Хабарҳо |
There are no translations available. РӮНАМОИ КИТОБИ “МЕТОДҲОИ ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲО АЗ АЛГЕБРА”
Инчунин, доир ба китоби тозанашр ва муаллифи он президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон Ғуломқодир Бобозода, профессор Иброҳим Усмонов, директори Институти илмӣ-таҳқиқотии таърихи илмҳои табиатшиносӣ ва техникӣ дар назди Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хисрав профессор Абдулҳай Комилӣ, ҷонишини сармуҳаррири рӯзномаи “Омӯзгор” Абдурауф Муродӣ, мушовири директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Латофат Назирӣ ва дигарон ибрози ақида намуда, ба сифату муҳтавои китоб баҳои баланд доданд. Аз ҷумла зикр карданд, ки дастури “Методҳои ҳалли масъалаҳо аз алгебра”-ро метавон на танҳо дар муассисаҳои олии таълимӣ, балки дар коллеҷу муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва литсею гимназияҳо низ самаранок истифода истифода бурд, зеро китоби мазкур чун роҳнамои методӣ барои омӯзгорон дар миқёси ҷумҳурӣ беамсол мебошад. Дар фарҷом Мамадҷон Махкамов аз ҷониби раёсат ва Кумитаи иттифоқи касабаи устодону кормандони донишгоҳ барои саҳми арзандааш дар рушди илмҳои риёзӣ бо нишони 90-солагии ДДОТ ба номи С. Айнӣ қадрдонӣ карда шуд. Суратгузориш аз рафти чорабинӣ: |