Хабарҳо |
НИШАСТИ МАТБУОТӢ ДАР ДДОТ БА НОМИ С. АЙНӢ
Сароғоз ректори донишгоҳ профессор Н.У. Ғаффорӣ намояндагони ВАО-ро ба ин боргоҳи илму маърифат хайрамақдам гуфта, ҳозиринро бо натиҷаи фаъолияти донишгоҳ дар соли 2021 шинос кард. Дар доираи баромади худ сарвари донишгоҳ таҳлили корҳои таълимӣ-методӣ, тарбиявӣ, фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ, инноватсионӣ, инчунин робитаҳои хориҷии донишгоҳро бо муассисаҳои таълимии хориҷи кишвар дар соли сипаришуда манзури ҳозирин намуд. Дар рафти нишасти матбуотӣ ректор ба саволҳои намояндагони ВАО, ки ба самтҳои гуногуни фаъолияти донишгоҳ мутааллиқ буд, посухҳои қаноатманд дод ва доир ба дастовардҳо ва дурнамои рушди донишгоҳ маълумоти дақиқ пешкаш намуд. Суратгузориш аз рафти нишаст: |