• Tajik
  • Russian
  • English
Пажуҳиш
There are no translations available.

РОҲҲОИ ИНКИШОФИ ХУДШИНОСӢ ВА ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ

Худшиносии миллӣ аз худшиносии шахсии афроди алоҳида шурӯъ гардида, дуввумӣ дар шаклгирии худшиносии миллӣ саҳми азим дорад. Ва ниҳоятан худшиносии миллӣ ва худшиносии афроди алоҳида ҳар яке такомулбахшандаи дигаре мегардад, яъне «худшиносии шахси алоҳида ва худшиносии ҷомеа сахт вобатаи якдигар аст».[1]

Худшиносии фардӣ-шахсии инсонҳо дар натиҷаи таъсири мутақобила бо муҳити атроф, яъне табиат, ҷомеа ва одамон ба вуқӯъ мепайвандад. Дар раванди худшиносии шахсӣ инсон роҷеъ ба худии худ, ба тавонмандиҳо, имкониятҳо ва ҳамчунин маҳдудиятҳои худ ва ба ҷойгоҳи иҷтимоияш донишу маълумот касб мекунад. Яъне сарманшаъ ва сарчашмаи худшиносии фардӣ-шахсӣ комилан аз ақл, шуур ва зеҳн вобаста аст. Албатта бояд диққат кард, ки «шинохти худ пояи устувори илмиву назарӣ ва амаливу ҳаётӣ дошта бошад, то ки аз аввал то ҳадди имкон ба сӯи дарки ҳақиқиву воқеъӣ роҳ пеш гирад, зеро худшиносии нодуруст, номукаммал, яктарафа, рӯякӣ ва ғайра ҷамъиятро аз шоҳроҳи камоли маънавӣ ба канор мебарорад ва мумкин аст, ки ба кӯчаю паскӯчаҳои сарбаста дарорад».[2]

Худшиносии миллӣ низ аз ақл, шуур ва зеҳн вобаста буда танҳо фарқаш бо худшиносии шахсӣ дар ин аст, ки он роҷеъ ба огоҳӣ аз таърихи миллати хеш, огоҳӣ аз шебу фарози роҳи паймудаи ниёгон, ифтихор аз дастовардҳои илмиву ва фарҳангии он, шинохти мавқеи таърихии миллати худ дар тамаддуни ҷаҳонӣ, шинохти ҷойгоҳи имрӯза ва ояндаи миллати худ ҳамчун узви ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, дарку эҳсоси ягонагии сарнавишти таърихию фарҳангии манофеъи миллати хеш ва ғайра равона шудааст.

Инхел огоҳиҳо ва шинохтҳоро «шуури миллӣ» гӯянд. «Шуури миллӣ як ҷузъи муҳими худшиносии маънавии шахс аст».[3] Дар яке аз таърифҳо чунин омадааст: «Шуури миллӣ ин маҷмӯи ақидаҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, ахлоқӣ, зебоипарастӣ, фалсафӣ, динӣ ва ғайра, ки мазмун, сатҳ ва вижагиҳои инкишофи маънавии гурӯҳ (ё ҷомеа)-ро тавсиф медиҳад».[4]

Шуури миллӣ бояд аз доираи шахсии афроди алоҳида берун омада хусусияти ҳамагонӣ пайдо кунанд, яъне так-таки афроди миллат бояд дорои чунин огоҳиҳо ва шинохтҳо шаванд.

Ба ин хотир бояд таъкид намуд, ки вақте сухан дар бораи худшиносию худогоҳии миллӣ меравад, сифат ё хислати «миллӣ» рӯҳияи маънавии коллективонаро, ки ба фаъолият мусоидат намуда, дар он зуҳур меёбад ифода менамояд. Яъне мақсад инки хислати «миллӣ» бояд дар доираи фаъолияти иҷтимоӣ-фарҳангии ҳамаи миллат ва ё аксарияти қариб ба иттифоқи миллат татбиқ гардад, на дар хусуси шахсиятии танҳо якчанд одамони алоҳида ё гурӯҳҳои алоҳида. Албатта ба ин нукта бояд таваҷҷӯҳ кард, ки «шуури миллиро аз маҳалгароӣ эмин доштан шарти зарурии ваҳдат мебошад.[5]

Бо таваҷҷӯҳ ба матолиби боло бояд гуфт асоситарин роҳи рушду инкишоф додани худшиносию худогоҳии миллӣ ин омӯзиши дақиқи таъриху фарҳанги пурифтихори ниёгони хеш мебошад, яъне «аз худ намудани дороиҳои таърихии фарҳангӣ, ҳосил кардани ёди таърихии пурмазмун шарти асосии худшиносии миллист, балки дараҷаи баланди он аст.[6] Халқ ҳамон вақт ба худшиносии миллӣ ноил мегардад ва ба ваҳдат мерасад, ки таърихи худро эҳё дорад, арзишҳояшро барои пешбурди соҳаҳои мухталиф равона намуда, эҷодкор ва пешбарандаи он бошад.[7] Аз ин лиҳоз, мебинем давлату Ҳукумати Тоҷикистон дар тӯли солҳои истиқлолият ба омӯзиши амиқ ва таҳқиқу таблиғи таърих ва фарҳанги пурифтохори миллати тоҷик рӯ овардааст. Ба гуфтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон:

«Мо аз оғози даврони истиқлолият, бахусус пас аз истиқрори сулҳ, арҷ гузоштан ба гузаштаи пурифтихор, гиромӣ доштани таъриху фарҳанги ғании аҷдодӣ, таҷлили солгарду зодрӯзи шахсиятҳои таърихию бузургони илму ирфону адаб ва дар ҳамин замина бедор намудани рӯҳи худшиносию худогоҳӣ ва эҳсоси баланди шаҳрвандии сокинони кишварро ҷузъи муҳими барномаи сиёсати фарҳангии давлату ҳукумати кишвар қарор додем».[8]

Чуноне, ки шоҳид ҳастем, дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ, давлати Тоҷикистон ба таҷлилу бузургдошти шахсиятҳо ва сарзаминҳои таърихии миллати тоҷик иқдом намудааст, монанди таҷлилу бузургдошти Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Ҷалолуддини Балхӣ, Мирсаид Алии Ҳамадонӣ, Робиаи Балхӣ, Саъдии Шерозӣ, Абуалӣ ибни Сино, Камоли Хуҷандӣ, 1100-солагии таъсиси давлатти Сомониён, соли бузургдошти тамаддуни ориёӣ, 2700-солагии Авесто, соли бузургдошти Имоми аъзам Абӯҳанифа ва ҳамчунин баргузории ҷашни 2700-солагии шаҳри Кӯлоб, 2500-солагии шаҳри Истаравшан, 3000-солагии шаҳри Ҳисор, 5500-солагии Саразм ва ғайра.

Ҳадаф аз баргузории ин гуна чорабиниҳо - ба гуфтаи Сарвари далат, асосан тарбияи насли ҷавон, яъне хонандагону донишҷӯён дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳии миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва одобу ахлоқи ҳамида мебошад.[9] Зеро ниёгони хирадманди мо бо донишу андеша ва осори ҷовидонаи худ ба ваҳдату иттиҳоди мусулмонон (ва кулли ҷомеа) саҳми арзанда гузошта, ба раванди худогоҳиву худшиносии миллиямон вусъати тоза бахшидаанд.[10]

Пас, масъалаи омӯзиши осори таърихиву фарҳангӣ ва арҷгузорӣ ба хизматҳои фарзандони бузурги миллат дар роҳи таҳкими истиқлолияти давлат ва густариш пайдо кардани раванди худшиносиву худогоҳии ҳар як халқу миллат аҳамияти басо муҳим дорад.[11]

Албатта набояд худшиносии миллиро фақат дар ҷиҳати назарӣ-маънавӣ маҳсур намуд, балки асосан онро дар ҷиҳати амалӣ-рафторӣ низ бояд ба кор гирифт. Ба ибораи дигар «худро ба як миллат нисбат додан кам аст, чун намояндаи миллат огоҳона амал кардан даркор аст».[12] Худогоҳиву худшиносӣ(- и миллӣ) танҳо ифтихор аз дастовардҳои илмиву адабӣ ва фарҳангии миллати хеш нест, балки пойгоҳи устувори маънавиест, ки фарзандони бонангу номус ва огоҳу бедордили миллатро ба қиёсу хулосабарориҳо ва созандагиву бунёдкориҳо ҳидоят месозад. Худшиносӣ қутбнамоест, ки моро ба сӯйи асолат ва ҳуввияти миллӣ роҳнамоӣ карда, роҳи душвори давлатсозиву давлатдорӣ, расидан ба рӯзгори ободу осуда ва ҷамеаи мутамаддинро бароямон осонтар мегардонад.[13]

Яке дигар аз омилҳои муҳими инкишофи худшиносию худогоҳии миллӣ дар канори таҷлилу бузургдошти шахсиятҳо ва эҳёи таъриху фарҳанги миллат, ин фаъолияти соҳаи маориф мебошад. Дар ин бора мо баҳси ҷудогонаеро дар идома матраҳ намудаем.

[1] Муҳаммадҷон Шакурӣ, Истиқлол ва худшиносии иҷтимоъиву маънавӣ, Душанбе, Бунёди Оли Сомон, 1999, саҳ. 12.

[2] Муҳаммадҷон Шакурӣ, Истиқлол ва худшиносии иҷтимоъиву маънавӣ, Душанбе, Бунёди Оли Сомон, 1999, саҳ. 13-14.

[3] Муҳаммадҷон Шакурӣ, Истиқлол ва худшиносии иҷтимоъиву маънавӣ, Душанбе, Бунёди Оли Сомон, 1999, саҳ. 16.

[4] Восиев Ф., Назарияи мусолиҳаи миллӣ ва ваҳдати миллӣ: умумиятҳо ва хусусиятҳо, Ваҳдат, Давлат, Президент, Душанбе, Дониш, 2011, ҷ. 11, саҳ. 211.

[5] Ғаффорова М., Шуури миллӣ ва ваҳдат, Раванди ваҳдат ва назарияи он, ҷ. 19, Душанбе, Илм, с.2013, саҳ. 86.

[6] Муҳаммадҷон Шакурӣ, Истиқлол ва худшиносии иҷтимоъиву маънавӣ, Душанбе, Бунёди Оли Сомон, 1999, саҳ. 12.

[7] Давлатов Рамазонӣ, Ваҳдати миллӣ аз нигоҳи Аҳмади Дониш ва пайравони ӯ, Раванди ваҳдат ва назарияи он, ҷ. 19, Душанбе, Илм, с.2013, саҳ. 64.

[8] Эмомалӣ Раҳмон, суханронӣ ҳангоми зиёрати марқади Шамси Табрезӣ, 8 июли с. 2010, Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат, ҷ. 10, Душанбе, Ирфон, 2011, саҳ. 520.

[9] Эмомалӣ Раҳмон, суханронӣ дар вохӯрӣ бо омӯзгорон ва донишҷӯён, 1 сентябри с. 2009, Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат, ҷ. 10, Душанбе, Ирфон, с.2011, саҳ. 58.

[10] Эмомалӣ Раҳмон, паёми табрикӣ ба муносибати иди саиди Фитр, 18 сентябри с. 2009, Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат, ҷ. 10, Душанбе, Ирфон, с.2011, саҳ. 94.

[11] Эмомалӣ Раҳмон, табрикоти телевизионӣ ба муносибати рӯзи Рӯдакӣ, 22 сентябри с. 2009, Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат, ҷ. 10, Душанбе, Ирфон, с.2011, саҳ. 96.

[12] Муҳаммадҷон Шакурӣ, Истиқлол ва худшиносии иҷтимоъиву маънавӣ, Душанбе, Бунёди Оли Сомон, с.1999, саҳ. 16.

[13] Эмомалӣ Раҳмон, суханронӣ ба муносибати Рӯзи ваҳдати миллӣ с. 2009, Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат, ҷ. 10, Душанбе, Ирфон, 2011, саҳ. 7-8.

Файзуллаев Хайрулло, ассистенти кафедраи фалсафа ва фарҳангшиносӣ

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj