Хабарҳо |
КӮМАКИ ҶОПОН БАРОИ РУШДИ ТАҲСИЛОТИ ФАРОГИР ДАР ДДОТ БА НОМИ С. АЙНӢ
Дар чорабинии мазкур натиҷаи татбиқи лоиҳа баррасӣ карда шуда, дар ин замина сафири Ҷопон Тошиҳиро Айки оид ба лоиҳаҳое, ки маблағгузорашон ташкилотҳои ҷопонианд ва дар Тоҷикистон мавриди татбиқ қарор доранд, маълумот дод. Муовини якуми вазири маориф ва илм Муҳаммаддовуд Саломиён аз ҷумла қайд кард, ки лоиҳаи мазкур дар се мактаби шаҳри Душанбе ва ҳафт мактаби шаҳри Ҳисор бо муваффақият татбиқ шуда, татбиқи чунин як лоиҳаи муҳим дар ДДОТ ба номи С. Айнӣ амри воқеӣ мебошад. Ҳамоҳангсози Барномаи АКД Ҷопон Рейка Ҳорио мақсад ва ҷараёни татбиқи лоиҳаро дар донишгоҳ арзёбӣ намуда, аз нуктаҳои муфиди ин лоиҳа дар оянда ибрози андеша намуд. Ҳамзамон ректори донишгоҳ, профессор Нуъмонҷон Ғаффорӣ татбиқи лоиҳаи мазкурро аз ҷониби АКД Ҷопон, махсусан дар донишгоҳ, як иқдоми созандаву судманд баҳри рушди ин ниҳоди таълимӣ дониста, қайд намуд, ки дар доираи татбиқи ин лоиҳа дар даромадгоҳҳои бинои асосӣ, биноҳои таълимӣ, китобхонаи донишгоҳ, маркази машваратӣ, шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ, маркази қабули имтиҳонҳо, майдончаи варзишӣ ва дигар сохтору шуъбаҳои лозима, роҳҳои махсус ашхоси имконияти маҳдуддошта бунёд гардида, айни замон пурра ба анҷом расонида шудаанд. Лоиҳаи мазкур дар се давра татбиқ шуда, аз ҷорӣ намудани шароит барои донишҷӯёни имконияташон маҳдуд, гузаронидани курсҳои такмили ихтисос барои омӯзгорон, гузаронидани дарсҳои омӯзишӣ барои донишҷӯён, корҳои тарбиявӣ ва ташкили гурӯҳҳои корӣ барои давом додани фаъолияти мазкур иборат буд. |