• Tajik
  • Russian
  • English
Пажуҳиш
There are no translations available.

БАЛАНД БАРДОШТАНИ СИФАТИ ТАЪЛИМ ТАВАССУТИ ИСТИФОДАИ УСУЛҲОИ ОМӮЗИШИ ҲАМФАЪОЛ

Мусаллам аст, ки баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар ҳар давру замон яке аз масъалаҳои мубрами соҳаи маориф маҳсуб меёбад. Дар  шароити  муосир вазифаи муаллим ба куллӣ  тағйир меёбад. Дар шароити имконоти беканори дастрасӣ ба ҳама гуна иттилоот муаллим бояд натанҳо дониши худро ба хонандагон интиқол  диҳад, балки пеш аз хама, тарзҳои истифода аз иттилоъро низ таълим  диҳад. Ин аз муаллим мусаллаҳ буданро бо методикаи нави таълим, назарияҳои муосири  равоншиносии  маърифатӣ, стратегияхои умумифаннӣ ва технологияҳои омӯзиш талаб мекунад. Таъкид кардан бамаврид аст, ки дар Донишгоҳ ассистентону омӯзгорони ҷавон зиёданд ва на ҳамаи онҳо бо малакаву маҳорати касбӣ мусаллаҳанд. Аз ин рӯ, эшон муваззаф ҳастанд, ки пайваста худомӯзӣ намуда, сатҳи малакаву маҳорати касбии хешро баланд бардоранд. Дар ин баробар ташкил кардани семинарҳои илмиву методӣ бо омӯзгорони ҷавон ба болоравии сифати таълим заминаи мусоид фароҳам меорад.

Ба касе пӯшида нест, ки соҳаи маорифи муосир дар зинаи трансформатсияи аз модели куҳнаи донишҳои мактабӣ ба зинаи нав - мактаби салоҳиятҳо қарор дорад. Омӯзгорон ба саволи куҳнаи чиро таълим додан ва чӣ гуна таълим додан дар шароити олами зудтағйирёбанда ҷавоб меҷӯянд. Чун мавзӯи матраҳшаванда доманадор аст, тасмим гирифтем  танҳо дар доираи истифодаи усулҳои ҳмфаъол, ки дар маорифи ҷаҳонӣ мавқеи назаррасро касб кардааст, изҳори андеша намоем.

Дар шароити кунунӣ яке аз роҳу воситаҳое, ки ҷиҳати баланд бардоштани сифати таълим заминаи мусоид фароҳам меорад, ин истифодаи усулҳои омӯзиши ҳамфаъол ба шумор меравад. Усулҳои таълими фаъол ва ҳамфаъол, таълим тавассути муҳити таълимӣ, инчунин шаклҳои гуногуни худташкилкунӣ дар таълим дар навовариҳои соҳаи маорифи кишварҳои пешрафта ба зинаи аввал мебароянд.

Усулҳои омӯзиши фаъол  усулҳое мебошанд, ки ҳамкорӣ (ё муносибати мутақобила) – и байни омӯзгор ва хонанда, инчунин хонанда ва омӯзгорро талаб мекунанд. Дар ҳамин маврид калимаи «интерактив» бояд истифода гардад, ки он аз калимаи англисии «interact» гирифта шуда, маънояш «inter» - «якҷоя» ва «act» - «амал кардан» мебошад. Усули таълим ва омӯзиши ҳамфаъол   аз омӯзанда фаъолияти баланд ва  дарки  эҷодкоронаи  маълумоти пешниҳодшударо талаб мекунад. Меъёрҳои асосии модели ҳамфаъоли таълим: ин имконияти муҳокимарониҳо ва пешниҳоди озоди  мавзӯъ,  ваъзхонии кам, вале шумораи зиёди фаъолиятҳои амалӣ, ташаббуси бештар аз тарафи  донишҷӯ, шумораи зиёди фаъолиятҳои гурӯҳие, ки кӯшишҳои якҷояро талаб мекунанд ва иҷроиши корҳои хаттӣ мебошад.

Талаботи дар боло зикргардида  ҳар як  омӯзгорро ҳушдор месозад, ки  пайваста бо донишҳои наву тозаи илмию методии соҳааш мусаллаҳ бошад, ташаббускору ҷӯянда ва эҷодкориро пешаи худ қарор диҳад.

Бо назардошти гуфтаҳои фавқ дар раванди дарс донишҷӯ бештар фаъолият намояд, на муаллим. Муаллим дар раванди дарс нақши раҳнаморо мебозад. Усулҳои омӯзиши ҳамфаъол дар назди муаллим як қатор вазифаҳо мегузорад, аз ҷумла:

1)    истифодаи самараноки вақт;

2)    риояи эҳтироми фикрии тарафайн. Қайд кардан бамаврид аст, ки дар таълими анъанавӣ дар бисёр ҳолатҳо ба мушоҳида мерасад, ки вақте ин ё он донишҷӯ ба дарс ҷавоб мегӯяд, донишҷӯёни дигар аксаран беаҳамиятӣ менамоянд ва фикри рафиқи худро гӯш намекунанд.Усулҳои омӯзиши ҳамфаъол тақозо дорад, ки донишҷӯён нисбат ба фикрҳои баёнкардаистодаи шарикдарсашон ҳисси эҳтиром дошта бошанд.

3)    Эътибор додан ба таъсирнокии сухан. Аслиҳаи тавоно ва умедбахши омӯзгор дар дарс ин суханронии ӯ маҳсуб меёбад. Сухани муаллим бояд чун оҳанрабо бошад ва тавонад, ки таваҷҷуҳи донишҷӯро ба худ ҷалб намояд.

Сабаби интихоби ин усулҳо аз он иборат аст, ки онҳо воситаи самараноки омӯзиш ба ҳисоб мераванд. Ҳамон усуле самараноктар ба ҳисоб меравад, ки бо истифода аз мавод ва вақти кам мақсадҳои таълимии  донишҷӯён  амалӣ шавад. Бинобар ин,  пеш аз интихоби усул, бояд  ба назари эътибор гирифт,  ки чиро таълим додан  зарур аст  ва шогирдон  чиро бояд омӯзанд, яъне мақсади таълимии омӯзгор  кадом аст.

Яке аз роҳҳои дигари фаъолгардонии дарс аз ҷониби  донишҷӯён  ин гузаронидани дарс тавассути гурӯҳбандӣ ба шумор меравад, зеро ҳама чизи нав ва воқеан шавқовар танҳо дар ҳамкорӣ пайдо мешавад. Аз ин диди нигоҳ, кори коллективӣ  хеле самарабахш аст. Аммо   ин   маънои онро надорад, ки муаллим ба осонӣ фаъолияти гурӯҳиро дар дарси худ ташкил карда метавонад.

Ба пиндори мо, омӯзгор он гоҳ метавонад омӯзиш дар ҳамкориро ташкил кунад ва ба қувваҳои шахсии худаш бовар дошта бошад, ки мафҳумҳои зеринро дақиқ фаҳмад:

1. Кӯшишҳои инфиродӣ аз кӯшишҳое, ки аз ҷониби коллектив ба амал меоянд, бо кадом хусусиятҳои худ фарқ мекунанд?

2.  Кадом натиҷаҳоро аз кори якҷояи гурӯҳҳои хурд метавон интизор шуд?

3.Чӣ бояд кард, то гурӯҳ ба дастаи ҳамфикрон табдил ёбад?

4.Чӣ гуна кори гуруҳоро    баҳогузорӣ бояд кард?

Нахуст бояд тазаккур дод, ки гуруҳҳои ҳамкорӣ бояд аз шумораи ками  донишҷӯён иборат бошанд. Ҳамон  қадар агар  гурӯҳ хурд бошад, ҳамон қадар ҳар  узви гурӯҳ масъулияти зиёдтарро  ҳис мекунад.

Дар сурати мавҷуд будани 25 нафар  донишҷӯ дар  аудитория омӯзгор метавонад  онҳоро ба 5 гурӯҳи 5 нафара ҷудо намояд. Аммо созмон додани гурӯҳ чандон кори осон нест, зеро имкон дорад, ки  донишҷӯ гурӯҳро аз диди хеш интихоб кунад. Омӯзгори ҳассос гурӯҳро тавре созмон медиҳад, ки онҳо баробарвазн бошанд (дар ин маврид сатҳи дониши шогирдон дар назар гирифта мешавад). Дар акси ҳол як гурӯҳ метавонад пурқувват бошад, гуруҳи дигар баръакс. Агар аъзоёни гурӯҳ фақат аз  донишҷӯёни дорои лаёқати суст иборат бошад, он гоҳ омӯзгор фаъолияти кори гурӯҳҳоро мувофиқи матлаб ба роҳ монда наметавонад. Омӯзгор  нафарони сустхонро ба гурӯҳҳо як ё дунафарӣ мешинонад. Гурӯҳҳо ба худ номгузорӣ мекунанд. Чунончи, Кабӯтар, Истеъдод, Дӯстӣ, Муваффақ ва ғайра. Ҳар кадоме аз гурӯҳҳо сабаби чунин номгузориашонро шарҳ медиҳанд.

Сипас саволу супоришҳои пешакӣ омоданамуда ба гурӯҳҳо тақсим карда мешавад. Бартарии ин тарзи кор дар он аст, ки  нафари дорои лаёқати суст дигар наметавонад ба фикри беруна дода шавад ва ҳаракат мекунад, ки ҷавоб ёфта натавонад. Дар ин маврид ба шариконаш эътибор медиҳад, ки чӣ тавр онҳо дар ёфтани ҷавобҳо кӯшишу ҳаракат менамоянд. Омӯзгор ба  донишҷӯён пешниҳод  менамояд, ки дониш ва малакаҳои андӯхтаашонро ба дигарон омӯзонанд. Вакте ки ба ин фаъолият тамоми аъзоёни гурӯҳ  чалб карда шудаанд, онро «фаҳмондадиҳии мустақим» номидан мумкин аст.

Ҳангоми пурсиши саволу супоришҳои пешниҳодгардида омӯзгор ҳаракат мекунад, ки бештар ҷавобҳоро аз нафарони дорои лаёқати суст пурсон шавад. Моҳияти ин амал дар он аст, ки    фаъолон нафарони сустхонро мавриди муҳокима қарор медиҳанд ва хоҳиш менамоянд, ки минбаъд дар ёфтани ҷавобҳо онҳо низ бетараф набошанд. Зери ин таъсир  нафари  сустхон кӯшиш менамояд, ки то андозае бошад ҳам, дар ёфтани ҷавоб ҳиссагузорӣ намояд.

Дар хотир бояд дошт, ки ҳар кадар ки ҳайати гурӯҳ зиёд бошад, ҳамон қадар   бо хусусиятҳои фардии гуногун, ба монанди қобилият, дониш, малака, маҳорат ва одатҳо дучор  шудан мумкин аст. Ҳар қадаре ки шумораи аъзоёни гурӯҳ зиёд бошад, ҳамон қадар дар назди ҳар узви гурӯҳ масъулияти бештаре гузошта мешавад: дар гурӯҳ бояд фазои дӯстона ҳувайдо буда, ҳар як нафар узви он ба баён кардани фикри худ, ҳамоҳангсозии ақидаи пешниҳодкардааш бо фикри рафиқони худ, баён кардани маводи таълимӣ, мушоҳида кардани он, ки ягон нафар аз гурӯҳ дар канор намонад, имконият дошта бошад.

Дар муайян кардани шумораи аъзоёни гурӯҳ хусусиятҳои супориш, ки онро бояд иҷро кард ва таъмини аъзоёни гурӯҳ бо маводи зарурӣ накши асосӣ  мебозад.

Аҳадов Зайниддин, и.в. мудири кафедраи педагогикаи  махсус ва таҳсилоти фарогири ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj