• Таджикский
  • Руский
  • Английский
Исследование
There are no translations available.

ЗАРУРИЯТИ ТАРТИБ ДОДАНИ КИТОБИ СУРХИ ТОҶИКИСТОН

Боигарии асосии табиати ҳар як мамлакат ин гуногунии наботот, ҳайвонот ва дигар организмҳои зинда дар дохили як намуд, байни намудҳо ва гуногунии экосистемаҳо мебошад. Мувофиқи маълумоти маъхазҳои гуногуни илмӣ табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон бой ва рангин буда, дар таркиби фауна ва флораи Тоҷикистон зиёда аз 13 000 намуди ҳайвонот ва беш аз 4 500 намуди растаниҳои гулдор муайян карда шудааст. 80% гуногунии биологии кишвар дар экосистемаҳои кӯҳии мамлакат маскун гирифта, ҳаёт ва рӯзгори беш аз 70% аҳолии Тоҷикистон аз истифодаи боигариҳои табиӣ вобастагӣ дорад.

Солҳои охир вобаста ба зиёдшавии таъсири антропогенӣ ба табиат ва экосистемаҳои он намудҳои зиёди растаниҳо ва ҳайвонот дар зери хатари нестшавӣ қарор доранд. Маҳз дар ҳамин давра чораҳои зарурии аз маҳвшавӣ нигоҳ доштани намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди нестшавӣ қарордоштаи наботот ва ҳайвонот аҳамияти хоса пайдо намудааст. Бинобарин, муҳофизат ва истифодаи оқилонаи захираҳои гуногунии биологӣ омили муҳимтарини беҳдошти некӯаҳволии аҳолӣ ва рушди устувори иқтисодию иҷтимоии ҷомеа ба ҳисоб меравад.

Дар даҳсолаҳои охир дар ҷумҳурӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси муҳофизати муҳити зист ва гуногунии биологии он як қатор чораҳо андешида шудаанд, ки ба қатори онҳо “Барномаи таъмини амнияти озуқа” ба тавсиб расидани санадҳои байналхалқӣ ба монанди Конвенсияи СММ “Оид ба гуногунии биологӣ” қабул кардани қонун оиди захираҳои генетикӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои муҳими марбут ба нигоҳдории гуногунии биологӣ амалӣ карда шудаанд.

Инчунин, аз нав ба тасвиб расондани Китоби сурхи Тоҷикистон яке аз қадамҳои устувор дар соҳаи муҳофизати гуногунии биологӣ мебошад. Чӣ хеле, ки маълум аст, ҳанӯз дар давраи Ҳукумати Шӯравӣ барои ҳифзи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордоштаи набототу ҳайвонот 1 марти соли 1979  қарори Совети Вазирони Тоҷикистон оид ба таъсис додани Китоби Сурхи Тоҷикистон содир шуд. Нашри якуми Китоби Сурхи Тоҷикистон бо роҳбарӣ ва иштироки бевоситаи олимони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1988 нахустин маротиба ба забони русӣ аз чоп баромада, соли 1997 он ба забони тоҷикӣ тарҷума гардид.

Худи Китоби Сурх ин ҳуҷҷати илмиест бобати ба танзим даровардани фаъолияти хоҷагии инсон, ҳифзи гуногунии биологӣ ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ. Намудҳои наботот ва ҳайвоноте, ки ба ин китоб дохил карда шудаанд, ба ҳифз ва ғамхории ҳамаҷониба эҳтиёҷ доранд. Дар нашри якуми Китоби Сурхи Тоҷикистон 162 намуди ҳайвонот ва 226 намуди растаниҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта, дохил гардида буданд. Нашри якуми ин китоб дар тули қариб 30 сол дар ҳифз ва нигоҳдории гуногунии биологии Тоҷикистон нақши муҳим бозид. Дар асоси маълумоти ин китоб оид ба ҳифзи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордоштаи набототу ҳайвонот чораҳои мушаххас таҳия ва амалӣ карда шуданд.

Китоби Сурх хуҷҷати рӯзмарра ва ҷорӣ буда, маълумоти дар он овардашуда вобаста ба тағйироте, ки дар сохтори табиии набототу ҳайвонот ба амал меоянд, тадриҷан ба такмил ва навгонӣ эҳтиёҷ доранд. Ҳамарӯза мо шоҳиди он мешавем, ки таҳти таъсири омилҳои гуногун, аз он ҷумла, тағийрёбии иқлим, таъсири фаъолияти номатлуби инсон ба шароити зисти набототу ҳайвонот ва ғайра намудҳои зиёдтареро ба гирдоби маҳвшавӣ оварда истодааст.

Бинобар ин мувофиқи талаботи Иттиҳоди байналхалқии ҳифзи табиат (ИБҲТ) маълумоти дар Китоби Сурх дарҷгардида бояд тӯли ҳар як даҳ сол вобаста ба тағйироте, ки дар таркиби гуногунии биологии маҳал ба вуқӯъ мепайвандад, таҷдид карда шаванд. Дар пеши олимон вазифа гузошта мешавад, ки мунтазам табиатро омӯхта, баъди ҳар даҳ сол барои таҳияи Китоби Сурх мавод ҷамъоварӣ намоянд. Вобаста ба таҳқиқоти аниқу дақиқи илмӣ метавонанд ба ин китоб намудҳоро дохил ва ё аз он хориҷ намоянд.

Дар солҳои охир бо тараққӣ кардани соҳаи техникаю технология имконияти саҳеҳтар омӯхтани миқдори намудҳои растанӣ ва ҳайвонот ба миён омадааст. Дар муассисаҳои илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазам оид ба гуногунии биологӣ ва ҳолати ҳозираи ҷамоаи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордоштаи набототу ҳайвонот маълумоти нави илмӣ гирд оварда мешаванд, ки имконият медиҳанд  ҳолати ҳозираи ҷамоаи табиии онҳо аз нав баҳогузорӣ карда шаванд.

Ҳамин тариқ олимони соҳа зарур донистанд, ки ба нашри дуюми

Китоби Сурхи Тоҷикистон оғоз кунанд. Билохира дар асоси фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2009 таҳти № 121-ф гурӯҳи корӣ оид ба таҳия намудани Низомномаи нави Китоби сурхи Тоҷикистон таъсис дода шуд. Ба ҳайати гуруҳи кори олимони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мутахассисони салоҳиятдори Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил гардиданд. Аз ҷониби гурӯҳи корӣ Низомномаи нави Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва бо вазорату идораҳои дахлдор мувофиқа карда шуд. Низомномаи нави Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 августи соли 2010, таҳти  № 387 тасдиқ карда шуд ва он ҳуҷҷати асосӣ барои омода намудани нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид.

Ба Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон, нашри дуюм 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвоноте, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор доранд, дохил карда шуданд. Номгӯи намудҳои олами набототу ҳайвоноте, ки ба нашри дуюми Китоби Cурхи Тоҷикистон тавсия карда шудаанд, бо қарори Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 январи 2014, таҳти № 11 ва қарори комиссия оид ба олами набототу ҳайвоноти нодир ва зери хатари маҳвшавӣ қарордоштаи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 октябри соли 2014, таҳти  № 1 тасдиқ карда шудааст.

Дар мураттаб сохтани нашри дуюми Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон бахши олами наботот, олимони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Б.Бобораҷабов, С.Султонов, С. Раҳимов ва дар бахши ҳайвонот Т.Сатторов ва Т.Наҷмиддинов саҳми арзанда гузоштаанд.

Вазифаи асосии Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси меъёру категорияҳои муқарраргардидаи Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат (ИБҲТ) арзёбӣ намудани ҳолати ҳифзи намуду зернамудҳои олами набототу ҳайвоноте мебошад, ки шумораашон маҳдуд гардида, ё ба ҳадди нестӣ расидаанд ва ба онҳо хатари маҳвшавӣ таҳдид мекунад. Нашри дуюми Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи душвори ҳифз ва таҷдиди захираи намудҳои нодири набототу ҳайвоноти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва истифодаи устувори захираҳои табиии кишвар нақши муҳим бозид.

Имрӯзҳо зарурияти чопи Китоби сурхи нав ба миён омадааст, бинобар ин 29 ноябри соли 2022  “Мизи мудаввар оид ба омода намудани нашри сеюми Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз тарафи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ҳамдастии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти Олмон оид ба ҳамкориҳои байналмиллалӣ (GIZ) баргузор гардид. Дар мизи мудаввар аз байни олимони соҳаи набототшиносӣ ва ҳайвоншиносӣ комиссия оид ба ҷамъоварии мавод барои нашри сеюми Китоби Сурх  ташкил карда шуд.

Хурсандиовар аст, ки дар рафти кори мизи мудаввар олимон барои аз Китоби Сурх берун намудани бабри барфӣ сухан карданд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки чораҳои андешида нисбати муҳофизати ин ҳайвони нодир беҳуда набуда, саршумори он дар ҷумҳурӣ ва берун аз он афзудааст.

Аз ин лиҳоз растаниҳои нодир ва намудҳои растаниҳои таҳти хатари нестшавӣ қарордошта ва гуруҳҳои табиии ташкилдодаи онҳо бояд ба Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил карда, ба таври махсус муҳофизат карда шаванд. Ба амалҳое, ки боиси нобудшавӣ, коҳиши захираҳо ё вайрон шудани муҳити нашъунамои намудҳои растаниҳои нодир, зери хатари нестшавӣ қарордошта ва гуруҳҳои онҳо мегардад, роҳ дода нашавад.

Ҳамзамон барои ҳифз кардани намуди растаниҳое, ки барқароркунии онҳо дар шароити табиӣ душвор аст, бо қарори мақомоти ваколатдор чораҳо андешида шавад ва дар шароити дигар барқарор кардани онҳо бояд чораҳо роҳандозӣ карда шаванд.

Балхова Латофат Мирзоевна, омӯзгори калони кафедраи ботаникаи факултети биологияи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ

 

 
free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj