Хабарҳо |
ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ДДОТ БА НОМИ С. АЙНӢ
Чорабиниро муовини ректори донишгоҳ Ҷамила Мусоҷонзода ифтитоҳ бахшида, меҳмононро ба донишгоҳ хайрамақдам гуфт. Баъдан зимни суханронии хеш мавсуф қайд кард, ки мақсад аз баргузории чорабинии мазкур бедор кардани ҳисси ватандӯстӣ, таблиғи тарзи ҳаёти солим, пешгирии шомилшавии наврасону ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ ва амсоли инҳо мебошад, ки дар Паёми Пешвои миллат дарҷ гаштаанд. Сипас, меҳмонон доир ба бандҳои асосии Паёми Пешвои миллат баромад намуданд. Дар фарҷоми чорабинӣ меҳмонон ба саволҳои донишҷӯён ҷавобҳои қаноатбахш доданд. Суратгузориш аз рафти чорабинӣ: |