• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Пажуҳиш

ТАҲЛИЛИ ВАЗИФАҲОИ МАКОНИИ ЧАНДЕ АЗ ПЕШОЯНДҲОИ СЕРМАҲСУЛИ ЗАБОНИ АНГЛИСӢ

Забони англисӣ ба монанди забони тоҷикӣ аз пешояндҳо хеле бой буда, таҳлили муфассали онҳо мавзуи баҳси мо нахоҳад буд. Дар ин мақола танҳо ба омӯзиши якчандтои онҳо: in, on ва at таваҷҷуҳ зоҳир карда мешавад. Ин пешояндҳои мазкури забони англисӣ доираи васеи истифода дошта, тарҷумаи луғавии онҳо дар забони тоҷикӣ бо як калимаи дар ифода мешаванд ва шояд аз ҳамин сабаб хело содда ва одддӣ ба назар расанд. Аммо ин фақат дар зинаҳои аввали омӯзиш буда метавонад. Шинохту донистани ҷою мавриди истифодаи онҳо ба омӯзандагони ин забон махсусан дар давраҳои миёнагӣ (pre – intermediate, intermediate) мушкилӣ эъҷод мекунад. Чун ки дар давраҳои ибтидоии омӯзиши забони англисӣ хонандагон пешояндҳоро дар шакли хело содда шинос мешаванд. Дар мисоли: in the morning – дар саҳар, in the house – дар хона, in town – дар шаҳр, in the middle – дар мобайни, on Monday – дар рӯзи якшанбе, on the first of... – дар рӯзи якуми..., on a bus – дар автобус, at home – дар хона, at work – дар кор ва ғайра ки онҳоро пурра ва алоҳида дар ин зинаҳо омӯзондан ғайри имкон аст.

Мушкилиҳое, ки дар шинохту фарқ гузоштани ин пешояндҳо хонандагон рӯ ба рӯ меоянд, ки дар забони тоҷикӣ бо як калимаи дар тарҷума мешаванд, дар он зоҳир мегарданд, ки онҳо на танҳо ҳамчун як навъи пешоянд балки дар вазифаи ду ва зиёда аз ин намуди пешояндҳо истифода мешаванд. Мисол: пешоянди in ҳамчун ифодаи давраи тулонии вақт – in winter – дар зимистон, ҳамчун пешоянди макон in the town – дар шаҳр, ҳамчун ифодагари давомнокии иҷрошавии амале – in the time that I was in Paris, I only once saw the River Seine - дар давоми вақи дар Париж буданам, ман ҳамаги як маротиба дарёи Сейнро дидам.

Ҳамин вазифаҳоро пешоянҳои on ва at низ доранд. Аз сабаби аз ҳама ҷиҳат дида баромадани ваифаҳои ин ҷонишинҳо мавзуи баҳси калон аст, дар ин мақола танҳо вазифаи маконии онҳо омӯхта мешавад. Ногуфта намонад, ин ҷонишинҳо серистеъмолтарин ва мураккабтарин дар байни дигар ҷонишинҳо ба ҳисоб мераванд, ки мо онҳоро дар алоҳидагӣ дида мебароем.

Дар забони англисӣ пешоянди at – ро истифода карда, дар мавриди маконе гап мезанем, ки онро ҳамчун маҳал ё нуқтаи аз ҷиҳти андоза назар ба минтақа ё шаҳру вилоят басе хурд аст, дар назар дорем. Ва оиди ҳодиса, воқеа ё рӯйдоде, ки гуруҳи одамон ҷамъ меоянд. Мисол: I arrived at New Street Station at 7:30. Ман дар кучаи Ню Стрит Стейшн соати 7:30 расидам.

There were very few people at Joan’s party. Дар шабнишинии Ҷоан хело одамони кам омаданд. We last met at the conference in Italy. Мо бори охир дар конфронс дар Италия вохурда будем. We were waiting at the far end of the room. Мо дар гушаи дури ҳуҷра интизор будем.

Дар мисолҳои дар боло овардашуда маҳдудияти макон дар мисоли истгоҳ ва гӯшаи хона, рӯйдоду воқеа дар мисоли шабнишинии Ҷоан ва конфронс дар Италия хело равшан ва возеҳ нишон дода шудааст.

Ҳангоми истифодаи пешоянди on аз хусуси маконе гап мезанем, ки марбут ба рӯй ё сатҳи ҳамвор, тахт мебошад ва ё чизе, ки мо онро ҳамчун  хат, рах, тараф, рост ба монанди роҳ ё дарё фикр мекунем.

Мисол: Is that a spider on the ceiling? Магар он анкабут аст дар шифт? (Дар ёд дошта бошед, ки мо дар девор, дар болои фарш мегуем). She owns a house on the Swain River. Ӯ дар дарёи Су(в)ейн хона дорад.

Дар ҷумлаи якум макон ҳамчун рӯй ё сатҳи ҳамвор муарифӣ шудааст, вақте ки дар ҷумлаи дуюм дар дарё ба маънои рост, бехам омада, яъне дар соҳили дарё будани хонаро нишон медиҳад.

Пешоянди in – ро истифода намуда, сухан доир ба макони доираи ҳудудаш калон меравад ё ҷизе ки дар дохили ҷой ё фазои калонтар мебошад.

Мисол: There's been another big forest fire in California. Дар Штати  Калифорния як сухтори калони дигари ҷангал шуда буд.   She looked again in her bag and, to her relief, there were keys.     Ӯ боз дар (дохили) ҷузвдонаш нигоҳ кард, барои таскини дилаш, ва калидҳо онҷо буданд.

Албатта, дар ин ду ҷумла хусусиятҳое, ки хоси пешоянди in аз рӯи маънои макониаш мебошанд, шарҳ ёфтаанд.

Илова бар ин, маълумотҳои доир ба истифодаи пешояндҳои макони in, on ва at дар боло ироашуда таваҷҷуҳи шуморо ба тафсири бештари онҳо дар ҷумлаҳои зер ҷалб мекунем:  My dream is to play at Wembley Stadium. Орзуи ман дар варзишгоҳи Вемблей бозӣ кардан аст. – макон ҳамчун нуқта, маҳал, мавқеъ, мавзеъ дида мешавад. Didn’t I see you in/at the pool yesterday? Магар ман шуморо дирӯз дар ҳавзи шиноварӣ надида будам? – дар ин ҷо макон ё дар дохили худи ҳавзи шиноварӣ ё ҳамчун нуқта ё мавзеъе дар шаҳр дида мешавад.

He lives in Perth.  Ӯ дар Перт зиндагӣ мекунад. –Перт номи шаҳр буда дар масоҳати калон ҷойгир аст.

We stopped in/at Milan, Florence and Pisa on our way to Rome.

Мо дар роҳи бозгашт ба Рим дар Милан, Флоренс ва Пиза бозист кардем.

Вақте, ки мо шаҳрҳоро ҳамчун мавзеъ ё нуқтае дар давоми сафар мебинем, пешоянди atро истифода мебарем ва пешоянди in – ро он вақте истифода мебарем, ки мо он шаҳрҳоро ҳамчун минтақаҳои маҳкам, ки мо муддате будем.

They were a great success in/at Edinburgh.

Онҳо дар Эдинбург комиёбии калон доштанд. – мо метавонем at – ро истифода кунем вақте, ки номи маҳалро ба ҷои муассиса, ташкилот ё воқеаву рӯйдод истифода кунем, - инҷо намоишномаи Эдинбург дар назар дошта шудааст; in – шаҳрро нишон медиҳад.

He’s in Los Angeles on business. Ӯ дар Лос Анҷелес аст. – ӯ ё дар онҷо қарор дорад ё дар онҷо зиндагӣ мекунад.

He’s at Manchester studying Linguistics. Ӯ дар Манчестер забоншиносӣ меомӯзад.  – донишҷӯ дар донишгоҳи Манчестер.

She works at Marks and Spencer. Ӯ дар Маркс ва Спенсер. – номи як ширкати алоҳида.  She works in a shoe shop. Ӯ дар мағозаи пойафзол кор мукунад. – намуди ҷой ифода ёфтааст. I stopped at the shop on the way home. Дар роҳи бозгашт ба хона ман ба мағоза даромадам. I was in the bank when Sue came in. Ман дар бонк будам вақте, ки Сю ворид шуд. – ҳангоми сухангӯӣ дар бораи иморатҳои ба монанди дандонпизишкхона, мағозаи универсалии худхизматрасонӣ (супермаркет), бонк, мактаб ва ғайра at истифода карда мешавад; in – ро истифода карда, таъкид месозем, ки дохили биноро дар назар дорем.

I read the paper in the taxi on the way. Ман рӯзномаро дар роҳ дар таксӣ хондам. – барои саёҳат аз таксӣ ё автомобили сабукрав истифода кардан.

I’ll probably go on the bus. Ман шояд дар автобус равам. – барои сайёҳат аз автобус, фойтун (карета), ҳавопаймо ва қатора истифода кардан; аммо агар мо дохили автобус ва ғайраро таъкид кардан хоҳем, пас метавонем пешоянди in – ро истифода кунем.

Мо одатан пешоянди at – ро пеш аз суроға ва in ё оn – ро пеш аз номи роҳ ё кӯча истифода мекунем. Мисол: They have opened an office at 28 Lees Road. Онҳо дар кӯчаи Лиз Роуд 28 идора кушоданд. The church is in/on Park Road. Масҷиди калисо дар кӯчаи Парк Роуд ҷойгир аст.

Аммо, баъзан маврид мо пешоянди оn – ро бар ивази in истифода мекунем, вақте, ки дар бораи роҳ ва кӯчаҳои дароз гап занем.

The town is on the Pacific Highway. Шаҳр дар Шоҳроҳи Песифик ҷойгир аст.

Мо метавонем ба ҷои in пешоянди at – ро истифода кунем, вақте, ки номи кӯчаро истифода карда, ба идораи дар он кӯча воқеъбуда муроҷиат мекунем. There was an important meeting of Ministers at Downing Street today. Имрӯз дар кӯчаи Даунинг Стрит вохурии муҳими вазирон доир гардид. Яъне дар ин кӯча бинои идораи вазирон ҷойгир аст.

Ба мушахасии маълумотҳо ва мисолҳои дар боло овардашуда нигоҳ накарда, мавзуъ дорои бахшҳои ҳалталабе мебошад, ки шарҳи онҳоро дар матнҳои алоҳида додан мумкин аст. Ба ҳар ҳол, бо боварӣ гуфта метавонем, тафсири оид ба ин пешояндҳои сермаҳсули забони англисӣ додашуда ёрӣ ва роҳнамои боэътимод дар шинохт ва истифодаи дурусти онҳо барои донишомӯзони ин забони дорои аҳамияти байналмиллалӣ хоҳад буд.

Сайфуллобекова Гулнора Абдулакимовна, ассистенти кафедраи забони англисӣ ҳамчун ихтисоси дуюм, ДДОТ ба номи С. Айнӣ

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj