Хабарҳо |
ҶАЛАСАИ ҲИСОБОТИИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ “ОМӮЗГОР”
Ҷаласаро Мирзозода Абдусалом ифтитоҳ намуда, меҳмонон ва аъзоёни ҳизбро хайрамақдам гуфт. Сипас муовини раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Омӯзгор” – Дилшод Раҷабов оид ба фаъолияти солонаи ташкилот баромад намуда, аз ҷумла қайд кард, ки дар донишгоҳ 1164 нафар аъзои ҳизб буда, 422 нафари онҳоро устодон ва боқимондаро донишҷӯён ташкил медиҳанд. Дар соли 2021 ташкилот 223 чорабинии фарҳангӣ, сиёсӣ, илмӣ, варзишӣ ва ғайраро баргузор кард. Чанде аз аъзои ташкилот дар фестивал-озмунҳои ташкилкардаи КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гаштанд. Пас аз шунидани ҳисобот якчанд аъзои ҳизб баромад намуда, оид ба фаъолияти ташкилот ибрози ақида карданд ва ҳисоботи солонаи ташкилотро қаноатбахш арзёбӣ намуданд. Дар фарҷоми ҷаласа бархе аъзои фаъоли ташкилот бо сипосномаву ифтихорнома қадрдонӣ карда шуданд. Суратгузориш аз рафти ҷаласа: |