Хабарҳо |
ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ – СИПАРИ БОЭЪТИМОДИ ВАТАН
Пасон муовини раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадҷон Қурбонов устодону донишҷӯёнро табрик карда, бархе аз устодони ҷанговар-башардӯсти донишгоҳро бо ифтихорнома қадрдонӣ намуд. Баъдан устодони собиқадору соҳибмактаб, донишҷӯён ва бархе аз меҳмонон бо ифтихорномаву медали ҷашни 90-солагии ДДОТ ба номи С. Айнӣ ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд. Дар фарҷоми чорабинӣ аз тарафи бахши фарҳанги донишгоҳ барномаи консертӣ баҳри болидахотирии ҳозирин пешкаш карда шуд. Суратгузориш аз рафти чорабинӣ: |