Хабарҳо |
ВОХӮРӢ БО ХАТМКУНАНДАГОН
Вохӯриро ректори донишгоҳ профессор Нуъмонҷон Ғаффорӣ ҳусни оғоз бахшида, меҳмононро ба донишгоҳ хайрамақдам гуфт, ва ҳангоми суханронӣ зикр кард, ки ҳамкории донишгоҳ бо Сарраёсати маориф ва шуъбаҳои маорифи шаҳр хеле хуб ба роҳ монда шуда, айни ҳол дар 27 мактаб тибқи шартномаи дуҷонибаи ҳамкорӣ донишҷӯёни донишгоҳ таҷриба меомӯзанд. Сипас, муовини сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Фарҳод Худоёров оид ба шароит ва имконоти муассисаҳои таълимии шаҳр маълумот дод ва аз ҷумла зикр кард, ки дар панҷ соли охир 424 хатмкардаи ДДОТ ба номи С. Айнӣ тибқи роҳхат дар муассисаҳои таълимии пойтахт сарбаландона фаъолият карда истодаанд. Сардори шуъбаи кадрҳои ҳамин ниҳод Ҷумахон Самиев зимни баромади хеш таъкид кард, ки Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе омодааст хатмкунандагонро ба муассисаҳои таълимӣ барои азхуд кардани нозукиҳои кори омӯзгорӣ сафарбар намояд. Дар фарҷом ректори донишгоҳ ба хатмкунандагон ҷиҳати фаъолияти омӯзгориашон пас аз хатми донишгоҳ тавсияҳои судманд дода, ба меҳмонон барои ҳамкории пурсамарашон арзи сипос намуд. Суратгузориш аз рафти вохӯрӣ: |