• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Пажуҳиш

 

РӮҲИ СОЗАНДАГӢ ВА ЭҲЁИ СУННАТИ ХИРАДГАРОИИ МИЛЛӢ

Мо ба гузашта ба хотири парастиши содалавҳонаи ниёгон не, балки барои тақвияти рӯҳи созандагӣ, бузургдошти хотираи нахустаҷдоди роҳкушои мо, ки дар дарозои таърих ба иқдомҳои нав камар баста, ба дастовардҳои бузурги ғайриодӣ ноил гаштаанд, рӯ меоварем. Охир, як сарчашмаи воқеии худшиносии миллӣ, қабл аз ҳама, бунёди давлати соҳибистиқлол, ваҳдати миллӣ, рӯ овардан ба гузаштаи пурифтихор, ҳифзи тамаддуни мероси фарҳангии ниёгон ва поси хотири шахсиятҳои тавонову фарзандони бузурги миллат мебошад».

Эмомалӣ Раҳмон

Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи 1100 –солагии давлати Сомониён суханронӣ намуда, донистани таърих, тамаддун ва фарҳангу адабиёти миллатро омили асосии таҳкими ваҳдат, давлатдорӣ ва истиқлоли миллӣ шумориданд ва зиёиёнро даъват намуданд, ки «ба умқи ҳазорсолаҳои дури таҳхонаҳои сокиту пурасрори таърих» роҳ пайдо кунанд, таърихи миллатро омӯзанд ва дурдонаҳои тамаддуну фарҳанг ва адабиёти миллатро дастраси ҳамагон қарор диҳанд. Дар ин амали хайр, пеш аз ҳама, худи Сарвари давлат иқдом намуданд ва силсилаи китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих»-ро доир ба таърихи миллат навиштанд ва перомуни кору амал ва фаъолияти эҷодию сиёсии абармардони таърихи миллат чун Куруши Кабир, Спитамен, Зардушт, Имоми Аъзам, Исмоили Сомонӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Ҷалолуддини Балхӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ,Камоли Хуҷандӣ, аллома Аҳмади Дониш, аллома Садриддин Айнӣ, академик Бобоҷон Ғавфуров ва дигарон асари мондагори хеш - «Чеҳраҳои мондагор»-ро таълиф карданд. Аллома Иқболи Лоҳурӣ барҳақ фармудааст:

Баргу сози мо китобу ҳикмат аст,

Ин ду қувват эътибори миллат аст

Таърихи  баннӣ башар гувоҳ бар он аст, ки ҳар гаҳе инсоният дар банди ҷаҳолат монда, расолати инсониии худро фаромӯш мекард, Яздони пок баҳри наҷоти эшон пайғамбаре мефиристод ва ё китоби раҳнамое нозил мекард. Ва ин пайғамбарон на аз ҷумлаи малоик, ки аз олами рӯҳониянд, балки аз зумраи худи баннӣ башар  баргузида мешуданд, зеро манзалати инсон назди он Зоти барҳақ аз фариштагон муқаддамтар аст.   Аз сӯйи дигар, таърихи инсоният шаҳодат медиҳад, ки дар дунё монанди миллати тоҷик кам миллате ёфт мешавад, ки зарбаҳои ҷонкоҳе, аз ҷониби хунхортарин чеҳраҳои таърихӣ, чун Александри Мақдунию Ибни Қутайба, Чингизу Темури ланг, манғит ва ғайра дар пайкараш хурда бошаду боз зинда монда бошад. Кишваршиноси рус Павлов баъд аз баррасии авзойи сиёсӣ ва иҷтимоии тоҷикон дар ибтидои асри ХХ навишта буд:  «Мо акнун шоҳиди эҳёи ин миллати ҷонсахт, халлоқ ва боистеъдод ҳастем… Тоҷикон аз ҳама ақвоми дигар  сахтҷонтаранд, қадре фурсат кофӣ буд, ки дубора ҷон бигиранд ва эҳё шаванд».  Ҳанчанд дасти ҷафои таърих дар ҳама давру замон бар сари миллати тоҷику сарзамини ӯ  буда ва пайваста «дастхуши рӯзгори нохуш» қарор мегирифта, вале Яздони пок дар ҳар мавриди аз байни худи эшон  абармардоне бармегузида, ки ин мардуми дар лаби чоҳи гумномӣ қарордоштаро дубора ба арсаи фаъолият ва халлоқӣ меовардаанд.

Тоҷикон баъд аз заволи давлати адабпарвари Сомонӣ наздик ба ҳазор сол дар зери зулму истибдоди аҷнабиён қарор доштанд ва ягона силоҳи наҷотбахши ниёконамон ҳамон забони фохир, кеши барҳақ ва ақлу хиради волояшон будааст. Қарохониёну ғазнавиён, салҷуқиён, чингизиёну темуриён, шайбониёну аштархониён ва манғитиён, ки тавассути тиру шамшер сарзамини ниёкони моро тасарруф намуда буданд, охируламр назди хираду маърифат, забони ноб ва дини ростини тоҷикон сари таъзим фуруд оварда, сохтори давлатдориашонро тибқи сохтори давлати Сомонӣ ва забони коргузорию илму адабро бо забони тоҷикӣ ба роҳ монданд. Ҳеч яке аз ин сулолаҳо, ки дар сарзамини ниёкони мо ҳукумат кардаанд, бидуни дахолати тоҷикон натавонистаанд низоми давлатдориашонро субот бахшанд ва маҷбур будаанд аз бузургмардони ин қавм, монанди Атомалики Ҷувайнию Рашидуддин Фазлуллоҳ, Низомулмулку Хоҷа Насир, Қозизодаи Румию Мавлоно Ҷомӣ, Ахмади Дониш ва ғайра ба ҳайси вазиру мушовир ва надими хеш истифода баранд. Ҳатто темуриёну шайбониён ва аштархониёну манғитиён, ки ҷумлагӣ аз дудмони турк ё муғуланд, ҳамин гуна муносибатро бо тоҷикон пеш гирифтанд. Аммо дахолати бегонагон ва таассуби худи тоҷикон ба ҷое расид, ки дар аҳди манғитиён ба қавли аллома Аҳмади Дониш, «аз аломати ислом ҳамин аммомаҳо ба сар асту аз шиори имон ҳамон азон бар манора» ва рӯҳониёну ҳокимон «ҷиҳати майли ҷоҳу раёсат аҳкоми Қуръонро  ба таъвил тағйир дода», аз шариати муҳаммадӣ фарсахҳо дур рафтанд. Дар ин давра бузургмарде чун аллома Дониш зуҳур кард ва мардумро аз ҷаҳолату тирагии ақл, беимонию фосидии умарову вузарои манғит огоҳ кард, вале, ҳайфо, ки дар он муҳит на гӯши суханшунав буду на дидаи соҳибэътибор.

Зуҳури пантуркизм ва баъдан Инқилоби Шуравӣ дар ибтидои қарни ХХ ба он оварда расонд, ки қариб буд халқи тоҷик на танҳо аз ватану фарҳанг ва забони хеш ҷудо шавад, балки ҳамчун халқият ҳувияти худро гум кунад. Агар чингизиёну темуриён ва дигар дудмони онҳо замин ва молу сарвати моро ба яғмо бурда бошанд, болшивекон хостанд шуур, наҳваи тафаккури моро дигаргун созанд ва маърифату рӯҳонияти моро аз байн бубаранд. Пантуркистон барои нест кардани ҳувияти миллии мо камар баста буданд ва хостан бо нобуд сохтани забони мо, яъне ҳастии миллати мо, на танҳо ватани мо, балки фарҳангу тамаддун ва маърифату рӯҳонияти моро соҳибӣ кунанд. Бо лутфи дигарбораи яздонӣ дар ин давраи барои миллат тақдирсоз сухангустаре чун аллома Айнӣ ба майдон омад ва бо мақолоти илмию адабии хеш собит сохт, ки дар  сарзамини Мовароуннаҳру Хуросон аз замоне, ки таърих воқеаҳоро сабт мекунад, «халқи муаззаме бо номи тоҷик» зиндагӣ ва эҷод карда, тамаддуну фарҳанг ва илму адаби ин сарзамин маҳсули тафаккури намояндаҳои бузурги ин миллат аст.

Гӯё, ки дасти ҷафои таърих дар ҳар давра миллати моро имтиҳон менамуда ва ин имтиҳон бо воситаи балое бар сари мо таҳмил мешуда. Дар ибтидои асри ХХ1 баъд аз фурӯпошии давлати абарқудрати Шуравӣ ватани мо соҳибистиқлол гардид, аммо душманони халқи тоҷик ба ҳеч ваҷҳ намехостанд ин миллатро соҳиби давлату соҳибистиқлол бинанд. Бо ҳамин мақсади разилона душманони хориҷӣ бо воситаи  нукарони дохилияшон тарҳи нобудии ин миллатро кашиданд ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро ба роҳ монданд. Панҷ соли ҷанги шаҳрвандӣ иқтисодиёти моро ба куллӣ хароб кард ва аз ҳама бадтар хатари аз харитаи ҷаҳон нопадид гардидан ба Тоҷикистони тозаистиқлол таҳдид мекард. Шукри инояти дигарбораи Пардвардгор, ки дар ин давраи тақдирсоз, ки хатари аз байни рафтани Тоҷикистон ба миён омада буд, ҷавонмарде бо номи Эмомалӣ Раҳмон ба майдони сиёсат омад ва бо рою тадбири хирадмандона ин хатарро аз миён бардошт ва миллати дар асари ҷанги бемаънии бародаркушӣ то ҳудуде дар чоҳи нокомию гумномӣ расидаро дигарбора ба арсаи фаъолияту созандагӣ бозовард. Муборизаву талош барои бақои миллат ва фаъолияти сиёсию дипломатии ин фарзанди фарзонаи миллат барои ҳамагон чун офтоб рӯшан аст ва месазад, ки дар ин масъала аз ҷониби адибону таърихнигорон повесту романҳо ва асарҳои илмию таърихӣ эҷод шаванд.

Дар сиёсати давлатдории Пешваи миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон суннати хирадгароии миллӣ, яъне пайванди деринаи миллати тоҷик бо китобу қалам, ки дар тӯли таърихи пурҳаводис миллати  моро ҷавшан будааст, нақши асосӣ дорад. Сарвари давлат сиёсати давлатдориро аз аркони маънавият ҳисобида, дар раванди давлатдории худ сабақҳои таърихро аз сарнавишти пуршебу фарози миллат, фаъолияти сиёсию адабӣ ва илмии ашхоси бузурги таърихӣ, амсоли Куруши Кабир, Зардушт, Исмоили Сомонӣ, Устод Рӯдакӣ, Ҳаким Фирдавсӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Носири Хусрав, Мавлавии Балхӣ, Мирсайид Алии Ҳамадонӣ, Камоли Хуҷандӣ, Абдурраҳмони Ҷомӣ, Мирзо Абдулқодири Бедил, Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров,Мирзо Турсунзода ва дигаронро сармашқи кори худ қарор додаанд. Омӯзиши таърихи миллат, зиндагиномаи фарзандони фарзона ва кору фаъорлияти адабию илмӣ ва сиёсии онҳо дар ҳифзи марзу буми аҷдодӣ, осори илмию адабии олимону адибон, андешаҳои хирадгароӣ ва созандагии онҳо барои Пешвои миллат  чун чароғи раҳнамо ва ба ҳайси дастурамали сиёсию ахлоқӣ хидмат кардааст. Дарку шинохти саҳехи тамаддуни фарҳанг ва таърихи куҳани миллат, ки дар асарҳои Сарвари кишвар «Тоҷикон дар оинаи таърих», «Аз Ориён то Сомониён», «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ», «Чеҳраҳои мондагор дарҷ ёфтаанд, аз ҷумлаи тадқиқотҳои бунёдист, ки дар рӯҳияи  худшиносӣ ва ифтихороти баланди миллӣ иншо шудаанд.

Шинохти таърихи миллат ва фарҳангу тамаддуни он аз як сӯ, аз сӯи дигар, арҷ гузоштан ба бузургмардоне, ки ин фарҳангро ба мо мерос гузоштаанд ва баҳрабардорӣ аз ин ганҷинаи бебаҳо дар замони муосир гӯшаи дигари фаъолияти давлатдории Пешвои миллат аст. Маҳз барои пиёда сохтани ин мақсади олӣ бо ибтикори Роҳбари давлат ҷашнҳои бузурги миллӣ, монанди 1100-солагии давлати адабпарвари Сомониён, Соли тамаддуни ориёӣ, 2500-солагии Истаравшан, 2700-солагии Кӯлоб, 3000-солагии Ҳисор, 5500-солагии Саразми бостон, бузургдошти фарзандони фарзонаи миллат, амсоли Имоми Аъзам, Устод Рӯдакӣ, Ҳаким Фирдавсӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Носири Хусрав, Мавлавии Балхӣ, Мирсайид Алии Ҳамадонӣ, Камоли Хуҷандӣ, Абдурраҳмони Ҷомӣ, Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ, Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров,Нусратуллоҳ Махсум, Шириншоҳ Шотемур ва дигар тадобире, ки дар ин замина амалӣ гардиданду мегарданд, муҳимтарин санаҳои таърихии даврони Истиқлоланд. Ҳадафи Пешвои миллат аз шинохти таърихи миллат ва омӯзиши ҳикмату адаби ниёкон нишон додани мақоми миллати тоҷик дар офариниши тамаддуни умумибашарист, зеро имрӯз низ касоне ҳастанд, ки дасти таарруз ба фарҳанги мо дароз кардаанд ва бо ҳар баҳона мехоҳанд онро моли худ ба қалам диҳанд.

Илова бар ин, Роҳбари давлат аз зиндагинома ва фаъолияти сиёсию адабӣ ва илмии фарзандони бузурги миллат барои саодати имрӯзу фардои сокинони кишвар суд ҷустаанд. Масалан, сиёсати давлатдории Куруши Кабир, аз  назари Эмомалӣ Раҳмон, беҳтарин ва олитарин сиёсат дар дунёи қадим буд, ки имрӯз низ чун улгу метавонад хидмат кунад. Куруш бархилофи ҷаҳонкушоёну қудратталабони дигар, амсоли Александр Македонский, Чингизу Темури ланг ҳеч гоҳ ба куштори қатли оми мардуми бегуноҳи давлатҳои мағлуб ва ба оташ кашидану несту нобуд кардани фарҳангу тамаддун ва дину ойини онҳо роҳ намедод. Дар ҳамон давраи ибтидоии инкишофи тамаддуни башарӣ риояи ҳуқуқи инсон ва адлу адолатро аз ҷумлаи аркони давлатдорӣ медонист. Эъломияи Куруш, ки аз фарҳанги ориёӣ ва ақоиди инсондӯстию хирадгароӣ сарчашма мегирад, нахустин ҳуҷҷати таърихист, ки эҳтироми ҳуқуқ, озодии дину ойин, мазҳабу эътиқод ва ҳифзи нангу номус ва молу милки шаҳрвандон пуштибонӣ кардааст. Куруши Кабур, дар тасвири Сарвари давлати мо,бунёдгузори нахустин давлати муназзам ва мутамаддин инсонист. Ва ё чеҳраи тобноки дигари дунёи бостон Зардушт, аз нигоҳи Эмомалӣ Раҳмон, паёмбари ойини ростин ва нахустин шахсиятест дар таърихи башарият, ки инсонро ба шинохти худу Худованд раҳнамун сохта, шиори «гуфтори нек, пиндори нек, кирдори нек»-ро мароми саодати дуҷаҳонии ӯ қарор дод. Ба ҳамин минвол, андешаҳои бунёдии Пешвои миллат дар мавриди таълимоти Монӣ чун бозтоби нур дар зулмот ва шеваи мардумдӯстии таълимоти Маздак дар мақолоти ҷудогона матраҳ шуда, нақши ин шахсиятҳои таърихӣ дар тафаккури эътиқодии инсоният таъйин гардидааст.

Пешвои миллат ба дини ислом, Қуръону суннат ва алалхусус ба Паёмбари дини барҳақ ҳазрати Муҳаммад (с) эътиқоди хосса доранд. Паёмбари гиромии исломро ба ҳайси бузургтарин марди дунё ва ҳабиби Худованд мешиносанд. Ба андешаи Пешвои миллат, рисолати Паёмбар (с) ва интишори ислом дар баробари ҷаҳор тамаддуни ҷаҳонӣ: тамаддуни ориёӣ, тамаддуни яҳудӣ, тамаддуни масеҳӣ ва тамаддуни будоӣ дар арсаи таърих тамаддуни исломӣ падид омад, ки дар тайи асрҳои минбаъд ба чаҳор самти олам густариш ёфта, дар андешаю ҷаҳонбинии инсоният таҳрикоти бузург ворид намуд. Роҳбари  давлат таърихи баъдазисломии халқи тоҷикро баррасӣ намуда, нақши фарзандони бузурги миллатро дар густариши дини ислом, шаклгирии ҷаҳонбинии исломӣ ва рушди он бо далоили илмӣ собит намудаанд. Ба андешаи эшон, фарҳанги миллати тоҷик бо фарҳанги исломӣ омезиши рангине пайдо кард ва арзишҳои маънавии таърихии халқи тоҷик фарҳанги исломиро ғанӣ гардонд. Дар ин росто нақши бузургмардони халқи тоҷик  чун Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собит маъруф ба Имоми Аъзам, Имом Исмоили Бухороӣ, Исмоили Сомонӣ ва ҳазорон фарзонагони ин миллати накӯном дар шаклгирии тамаддуни исломӣ вобаста ба арзишҳои миллии тоҷикон ва пойдории ҳувияти миллӣ мавриди таҳқиқ қарор гирифтааст. Натиҷагирии Сарвари давлат аз таълимоти Имоми Аъзаму мазҳаби ҳанафии ӯ  вобаста ба тазодҳои ҷаҳони муосир хеле омӯзонанда аст: «Дар шароити пуртазоди ҷаҳони муосир, ки ихтилоф ва бархӯрди тамаддунҳо ҳар рӯз бо тобишҳои нав зуҳур мекунад, эҳё ва баҳрабардорӣ аз арзишҳои маънавии таълимоти таҳаммулгарои Имоми Аъзам, бешубҳа, ба густаришу тақвияти ҳамаҷонибаи гуфтугӯи тамаддунҳо мусоидат хоҳад кард».

Пешвои миллат ба системаи давлати Сомониён ва алалхусус ба сиёсати давлатдорӣ ва кору пайкори бузургтарин марди ин сулола Исмоили Сомонӣ таваҷҷуҳи хосса доранд. Ба андешаи эшон, «таҷрибаи таърихии Сомониён дар пешбурди сиёсати хориҷӣ ва равобити байнидавлатӣ дорои унсурҳои ибратомӯз  аст. Хизмати бузургтарин ва арзандатарини давлати Сомониён дар таъмини ташаккули комили халқи тоҷик будааст. Исмоили Сомонӣ ва ворисони ӯ раванди ташаккули халқи тоҷикро суръат бахшиданд ва маҳз дар ҳамин давра халқи тоҷик мақоми таърихии худро соҳиб шуд». Сарвари давлат  дар баробари нишон додани хидмати давлати Сомониён  дар рушди тамаддуни башарӣ, сабабҳои  фоҷеангези таназзули ин давлати адабпарварро ба таври илмӣ собит намудаанд.

Ба ҳамин минвол, Сарвари давлат перомуни нақши абармардони шеъру адаб ва илму ҳунари тоҷик чун Устод Рӯдакию Ҳаким Фирдавсӣ, Ибни Синою Ҳаким Носиру Хусрав, Мавлоно Ҷалолуддини Румию Мирсайид  Алии Ҳамадонӣ, Камоли Хуҷандию Мавлоно Ҷомӣ, Нақибхон Туғралу устод Садриддин Айнӣ ва абармардони сиёсат чун Бобоҷон Ғафурову Нусратулло Махсум ва Шириншоҳ Шотемур дар рушди фарҳангу адаб ва давлатдории тоҷикон сухан кардаанд, ки мавзӯйи баҳси дигар аст.

Сарвари кишвар бақои миллатро дар эҳёи суннатҳои миллӣ, ҳофизаи таърихӣ ва ифтихороти миллии мардум, алалхусус ҷавонон мебинанд. Эшон бар он андешаанд, ки мардум, хосса ҷавонон, бояд аз суннатҳои миллӣ, фарҳангу адабиёти оламшумул ва тамаддуни созандаи миллат бохабар бошанд, зеро миллате, ки аз гузаштаи худ бехабар асту аз сабақи таърих панд намегирад, ногузир ба такрори иштибоҳоти гузашта мегардад. Қомат афрохтани муҷассамаи пуршукӯҳи  Исмоили Сомонӣ дар маркази пойтахт, Кохи Наврӯз, Китобхонаи  миллӣ, Бурҷи Истиқлол ва боғу хиёбонҳои гулпӯш ҳама намоде аз таърихи куҳани миллати тамаддунофари тоҷик аст, ки бевосита бо ибтикори Пешвои миллат анҷом пазируфтаанд.Озмунҳои «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Илм- фурӯғи маърифат»  собит кард, ки тоҷикон, хосса насли наврас аз суннати азалии миллат, яъне китобу созандагӣ ва фарҳангофарӣ канда нашудааст. Танҳо дасти тавоно ва сиёсати хирадмандонае лозим аст, ки миллатро бо асли худ ошно созаду ба роҳи дуруст ҳидоят кунад. Ин дасти тавоно  китобҳо ва алалхусус Паёмҳои Пешвои миллат ҳастанд, ки миллати моро дар рӯҳияи созандагӣ ва  ояндаи дурухшон раҳнамун месозанд.

Хулоса суннати хирадгароӣ, ки сиришти азалии миллати тоҷикро дар  тӯли таърихи дароз ташкил додаст, имрӯз низ  дар сиёсати давлатдории  Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон идома дорад.

Ш.Р. Исрофилниё, доктори илмҳои филологӣ, профессор, мудири кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти ДДОТ ба номи С.Айнӣ

 

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj