуда, ҳамаи мароҳили нақду тасҳеҳро паймуда, бо феҳристу тавзеҳот ва таълиқоти лозимӣ ба нашр расидааст. Ф. Насриддинов ҳангоми таҳияи матни ашъори Камол чаҳор шеваи таҳияи матн, ки аз талаботи илми матншиносӣ буда, матни илмӣ-интиқодӣ бо ин равиш ба миён меояд, ба кор бурдааст. Аввалан, нақду тасҳеҳ бар мабнои нусхаи  архетип ё худ модар анҷом ёфтааст. Муратиб ҳамаи нусхаҳои дастраси ашъори Камолроро мӯшикофона омӯхта, нусхаи шумораи 3945 аз китобхонаи Аёсӯфияро ба сифати нусхаи асос интихоб мекунад ва ин интихоби худро бо далоили илмӣ собит менамояд. Сониян, аз он сабаб, ки нусхаҳои зиёди муътабар зери даст дошта, бо такя ба нусхаи асос дар мавриди зарурӣ барои таъйини асолати матн аз равиши нақду тасҳеҳи илтиқотӣ истифода мекунад. Солисан, корбурди меъёрҳои равиши тасҳеҳи тавъам ё худ байнобайн имкон дода, ки  мураттиб бо муқобалаи нусхаҳои зиёди муътабари куҳан камбуд ва заъфи  нусхаи архетипро бартараф созад. Масалан, ҳар гоҳ нусхаи асос матнеро надорад, мураттиб бо риояи меъёрҳои равиши тасҳеҳи байнабайн онро бар асоси нусхаҳои муътабар тасҳеҳ намудааст. Солисан, мураттибро зарур омада гоҳе аз равиши тасҳеҳи қиёсӣ астифода барад, вале ба ҳеч ваҷҳ аз тасҳеҳи завқӣ кор нагирифта ва ба нусхаи асосу нусахи муътабар вофодор мондааст.

Баррасии кулли нусхаи таҳиянамудаи  донишманди ҷавони дақиқназар, профессор Фахриддин Насриддинов аз доираи як мақола берун аст. Аз он ҷо, ки ин нусхаи мавриди назар дастраси ҳамагон нест, лозим медонем сари он абёти Камол баҳс кунем, ки дар байни халқ машҳуранду вариантҳои гуногун доранд. Машҳуртарин ғазали Камол, ки вирди забони хосу ом асту дар аксари китобҳои дарсии муассисаҳои таълимӣ, ҳам ба сифати содаву равон буданаш ва ҳам барои таъйини “ғарибӣ”-и шоир онро намуна овардаанд, ғазалест бо матлаъи зер:

Дил муқими кӯи ҷонон асту тан ин ҷо ҷо ғариб,

Чун кунад бечораи мискин тани танҳо ғариб?! [11,169]

Ин ғазал аз нусхаҳои қадиме, ки таърихи китобаташон дақиқ аст, танҳо дар нусхаи шумораи 2103 китобхонаи Отиф Афандии шаҳри Истанбул омада,  ки соли 872\1467, яъне 66 сол баъд аз марги шоир китобат шудааст. Ҳамчунин ғазали мазкур дар  чаҳор нусхаи дигар омада, ки санаи китобаташон, бино ба тахмини Ф. Насриддинов,  ба садаҳои ХУ-ХУ1 мансубанд. Дар нусхаи шумораи 2103 мисраи аввал чунин омадааст:

Ҷон муқими кӯи ҷонон асту тан ин ҷо ғариб...

Баҳром Раҳматов ва Оқилбой Оқилов дар  девони таҳиякардаи худ бо такя ба нусхаи  шумораи 2103 ба ҷойи дил “ ҷон” овардаанд, аммо Фахриддин Насриддинов “дил” меоварад. Ин маънӣ, ки аз назари орифоне чун Шайх Камол, ҷон ё худ рӯҳ аз олами улвӣ, рӯҳонӣ асту дар замони мушаххас сайри нузулӣ мекунад ва дар ин дунё  асри қафаси тан мешаваду ғариб мегардад ва бояд  сайри суудӣ кунад ва худро аз банди нафсу шаҳвоти нафсонӣ ва аз қайди дунёву тааллуқоти дунявӣ озод созаду дубора ба ватани аслии худ – олами рӯҳонӣ бирасонад, ба ҳар як аҳли маънӣ равшан аст. Мурод аз ҷон “рӯҳи инсонӣ ва киноя аз нафси раҳмонию таҷаллиёти ҳақ аст” [14,283]  ва  ҷонон “сифоти қаюмист, ки қиёми ҷумла мавҷудот ба ӯст” [14,284]. Аммо дил  дар истилоҳи орифон  маъонии зиёде дорад, аз ҷумла “нафси нотиқа”, “маҳалли тафсили маъонӣ”, “махзани асрори ҳақ” [14,387] ва ғайра.

Аз сӯйи дигар, маҳз дили ошиқ аст, ки муқими кӯи ҷонон асту дар чини зулфи ёр манзил гузидааст. Корбурди вожаи “дил”-у ибораи “кӯи ҷонон” ва наздик ба маънии байти болои Камол дар ғазале аз  Ҳофиз мушоҳида  мекунем, ки матлаъаш ин аст:

Мусулмонон, маро вақте диле буд,

Ки бо вай гуфтаме, гар мушкиле буд…

Хусусан байти севуми он:

Зи ман зоеъ шуд андар кӯйи ҷонон,

Чӣ домангир, ё Раб, манзиле буд. [12,217]

Дар девони Камол низ чандин байт метавон пайдо кард, ки шоир аз манзили дил дар шиканҷи зулфи ҷонон сухан гуфта бошад:

Дилам рафта гум шуд дар он кӯ маро

Тавон ёфт, гар ӯст дилҷӯ маро. [11, 139]

***

Доми  дилҳост  зулфи  дилбари  мо,

Хонамаш  “дома зиллуҳу абадо. [11,136]

***

Дилу ҷон то раҳанд аз банд, бикшо зулфи мушкинро,

Ба поят мефитанд, охир, раҳо кун як-ду мискинро. [11, 141]

Аммо овардани ин далелҳо на ба он маъност, ки вожаи «ҷон» дар байти мавриди назар тамоман бемаънову ноҷо бошад.Б. Раҳматов ва А. Оқилов бо такя ба нусхаи муътабари шумораи 2103 калимаи «ҷон»-ро муносиб дидаанд, аммо Фахриддин Насриддинов ин ҷо  равиши  тасҳеҳи байнобайн ба кор гирифта, вожаи «дил»-ро бармегузинад.

Дар нусхаҳои девони тоҷикистонии даврони Шӯравӣ (дар китобҳои дарсии замони Истиқлол низ) ба ҷои “тан”-и мисраи аввал “ман” навиштаанд, ки ба қавли равоншод Абдулманнони Насриддин, “ғарибӣ”-и Камоли Хуҷандиро мушаххас ва таъйин кардааст”, ки “дуруст нест” [13, 280]. Баъзе бар он андешаанд, ки “тан” на аз олами улвӣ, балки аз олами моддӣ, хокӣ асту наметавонад ғариб бошад ва аз ин сабаб вожаи  “ман” мувофиқтар аст. Бояд зикр кард, ки аввалан, дар ҳеч як нусхаи муътабари девони Камол дар зикри ин байт вожаи “ман” забт нагардидааст. Сониян, дар ҳалли ин мушкил низ Ҳофиз ба суроғи мо меояд:

Даст аз талаб надорам, то коми ман барояд,

Ё тан расад ба ҷонон, ё ҷон зи тан барояд. [12,232]

Ҳамчунин байти зер, ки нусхаҳои гуногуни он дар навиштаҳову гуфтори  мардум роиҷ аст, Фахриддин Насриддинов шакли дурусти онро меоварад:

Дар лутфи табъ Саъдии Шерозиӣ, Камол,

Бовар намекунанд, ки гӯӣ хуҷандиям. [11,846]

Хулоса, олими ҷавону дақиқназар, профессор Фахриддин Насриддинов дар асоси беш аз шаст нусхаи муътабар матни илмӣ-интиқодии  «Девон»-и Шайх  Камоли Хуҷандиро таҳия намуда, ки имрӯз беҳтарин ва ҷомеътарин девони ин шоири орифи баландовоза аст. Ин нусхаи девони Камол тасҳеҳи мустанад буда, сафҳае тозае дар матншиносии тоҷик аст ва бидуни тардид, метавон онро ба сифати матни илмӣ-интиқодӣ қабул кард. Заҳмати таҳиягар шоёни сад таҳсин аст, аммо набояд бо ин ҳама қаноатманду шуду дафтари девони Камол хатмшуда шумурд. Шайх Камол аз суханварони  рутбаи аввал асту нусхаҳои девонаш  дар саросари ҷаҳон паҳн гашта ва ин шасту чанд нусха низ, ба қавли мураттиби девони мавриди назар, «наметавонад иёри ҳама гуфтаҳои Камоли Хуҷандӣ қарор бигирад».

 

Китобнома:

 

  1. Девони Камоли Хуҷандӣ. /Тасҳеҳи Азизи Давлатободӣ,- Табрез, 1337.
  2. Девони Камоли Хуҷандӣ. /Тасҳеҳ ва муқобалаи  Аҳмади Карамӣ ,- Теҳрон, 1372 .
  3. Девони Камоли Хуҷандӣ. /Тасҳеҳи Азизи Давлатободӣ,- Теҳрон, 1375.
  4. Девони Камоли Хуҷандӣ. /Тасҳеҳи Эраҷи Гулисурхӣ,- Теҳрон: Суруш, 1374, дар ду ҷилд.
  5. Камоли Хуҷандӣ. Девон/Матни интиқодӣ ба эҳтимоми Козими Шедфар-Москва: Наука, 1976, дар ду ҷилд ва чаҳор китоб.
  6. Камоли Хуҷандӣ. Девон/Ба чоп тайёркунандагон Ш.Ҳусейнзода, Н.Қаҳҳорова ва С.Асадуллоев (дар ду ҷилд)-Душанбе: Ирфон, 1983-1985.
  7. Камоли Хуҷандӣ. Девон. /Таҳия ва тасҳеҳи матн аз Абдуҷаббори Суруш ва Саидумрон Саидов. Хуҷанд – 2011.
  8. Камоли Хуҷандӣ. Девон/Бо пешгуфтор ва таҳияи А.Суруш.-Хуҷанд: Хуросон, 2015.
  9. Камоли Хуҷандӣ. Девон/Бо муқаддима, таҳия ва тасҳеҳи Бадриддин Мақсудов. –Душанбе: Адиб, 2015,-480 сафҳа

10.Камоли Хуҷандӣ. Девон/Таҳиякунандагони матн, муаллифони тавзеҳот ва охирсухан Баҳром Раҳматов ва Оқилбой Оқилов. –Хуҷанд: Хуросон, 2020,-1328 сафҳа.

11.Шайх Камоли Хуҷандӣ. Девон(матни илмӣ-интиқодӣ)/Муқаддима, тасҳеҳ ва таълиқоти Фахриддин Насридинов.-Хуҷанд: Ношир, (дар ду ҷилд) 2020,-1432 сафҳа.

12.Ҳофизи Шерозӣ. Девон./Таҳияи Ш.Р. Исрофилниё,-Душанбе, 2015.

13.Насриддин, Абдулманнон. Матншиносии осори адабӣ.-Хуҷанд, 2009.- 392 сафҳа.

14.Саҷҷодӣ, Сайидҷаъфар. Фарҳанги истилоҳот ва таъбироти ирфонӣ.Теҳрон, 1378.

 

Ш.Р. Исрофилниё-доктори илми филология, профессор, мудири кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ

 

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj