• Tajik
  • Russian
  • English
Хабарҳо
There are no translations available.

НАҚШИ ДОНИШҲОИ ПСИХОЛОГӢ ДАР ПОЙДОРИИ МУНОСИБАТҲОИ ОИЛАВӢ

12 марти соли 2022 дар Донишгоҳи давлатии  омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо ибтикори кафедраи умумидонишгоҳии психология дар ҳамбастагӣ бо Кумитаи иттифоқи касабаи донишҷӯёни донишгоҳ конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзуи “Нақши донишҳои психологӣ дар пойдории муносибатҳои оилавӣ” баргузор гардид. Дар кори конференсия сармутахассиси шуъбаи кор бо ҷомеа ва муносибатҳои байналмилалии Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нозанин Мирзоева, сардори раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Зуҳурзода Заррина Ҳабибулло, мудири бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ Манижабону Аминзода, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Маҳмадулло Давлатов, муовини ректор оид ба корҳои илмӣ Акобир Мирзораҳимов, муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Ҷамила Мусоҷонзода, профессори кафедраи умумидонишгоҳии психология Нафиса Юнусова,  профессори кафедраи педагогикаи махсус ва таҳсилоти фарогир Бибиҳафиза Маҷидова иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар конференсияи мазкур оид ба як қатор мушкилот дар бунёду пойдории муносибатҳои оилавӣ, омилҳои таъсиррасон ва роҳҳои бартараф кардании фурӯпошии онҳо андешаҳои муфид иброз гарбид. Аз ҷумла зикр гардид, ки мушкилоти умдаи оилаҳои ҷавон ин омода набудан ба ҳаёти оилавӣ, дониши кофӣ надоштан оид ба ҳама ҷанбаҳои ҳаёти оилавӣ, нобоварӣ ба якдигар, тарбияи фарзандон, зӯроварӣ ва омилҳои психологӣ мебошанд. Ҳамчунин қайд карда шуд, ки барои бартараф кардани низоъ дар оила ва пешгирии вайроншавии он бояд аз роҳҳое, ки дар адабиёти психологӣ пешниҳод шудаанд, истифода бурд.

Мақсади конференсияи мазкур аз ҷалб кардани диққат ба мушкилоти психологии оилаҳои ҷавон, мубодилаи натиҷаи корҳо оид ба мушкилоти оилавӣ ва муайян кардани самтҳои самараноки кӯмакҳои психологӣ ба оилаҳои ҷавон иборат мебошад.

Суратгузориш аз рафти конференсия:


 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj