• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Пажуҳиш

АДИБИ ИНСОНГАРО ВА ОДАМШИНОС

Дар таърихи адабиёт кам адибоне ҳастанд, ки пайваста як ҳадафи мушаххаси эҷодиро пайгирӣ карда бошанд. Бисёр иттифоқ меафтад, ки адибон бо таъсири низомҳои сиёсӣ, табдили мафкура ва арзишҳои иҷтимоӣ аҳдофи адабию эҷодии худро тағйир медиҳанд, худро ба сиёсати замон мувофиқ месозанд. Аммо адибону суханварони асилу воқеӣ, ки аҳдофашон, андешаи адабию эҷодиашон поя бар воқеияти зиндагӣ ва ҳақиқати фалсафаи ҳаёт устувор аст, дар халлоқияти адабию ҳунарӣ мавқеи устувори худро тағйир намедиҳанд. Устод Сорбон аз зумраи ана ҳаин гуна нависандагоне ҳастанд, ки ҳам дар зиндагии иҷтимоӣ ва ҳам дар фаъолиятҳои адабӣ аз мавқеи ғоявии худ берун нарафтанд ва нахоҳанд рафт. Агар мо роҳи тайнамудаи эшонро дар адабиёти муосири тоҷик пеши назар орем, бори дигар ба ин ҳақиқати бебаҳс мутақоид мешавем. Чунки рисолати эшон дар ҷодаи эҷод ва адабиёт тарғиби одаму одамгари ва ба таври кулӣ инсонгароӣ мебошад. Ба ҳамин хотир, устод Сорбон аз нахустин ҳикояҳо ва қиссаҳояшон ба таҳқиқи бадеии инсон бо ҳама расоию норасоиҳояш пардохтанд, ки онро имрӯз донишмандон дар илм антропосентризм ё инсонмеҳварӣ унвон карданд. Ба қавли мунаққид К.Шукруллоҳи «Сорбон шояд аз ба нудрат қаламкашонест, ки назари иҷтимоияш дар ҳамаи навиштаҳояш ошкор аст, зеро ӯ ягон вақт, ҳатто дар давраҳои фишори сахти мафкуравӣ кӯшиш менамуд, ки хости дилашро баён кунад, инсонро чи гунае ки дар зиндагӣ ҳаст, дар адабиёт тасвир намояд».

 

Вақте кас нахустин ҳикояҳои нависандаро мутолиа мекунад, боварӣ ҳосил менамояд, ки устод Сорбон аз ибтидо ҳамчун адиби дорои истиқлоли андеша ва фикр ба майдони адабиёт ворид гардиданд. Соли 1969 нахустин маҷмӯаи ҳикояҳои нависанда бо номи «Гап дар дил» ба нашр расид, ки он аз зуҳури як адиби тозаназар ва дорои қареҳаи хоси ҳунарӣ дарак дод. Дар ҳикояҳои ин маҷмӯа махсусан, тасвири чеҳраи зани тоҷик дар ҳамон давра боиси баҳсу гуфтугӯҳои гуногун гардид, ки сабабаш аз назари дигар ба қалам додани симои бонувони меҳнаткаши Шӯравӣ буд. Махсусан, дар ҳикояҳои «Хокистари ишқ» ва «Ғам дар дил» муаллиф кӯшида буд, ки дар баробари дунёи зоҳирӣ, дунёи рӯҳонӣ ва ҳолатҳои равонии зани тоҷикро ба хонанда нишон диҳад. Дар ҳикояҳои «Нақши рӯи барф», «Сурати зани ношинос», «Хонаи ишқ барҷост» нависанда маҳдудиятҳои назари атрофиёнро ба ҳайсияти инсонии зан маҳкум менамояд. Ҳамаи ин барои офаридани чеҳраҳои равшани занони ҳамон давра мисли Ҳамида («Занги аввал») ва Ашӯра («Санги сипар») замина гардидаанд. Дар симои онҳо нависанда муҳимтарин сифатҳои занони тоҷикро тасвир менамояд ва ин шеваи тасвири зан дар насри тоҷикии солҳои 70-80 хеле тақвият пайдо намуд.

 

Масири инсоншиносии устод Сорбон дар қиссаи «Санги сипар» хеле вусъат пайдо менамояд ва назари таҳқиқиаш амиқтар мегардад, чунки дар ин асар вазъи зиндагии мардум дар як замони хеле душвор, солҳои баъдиҷангӣ ба қалам дода мешавад. Устод Сорбон дар симои Ҳаким ва Ашӯра моҳияти як марҳиллаи ҳассоси рӯзгори мардуми деҳоти тоҷикро бо ҳама мушкилию монеаҳояш, бо ҳама неку бадаш ба тасвир мегирад. Диди бадеии нависанда дар ин қисса тобишҳои амиқу равшани иҷтимоӣ пайдо мекунад. Хонанда ҳангоми мутолиаи ин асар ба сарнавишти қаҳрамонҳои нависанда бетараф буда наметавонад. Ҳақ ба ҷониби мунаққиди зиндаёд Ҷ. Бақозода аст, ки навишта буд: «Нависанда дар қиссаи «Санги сипар» ҳаёти бағоят душвору вазнини деҳоти баъдиҷангӣ ва тақдири одамонро воқеъбинона ба тасвир гирифтааст». Сорбон ба воситаи образи бадеӣ, лаҳзаҳои воқеӣ, мубориза, ҷидду ҷаҳд ва кӯшиши деҳқонон дар мустаҳкам кардани хоҷагии қишлоқ, задухӯрди характерҳои мухталифро мӯътамад тасвир намудааст.

Мутолиаи “Санги сипар” ва қиссаҳои баъдии нависанда собит месозад, ки назари хоси инсоншиносӣ ва ҷаҳоншиносии устод Сорбон дар масири эҷодиаш пайваста дар ташаккулу инкишоф будааст. Дар қиссаи “Ҷӯгӣ”, “Буд набуд”, “Қумрӣ ”, “Шинел”, “Дашти морон” ва ғайра масоили марбут ба сиришти инсон, ҳуввияти он, худогоҳию хештаншиносии вай барои нависанда аҳамияти аввалиндараҷа пайдо мекунад. Дар қиёси масоили мазкур иртиботи шуғлӣ ва табақотии одам барои нависанда аҳамияти дуюмдараҷа доранд.

Дар солҳои ҳафтодуми садаи ХХ ба нашр расидани қиссаи “Ҷӯгӣ” дар муҳити адабии ҳамон солҳо ҳамчун падидаи ҷолиби адабӣ арзёбӣ шуда буд. Ин асар на танҳо аз тарафи адибон, балки аз ҷониби мунаққидони осори нависанда ҳам хеле истиқболи гарм пайдо кард. Устод М.Шакурӣ қиссаи мазкурро дар роҳи дарки амиқи алоқаи инсон бо муҳити иҷтимоӣ қадами ҷиддие ба пеш номида буданд. Дар ин асар хонанда бо чеҳраҳое мисли Чиннӣ, Худойқул, Онакалон, Адҳам, Саидқул вомехӯранд, ки онҳо дар насри муосири тоҷик комилан, симоҳои нав ва нотакрор буданд. Дар ин асар ҳаводиси иҷтимоию ахлоқие мавриди андешаи нависанда қарор мегиранд, ки онҳо барои ташаккули шахсият, ҷаҳони маънавӣ ва ахлоқию равонии он бетаъсир нестанд. Махсусан, сарнавишти Норҷон, ки печидагиҳои зиёде дорад, ҷолиб мебошад. Ин ҷо таъсири воқеияти иҷтимоӣ ба сарнавишти инсон равшан тасвир мешавад. Ба қавли муҳаққиқон “Сорбон бо ин қисса ҳам мавзӯи навро ироа кард ва ҳам тавонист, усули гайриқолабии шинохт ва тасвири инсонро ба миён кашад”.

Бояд гуфт, ки ҳамин гуна навҷӯӣ ва дарки тозаю амиқӣ воқеияти зииндагиро дар қиссаҳои “Буд набуд”, “Шинел”, “Қумрӣ”, “Дашти морон” ҳам ба мушоҳида гирифтан мумкин аст. Дар қиссаҳои номбурда шеваҳои таҳқиқи бадеии олами ботинии инсон, ковишҳои рӯҳию равонии он боз ҳам амиқтару равшантар мегардад. Дар қиссаҳои “Буд набуд”, “Шинел” мавзӯи ҷанг ба андеша гирифта мешавад. Нависанда тавассути ба ҳаракат овардани хотираи қаҳрамонононаш Шаҳбону ва Шайдо моҳияти фоҷеабори ҷангро, ки бадбахтию харобиҳое дар пай дорад, ба хонанада тафсир мекунад. Дар ин асарҳо бештар ёдномаҳо ва хотироту мушоҳидаҳои давраи бачагию наврасии муаллиф ҳамчун маводи бадеӣ истифода мешавад.

Илова бар ин, дар қиссаҳои зикргардидаи нависанда чеҳраҳои Шаҳбону, Холбибӣ, Шайдо, Сабо, Умрӣ, Абдухолиқ, Сангинбӣ, Истад ва дигарон ҷолибу хотирмон тасвир ёфтаанд. Ҳар яки ин шахсиятҳои достони бо ҳайсиятҳои хоси инсонӣ, ахлоқу рафтор ва андешаю кирдорҳояшон аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Дар қиссаҳои “Ҷӯгӣ”, “Буд набуд”, “Қумрӣ ”, “Шинел”, “Дашти морон”, ”Сабо” ва ғайра устод Сорбон бисёре аз хислатҳои бад ва сифатҳои ношоистаи одамонро бо тасвирҳои равшан ва қобили андеша маҳкум менамояд. Адиб таваҷҷуҳи хонандаро ба заминаҳо ва омилҳои шаклгирии сифатҳои бади инсонӣ ҷалб мекунад ва аз ин роҳ рисолати нависандагии худро дар назди хонанда ба пуррагӣ иҷро менамояд.

Устод Сорбон баъди пайдо кардани таҷрибаи бой дар таҳқиқи ҷаҳони ботинӣ ва зоҳирии инсон ба таълифи роман оғоз намуданд. Нахустин асари эшон дар ин навъи муҳташами наср романи “Актёр” буд, ки он соли 1981 ба табъ расид. Дар ин асар тибқи ишораи устод М.Шакурӣ, нақши муҳити иҷтимоӣ дар сарнавишти инсон хеле амиқ ва густурда ба қалам дода мешавад. Нависанда дар симои Ромиз сарнавишти зиёиёни тоҷикро дар як марҳилаи бедорӣ, худҷӯӣ ва худшиносӣ ба қалам медиҳад. Дар ин асар ҳам диди бадеию таҳқиқии нависанда ва ҳам шеваи нигориши ӯ густарда ва пурвусъат мебошад. Нависанда сарнавишти инсонро дар ин асар дар матни воқеияти замони мушаххас ба таҳқиқ мегирад. Дар ин асар чеҳраҳои Ромиз, Соҳиб, Ғиёс ва Муллоамак хеле омӯзонда ва ибратангезанд, чунки бархӯрдҳо, низоъҳо ва ихтилофҳои ботинию равоние, ки дар роман тасвир мешаванд, Ромизро водор менамояд, ки дар сари фалсафаи зиндагӣ андеша кунад ва ҷиддитар аз паси худҷӯӣ ва дарёфти асолати хеш равад. Ин монеаю мушкилиҳо Ромизро рӯҳафтода намекунанд, балки дар талошҳои худҷӯӣ ӯро қувват мебахшад.

Бояд гуфт, ки ҳунари чеҳраофаринии устод Сорбон дар романҳои “Зарафшон”, “Росу”, “Барзгар” ва “Достони писари Худо” хусусиятҳо ва ҷолибиятҳои дигар пайдо мекунад. Дар ин асарҳо нависанда дар сари ҳодисаю воқеаҳои муҳими таърихӣ андеша менамояд, ки сабақи онҳо барои зиндагии имрӯзу ояндаи халқ аз аҳамият холӣ нест. Аз ҷумла, дар романи “Зарафшон” муаллиф тавассути тасвирҳои муфассал собит менамояд, ки имрӯзу оянда бидуни гузашта наметавонад вуҷуд дошта бошад. Вай гузаштаи халқи худро дар оинаи имрӯз мебинад. Рафтору кирдори қаҳрамонони романи “Зарафшон” собит месозанд, ки дар ҳолати набудани иртибот байни дирӯзу имрӯз пайвандҳои ахлоқӣ ва маънавии байни наслҳо гусаста мегардад. Ба эътирофи муҳаққиқон устод Сорбон бо таълифи романи “Зарафшон” дар насри муосир шакли дигари романи таърихӣ, шеваи дигари маърифати воқеаю ҳодисаҳои таърихӣ ва шинохти шахсиятро ба вуҷуд овард. Устод Абдулҳамид Самад романи мазкурро баррасӣ намуда, барҳақ таъкид намуданд, ки “Зарафшон” дар эҷодиёти Сорбон “як марҳиллаи нав, як гардиши чашмрас мебошад”.

Романи “Зарафшон” аз се китоб иборат буда, дар саҳифаҳои он хонанда ба ашхосе мисли Ормон, Бурҳон, Гулсифат, Ниёз, Гулбарг,Фаёз ва ғайра рӯ ба рӯ мегардад, ки образи аксари онҳо дорои заминаи ҳаётию воқеӣ мебошанд. Ҳар кадоми ин ашхос дар тасвири нависанда бо вижагиҳои хоси худ бо ахлоқу рафтор ва дараҷаи маърифату ҷаҳоншиносии фардиашон ба ҷилва меоянд. Дар ин роман образи Ниёз аз бозёфтҳои муҳими эҷодию ҳунарии устод Сорбон мебошад. Шукӯҳу азамати шахсӣ ва иҷтимоии Ниёз, талошҳои ӯ барои имрӯзу оянда паҳнои ҳаммосии романи “Зарафшон” –ро рангин ва пурвусъат мегардонад. Дар натиҷа муаллиф аз оғоз то анҷоми роман саъй менамояд, ки қаҳрамонҳои асосии асарашро дар маркази воқеаҳои муҳими замон қарор диҳад ва бо ин роҳ зуҳури андешаҳо ва ангезаҳои тозаро дар ҷомеаи ҳамон давра тасвир созад. Асари сегонаи “Зарафшон” бо романи “Туғрал” поён меёбад ва он дар маҷмӯъ бозгӯи бадеии як давраи муҳими таърихии рӯзгори мардуми водии Зарафшон мебошад. Мутолиаи сарнавишти Ниёз ва Туғрал, ки дар марҳиллаи пуртазоди таърихӣ ҷараён мегирад, хонандаро водор месозад, ки дар сари масоили муҳиме мисли иртиботи шахс ва таърих, муносибати инсон ва замон андеша намояд. К.Шукруллоҳӣ романи мазкурро баррасӣ намуда ба хулосаи дуруст расидааст, ки бо он наметавон розӣ нашуд: “Дарк ва тафсири бадеии вазъи замон, ҷомеа ва сарнавишти инсонҳо дар фосилаи дури замонӣ, ки ноумедии фоҷеарез ва нигарониву умедвориҳоро ифода мекунад, аз дастовардҳои бузурги ҳунарии Сорбон дар романи сегонаи “Зарафшон” аст”.

Бояд гуфт, ки романи “Зарафшон” барои нависанда дар шинохти маърифат ва тасвирҳои пурвусъати мавзӯъҳои таърихӣ роҳи васеъ кушод. Ин асар бори дигар собит намуд, ки Сорбон на танҳо дар таҳқиқи мавзӯоти муосир, тасвири рӯзгору пайкори муосирон, балки дар таҳқиқи бадеии мавзӯъҳои таърихӣ, зиндагинома ва корномаҳои ашхоси бузурги гузаштаи наздику дур ба дараҷаи устодӣ расидаанд Таълифи романи “Достони писари Худо” далели равшани ин гуфтаҳост. Сужети ин роман дар заминаи воқеоти таърихӣ, лашкаркашиҳои Искандари Мақдунӣ ба кишварҳои Шарқ аз ҷумла, ба сарзаминҳои таърихии тоҷикон таҳия мешавад. Ин асар на танҳо аз ҷиҳати масъалагузорӣ, мавзӯъ, муҳтаво ва меъёрҳои ҷаҳоншиносӣ, ахлоқӣ, фалсафӣ, динӣ ва ғайра, ки барои наслҳои имрӯз ноошност, балки аз лиҳози фоҷиаҳо ва бархурдҳои сиёсиву иҷтимоӣ ҳам ҷолиб аст. Нависанда аз тариқи ба қалам додани симои Искандари Мақдунӣ, ки лашкаркашиҳояш фоҷиаҳои азими таърихиро дар пай доранд, рӯҳу фазои замонҳои дурро барои хонандаи имрӯз мекушояд. Муҳаққиқи насри муосир А. Набавӣ романи мазкурро инъикоскунандаи хусусиятҳои хоси тафаккури бадеӣ ва равоншинохтии эҷодии устод Сорбон номидааст, ки он воқеист. Дар роман номбурда муаллиф зимни тасвири шахсияти Искандар суолҳои зиёде барои андеша кардан дар мавриди мақом ва рисолати таърихии ин шахс ба миён мегузорад. Вай зимни баррасии бадеии ахбори сарчашмаҳои адабию таърихӣ чеҳраи воқеӣ ва ҳақиқии Искандарро ба хонанда муаррифӣ менамояд.

Дар маҷмӯъ, зуҳури романи достони “Достони писари Худо” бисёре аз афсонаҳову қиссаҳои бофташудаи безаминаро дар бораи шахсият ва пайкорҳою кишваркушоиҳои Искандари Мақдунӣ аз байн мебарад ва ҳақиқату воқеияти тарихиро барқарор месозад. Аз ин ҷиҳат, романи мазкур на танҳо барои хонандаи тоҷик, балки барои доираи васеи хонандагони кишварҳои Шарқу Ғарб муҳим ва қобили таваҷҷуҳ аст.

Маҳмудов Муҳаммадҷон Абдулаҳадович,

Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj