Хабарҳо |
There are no translations available.
АКСИЯИ “30 СОЛИ ҲАМБАСТАГИИ ҶАВОНОН БО ПЕШВОИ МИЛЛАТ” ДАР ДОНИШГОҲ
Бояд гуфт, ки Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон саҳми назаррас дошта, то замони ташкилёбии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқкунандаи сиёсати давлатии ҷавонон буд. Дар тӯли 30 соли соҳибистиқлолӣ мардуми тоҷик бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардаҳои зиёде ноил гардида, тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ рушду нумӯ кард. Дар ин радиф таваҷҷуҳ ба насли ҷавони кишвар низ афзуда, аз рӯзҳои аввали ба даст овардани истиқлоли миллӣ ҷавонон дар меҳвари сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат ва ҳукумати мамлакат қарор доранд.
|