Хабарҳо |
There are no translations available. КОНФЕРЕСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ИЛМӢ-АМАЛӢ ДОИР БА ТАЪЛИМИ ЗАБОНҲО
Конференсияи байналмилалиро мудири кафедраи забони муосири рус ва забоншиносии умумӣ дотсент Мирганова Нигина Рауфовна ҳусни оғоз бахшида, риштаи суханро ба муовини ректор оид ба корҳоии илмии донишгоҳ профессор А. Мирзораҳимов дод. Мавсуф зимни баромади хеш иброз дошт, ки масъалаи омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар кишвар яке аз масъалаҳои меҳварӣ буда, баргузории ин конференсия хеле бамаврид аст. Боиси зикр аст, ки дар конференсия омӯзгорону забоншиносон аз ДМТ, филиали ДФХМ ФР дар ш. Душанбе, Академияи ВКД ҶТ, омӯзгорон аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва устодони факултетҳои забони англисӣ ва филологияи тоҷик иштирок намуданд. Суратгузориш аз рафти конференсия: |