• Таджикский
  • Руский
  • Английский
Исследование
There are no translations available.

ТАҲЛИЛИ АРЗИШҲО ВА МЕЪЁРҲОИ ХОНАВОДАИ МУВАФФАҚ

Никоҳ ҷавҳари аслии хонаводаро ташкил дода, оилаи солим хонаводаи солимро шакл медиҳад ва дар ин баробар хонаводаҳои дурусттарбия  ҷомеаи солимро месозанд. Никоҳ муҳимтарин интихоб дар зиндагии ҳар як шахс мебошад ва он интихобест, ки роҳи ояндаи моро таъйин мекунад. Барои ин ки дар интихоб иштибоҳ  надошта бошем, чӣ бояд кунем? Аслан, чӣ тавр бифаҳмем, ки беҳтарин интихоб кадом аст?

Посух ба ин пурсишҳо дар вуҷуди худи мо нуҳуфтааст. Яъне, мо бояд бидонем, ки  дар шурӯи як зиндагии муваффақ бо касе, ки ӯро хуб намешиносем, аз ахлоқу одобаш огоҳ нестем, омода ҳастем ё на? Асосан, ҳадафи мо барои як зиндагии муваффақ дар чист? Оё мо тавоноии иҷрои масъулиятҳои хонаводагиро дорем? Оё мо метавонем дар ҳар вазъияти зиндагӣ,  дар ҳар шакли рафтору муносибат якдигарро қабул намоем? Оё мо дар ҳар вазъияти хонаводагӣ бо ҳам ҳамфикр шуда метавонем? Бинобар ин, барои шурӯи як зиндагии муваффақ бояд бидонем, ки ҳар чӣ қадар шиносоии пеш аз никоҳро дошта бошем, кофӣ нест. Чеҳраи воқеии ҳамсари мо дарҳол ифшо намешавад.

Модоме ки алакай интихобамонро кардаем ва зиндагиро шурӯъ намудаем, чӣ бояд бикунем? Ҳамаи одамон дар рафторашон  айбу норасогиҳои ахлоқиро соҳибанд. Худи мо ҳам аз камбудиву норасогиҳои ахлоқӣ  холӣ нестем. Ҳунар ва маҳорати ҳар ҳамсар ин аст, ки битавонад худро бо ахлоқ ва рафтору айбҳои ҳамсараш мувофиқу мутобиқ гардонад. Ин маънои онро надорад, ки мо ҳамаи айбу одатҳои номувофиқи онҳоро қабул намоем. Мо бояд ба он саъй кунем то ки ахлоқу рафторҳои нохуби худро тағйир диҳем. Агар бо ибораи файласуфон иброз намоем, ҳар як инсон микроолами алоҳида буда, ба таври комил олами ботинии касе ба касе шабоҳат надорад. Шоири машҳури Шарқ Муҳаммад Иқбол чунин фармуда:

Он чи дар Одам биғунҷад, Олам аст,

В-он ки Олам нағунҷад, Одам аст.

Аз ин ваҷҳ гуфтан ба маврид аст, ки ҳаргиз наметавонем, дигареро пурра тағйир диҳем ва аз ӯ инсоне бисозем, ки комилан мувофиқ бо идеалҳо ва хоҳишҳои мо бошад. Бинобар ин, саъй кунем, ки бо рафторҳои оқилона ва бо меҳру муҳаббат ин дигаргуниҳоро бо гузашти вақт эҷод кунем.   Мо бояд ба ҳамсарамон нишон диҳем, ки барои ӯ ва зиндагии якҷо  эҳтиром мегузорем ва ҳамеша барои расидан ба як ҳадаф, яъне хушбахтӣ талош мекунем.   

Мо дар он замоне ҷуфти муносиберо барои зиндагии худ интихоб мекунем, ки худамон фарди муносибе шуда тавонем. Ҳатто агар ҷуфти муносиберо ба унвони ҳамсар интихоб намоему худамон фарди муносиб набошем, дар ин ҳолат робитаи мо шикаст хӯрда, мушкилиҳои аз ин бешро ба вуқуъ меоварад.

Барои расидан ба муваффақиятҳои хонаводагӣ мутахассисони соҳа чунин меъёрҳоро пешниҳод менамояд, ки баҳисобгирии онҳо мувофиқи мақсад аст.

Қабл аз никоҳ никоҳкунандагон бояд мустақил ва омода бошанд.

Омодагии иҷтимоӣ  бо гузариши синнусол ба вуҷуд меояд ва ҳамин метавонад далели хуб барои никоҳ дар синни муносиб бошад. Беҳтарин омили пешбиникунандаи никоҳи муваффақ дар асоси таҳқиқот ин омодагӣ ба ҳаёти оиладорӣ ва синни муносиби ҳамсарон ҳангоми никоҳ мебошад.

Дар шуғл ва ҳунари худ боирода ва қавӣ будан.

Шуғл ё ҳунар метавонад амнияти молиявии хонаводаро таъмин созад. Ҷавононе, ки оила бунёд мекунанд, соҳиби ҳунару касбе бошанд ва ҳамроҳ дар амнияти молиявии хонавода ширкат варзанд, ки ин метавонад дар муносибати хонаводагии онҳо  ба вуҷуд оварад. Агар баръакс бошад, метавонад дар муносибати хонаводагии онҳо   мушкилии зиёди иқтисодиро эҷод кунад.

Ҳар ду нафар талош варзанд, ки худхоҳ набошанд ва хостаҳои ҳамдигарро бароварда созанд.

Вақте ки мо ба ниёзҳои дигарон таваҷҷуҳ мекунем, онҳо низ ба ниёзҳои мо таваҷҷуҳ мекунанд. Ҳақиқат ин аст, ки худхоҳии камтар беҳтарин силоҳи фард аст, чаро ки ба робитаи ҳамкорона ва самимона кӯмак мекунад ва барои ҳама судманд аст.  Зану шавҳар дар расидан ба ҳамаи  мақсаду орзуҳояшон дастиҷамъ талоши муштарак варзанд.  Ба қавли шоир:

Агар ду ёри мувофиқ забон яке созанд,

Фалак ба як ба як тани танҳо чӣ метавонад кард?!

Муваффақиятҳои пеш аз никоҳ

Ба забони сода гӯем, омӯхтани рафтори ду нафар пеш аз никоҳ нишондиҳандаи хубе аст ва ин нишон медиҳад, ки баъд аз никоҳ чӣ гуна бо ҳам бархӯрд намоянд. Мутахассисони соҳа ба он назаранд, ки қисми бештари сардшавии муносибатҳои ҳамсарон ин номувофиқии хусусиятҳои инфиродӣ-психологии онҳо шуда метавонад.

Кӯшиш барои расидан ба ҳамдигарфаҳмӣ

Ҳамсарон кӯшиш намоянд, ки  дар ҳар мавзуъ якдигарро дарк намоянд.

Барои он ки дар ҳаёти оиладорӣ як зиндагии  бомуҳаббат ва рӯзгори осудае дошта бошем,  ба аломатҳои  дуруст ташкил кардани он эътибор додан зарур аст:

  1. Пайдо намудани як шахси мунису ҳамсафари зиндагӣ шарти асосӣ ва муносибе барои хонавода аст. Будани шахси мунису ғамхор ба ин маънӣ аст, ки дар сафари зиндагӣ  ҳадафи муштарак дошта бошанд, то ҷодаҳои душвор ва пурпечутоби зиндагиро ҳамроҳ сипарӣ кунанд. Ҳамроҳи ҳамсафаре, ки мақсади муайяне надорад, чандон боварибахш нест ва агар шахс номувофиқро бо худ ҳамсафар созанд, боз ин дилнишин ва гуворо нахоҳад буд. Дар ин бора Сайидои Насафӣ фармудааст:

Ҳамин як сӯзани беришта хоре гашт Исоро,

Балое бадтар аз ҳамроҳи ноқобил намебошад.

  1. Рушди тарафайн дар зиндагии якҷоя, кӯшиш кардан дар муваффақиятҳои ҳамдигар ва пуштибонии самимонаи ҳамдигар метавонад муносибати ҳамдигарро мустаҳкам ва дилпур намуда  онро тақвият бахшад. Никоҳи мувофиқ метавонад беҳтарин интихоб барои муваффақияти ҳамсарон бошад. Аммо агар яке аз онҳо фақат дар фикри мақсад ва ниёзҳои худ  бошад, он гоҳ никоҳ наметавонад устувор ва умри ҷовидоне дошта бошад. Ғаразҳо боиси дисардӣ ва рахнаи дӯстӣ мешаванд. Дар маврид иқтибоси байти Мавлавӣ мувофиқи ҳадаф аст:

Ғаразҳо тира дорад дӯстиро,

Ғаразҳоро чаро аз дил наронем?!

  1. Никоҳ роҳе аст барои  бартараф намудани ниёз ва рафторҳои ҷинсӣ. Аммо агар робитаи ҷинсӣ сабаби аслии никоҳ бошад, мо аз ин гуна никоҳ муваффақ нахоҳем шуд. Чунки мувафаққияти никоҳ танҳо аз бартараф намудани талаботи шаҳвонӣ ва ниёзҳои шахсӣ иборат нест.
  2. Ба мақому мартабаи падарию модарӣ расидан яке аз масъалаҳое аст, ки аҳамияти он дар миёнсолӣ (синни миёни 40-60-солагӣ) бештар намоён мешавад, ки метавонад ба саломатию ҳолати равонии шахс кӯмак кунад.

Ниёзҳо ва далелҳое  мавҷуданд, ки шахс ба хотири он никоҳ мекунад, вале ин ниёзҳо боз    метавонад никоҳро ба мушкилот ва зиддиятҳое мувоҷеҳ намояд. Далелҳои нодурусти никоҳ инҳо шуда метавонад:

  1. Нофармонбардорӣ ва хилофи хостаҳои волидайн: Вақте ки фарде дар хонавода зиндагӣ мекунад ва волидайни ӯ таҳқиркунанда ё пастзанандаю носолим ҳастанд, ба назар мерасад, ки ин шахс барои фирор аз он муҳит никоҳро интихоб мекунад. Онҳое, ки дар гирдоби дарозмуддати шиканҷаву маломатҳои волидайн 7 аҳли оила ва хонавода ё дучори озорҳои ҷисмонӣ ва психологӣ дар хонавода будаанд, далелҳои қатъие доранд, то аз хонавода ба баҳонае гурезанд ва аз он дур шаванд. Дар ин гуна маврид беҳтар аст, дар ибтидо шахс истиқлоли шахсии худро   даст биёрад ва бо  хонаводаи худ биандешанд ва барои ҳалли мушкилоту масоил роҳе ё усуле ҳале пайдо карда, ин муҳитро аз ҷиҳати психологӣ хуб созанд, то ин ки даргири никоҳ шаванд. Бо никоҳ метавон аз як шароити фоҷиабор бигурехт, аммо оё метавонед пешбинӣ кунед, ки он ҷо шароити беҳтаре дорад ё на? Бисёре аз шахсоне, ки аз сахтгириҳои волидайн ба никоҳ паноҳ бурдаанд, никоҳи онҳо низ озордиҳанда будааст. Бинобар ин, дар чунин мавқеъ фард бояд барои худшиносӣ вақт ҷудо намояд ва баррасӣ кунад, ки то чӣ андоза дар ин робитаи хонаводагӣ гунаҳкор аст ва саҳми ӯ то чӣ андоза барои бароварда кардани хонавода аз ин буҳрон чӣ иқдоме метавонад анҷом диҳад, на ин ки осонтарин роҳ, яъне фирорро интихоб кунад. Ин гуна шахсон ҳатман дар нобасомониҳои зиндагии заношӯӣ тоқатпазирӣ накарда кӯшиш аз он хона фирор карданро роҳи ягона меҳисобанд.
  2. Ёфтани истиқлол: Ҷавонон кӯшиши зиёде доранд, то рӯи пои худ биистанд ва корҳояшонро худашон мустақилона анҷом диҳанд ва ё мустақил бошанд, аммо истиқлол ва озодӣ арзише аст, ки фард фақат ба танҳоӣ метавонад онро касб кунад. Бо такя кардан ба ҳамсар фард ба истиқлол нахоҳад расид. Бисёре ҷавононе ҳастанд, ки никоҳ мекунанд, то мустақил шаванд, аммо барои мустақил шудан солҳову моҳҳои зиёде лозиманд.
  3. Ҷуброни як робитаи ба шикаст дучоршуда: Беҳ шудани  ранҷҳо ва дардҳои як робитаи заволпазируфтаи охир далели манфии дигаре барои никоҳ аст. Дар баъзе ҳолатҳо фақат барои ҷуброн ва бартараф кардани  ранҷҳои як робитаи аз даст рафта дар пайи никоҳ ҳастем. Таъкиди мо барои ин гуна афрод ин аст, ки барои дур шудан аз ин гуна макон вориди чунин робита нашаванд. Ҳадди ақал барои ба ҳам омадан тақрибан 6-12 моҳ вақт лозим аст, ба шарте ки дар никоҳи навбунёди худ далелашро барои никоҳ дуруст арзёбӣ кунанд, зеро маъмулан дар ин ҳолат посухи дурусти мо ба ин таъкид ин аст, ки “на! Ман мефаҳмам, ки шумо чӣ мегӯед, аммо ин маротиба аз маротибаи қаблӣ фарқ дорад”.  Никоҳ замоне муваффақтар хоҳад буд, ки ҳамдигар “бихоҳанд” никоҳ кунанд ва“эҳтиёҷ” ба никоҳ дошта бошанд. Робитае, ки бар асоси пайвастани яке аз ду нафар шакл бигирад, аз ҳамон замон дар ҳолати хатар аст, барои он ки меҳрубонӣ байни он ду нафар на танҳо ба далели дӯстӣ ва ишқ нест, балки ба хотири шифобахшӣ ва беҳ шудани захмҳо ва ҷароҳати дигаре аст, ки қаблан рух додааст. Дар ин сурат ин байти шоир метавонад моро ба хулоса орад:

Ҷудоӣ то наафтад, дӯст қадри дӯст кай донад?

Шикастаустохон донад баҳам мӯмиёиро

  1. Фишори иҷтимоӣ ва ё хонавода: Бархе аз хонаводаҳо тибқи одоб ва русуми худ барои никоҳ ба ҷавонон фишор меоваранд. Дар як ҷомеаи демократию ҳуқуқбунёд ин фишор метавонад номақбул ва заиф бошад.
  2. Никоҳи маҷбурӣ: Як никоҳи аз қабл тартибдодашуда метавонад далели фишор барои никоҳ бошад. Гоҳе вақт аз замони кӯдакӣ барои никоҳи ду нафар суҳбат мекунанд, гаҳворабахш ҳам мегӯем. Ҳамаи хонавода бар ин эътиқод буданд, ки ин ду нафар бо ҳам никоҳ хоҳанд кард ва ҳоло ки ин афрод бузург шудаанд, эҳсоси фишор ва иҷбор мекунанд, ки бояд бо ҳам никоҳ кунанд. Ин навъ никоҳи маҷбурӣ яке аз далелҳои талоқ ё мушкилоти ҳалношуданӣ аст.
  3. Сиришти ҷинсӣ: Тавре ки қаблан таъкид намудем, никоҳ фақат барои рафъи ниёзи ҷинсӣ эҳтимолан наметавонад ба никоҳи муваффақе расида бошад. Дар ин гуна никоҳ зебоиҳои зоҳирии ҳамсар бештар мадди назар қарор мегирад ва шитобкориву саросемагӣ низ омили таъсиргузори манфии дигаре мебошад. Ин масъала бештар дар мардон мушоҳида мешавад, ё афроде, ки бисёр мазҳабӣ ҳастанд. Дар фарҳанги омма одами ризои ниёзи ҷинсӣ сабаби бархе бемориҳои равонӣ дониста мешавад. Масалан, барои беҳбуди ҳоли беморони равонӣ бархе тавсия ба никоҳ мекунанд, ки на танҳо ҳоли беморро беҳбуд нахоҳад бахшид, стересс ва фишори равонии бештареро эҷод хоҳад кард, ки метавонад бемориро авҷ диҳад.
  4. Раҳоӣ аз танҳоӣ: Агар ҳамакнун натавонем аз танҳоии худ лаззат бибарем, ё хуб истифода кунем, бо дигаре ҳам лаззат бурда наметавонем. Ҳамаи мо гоҳе дар зиндагӣ эҳсоси танҳоӣ мекунем. Аммо никоҳ барои фирор аз танҳоӣ як далели нодуруст аст. Беҳтар аст, танҳоии худро аз роҳҳои дигаре мисли варзиш, ҷойҳои тамошобоб, мусиқидармонӣ ва ғайраҳо бартараф кунем, назар ба он ки бихоҳем бо никоҳ онро рафъ кунем.
  5. Эҳсоси гуноҳ ё тараҳҳум: Гоҳе дар робита бо як нафар аз рӯи тараҳҳум ва дилсӯзӣ тасмим ба никоҳ мегирем. Масалан, ба хотири эҳтироми падару модар ва наранҷонидани шахсони бароямон наздик. Эҳсоси гуноҳ ё эҳсоси тараҳҳум ба ҳар далеле, ки эҷод шуда бошад, як далели нодуруст барои никоҳ аст.

Бештари никоҳҳо бо далели дуруст ва нодурусти омехта бо ҳам шакл мегиранд. Ҳар чи ки далели дурусти никоҳ бештар бошад, эҳтимоли муваффақият ва пойдории никоҳ афзоиш меёбад.

Дар он сурат метавонед фарди муносиберо барои никоҳ пайдо кунед, ки худатон фарди муносиб шуда бошед.

Ба шарте метавонед иртиботи хубе бо ҳамсаратон дошта бошед, ки иртиботи хубе бо падар, модар, бародар ва хоҳари худ дошта бошед.

Фардеро барои ҳамсарии худ интихоб кунед, ки:

  • Хусусиятҳои хуби падару модаратонро дошта бошад.
  • Ҳамтои беҳтарин бародар ё хоҳари шумо бошад.
  • Бихоҳед аз ӯ фарзанде дошта бошед.
  • Аз ин ки шабеҳ ба ӯ шавед, эҳсоси баде надошта бошед.
  • Ӯро ҳамон гуна, ки ҳаст, бидуни ҳеҷ тағйире бипазиред.
  • Битавонад барои фарзанди шумо падаре беҳтар аз падаратон ё модаре беҳтар аз модаратон бошад.
  • Шабеҳи беҳтарин мард ё зане бошад, ки аз кӯдакӣ мешиносед.

Хулоса, оиладорӣ аз арзишҳои муқаддаси ҷомеаи башарӣ буда, истеҳкому бақои он ба меҳру муҳаббат, якдигарфаҳмӣ ва дурандешии тарафайн вобаста аст. Бояд оиладорон ба ҳам аз лиҳози рӯҳию равонӣ ҷуфти муносиб бошанд, то дар ин ҷодаи душвор ҳамеша комёб гарданд.

Олимов Тағойбек Шодиевич, муаллими калони факултети педагогикаи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ

 
free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj