• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Пажуҳиш

ДАР ТАРБИЯИ ФАРЗАНД ҒОФИЛ БУДАН РАВО НЕСТ

Фарзанд меваест зи шохи дарахти умр. Чун ин дарахт хуб парвариш гардад, меваи ширин хоҳад дод. Қабул гардидани «Қонуни масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муазами миллат, президенти Ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иқдоми хуб ва ба маврид буд дар тарбияи фарзанд. Зеро кӯдакон ояндаи моянд ва барои ояндаи дурахшон, қабл аз ҳама фарзанди  оқилу доно, дурандеш ва миллатдӯсту ватандӯстро бояд тарбия кард.

Бузургмеҳри Ҳакимро (вазири Нӯшервони Одил) пурсидаанд, ки аз неъматҳои дунё кадом чиз хуштар аст? Ӯ чунин ҷавоб додааст: «Се чиз: яке фарзанди солеҳ, дуюм зиндагӣ аз касби ҳалол, сеюм зани некирода ва хушрафтор».

Тарбияи фарзанд басо кори душвор ва заҳматталаб аст. Яке аз омилҳои муҳимтарини тарбияи фарзанди солеҳ рафтори худи волидон аст. Агар фазои хона, ки сохтаи худи падару модар аст, фазои солим бошад, олуда аз кирдорҳои бад набошад, фарзанд хуб тарбия мегирад. Падару модар дар таълим ва тарбияи фарзанд бояд беэътиноӣ зоҳир насозанд. Баъзеи волидон вазъи зиндагонӣ ва таъмини аҳли оиларо баҳона месозанд. Модом ки ин қадар давутоз ба хотири фарзандон бошад, пас дар таълим ва тарбияи онон бепарвоӣ намудан нашояд.

Хушбахтона, аз ниёгонамон барои чӣ гуна тарбия кардани фарзандон бисёр рисола ва дастурҳои судманд боқӣ мондаанд. «Қобуснома»-и Кайковус, «Гулистон»-и Саъдӣ, «Баҳористон»-и Ҷомӣ ва «Тадбири манзил»-и Ибни Сино аз ҷумлаи он дастурҳои муфиданд. Аммо на ҳамаи волидон  китобҳои мазкурро баҳри таълиму тарбияи фарзанд дастрас намудаанд, то аз он бархурдор бошанд.

Унсурмаолии Кайковус дар боби «Фарзанд парваридан ва оини он» овардааст: «Бидон, агар Худованд туро писаре диҳад, аввал номи хуш ба вай неҳ, ки аз ҷумлае ҳақҳои падарон яке ин аст. Дувум, ин ки ба тарбиятгари меҳрубон супор ».

Шайхурраис Ибни Сино низ дар рисолаи худ «Тадбири манзил» ба фарзанд номи накӯ гузоштанро таъкид кардааст. Сипас мард бояд «дояи хуберо барои ӯ интихоб кунад, ки аҳмақу бехирад ва бемор набошад, зеро чунон ки  гуфта шудааст, шир сироят мекунад».

Ҳоло аз сабаби бад будани вазъи экологӣ ва нарасидани ғизои дуруст бисёр модарони  ҷавон имкони ба тифлон шир доданро надоранд. Аз ин рӯ , ба кӯдакон шири сунъӣ медиҳанд, ки оянда он ба ахлоқи фарзандонашон бетаъсир намемонад. Бояд тифлро аз кӯдакӣ аз корҳои бад дуру аз одате, ки айб шумурда мешавад, барканор намуд. Чунки кӯдак дар синну соли хурдӣ неку бадро фарқ карда наметавонад. Агар ба корҳои бад одат кунад, оянда ӯро аз он рафтори бадаш боздоштан мушкил мешавад. Чунончӣ, Абӯшукури Балхӣ фармудааст:

 

Дарахте, ки хурдак бувад, боғбон,

Бигардонад ӯро, чу хоҳад чунон.

Чу гардад калон, боз натвонадаш,

Ки аз каҷҷию хам бигардонадаш.

 

Баъзе аз падару модарон нисбат ба кӯдаки хурдсолашон даррав ҳукм мебароранд, ки «ин ҳеҷ чиз намешавад,ноӯҳдабарою танбал ва гапногир аст», ки ин ҳукми онҳо хатост. Дар «Қобуснома» омадааст:

« Агар фарзанде бад бувад, ту дар он манигару ҳаққи падарӣ ба ҷой овар, андар омӯхтани адаби вай тақсир макун… Агар фарзанд духтар бошад, ӯро ба тарбиятгарони мастураи некӯпарвар бипурс ».

Ба ғайр аз волидайн боғчаю мактаб низ дар тарбияи фарзанд масъуланд. Бояд алоқаи мактаб бо оила зич бошад. Муаллим, тарбиятгар ҳамон вақт алоқаро мустаҳкам карда метавонад, ки падару модарон аз аҳволи фарзандони худ бохабар бошанд. Волидайн бояд фарзандро бе назорат нагузоранд.Ӯро ба коре машғул намуд. Вақте бача ба коре андармон бошад,хуб аст.Зеро аксар вақт фикрҳои беҳудаю орзую ҳавасҳои нораво ва ҳатто ҷинояткориҳо бар асари бекорию беҷогардӣ рӯй медиҳад,ки оқибат ӯ ба ин одат мекунад. Аз ин рӯ, назорат бояд кард, ки фарзанд оворагард, шабгард нашавад. Зеро шабгардиҳои дуру дароз  ва ба бозиҳои компютерӣ машғул шудан то як поси шаб, ба он оварда мерасонад, ки онҳо оқибат даст ба корҳои ношоям  мезананд. Падару модарон боре ҳам онҳоро сарзаниш намесозанд, ки барои чӣ нисфи шаб баргаштанд,бо чӣ кор машғул буданд. Хурд будам, дар хотирам ҳаст, ки падарам( ёдашон ба хайр бод) таъкид месохтанд, ки баъд аз шом ба ҳеҷ куҷо набароянд. Зеро торикӣ ин зулмат аст. Ҳар кор ё воқеае шуданаш мумкин. Баъди бузург шудан фаҳмидам, ки ин тарбият будааст. Фарзандон ба ин одат карда буданд ва ҳар насиҳате, ки падар баҳрашон  менамуд, қабул мекарданд. Ҳоло нигарем, то нисфи шаб чӣ хурд ва чӣ бузург ҳамроҳи волидайни худ дар растаю кӯчаҳо беҳуда мегарданд. Беҳтараш он ки аз ин «беҳудагардиҳо» ба тарбияи фарзанд машғул мешуданд. Баъзеи волидон нодорӣ ва вазъи зиндагонии хешро баҳона сохта,фарзандонро маҷбур месозанд ба аробакашӣ, халтафурӯшӣ ва баъзеашон ба «дуди испанд» дар роҳҳои мошингузар машғул шаванд. Ин гуна наврасон пайи дарёфт намудани ризқу рӯзӣ ҳатто тарки мактаб намудаанд. Мактаб ҷойи муқаддас ба шумор меравад. Вазъи таълим дар кадом пояе набошад, мактаб хату савод ва алифбои одобро ба кӯдакон меомӯзад:

 

Мактаб ба ту ёд медиҳад илму адаб,

Мактаб зи ту мебарад ғаму ранҷу тааб.

Як нуктаи мухтасар зи мактаб гӯям,

Одам нашавад касе, магар аз мактаб.

 

Вақте фарзанд зери сарпарастии ҳам муаллим ё мураббия касберо меомӯзад, албатта аз назорати устодонашон берун нахоҳад монд. Волидон низ дар ин маврид бояд фарзандро дастгирӣ намоянд. Он шуғле, ки наврасон имрӯз дар бозорҳо пешаи худ қарор додаанд,касб набуда, оянда ҳам надоранд. Имрӯз мебояд падару модарон  баҳонае пеш наоранд,балки мактабу муаллимони фарзандонашонро дастгирӣ намоянду якҷоя ба таълиму тарбияи дуруст насли наврасро ба воя расонанд. Камолиддини Биноӣ дар ин бора хело хуб гуфтааст:

 

Гар падар тарбият кунад сад сол,

Нозу неъмат туро диҳад ба камол.

Наравӣ то ба хизмати устод,

Илму ирфон куҷо бигирӣ ёд.

 

Нақши модар дар тарбияи фарзанд бузург аст.Агар модар зани оқила ва солеҳа бошад, албатта фарзандони худро дар ин равия тарбия мекунад. Имом Аҳмад ибни Ҳанбал ривоят мекунад, ки модари Сӯфиён ба писар насиҳат кард, ки «Эй писарам, ман бо ресмонресии худ нафақат туро таъмин менамоям, ту танҳо дар талаби илм ва андӯхтани дониш ҷаҳду кӯшиш бикун. Он модари бузургвор  ресмон мересиду маблағ пайдо мекард, рӯзгорро таъмин менамуд ва писари худро барои илмомӯзӣ шароит муҳайё менамуд.Боре ба писараш гуфт: Ҳар гоҳ даҳ ҳарф китобат кардӣ, пас таваққуф кун ва ботини худро назар бинамо, ки дар ту тарс, ҳилм, бурдборӣ, қаноат, одамгарӣ ва дигар хислати ҳамидаро мебинӣ ё не? Агар ин нишонаҳо надидӣ , пас бидон, ки аз илм суд не, балки зиён бардоштӣ». Чунин тарбия буд, ки Сӯфиён ба дараҷаи олимӣ ва имомӣ расид.

Модом ки фарзандон  давоми умри мо бошанд, бояд дар тарбияи онҳо саҳлнигорӣ накарда,фурсати мусоидро аз даст надиҳем. Вагарна фардо дер хоҳад шуд. Чунончӣ, Шайх Саъдии Шерозӣ фармудааст:

 

Чу хоҳӣ, ки номат бимонад ба ҷой,

Писарро хирадмандӣ омӯзу рой,

Ки гар ақлу раъяш набошад басе,

Бимириву аз ту намонад касе.

 

Раҳматулло Рауфов, мудири кафедраи географияи табиии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ

 

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj