Хабарҳо |
ТАРБИЯИ НАСЛИ НАВРАС - МАСЪУЛИЯТИ ВОЛИДАЙН, ОМӮЗГОРОН ВА ҶОМЕА
Декани факултет А.Ниятбекова мизи мудавварро ифтитоҳ намуда, оид ба татбиқ ва иҷрои ҚҶТ «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» маърӯза кард. Сипас, мудири кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти рус Сафарова М. ва ассистентҳои ҳамин кафедра Нигораи С., Пулатова Н., Нажмиддинова Ф. ва Маркарян М. бо маърӯзаҳои худ баромад намуданд. Подполковники милитсия Ҳайдарзода М. ба падару модарон ва донишҷӯён оид ба қонунвайронкуниҳо ва оқибатҳои он иттилоъ дода, ҳамзамон тавсия намуд, ки донишҷўён ва волидайни онҳо бо моҳияти ҚҶТ “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” шинос шуда, иҷрои талаботи онро таъмин намоянд. Дар фарҷоми чорабинӣ аз тарафи донишҷӯёни факултет барномаи фарҳангӣ баҳри болидахотирии ҳозирин пешкаш карда шуд. Суратгузориш аз рафти мизи мудаввар: |