• Tajik
  • Russian
  • English
Пажуҳиш
There are no translations available.

МОДЕЛҲОИ ИДОРАКУНИИ БАХШИ МОЛИЯВӢ-ИҚТИСОДИИ СОҲАИ МАОРИФ ДАР ШАРОИТИ ИҚТИСОДӢ БОЗОРӢ

Рушди маориф аз маблағгузории он вобастагии калон дорад. Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки соҳаи маориф дар сиёсати иҷтимоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавқеи хосса дорад.

Мувофиқи моддаи 41-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар як шахс ҳуқуқи маълумот гирифтанро дорад. Маълумоти умумии асосӣ ҳатмӣ мебошад. Давлат маълумоти умумии асосии ҳатмиро дар муассисаҳои таълимии давлатӣ ба таври ройгон кафолат медиҳад.

Мувофиқи моддаи 13-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатӣ» бунёди хароҷоти давлатӣ барои маориф ба принсипҳои ягонагии сохтор, шакл, усул ва воситаҳои фаъолият, меъёрҳои минималии давлатии стандартҳои иҷтимоии таъминоти буҷетӣ, хароҷоти молиявӣ барои расонидани хизматрасониҳои таълимӣ, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидаанд, асос меёбад.

 

Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Конститутсия давлати иҷтимоӣ эълон шудааст ва сиёсати он ба фароҳам овардани шароите нигаронида шудааст, ки зиндагии шоистаи инсонро таъмин намояд.

 

Вобаста ба ин дар шароити муосир нақши маориф чандин баробар афзун гашта, дар  назди он талаботи нав ба нав гузошта шуда истодааст, чунки маориф ба шарти зарурии некӯаҳволии инсон мубаддал гаштааст.

Дараҷаи амалигардонии ҳуқуқи шаҳрвандон ба таҳсилот, имконияти аз ҷониби онҳо гирифтани таҳсилоти босифат омилҳои асосии муайянкунандаи сатҳи рушди ҷомеа мебошанд. Аз ин рӯ, муайян кардани имкониятҳои маблағгузории буҷетӣ ва ғайрибуҷетии низоми маориф муҳим арзёбӣ мегардад. Дар шароити иқтисоди бозорӣ низоми маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ислоҳоти раванди маблағгузорӣ ва такмилдиҳии соҳаро тақозо мекунад.

Дар адабиёте, ки ба ин масъала таваҷҷуҳ зоҳир шудааст, се модели молиявию иқтисодии таҳсилот дар кишварҳои Ғарб нишон дода шудааст:

А. Модели молиявию иқтисодии таҳсилоти ба бозори озод нигаронидашуда. Асоси назариявии ин моделро неолиберализм ташкил медиҳад, ки асосгузори он М.Фридман мебошад.

Сиёсати неолибералӣ аз тарафи давлат кам кардани хароҷоти таҳсилоти   олӣ ва ба ихтиёри бозор додани таҳсилоти олиро тарафдорӣ мекунад.

Тибқи ин модел танҳо таҳсилоти миёнаи умумӣ бояд барои ҳама ройгон бошад.

Тарафдорони модели мавриди назар зарурати маҳдуд кардани хароҷоти давлатӣ ва тавсеаи ҷалби захираҳои молиявии худи донишҷӯёнро асоснок мекунанд.

Дар айни замон, ин назария  аз ду навъ иборат аст. Дар аксарияти давлатхои тараққикарда (масалан, ИМА, Япония, Австрия) маблағгузории буҷет бо афзоиши ҳаҷми даромади худи муассисаҳои таълимӣ  (МТ) тамоман кам намешавад. Танҳо суръати афзоиши маблағҳои буҷетӣ нисбат ба суръати афзоиши шумораи донишҷӯён коҳиш меёбад, аммо дар ифодаи мутлақ маблағгузории буҷетии соҳаи маориф дар аксарияти кишварҳо тамоюли афзоиши устувор дорад.
Дар баъзе мамлакатҳои Осиё, Африка, Американ Ҷанубӣ, дар баъзе мамлакатҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ суст тараққикардаи Европаи Шарқӣ маблағгузорӣ ба таври мутлақ кам мешавад. Тамоюл дар ин кишварҳо чунин аст: ҳар қадар макотиби олӣ даромади бештар гирад, ҳамон қадар дар оянда дастгирии молиявии ҷомеа камтар мешавад, вале назорати давлат аз болои харҷи ҳам маблағҳои буҷетӣ ва ҳам ғайрибуҷетӣ зиёд мешавад.

Б.Модели молиявию иқтисодии таҳсилоти ба принсипҳои бозори давлатӣ асосёфта.

Асоси назариявии ин модел консепсияи ба ном «капитализми башардустона» ё давлати фаъол мебошад, ки онро Ҷ.Шумпетер, Х.Майер таҳия кардаанд.

Ин модел аз ҷониби чунин давлатҳо, масалан, Британияи Кабир, Испания, Италия дастгирӣ карда мешавад.

Ин модел ба тадриҷан кам кардани маблағгузории давлатӣ (на ба ҳисоби мутлақ, балки ба ҳисоби ҳар як таълимгиранда), дар баробари якбора зиёд кардани хиссаи маблағгузории хусусӣ, пеш аз ҳама аз ҳисоби худи истеъмолкунандагон нигаронида шудааст.

В. Модели молиявию иқтисодии таҳсилот, ки аз нақши асосии давлат дар маблағгузории маориф бармеояд.

Ин модели зиддибозорӣ ба роҳ надодани муносибатҳои бозорӣ дар соҳаи маориф нигаронида шудааст ва пешниҳод менамояд, ки маориф бояд рушди ҳамаҷонибаи шахсиятро таъмин намояд ва зери нигоҳбонии тамоми ҷомеа бошад, инчунин аз ҳама гуна таъсири бартаридоштаии бизнеси калон озод бошад.

Барои минбаъд ҳам инкишоф додани некӯаҳволии ҷамъиятӣ давлат бояд барои бо пул таъмин намудани маориф, зиёд кардани хароҷоти давлат ба маориф аз ҳисоби баланд бардоштани дараҷаи андозбандй, дар навбати аввал аз сохторҳои корпоративӣ тамоми масъулиятро пурра ба зимма гирад.

Асоси назариявии ин моделро Институти тадқиқотии иттифоқҳои касабаи Аврупо (Брюссел) ва Маркази тадқиқотии иттифоқҳои касабаи кормандони маорифи Олмон (Франкфурт) таҳия кардаанд. Ин моделро аксари кишварҳои Аврупои Ғарбӣ (Олмон, Норвегия, Дания, Австрия, Фаронса, Шветсия, Финландия ва ғайра) истифода мебаранд.

Мақсад аз истифода кардани моделҳои дар боло оварда шуда ин баланд бардоштани сифати таҳсилот мебошад,ки дар натиҷа ба рушди сармояи инсонӣ оварда мерасонад.

Сармояи инсонӣ омили муҳими рушди истеҳсолот ва иқтисодиёт маҳсуб меёбад, аз сифати он пешрафти тамоми соҳаҳо вобастагии зич дорад. Он дар байни омилҳои дарозмуҳлати рушди минбаъдаи иқтисодиёт ҷойи аввалро (дар муқоиса бо захираҳои табиӣ, сармояи воқеӣ ва молиявӣ) ишғол мекунад. Аз ин рӯ, рушди сармояи инсонӣ дар кишвар ҳамчун самти афзалиятноки фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардидааст.

Гурезов Сироҷиддин Изатуллоевич, номзади илмҳои иқтисодӣ, муаллими калони кафедраи иқтисодиёт ва идоракунии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj