• Таджикский
  • Руский
  • Английский
Хабарҳо
There are no translations available.

ВОХӮРӢ БО КОРМАНДОНИ СОҲАИ ТИБ

Тибқи банди 5-и Нақшаи чорабиниҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 майи соли  2020, № 292 “Дар бораи Барномаи миллии коммуникатсионии 1000 рӯзи аввали ҳаёти кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои солҳои 2020-2024” рӯзи 15 марти соли 2022 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ вохӯрӣ бо намояндагони соҳаи тиб баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Ҷамила Мусоҷонзода, сармутахассиси ғайривоҳидии РВТҶИҶТ  Абдулқосим Кузибоев, корманди маркази саломатии №8-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ Фарзонаи Раҳмон ва донишҷӯёну омӯзгорони донишгоҳ  иштирок  карданд. Чорабиниро муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Ҷамила Мусоҷонзода оғоз намуда, дар хусуси ин масъалаи муҳими дар назди ҷомеа, хусусан дар назди волидайн ва марказҳои саломатӣ қарордошта андешаронӣ намуд. Сипас,  А.  Қузибоев доир ба нигоҳдории саломатӣ ва пешгирӣ аз монеаҳои қадпастӣ дар марҳилаҳои аввали инкишофи ҷисмонии кӯдакон баромад намуд.

Суратгузориш аз рафти вохӯрӣ:

 
free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj