• Таджикский
  • Руский
  • Английский
Исследование
There are no translations available.

ОБ ВАСИЛАИ ҲАСТИИ ИНСОНУ ТАБИАТ

Набояд фаромӯш кард, ки дар замонҳои қадим гузаштагони мо рӯдҳоро посбонӣ мекарданд  ва нисбат ба об эҳтироми хосса доштанд. Об манбаи ҳаёт аст ва бидуни он ҳеҷ махлуқ зиста наметавонад. Аз ин рӯ, Саноии Ғазнавӣ дар шинохти арзиши об чунин фармудааст:

Оби ноёфта гарон бошад,

Чун биёбанд, ройгон бошад.

Дар замони муосир мушкилоти об, махсусан оби тоза дар арсаи байналмилалӣ яке аз масъалаҳои мубрами рӯз ба шумор меравад. Оби тоза омили муҳими зиндагӣ буда, барои солимии  инсон аҳамияти ниҳоят калон дорад. Пайомадҳоеро, ки дар оянда мушкилӣ ва танқисӣ ба обро бор меоваранд, ба назар гирифта, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон пайваста  бо ташаббусҳои арзишманди хеш дар сатҳи байналмилалӣ дар бобати истифодаи оқилонаи захираҳои об барномаҳои манфиатоварро пешниҳод месозанд. Маҳз бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷи­кистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2003 «Соли байналмилалии оби тоза» эълон гардид ва ин иқдоми Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон минбаъд боиси мавриди амал қарор гирифтани солҳои 2005-2015 ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об — барои ҳаёт» гардид. Созмони Милали Муттаҳид ташаббусҳои бузурги Пешвои муаззами тоҷиконро ҷонибдорӣ карда, соли 2013-ро «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об» эълон намуд.

Чӣ гуна, ки ба ҳамагон маълум аст, об аз ҷумлаи омилҳои муҳими экологӣ барои олами зинда мебошад. Бе об ягон организми зинда фаъолият карда наметавонад. Ин аст, ки обро мӯъҷизаи табиат меноманд. Об барои нигоҳдории фаъолияти мӯътадили ҳуҷайраҳо ва бофтаҳои фауна ва флора зарур аст. Муҳимтарин раванди ҳаётан зарури биологии  организмҳо бо иштироки об ба амал меоянд. Аз ин ҷост, ки об қисми ҷудонашавандаи кулли организмҳои зинда мебошад. Ғайр аз ин, об барои организмҳо ҳамчун василаи ҳалкунанда аҳамияти бузург дорад.

Ҳама он чизе, ки инсон истеъмол мекунад, тавассути об ҳосил мешавад. Ҳамзамон инсон обро ҳамчун ашёи хом дар саноат, кишоварзӣ ва ҳаёти ҳаррӯзаи хеш пурра истифода мебарад.

Ин вобастагии ногусастанӣ инсониятро водор месозад, ки дар бораи сифат ва тозагии об мунтазам ғамхорӣ намояд. Инсоният дар ҳама давру замон тозагии обро гарави саломатӣ медонист. Об барои ба вуҷуд овардани организми нав нақши муҳим дошта, маҳз ба воситаи он мубодилаи моддаҳо ба амал меояд.

Агар ба оинаи таърихи гузашта бингарем, дарк мекунем, ки ниёгони мо обро чун неъмати муқаддасу пок парастиш менамуданд. Яъне аз ибтидо об ба сифати неъмати поку равшан ва атокунандаи бахту иқбол шинохта шудааст. Ҳаёти инсонро бидуни об наметавон тасаввур намуд. Зеро нарасидани об фаъолияти мунтазами ҷисмро вайрон намуда, сабаби аз байн рафтани он мегардад.

Об манбаи ҳастии ҳамаи мавҷудоти олам аст. Об захираи бузургест, ки воқеияти он ҷаҳону зиндагониро таровату зебоӣ ва сарсабзиву озодагӣ мебахшад.  Ҳастии тамоми организмҳои зинда, ободӣ ва озодагиву пурбаракатӣ ҳама ба об вобастагӣ дорад.

Инсон бе об зиндагӣ карда наметавонад. Ҳатто қисмати зиёди вазни бадани инсониятро об ташкил медиҳад. Инсон дар тамоми лаҳзаҳои ҳаёташ аз об истифода мебарад.

Ҳоло истифодаи об беш аз пеш меафзояд. Ин ба зиёд шудани аҳолӣ, беҳтар шудани шароитҳои санитарию гигиенӣ, инкишофи саноат ва обёрикунонии заминҳо вобастагӣ дорад. Агар истеъмоли шабонарӯзии об ҳоло дар деҳот ба сари ҳар як нафар 50 литр рост ояд, пас ин меъёр дар минтақаҳои шаҳрнишин  бештар  аз 150 то 450 литр мебошад. Афзудани истифодаи об дар сайёра хавфи норасоии обро ба миён меоварад. Барои пешгирӣ ва бартараф кардани он бояд тадбирҳои зарурӣ андешид.

Ҳоло дар дунё яке аз мушкилоти ҷаҳонӣ  ин норасоии об ба ҳисоб меравад ва аз сабаби норасоии оби ошомиданӣ бисёр минтақаҳои дунё танқисӣ мекашанд. Сабаби асосии норасоии об ин ифлосшавии обҳои сатҳӣ мебошанд. Ба ғайр аз ин партовҳои соҳаҳои гуногуни саноат ба ифлос шудани кӯлу дарёҳо оварда мерасонанд. Оби баҳру уқёнусҳо бошад аз нақлиётҳои обӣ, партовҳои пластикӣ, маҳсулоти нафтӣ ва пайвастагиҳои органикии заҳрнок ифлос мегарданд. Масалан, як қатра нафт то 5 м2 масоҳати сатҳи обро бо плёнкаи 2 мм мепуӯшонад, ки дар наниҷа додугирифти оксигени обу ҳаво қатъ мегардад.

Модоме, ки асоси зиндагии ҳамаи мавҷудоти олам обро медонем, пас вазифадорем, ин маҳзани бузургро чун асоси ҳастӣ, чароғи равшандиҳанда, созгори дунёи ҳастӣ эҳтиром намоем, тозаву озода нигоҳ дорем ва нагузорем, ки ин муъҷизаи бузурги табиӣ ифлос гардад.

Сафармади Мирзоалӣ, муаллими калони кафедраи ботаникаи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ

 

 
free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj