• Tajik
  • Russian
  • English
Пажуҳиш
There are no translations available.

ХУСУСИЯТҲОИ ОРОИШӢ ВА ШИФОИИ ГУЛИ ҲАМЕШАБАҲОР (КОЛЕНДУЛА- CALENDULA OFFICINALIS)

Гули ҳамешабаҳор растании яксола буда, баландиаш аз 20 то 40 см мерасад. Пояаш ростистодаи рангаш сабзи баланд буда, мӯякчаҳо дорад. Решааш дарози панҷадор аст. Баргҳои гули ҳамешабаҳор дарозрӯя буда,  болояш бо мӯякчаҳо пӯшонида шудааст. Ранги  гулаш зарди тиллоранг ё ин ки зарди баланд ва андозааш аз 5 то 7 см мешавад. Сохти гулаш чатрмонанд буда, ранги гулбаргҳояш зард  мебошад. Бо роҳи тухмӣ зиёд карда мешавад.

Дар сайёраи замин 12 намуди гули ҳамешабаҳор мавҷуд мебошад.

Ба маданикунонӣ ва парвариши гули ҳамешабаҳор ҳамчун гули ороишӣ аввалин маротиба охирҳои асри XV дар Франция ва баъдтар дар дигар давлатҳои  Европа машғул шуданд.

Шоҳи Фаронса Маргарита Валуа  гули ҳамешабаҳорро ниҳоят дӯст медошт. Аз ин рӯ, муҷассамаи ӯ дар боғи Люксембурги шаҳри Париж гузошта шудааст, ки дар дасти ӯ гули ҳамешабаҳор қарор дорад.

Гули ҳамешабаҳорро  ҳамчун гули ороишӣ ва доруворӣ дар тамоми давлатҳои Аврупа, Амрико ва Осиёи Миёна парвариш мекунанд.Дар шароити Тоҷикистон гули ҳамешабаҳорро ҳамчун гули ороишӣ  парвариш мекунанд.

Тухми онро аввалҳои моҳи сентябр дар ҷойҳои махсусе, ки ба парвариши гулҳои ороишӣ машғуланд, дар палҳо мекоранд. Баъди 7-10 рӯз тухмҳо месабзанд, ки моҳҳои октябр-ноябр метавонем онро дар ҷойҳои лозимӣ кӯчат намоем.

 

Гули ҳамешабаҳор ба хунукӣ тобовар буда, то саршавии сармоҳои зимистона реша медавонад ва бо фарорасии фасли баҳор нашъунамо ёфта, ба гулкунӣ шурӯъ менамояд.

Давраи гулкунии он аз моҳи март то моҳи май давом меёбад. Бинобар сабаби ба хунукӣ тобовар буданаш гули ҳамешабаҳор онро ҳамчун гули ороишии зимистона парвариш мекунанд. Баъди тамом шудани мӯҳлати гулкунӣ давраи тухмбандӣ оғоз мегардад. Шакли тухмаш ба ҳалқачаҳо ё нохун монанд буда, ранги тухми он хокистарранг мебошад. Баъд аз ҷамъоварии тухмӣ дар майдонҳои ишғолкардаи гули ҳамешабаҳор гулҳои мавсимии тобистона шинонида мешавад.

Гули ҳамешабаҳор дар баробари гули ороишӣ будан хусусиятҳои шифоӣ низ дорад. Гули ҳамешабаҳор ҳамчун растании доруворӣ аз давраҳои Юнони қадим маълум буд. Дар асрҳои XV - XVII онро барои табобати бемориҳои захми бадан ва бемории пӯчак истифода мебурданд. Дар таркиби гулбаргҳои гули ҳамешабаҳор то 3% каротиноидҳо мавҷуд мебошад. Бештари каротиноидҳо дар гулбаргҳо ҷойгир буда, дар поя ва баргҳои он кам дида мешавад.

Дар таркиби гулбаргҳои гули ҳамешабаҳор зиёд будани миқдори каротиноидҳо аз намуди он вобастагӣ дорад. Дар навъҳои дорои ранги зарди баланд миқдори каротиноидҳо зиёд мебошад.

Дар дигар навъҳои он миқдори каротиноидҳо кам дида мешавад. Ҳангоми ҷамъ овардани гули ҳамешабаҳор ҳамчун ашёи хоми доруворӣ онро бояд бо зудӣ истифода барем, зеро баъд аз гузаштани 3 - 4 моҳ хусусиятҳои шифоии он кам мегардад. Муайян карда шудааст, ки дар таркиби гули ҳамешабаҳор  полисахаридҳо мавҷуд аст, ки ба инҳо  арабиноза, галактоза, глюкоза ва ксилоза дохил мешаванд.

Гули ҳамешабаҳорро ҳамчун растании доругӣ бештар барои табобати бемориҳои дорои ҷароҳати бадан, илтиҳоби пардаи луобии меъда, захми меъда, илтиҳоби талхадон, илтиҳоби ҳуҷайраҳои ҷигар ва зидди микробҳо истифода мебаранд. Маҳлули аз гули ҳамешабаҳор  тайёр кардашуда қобилияти талхаҷудокуниродар ҷигар зиёд карда, роҳҳои талхарониро шифо мебахшад.

Маводи аз гули ҳамешабаҳор тайёр кардашуда барои табобати бемориҳои  илтиҳоби бадан, зиддимикробӣ, бемориҳои меъдаю рӯда ва ғайра истифода бурда мешавад. Истеъмоли гули ҳамешабаҳор дар баробари табобати  дигар бемориҳо дар баланд бардоштани  ҳиссиёти мардон самарабахш аст. Бо маҳлули аз гули ҳамешабаҳор тайёркардашуда  чашмони беморонро мешӯянд. Истифодаи ин маҳлул ба беморон шифо бахшида,  қобилияти биноии чашми онҳоро то давраи пиронсолӣ нигоҳ медорад. Оби  ҷӯшонидашудаи гули ҳамешабаҳор барои табобати бемории зуком муфид аст.

Дар тибби халқӣ гули ҳамешабаҳорро барои табобати бемориҳои илтиҳоби бадан, зидди микробҳо,  пешобронӣ, муътадилии кори дил, паст кардани фишори артериявӣ ва дигар бемориҳо истифода мебаранд. Оби  ҷӯшонидаи гули ҳамешабаҳорро барои бемориҳои талхаронӣ, гулудард, меъдаю рӯда истифода мебаранд.

Маҳлули аз гули ҳамешабаҳор  тайёркардашуда дар тибби халқӣ барои бемориҳои захми меъда, рӯдаи дувоздаҳангушта тавсия карда мешавад. Илова бар ин метавонем  ин маҳлулро барои табобати бемориҳои гулӯдард ва бемориҳои роҳи нафас истифода барем. Маҳлули аз гули ҳамешабаҳор тайёр кардашуда барои табобати бемориҳои исқоти ҳамл ва хунравии бачадон низ истифода бурда мешавад.

Дар Бразилия гули ҳамешабаҳорро барои табобати бемории саратон истифода мебаранд. Табибони халқии олмонӣ гули ҳамешабаҳорро барои бемориҳои аз таъсири корд ҷароҳатёфта, ҷойҳои зарбхӯрда, бемории пӯчак ва дигар бемориҳо истифода мебаранд. Табибони кореягӣ маҳлули спиртии аз гули ҳамешабаҳор тайёркардашударо барои бемории ҷойҳои сӯхтагии бадан истифода мебаранд.

Табибони халқии Белоруссия маҳлули обии аз гули ҳамешабаҳор тайёркардашударо барои табобати бемориҳои ҷигар, хунравии бачадон ва исқоти ҳамл, ки баъд аз зарб хурдан ба амал меояд, тавсия медиҳанд.

Ҳангоми табобат беморон асосан хусусиятҳои зиддимикробӣ, зидди илтиҳобӣ ва зидди ихтилоҷии гули ҳамешабаҳор ва таъсири онро барои табобати захму ҷароҳатҳо ба инобат  мегиранд. Дар дандонпизишкӣ ин гиёҳ васеъ истифода мешавад. Бо истифода аз ин гиёҳ бемориҳои гуногуни дандонро табобат мекунанд.

Гули ҳамешабаҳор барои табобати илтиҳоби пардаи луобии даҳон ва гулӯзиндонак ҳам истифода мешавад.  Доруҳои аз гули ҳамешабаҳор тайёр шуда ҷараёни барқароршавии бофтаҳоро тезонда, захмҳоро зуд шифо мебахшад. Хосияти шифоии қиёми гули ҳамешабаҳор ҳангоми  табобати захми меъда, барқароршавии пардаи осебдидаи меъда ва рӯдаи дувоздаҳангушта  мебошад. Маҳлули  аз гули ҳамешабаҳор тайёр шударо барои муолиҷаи  захмҳо, захмҳои фасоднок, сухтагӣ ва бо роҳи ғарғара намудан  барои муолиҷаи касалиҳои  илтиҳоби гулӯ, пардаи луобии даҳон истифода мебаранд.

Гули ҳамешабаҳорро ҳанӯз дар асрҳои миёна  ҳамчун растании шифоӣ васеъ истифода мебурданд. Абӯмансури Муваффақ дар “Гиёҳнома” се намуди ин растаниро оварда, онро барои табобати омосҳои сахт  судманд ҳисоб мекунад. Абӯалӣ ибни Сино навиштааст, ки гули ҳамешабаҳор дар дараҷаи саввум гарму хушк аст. Дигар табибон низ фармудаанд, ки гули ҳамешабаҳор андар дараҷаи дуввум гарму хушк аст. Хусусиятҳои ҳалкунандагӣ дошта, бемории музмини дилро шифо мебахшад.

Дар тибби мардумӣ гули ҳамешабаҳор барои табобати  санги гурда, ҷароҳатҳои сармозада, касалиҳои чашм, озах, захми меъдаву рӯда ва саратон, инчунин барои табобати ширинча истифода бурда мешавад. Дар тибби муосир  гули ҳамешабаҳорро бо таври васеъ истифода мебаранд.

Гули ҳамешабаҳорро дар кошонаҳои ҳусн барои ороиш васеъ истифода мебаранд. Дар Олмон соли 1990 аз гули ҳамешабаҳор марҳам тайёр кардаанд, ки онро дар дӯконҳои кошонаҳои ҳусн барои табобати ҳар гуна бемориҳои пӯсти рӯй истифода мебаранд. Доруе, ки аз маҳлули гули ҳамешабаҳор  тайёр карда мешуд, барои табобати  доғҳои рӯй, нишонаҳои ҷойҳои захми пӯсти рӯй ва шустани мӯи сар истифода мебурданд. Аз гули ҳамешабаҳор ҳар гуна марҳам ва маҳлулҳо тайёр карда мешавад, ки он барои табобати бемориҳо истифода мегардад.

Гули ҳамешабаҳор барои нарехтани мӯи сар беҳтарин маводи табобатӣ  ба ҳисоб меравад. Он мубодилаи моддаҳоро ба танзим дароварда, таъсири хунукиро бартараф сохта, мӯй сарро аз рехтан нигоҳ медорад. Беҳтарин марҳаме, ки барои ороиши пӯсти рӯй ва нарехтани мӯи  сар истифода мегардад, аз гули ҳамешабаҳор тайёр карда  мешавад.

Барои ранг ва дорои буйи хос будан гули ҳамешабаҳорро дар саноати хӯрокворӣ ҳангоми тайёр кардани  маргарин, маска, панир ва дигар маҳсулоти хӯрока истифода мебаранд. Инчунин барои бӯи  хуш онро ҳангоми пухтани  таомҳо ва тайёр кардани ҳаргуна хӯришҳо истифода  мебаранд. Аз гулбаргҳои гули ҳамешабаҳор ранги зард низ тайёр карда мешавад.

Ин маълумоте, ки мо дар ин саҳифа овардем, албатта барои хонанда муфид хоҳад буд, зеро на ҳама метавонанд ба адабиёт ва ё ба таври мустақим ба табиат пайвастагӣ дошта бошанд.

Раҳимзода Шералӣ, номзади илмҳои биология, муаллими калони кафедраи биохимия ва генетикаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ

 

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj