• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Пажуҳиш

ХОСИЯТҲОИ БИОЛОГИЮ ТИББИИ САБЗИИ КИШТШАВАНДА

Сабзӣ растании бехмевадори дусолаест аз оилаи чатргулҳо. Решааш ғафс, серобу сершира мебошад. Яке аз сабзавотҳои маъмултарин дар байни мардум ба шумор меравад. Бехмевааш гуногуншакл (дукшакл, ғӯташакл, гирда ё конусшакл) ва гуногунранг (зард, сурх, норинҷӣ, норинҷии сурхтоб, сафед, бунафш) буда, вазнаш аз 30 то 200 г мешавад. Пояи сабзии дусола сершоха буда, то 100 см қад мекашад. Баргаш зоҳиран сегӯша, гулаш дуҷинса, хӯшагулаш чатрмонанд буда, гулбаргҳои гули канории чатр сафед ё зардтоб, гули марказии чатр одатан сурхи баланд мешавад. Мевааш гирдаи дарозрӯя ва аз ду паллатухм иборат аст. Сабзӣ фақат соли дуюм гул карда, тухм мебандад.

Олимон тахмин мекунанд, ки макони пайдоиши сабзӣ ба Осиёи Миёна, Афғонистон ва кишварҳои баҳри Миёназамин мансуб аст. Онро чун гиёҳи доругӣ 4 ҳазор сол муқаддам кишт мекарданд. Ба парвариши сабзӣ одамон аз давраҳои қадим шурӯъ карда буданд. Сабзӣ 2000 сол пеш аз эраи мо маълум буд ва онро аслан румиён ва юнониёни қадим истифода мекарданд. Дар Аврупо, ба хусус дар Россия истифодабарии васеи сабзиро аз асрҳои XIV-XV сар карда буданд.

Сабзӣ дар Аврупо аз асри 14 маъмул аст. Ҳоло онро қариб дар тамоми мамлакатҳои дунё сабзиро парвариш ва истеъмол мекунанд. Дар ИДШ соле қариб ба 100 ҳазор га сабзӣ кошта, аз ҳар га 300–500 сентнер ҳосил меғундоранд. Дар ИДМ, аз ҷумла дар Тоҷикистон навъҳои серҳосили сабзӣ кишт карда мешавад, ки инҳоянд: «Нантская 4», «Шаитенэ 2461, «Московская зим­няя А-515», «Геранда», «Валерия», «Мирзоии сурхи 228», «Мирзоии зарди 304» «Мушаки 195», «Мушаки сурх» ва ғайра.

Хусусиятҳои шифоӣ ва истифодаи он. Ҳалво, мураббо ва дӯшоб (шиннӣ)-и сабзӣ зудҳазм буда, хусусияти доруӣ дорад. Ба ақидаи муаллифи «Маҳзан-ул-адвия» Муҳаммад Ҳусайн сабзӣ ба ҷигар, меъда қувват мебахшад, балғамро қатъ, сурфа, дарди сина, меъда, ҷигар ва санги гурдаву масонаро рафъ мекунад. Дар тибби муосир сабзиро барои табобати авитаминоз ва камхунӣ истифода мебаранд. Сабзӣ барои беморони иллати дил, ҷигар ва гурда хӯроки парҳезист. Оби сабзӣ ба кӯдакон хеле муфид аст. Сабзӣ ва шарбати онро барои шахсоне тавсия медиҳанд, ки ба бемории  гиповитаминоз ва авитаминози А гирифтор шудаанд. Таҷрибаҳо нишон додаанд, ки сабзӣ раванди оксиду барқароршавии дохили ҳуҷайраро фаъол мегардонад, мубодилаи карбогидратҳоро идора мекунад, инчунин сабзӣ хусусиятҳои антисептикӣ, зиддиварамкунӣ, карахткунӣ, захмшифодиҳиро низ доро мебошад. Шарбати сабзиро барои шахсоне, ки дар халтадони онҳо санг пайдо шудааст ё ин ки бемории буғумдард доранд тавсия медиҳанд. Баъди як рӯзи ба сактаи миокарди дил гирифтор шудан, инчунин ба занҳои ҳомила, занҳои пиронсолу кӯдакон истеъмоли шарбати сабзӣ фоидаи хуб дорад. Шарбати тару тозаи онро инчунин ҳангоми камхунӣ ва дарди меъда истифода мебаранд. Бар замми ин сабзии тару тоза ва шарбати он шиддати бемориҳои захмӣ ва бемории варами рӯдаро пешгирӣ мекунад. Аҳамияти сабзиро бар зидди бемориҳои қарнияи чашм, вайроншавии мубодилаи намаки пешоб, бемориҳои банду буғум, остеохандроз, санги пешобдон ва санги талхадон нишон додаанд. Сабзӣ хусусияти дарунронӣ ва пешобориро дорад, бинобар ин онро ҳангоми бемории узвҳои ҳозима ва гурда истеъмол мекунанд.

Аз тухми сабзӣ дорӯи “Даукарин” ба даст овардаанд, ки онро ҳангоми бемории заъфи дил, пайдоиши дард дар гӯшаву канори дил, қафаси сина ва дарди артерияҳо истифода мебаранд.

Дар тибби халқӣ сабзии худрӯйро барои аз байн бурдани кирми меъда, инчунин ба сифати доруи заифкунанда, ҳамчунин барои аз организм дур кардани моддаҳои радиоактивӣ истифода мебаранд. Мева ва барги кӯфтаи сабзиро дар ҷойи захмшуда мегузоранд. Сабзӣ ҳангоми пардаи шуш варам кардан, ҳолати вазнини ҳомиладорӣ ва барои қисси шаҳвониро баланд кардан кӯмак мерасонад. Шарбати тару тозаи сабзиро ҳамчун дорӯ барои нест кардани кирми меъда (саҳар ва бегоҳ як қошуқ пеш аз хӯрок) истифода мебаранд, ҳангоми дарди даҳон бо он даҳонашонро мешӯянд. Қиёми алафи сабзӣ бо ҷаъфарӣ барои бартараф кардани бемориҳои бавосир (геморрой), саратон, санги гурда ёрӣ мерасонад. Шарбати сабзиро ҳангоми бемории варами пешобдон ва шамолхӯрии пешобдон истеъмол мекунанд.

Таркиби кимиёвӣ. Хусусияти серғизоӣ ва доруии сабзӣ ба таркиби химиявиаш алоқаманд аст. Бехи сабзӣ 4,5–7,3% қанд, витаминҳои B1, В2, В6, С, Е, К, Р, РР, каротин (провитамини А), намакҳои калсий, фосфор, оҳан, микроэлементҳо ва ғайра дорад. Сабзии сурх ва норинҷӣ назар ба сабзии зард серкаротин аст. Дар таркиби онҳо аз ҳама бештар қанд зиёд аст, дар таркиби навъҳои беҳтарини сабзӣ миқдори қанд то 12%-ро ташкил медиҳад. Дар таркиби қанди сабзӣ – сахароза, глюкоза ва инчунин фруктоза мавҷуд аст. Ба ғайр аз қанд дар таркиби бехмеваи сабзӣ крахмал (1,5-6,6% моддаи хушк), клетчатка (бо ҳисоби миёна 1,7%), моддаҳои пектинӣ ва лигнин вуҷуд доранд. Дар таркиби сабзӣ сафедаҳо (то 6,7% моддаи хушк), аминокислотаҳо (5,5%) ва амидҳоро ҳамчун моддаҳои нитрогендор нишон додаанд. Дар таркиби бехмевагиҳо аланин, аспарагин, глутамин, глитсин, лизин, серин, валин ва дигар аминокислотаҳоро дарёфт кардаанд. Аз барг, тухм ва бехмеваи онҳо равғани эфир низ гирифтан мумкин аст. Дар таркиби хокистари бехмеваи сабзӣ аз ҳама бисёр калий, каме натрий ва калсий, инчунин фосфор, оҳан, алюминий, бор, бром, йод, манган, мис, молибден, қалъагӣ, руҳ ва дигар элементҳо мавҷуданд. Аз ферментҳо каталаза, пероксидаза, ситохромоксидаза, инвертаза, протеаза ва ғайра дарёфт кардаанд. Таркиби бехмевагиҳо аз витаминҳои гуногун бой мебошанд, бинобар ин дар ҳаёти мо сабзӣ аҳамияти ниҳоят калон дорад, ба хусус каротин (провитамини А). Бисёртар каротин дар таркиби сабзие, ки рангаш зарди сурхчатоб аст (5,4-19,8мг/%, дар баъзе навъҳо 37 мг/%) дарёфт карда шудааст. Аз барги сабзӣ тераниол ба даст меоваранд.

Барои дар узвҳои дохилӣ натиҷа додан аслан таркиби химиявии сабзӣ – масалан, глюкоза, фосфатидҳо, намакҳои минералӣ, махсусан калий, зиёд мавҷуд будани каротин (то 9 мг%), витаминҳои D ва гурӯҳи В (пиридоксин, ки 0,12 мг%-ро ташкил медиҳад), никотинҳо (то 0,4 мг%) ва кислотаи фолиавӣ (0,1 мг%) аҳамияти калон дорад.

Аҳамияти хоҷагӣ: Сабзӣ сабзавоти писандида ва хосаи мардуми Шарқ аст. Онро тару тоза ё дар таом истеъмол мекунанд. Истифодабарии сабзӣ гуногун аст. Онро дар хӯрок, дар салат, дар шакли бирён, дар шакли хушк ва ғайра истифода мебаранд. Шарбати сабзиро ҳамчун ғизо барои кӯдакон, инчунин ҳамчун воситаи табобатӣ зидди бемориҳои камхунӣ ва гипертония истифода мебаранд. Дар таркиби тухми сабзӣ ҳамчунин равғани эфир, захира мешавад, ки онро инчунин дар саноати атру косметика васеъ истифода мебаранд.

Бехмеваҳои ғайриоддие, ки инсон истеъмол намекунад ва ҳамчунин баргу пояи онро барои чорвоён ва паррандагон ҳамчун ғизои беҳтарин истифода мебаранд. Ингуна аҳамият ва васеъ истифодабарии сабзӣ, ҳамчун ғизо муҳим ва гаронбаҳо будани бехмевагиҳоро нишон медиҳад.

Барои пешгирии бемориҳои гиповитаминоз ва авитаминози А, камшавии биноии чашм ва ба бемороне, ки пӯсташонро бо дистрофия иваз мекунанд сабзии тару тозаро тавсия медиҳанд. Гарчанде, ки дар таркиби сабзӣ каротин вуҷуд дорад, аммо ҳангоми бемориҳои ҷигар ва сустшавии вазифаи ғадуди сипаршакл каротини таркиби сабзӣ ҳал намешавад, бинобар ин дар ин ҳолат на ин ки сабзиро балки витамини А-и табииро тавсия медиҳанд.

Аз бехмеваи сабзӣ назар ба моддаҳои кислотагӣ ду маротиба зиёдтар моддаҳои ишқорӣ ҷудо мекунанд. Ишқорҳо барои бартараф кардани таъсири манфии кислотаҳо хизмат мекунанд. Як миқдори муайян мавҷуд будани клетчатка дар сабзӣ фаъолияти узвҳои ҳозимаро хуб месозад.

Дар баъзе ҳолат шарбати сабзиро дар косметика истифода мебаранд, чунки он пӯсти рӯйро ботароват мекунад.

Реша ва тухми сабзии худрӯй ва зироатиро метавонанд ҳамчун доруворӣ истифода баранд. Тухми сабзӣ ҳамчун доруворӣ маззаи тез дорад, инчунин онро ҳамчун забуда (приправа) истифода мебаранд.

Усулҳои тайёр кардани дорӯ ва истифодабарии он: Сабзии дар шир ҷӯшонидаро ҳангоми бемадоршавӣ, кандашавии шоҳроҳи узвҳои ҳозима, бемории сили пӯст, камқувватии узвҳои ҷинсӣ истифода мебаранд.

Ҳангоми сабзии резакардашударо дар ҷойҳои захм, ҷароҳатҳои сӯхта гузоштан онро сиҳат мекунад. Ҳангоми бемориҳои камхунӣ, авитаминоз, риоя нашудани ивазшавии моддаҳо онро тавсия медиҳанд.

Агар ҳар рӯз сабзии резакардашуда ва як стакан шарбати онро истифода баранд, бемориҳои сироятиро кам мекунад, зарпарвинро табобат мекунад, пӯсти рӯйи инсонро тоза ва нарм месозад, биноии чашмро хуб мегардонад.

Шарбати бо асал ва шир омехтакардаи сабзиро барои сулфаи сахт, ангена, овози гирифта, сили шуш, саратони меъда, шамолхӯрӣ тавсия медиҳанд. Барги дар об ҷӯшонидаи сабзӣ ҳангоми саршӯӣ барои қадкашӣ ва қувваи мӯй фоидаовар аст. Равғани сабзӣ барои пӯсти хушки рӯй фоидаовар аст. Барои ин ду то сабзии шусташударо аз турбтарошак мегузаронанд, баъд аз ин зардии тухм ва якчанд қатра равғани пок илова мекунанд. Маҳсули ба дастомадаро тавассути дока ё латта ба рӯй мепечонанд, баъди 20-25 дақиқа дока ё латтаи равғандорро аз рӯй мегиранд ва бо оби гарм мешӯянд. Ин амалро дар як ҳафта ду бор такрор мекунанд.

Ҳангоми шиддати дарди гурда қиёми 20%-аи тухмпояи сабзӣ дардро гум мекунад ва пешобро меронад. Шарбати сабзиро баъди пастшавии бемории сил ва камхунӣ истеъмол мекунанд. Агар аз барги сабзӣ чой тайёр кунанд ташнагиро зуд мешиканад, инсонро серҳаракат ва зиндатар мегардонад.

Шираи сабзӣ ба таркиби препарати “Уролесан” дохил мешавад. Истифодаи препарати “Уролесан”-ро барои беморони ҷигар ва гурда, бемороне, ки холетсистити дуру дароз ва доимӣ доранд ва ё шахсоне, ки дар пешобдонашон ё дар талхаашон сангҳои гуногун доранд, иҷозат дода мешавад.

Хусусияти табобатии сабзӣ аз мавҷудияти каротин (провитамини А), вобаста мебошад, чунки каротин организми инсонро аз витамини А бой месозад. Сабзиро ҳангоми ба гиповитаминози А гирифтор шудан истифода мебаранд. Норасоии витамини А дар организм боиси зуд-зуд хасташавии инсон мегардад, иштиҳо баста мегардад, ки оқибат ба бемориҳои зуком, узвҳои ҳозима ва пӯст (хушкии пӯст, рехтани мӯй, шикастани нохун) гирифтор мекунад. Ба ғайр аз ҳамаи ин соки сабзии бо асал омехтакардаро барои табобати бемориҳои чашм истеъмол мекунанд.

Шарбати сабзиро ҳангоми сактаи миокарди дил менӯшанд.

Барои пешгирӣ кардан аз фарбеҳӣ сабзиро бо хурриши аз карам тайёркардашуда ва клюква истеъмол мекунанд, чунки дар таркиби онҳо як миқдори ёд мавҷуд аст.

Дар Хитой тухми сабзиро ҳангоми бемории доимии исҳоли хунин ва метеоризм истеъмол мекунанд. Чарбуи равғанинро, ки аз тухми сабзӣ мегиранд, барои исқоти ҳамл истифода мебаранд.

Даукарин – ҷамъи флавоноидҳое мебошад, ки аз тухми сабзӣ ҷудо мекунанд. Он ҳаракати спазмолитикиро нишон медиҳад, ҳаракати папаверин ва келлинро маълум месозад ва рагҳои дилро васеъ мекунад. Онро ҳангоми пайдоиши камбудӣ дар рагҳои дил, ҳангоми бемории давомдори девораи рагҳои хун (артериосклероз), ҳангоми бемории диққи нафас ва ғайра истифода мебаранд.

Тавсияҳо барои беморон:

  1. Барои калонсолоне, ки ба бемории ҷигар гирифтор шудаанд, ё ин ки дар талхадони онҳо санг пайдо шудааст, ҳар саҳар бо дили наҳор 100 – 200 г истеъмоли шарбати тару тозаи сабзӣ таъин карда шудааст. Шарбатро дарҳол баъди омода кардан нӯшидан лозим аст.
  2. Ҳангоми шамолхӯрии роҳҳои нафас ва варамии ҳалқу гулӯ шарбати тару тозаи сабзиро бо якчанд қошуқ асл илова намуда, ҳар рӯз онро 4 – 5 маротиба як қошуқӣ истеъмол мекунанд.
  3. Як қошуқ тухми сабзиро дар як истакон оби ҷӯшомада омехта карда, онро дар тафдон ба миқдори 12 соат мегузорем ва таҳшин мекунем. Дар як рӯз се маротиба ҳангоми гармиаш истеъмол мекунанд. Ин табобат барои шахсоне, ки дар гурдаҳояшон санг доранд, тавсия дода шудааст. Таоми ин ҳангоми камхунӣ, камқувватӣ, ҳангоми тангшавии рагҳои хунгарди дил, гурда ва ҷигар, бавосир ва сахтшавии меъда, шукуфа, пӯсти хушк ва ҳоказо манфиатбахш аст.

Бо шарбати тару тозаи он даҳонро ҳангоми дард ёфтанаш якчанд маротиба мешӯянд. Агар нобинои чашм аз ҳисоби норасоии витамини А бошад, бо сабзӣ табобат кардан аҳамияти калон дорад. Ҳамарӯза истеъмоли сабзӣ организмро пурқувват мекунад ва бар зидди бемориҳои сироятӣ мубориза бурданро метезонад.

Ҳангоми дар гурда санг пайдо шудан, дар як рӯз 3 маротиба 1-грамм хокаи тухми сабзиро барои дарунронӣ ва пешобронӣ истеъмол мекунанд. Баргҳои дар об ҷӯшонидашудаи сабзиро ҳангоми ба бемории бавосир гирифтор шудан истеъмол мекунанд.

Шарбати тару тозаи онро барои табобати захм, ҷойҳои сӯхта, хунукзада, қисми болоии пӯст, ки захмдор шудаасту фасод гирифтааст, истифода мебаранд.

Қурбонов Абдуллоҷон Рузимадович – н.и.б, дотсент, муовини декан оид ба илм ва инноватсияи факултети биологияи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ

 

 

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj