Хабарҳо |
There are no translations available. ҲАМОИШИ ИЛМӢ ОИД БА РУШДИ ЗАБОНҲО
Мавсуф оид ба рушди забонҳои модарӣ дар ҷумҳурии мо, ки тибқи бандҳои 1 ва 2-и моддаи чоруми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Тоҷикистон” аз 5-уми октябри соли 2009 асоснок карда шудааст, ҳарф зада, таъкид дошт, ки ҷиҳати истифодаи озодонаи забонҳои модарӣ дар маҳалҳои будубоши онҳо дар кишварамон ягон монеа вуҷуд надорад. Ректори донишгоҳ профессор Нуъмонҷон Ғаффорӣ иштирокчиёнро бо ин рӯз муборакбод гуфта, ба кори конференсия муваффақият хост. Сипас н.и.ф., дотсент Азизхон Мирбобоев перомуни вазъи забонҳои ақалиятҳои милливу забонӣ дар Атласи забонҳои ЮНЕСКО ва н.и.ф., дотсент Раҷаб Хидиров доир ба рушди иҷтимоӣ ва мавқеи дузабонӣ маърӯзаҳои ҷолиб ироа карданд. Сониян кори конференсия дар бахшҳо идома ёфт. Суратгузориш аз рафти ҳамоиш: |